|

Назарияи институтсионалии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Тартибдиханда: Азизов Ф.Ҳ.

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2019-10-05

Аксарияти иқтисодшиносон ақида ба он доранд, ки мувозинатии макроиқтисодӣ дар мояи қонуниятҳои доимӣ, устувор ва дохилии ба худ хос ташкил ёфта, минбаъд густариш ва таҳаввул меёбад. Баъзе аз ин қонуниятҳо дар амсоли назарияи классикӣ, кейнсгароӣ ва марксистии тавозунии макроиқтисодӣ, дар саволҳои пештара, мавриди тадқиқ қарор дода шудаанд.
Назар ба ҷаҳони муосир, тағйирот ва дигаргунсозиҳои беинтиҳои иқти-содию иҷтимоӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки дарёб кардани қонуну қонуни-ятҳои амиқи раванд ва ҳодисаҳои иқтисодӣ кунун ба талабот ҷавоб дода наметавонанд. Ба мадди аввал на таҳлили абстрактию соф назариявӣ, балки таҳлил ва тадқиқотҳои амалию таҷрибавӣ гузошта мешаванд.
Баъзеҳо ақида доранд, ки иқтисодиёт ба низоми реактивие шабоҳат дорад, ки дар он сарчашмаҳои таҳрикдиҳандаи дохилии инкишоф умуман вуҷуд надоранд. Аз ин ҷиҳат мувозинӣ на аз сабабҳои дохилӣ, балки вобаста ба шароитҳои берунии дигаргунсозиҳое, ки таҳти таъсири агентҳо ва субъектҳои иқтисодӣ ба вуҷуд меояд, ташаккул меёбад.
Аз ин ҷо хулоса бармеояд, ки иқтисодиёт тибқи тақозои қонуниятҳои умумӣ дар ҳолати сукунат дурудароз давом карда наметавонад. Аз ин сабаб, бояд омилҳоеро дарёб намуд, ки иқтисодро аз ин вартаи беҳаракатӣ берун орад.
Ба ҳаллу фасли ин муаммо И.Шумпетер аввалин маротиба шурӯъ наму-да, дар назди худ вазифа гузоштааст, ки назарияи мувозинӣ ва ғайриму-возинии макроиқтисидиро ба ҳам пайваст намояд. Дар назарияи ӯ дар маркази диққат масоили навоварӣ, яъне дар бозор пайдо шудани намудҳои нави молу маҳсулот, хадамот, бозёфтани бозорҳои нав, иваз кардани як шакли омили истеҳсолот ба омили дигари пешқадамтарину каммаблағталаб ва ғайра гузошта мешавад.
Аз нигоҳи И.Шумпетер ин омилҳо қодиранд низоми мувозинии иқтисо-диро аз ҳолати сукунатӣ бурун созанд. Ташаббус ва фаъолияти деринаи агентҳои иқтисодӣ ин вазъи номувозинатии бавуҷудомадаро минбаъд идома хоҳад дод. Ин аз он сабаб рӯй медиҳад, ки дар бозор пайдо шудани молҳои нав ба нав, бозорро аз мувозинӣ бароварда, онро ба вазъи аввала баргаштан имкон намедиҳанд, чунки наздик шудани нарх ба маҳсулоти нав ва “муво-зинатии” дараҷаи нарх акси манфиати таҷдидгарон (навоварон) хоҳад буд.
Ақидаи ғайримувозинии тараққиёти иқтисодиёт аз нигоҳи назарияи каср (дефисит)-и Я.Корнаи (тибқи ақидаи он каср хислати хоси ҳамаи низомҳои иқтисодӣ мебошад) далели гуфтаҳои боло мебошад.
Навовариҳои институтсионалӣ метавонанд хусусияти инфиродӣ дошта бошанд, агар онҳо фақат дар доираи ташкилот амал кунанд. Азбаски онҳо имконияти берун аз ташкилотро ҳам зери назорат кардан доранд, бинобар ин барои ҷорӣ ва истифода кардани навовариҳо ва нигоҳ доштани ғайриму-возинӣ дар доираи иқтисод низ саҳмгузор мебошанд.
Навовариҳои институтсионалӣ соҳа ва ҳавзаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоиро дар бар мегиранд. Масалан, бозор ва муносибатҳои гуногуни фаъолияти бозорӣ; алоқаҳои оилавӣ ва авлодию аҷдодӣ; ҳавзаи фаъолияти ҳаракатҳои иҷтимоӣ (ҳаракатҳои коргарӣ, кооперативӣ, экологӣ..); ҳавзаи “муносибатҳои граҷданӣ, шаҳрвандҳо”, ки дар доираи он муносибатҳои демократӣ дар симои давлат назаррас мебошанд; фардҳои алоҳидае, ки дар доираи ин муносибатҳои демократӣ зиндагӣ мекунанд ва қудрати ба худ тобеъ кардани манфиати шахсӣ ва ҷамъиятро доранд, ба он дохил карда мешавад.

Дидан карданд: 637

Мавзӯъҳои монанд:

Бекорӣ: шаклҳо ва сабабҳои пайдоиши он. Мафҳуми шуғли пурра

Сиёсати зиддитаваррумии давлат (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Оқибатҳои иқтисодию иҷтимоии таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Хусусият ва омилҳои муайянкунандаи таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Шакл ва намудҳои таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Таваррум, моҳият ва сабабҳои пайдоиши он (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Сиёсати хазинадории давлат ва хусусиятҳои он дар шароити бозор (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Андоз, вазифа, шакл ва хусусиятҳои ташаккули он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Буҷети давлатӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои ташкили он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Молия, вазифа ва низоми он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: