|

Иқтисоди ниҳон ва хусусиятҳои он (ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ВА САМАРАИ ОН)

Тартибдиханда: Азизов Ф.Ҳ.

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2019-10-05

Иқтисоди ниҳон яке аз унсурҳои иқтисоди бозорӣ мебошад. Он фаъолиятҳоеро дар бар мегирад, ки дараҷаи баланди баромадро таъмин карда, имконияти пинҳон нигоҳ доштани онро дорад. Он, асосан, ду ҷанба: фаъолияти ғайрилегалӣ (пинҳонӣ) ва легалӣ (кушод, рӯирост)-ро дар бар мегирад.
Фаъоляти ғайрилегалӣ фаъолияте мебошад, ки тибқи қонун ва қонунгу-зориҳои давлатӣ манъ карда шадаанд(истеҳсол ва фурӯши маводҳои муходира, спиртӣ).
Фаъолияти легалӣ фаъолияте дониста мешавад, ки қонунан барои озодона амал кардани намояндагони бозор иҷозат дода шудаанд. Вале онҳо қисми даромади худро бо роҳҳои гуногун аз ташкилотҳои молиявию қарзӣ пинҳон намуда, онро ҳамчун пули муфт аз они худ мекунанд.
Дараҷаи ташкил ва ташаккули иқтисоди ниҳон аз дараҷа ва сатҳи инки-шофи иқтисоди миллӣ, таркиби маҳсулоти умумии дохилӣ, сиёсати иқтисодӣ, бӯҳронҳои иқтисодӣ, таваррум ва ғайра вобаста мебошад.
Дар шароити мавҷуд будани иқтисоди ниҳон (мавқуф) нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ хусусияти воқеӣ (ҳақиқӣ) намегиранд. Нархҳо паст ва теъдоди бекорон зиёд нишон дода мешаванд. Аз сабаби пинҳон кардани андоз буҷети давлат нопурра мемонад ва имконияти аз ҳисоби он истиқрор ва ҳавасманд-гардонии иқтисодиёт маҳдуд мегардад.
Аз ин нуқтаи назар тайи 20-30 соли охир аз ҷониби аксарияти давлатҳои Ғарб гурӯҳҳои корӣ ё худ шӯъбаҳои махсуси тадқиқотӣ оиди омӯзиш ва муайян кардани сарчашма ва шаклу намуди иқтисоди ниҳон ташкил карда шудаанд.
Кунун муайян карда шудааст, ки иқтисоди ниҳон иқтисоде мебошад, ки ба доираи он тавлиди неъматҳои моддӣ ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ ба ивази пул анҷомдодашуда, бидуни расмият ва ҳисобу китоби оморӣ сурат мегирад. Аз нигаҳи қонун он ҳамчун фаъолияти расман иҷозат дода шуда ё иҷозат доданашуда баҳо дода мешавад, ки он ба меъёри байналхалқӣ мусоидат мекунад.
Таҷрибаи хоҷагидорӣ дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки иқтисоди ниҳон дорои хусусиятҳои хос мебошад. Дар доираи иқтисодии ватанӣ бештар оиди иқтисоди қалбакӣ, иқтисоди расмӣ ва иқтисоди ғаӣрирасмӣ сухан ронда мешавад.
Иқтисоди қалбакӣ фаъолияте дониста мешавад, ки иштирокчиёни он дар доираи иқтисоди расмӣ шуғл варзида, даст ба дуздии моликияти давлатӣ, корхонаву муассиса ва ташкилотҳо мезананд; дар доираи он муфтхӯрӣ, пора-гирӣ, вазифафурӯшӣ авҷ мегирад.
Иқтисоди ғайрирасмӣ фаъолиятест, ки дар доираи иқтисоди расмии иштирокчиёни он ба фаъолияти соҳибкорӣ ва корчаллонӣ шуғл варзида, молу хадамот тавлид менамоянд, вале натиҷа (маҳсул)-и онҳо бидуни ҳисобгирии оморӣ ва ташкилотҳои андозу гумрук сурат мегирад. Масалан, истеҳсоли арақ, шарбат, равған, пойафзол, маводҳои хӯрока, пӯшиданӣ ва ғайра.
Иқтисоди пинҳонӣ иқтисоде мебошад, ки иштирокчиёни он дидаю донис-та, бидуни тақозои қонунҳову қонунгузориҳои ҳуқуқӣ даст ба фаъолияти иқтисодӣ (тавлид, хариду фурӯш) зада, соҳиби даромади бедарди миён мегар-данд ва онро аз ташкилотҳои давлатӣ пинҳон медоранд. Инро аксар вақт дар ташкил кардани корхонаҳои хурд, сехҳо оид ба истеҳсоли воситаҳои истеҳ-солот ва ашёҳои истеъмолӣ (велосипед, қисмҳои эҳтиётӣ, чизҳои рӯзғор, маводҳои хӯрока, то ҳатто яроқу аслиҳа, доруворӣ ва ғайра) дидан мумкин аст.
Ба ин кор на фақат табақаи соҳибкорон, корчаллонон, тиҷоратчиён ва тавлидгарони асосӣ, балки менеҷерону намояндагони корхонаҳои бузургта-рини дунё банд мебошанд.
Ҳисси фоидагирӣ, сарватғундорӣ, мансаб ва кайфияту маишат то ба дара-ҷае мерасад, ки риштаи иқтисоди ниҳон нафақат ҳавзаи тавлидоту тиҷорат, балки ҳавзаи ҳуқуқ (суд, прокуратура, милитсия, гумрук, андоз, идораи давлатӣ, сохторҳои ҳукуматӣ, бехатарию мудофиа), соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ (маориф, тандурустӣ, маданият) ва ғайраро фаро гирифта, бо масъалаи сарбастаю ҳалнашавандаи тамаддун табдил меёбад.
Ташаккули сарчашма ва омилҳои муайянкунандаи иқтисоди ниҳон пур-печутоб ва беинтиҳоянд. Яке аз омилҳои ба он таъсиррасонанда таваррум мебошад. Дар ҷараёни он пул беқурб шуда, нархи молҳо баланд шудан мегирад. Музди кор ва дигар шаклҳои даромад қудрати қонеъ гардонидани талаботро гум мекунад. Аз ин нигаҳ, зарурат барои ба даст овардани даромади илова, ки онро фақат иқтисоди ниҳон таъмин карда метавонад, пайдо мешавад.
Яке за шаклҳои намоёнтарин иқтисоди ниҳон “бозори сиёҳ” мебошад. Он ҳамчун бозори молу хадамот (воситаҳои истеҳсолот, ашёҳои истеъмолӣ, бозори меҳнат, бозори асъор, бозори мардикорӣ) сурат мегирад. Ин шакли бозор гарчанде расмӣ набошад ҳам, аз ҷониби субъектҳои алоҳида, хусусан кормандони ташкилотҳою муассисаҳо, ба мақсади ба даст даровардани фоидаи муваққатӣ истифода карда мешавад.
Кунун 10 соли охир муайян гардидааст, ки дар мамоликҳои ИДМ, алалхусус Ҷумҳурии Тоҷикистон, доираи иқтисоди ниҳон боз ҳам густариш ёфт, ба меҳвари ҳукмронии он гурӯҳ ва дастаҳои алоҳидаи ҷинояткорони иқтисодӣ ҷалб карда шудаанд.
Адабиёт: : 24,25,27,28,32,37,47,48,63,64,65,66,67

Саволҳо барои мустаҳкамкунӣ:

  1. Вазифа, мақсад ва тадқиқи макроиқтисод.
  2. Алоқаманди микро ва макроиқтисодиёт дар чист?
  3. Оиди иқтисодиёти миллӣ маълумот диҳед.
  4. Омилҳои инкишофи иқтисодиёти миллиро номбар кунед.
  5. Сиёсати иқтисодии давлат дар чист?
  6. Моҳияти маҳсулоти умумии миллӣ (МУМ) чист?
  7. Маҳсулоти умумии дохилӣ (МУД) чист?
  8.  Даромади миллӣ чист?
  9. Шаклҳои даромадро номбар кунед.
  10. Фоизи соф чист?

Дидан карданд: 112

Мавзӯъҳои монанд:

Сиёсати зиддисилсилавии давлат (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Навъ ва давраҳои силсила: мавҷҳои дароз, кӯтоҳ ва миёна (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Силсилаи саноатӣ ва давраҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи силсила: нигоҳ аз диди таърих ва хусусиятҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи кеӣнсгароии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи институтсионалии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи классикии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Тақозои кулл ва омилҳои муаӣянкунандаи он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Мувозинии макроиқтисодӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Иқтисоди ниҳон ва хусусиятҳои он (ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ВА САМАРАИ ОН)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: