|

Назарияи кеӣнсгароии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Тартибдиханда: Азизов Ф.Ҳ.

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2019-10-05

Назарияи классикии мувозинии макроиқтисодӣ бештар шабоҳат ба рақобати комил дошта, то давраи солҳои 30-юм, яъне бӯҳрони иқтисодии солҳои 1929-1933 ва аз чоп баромадани китоби Ҷ.Кейнс «Назарияи умумии шуғл, фоиз ва пул» (с.1936) дар илми улуми иқтисод нақш ва мақоми хоса дошт.
Нотавонӣ ва беқудратии ин назария, махсусан дар ҳалли масъалаи аз бӯҳрони иқтисодӣ баромадан, ба эътидол даровардан ва таъмин кардани мувозинии макроиқтисодӣ (тақозо ва арзаи кулл), муайян кардани мавқеи бекорӣ, пасандоз, андӯхт, сармоягузорӣ ва ғайра бештар назаррас буд.
Аз ин ҷиҳат Ҷ.Кейнс исбот менамояд, ки иқтисоди миллӣ ба монанди бозори алоҳида нест, ки мувофиқи қонуну қоидаҳои пешакӣ муқаррар карда шуда ташкил ёбад. Тавлид ё худ арзаи ҳар як маҳсулоти алоҳида имкон дорад ба таври дилхоҳ афзун гардад. Иқтидорҳои истеҳсолии хоҷагидории ҳар як мамлакат, вобаста ба дараҷаи истифодаи захираҳои меҳнатӣ маҳдуд гардонда мешавад. Бо мурури ба истеҳсолот ҷалб кардани қувваи коргарӣ, ҳаҷми тавлиди маҳсулот таносубан зиёд гардида, бо ба ниҳоя (охир) расидани захираи қувваи коргарӣ, зиёдшавии ҳаҷми маҳсулот низ қатъ мегардад.
Аз ин ҷо хулоса бармеояд, ки қонунҳои микро ва макроиқтисод ба ҳам номувофиқанд. То давраи Ҷ.Кейнс ақидае мавҷуд буд, ки бо мурури афзу-дани ҳаҷми истеҳсолот даромади аҳолӣ низ афзун гашта, он боиси баланд рафтани тақозои истеъмолӣ мегардад.
Агар бо ягон сабаб, ягон ҳиссаи воситаҳои пулӣ ба мақсади истеъмол масраф нашуда бошад, хоҳ нохоҳ, ягон вақт ин маблағҳо барои ба даст овардани воситаҳои асосӣ - таҷҳизот, мавод, дастгоҳ ва ғайра истифода карда мешавад. Аз ин ҷиҳат ҳаҷми умумии даромадҳои андӯхташуда ба ҳаҷми маблағҳои сармоягузорӣ кардашуда баробар мебошанд.
Ҷ.Кейнс аввалин шуда исбот намуд, ки дараҷаи миёнаи даромади шаҳрвандон дар аксарияти давлатҳои тараққикардаи капиталистӣ дар сеяки асри XX, нисбат ба ҳадди ақалли даромади зарурӣ баландтар мебошад, бинобар ин муносибати аҳолӣ ба даромади дар ихтиёр доштаи худ дигар мешавад. Қисми даромад барои пасандоз ва қисми дигари он барои истеъмол ҷудо карда мешавад. Чи қадаре ки ҳаҷми умумии даромад зиёдтар бошад, қисми ақалли он барои истеъмол ва аксари он барои пасандоз истифода мешавад.
Аз ҷамъбасти ин гуфтаҳо Ҷ.Кейнс ба хулоса меояд, ки нақши пасандоз ва сармоягузорӣ кардан аз ҷониби субъект ва агентҳои иқтисодӣ ҳеҷ гоҳ ба ҳам мувофиқ намеоянд ва ҳамчун натиҷаи бемайлон ва беинтиҳо калобиш ёфтани онҳо, ҳаҷми умумии маҳсулот, даромад, хароҷот, фоида, нарх ва ғайра низ ҳархела ташкил меёбанд.
Мувофиқи назарияи Ҷ.Кейнс иқтисодиёт (чи тавре ки онро классикон тасаввур мекардаанд) на ҳама вақт якхела ва бо роҳи рост пеш меравад. Бозор бо таври аксар таносубӣ ва мувозинии бахшҳои хоҷагии халқ, алоқаҳои дохилии онҳо, унсурҳои таркибии тавлидот, тақсиму истеъмол ва ғайраро таъмин карда наметавонад. Байни нарх ва музди кор чандирӣ ва эътидолӣ қариб ки вуҷуд надорад.
Даромади пас аз адои андоз боқимонда ба ҳаҷми истеъмол ва сарҷамъи пасандозҳо баробар мебошад. Аз ин сабаб омилҳои муайянкунандаи истеъ-мол ба пасандоз низ таъсир расонида, ҳаҷм ва меъёри онро муайян мекунад. Ба ҳаҷми онҳо сарвати хоҷагиҳои хонаводаҳо, ҳаҷми қарзи матлуботӣ (истеъмолӣ) ва ғайра низ таъсир расонида метавонанд.
Сармоягузор ҳамчун унсури муҳитарини масрифоти кулл аз андозаи интизории меъёри холиси фоида ва воҳиди воқеии фоиз вобастагии зич дорад. Ба андозаи масрифот ва сармоягузорӣ омилҳои муваққатӣ – тағйи-ротҳоро оиди масрафи харидан, истифода ва хидматрасонии сармояи асосӣ, тағйирот дар технология ва сармояи асосии нақд низ таъсир расонда мета-вонад. Аз ин нигаҳ, масрифот барои истеъмол ва сармоягузорӣ, ки ҳаҷм ва андозаи тақозои куллро муайян менамояд, ғайримуозин мебошад.

Дидан карданд: 118

Мавзӯъҳои монанд:

Сиёсати зиддисилсилавии давлат (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Навъ ва давраҳои силсила: мавҷҳои дароз, кӯтоҳ ва миёна (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Силсилаи саноатӣ ва давраҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи силсила: нигоҳ аз диди таърих ва хусусиятҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи кеӣнсгароии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи институтсионалии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи классикии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Тақозои кулл ва омилҳои муаӣянкунандаи он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Мувозинии макроиқтисодӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Иқтисоди ниҳон ва хусусиятҳои он (ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ВА САМАРАИ ОН)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: