|

Тақозои кулл ва омилҳои муаӣянкунандаи он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Тартибдиханда: Азизов Ф.Ҳ.

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2019-10-05

Тӯли даҳсолаи охир раванди амиқи таҳлил ва таҳқиқи мувозинии кулли макроиқтисодӣ дар амсоли тамсилаи мувозинати тақозои кулл (АД-аз анг.aggregate demand) ва арзаи кулл (AS- аз анг.aggregate supply) диққати тадқиқотчиёнро бештар ба худ ҷалб мекунад. Ҳамҷоягии онҳо дар адабиёти кунунии иқтисодӣ ҳамчун тамсилаи макроиқтисодии AD-AS қадршиносӣ карда мешавад. Ин тамсила ҳамчун таҳкурсии омӯзиши майлҳои ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва дараҷаи нарх дар доираи иқтисоди миллӣ ва ташак-кули вариантҳои гуногуни сиёсати иқтисодии давлат хизмат мекунад.
Новобаста аз таснифи бисёрҷанбавии он аксарият ҷонибдорони он ҳастанд, ки тақозои кулл ҳамчун сарҷамъи ҳамаи масрифотҳои ниҳоии молу неъматҳои дар доираи иқтисодиёт тасбит ёфта сурат мегирад. Он алоқамандии байни ҳаҷми кулли маҳсулот, ки ба он тақозо пешниҳод мегардад, агенту субъектҳои иқтисодӣ ва дараҷаи умумии нархро дар иқтисод ифода менамояд. Одатан, ду шакли зоҳирӣ: шакли натуралию моддӣ ва арзишии тақозои куллро фарқ мекунанд.
Дар шакли арзишӣ тақозои кулл ҳамчун маҷмӯи ҳамаи масрифотҳои ниҳоии маҳсулоту хадамот, ки дар доираи иқтисоди миллӣ тавлид гарди-дааст сурат мегирад. Он равобити байни ҳаҷми кулли маҳсулоти баровар-дашуда, ки ба он аз ҷониби намояндагон ва субъектҳои иқтисодӣ (аҳолӣ, фирма, давлат) ва дараҷаи умумии нарх дархост карда шудааст, ифода мекунад. Одатан, чунин унсурҳои тақозои куллро ҷудо мекунанд:

  • истеъмол (С) - тақозо ба молҳо ва хадамоти истеъмолӣ;
  • сармоягузорӣ (I) -тақозо ба молҳои сармоягузоришаванда;
  • харидкунии давлатӣ (G)-тақозо ба молу хадамот аз ҷониби давлат;
  • содироти соф (X) - фарқи байни талаботи хориҷиён ба молҳои ватанӣ ва талаботи ватанӣ ба молҳои хориҷӣ. Аз ин ҷо тақозои кулл ҳамчун тақозои умумии ниҳоии маҳсулот ташкил меёбад:

С+I+G+X
Бояд махсус қайд намуд, ки қисме аз унсурҳои он ба монанди масрафҳои истеъмолӣ собит ва қисми дигари он – масрафҳои сармоягузорӣ серҳаракат буда, вазъи иқтисодро ба ҷунбиш меоваранд. Инро дар амсоли каҷхати тақозо мушоҳида кардан мумкин аст.
Каҷхати тақозо нишон медиҳад, ки харидорон чӣ қадар молу хадамотро дар ҳолати имконпазирии дараҷаи нарх харида метавонанд. Дар он ҳолатҳои гуногуни ба ҳаммувофиқоии ҳаҷми маҳсулоту нарх ва мувозинии бозории пул ва мол тасвир карда мешавад.
Ба ғайр аз ин тақозои кулл зери таъсири самараи молҳои воридотӣ низ қарор гирифта метавонад. Ҳангоми баланд шудани нархҳо дар дохили мамлакат тақозо ба молҳои арзони воридотӣ баланд мешавад. Дар ҳолати бетағйир мондани тарифҳои гумрукӣ он ба баланд шудани ҳаҷми молҳои воридотӣ ва кам гардидани ҳаҷми молҳои содиротӣ, бо ибораи дигар, ба камшавии талабот ба молҳои ватанӣ оварда мерасонад. Ва баръакс, паст гардидани нарх дар мамлакат ҳам аз ҷониби бозори дохилӣ ва ҳам бозори берунӣ талаботи куллро баландтар мегардонад. Кулли омилҳои номбар карда шуда, дар якҷоягӣ имкон медиҳад, ки каҷхати тақозои кулл ташкил ва густариш меёбад.
Дар ҳаҷми тақозои кулл омилҳои ғайринархӣ низ таъсир мерасонад. Ба он ҳамаи он омилҳое, ки ба ташаккули масрафи истеъмолии хоҷагиҳои хонавода, хароҷоти сармоягузориҳои фирмаҳо, хароҷотҳои давлатӣ, содиро-ти соф, беҳбудии дараҷаи некӯаҳволии истеъмолгарон, андозаҳо, воҳидҳои фоиз, қарздоуниҳо ва ғайра таъсир  мерасонанд, дохил карда мешавад.
Масалан, дар натиҷаи зиёд гаштани даромад дар ҳолати бетағйир мондани нархҳо масрифоти истеъмолӣ меафзояд. Ҳар чи қадаре ки даромад афзунтар гардад, майли истеъмол ҳамон қадар суст шудан мегирад, бинобар ин афзоиши тақозо ва афзоиши даромад ҳама вақт қафо мемонад;
Ҳар чи қадаре ки қарзи аҳолӣ зиёд бошад, ҳамон қадар масрафи ҷорӣ ва тақозо кам мегардад ва баръакс; паст кардани воҳидҳои андоз ҳаҷми даромад ва тақозоро зиёд мегардонад.

Дидан карданд: 75

Мавзӯъҳои монанд:

Сиёсати зиддисилсилавии давлат (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Навъ ва давраҳои силсила: мавҷҳои дароз, кӯтоҳ ва миёна (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Силсилаи саноатӣ ва давраҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи силсила: нигоҳ аз диди таърих ва хусусиятҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи кеӣнсгароии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи институтсионалии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи классикии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Тақозои кулл ва омилҳои муаӣянкунандаи он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Мувозинии макроиқтисодӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Иқтисоди ниҳон ва хусусиятҳои он (ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ВА САМАРАИ ОН)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: