|

Фавт ва фавтнокӣ, омилҳои ба он таъсиркунанда

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Сино Эгамбердиев

Санаи дохилгардида: 2013-01-05

1. Мафҳуми фавт ва фавтнокӣ
2. Нишондиҳандаҳои фавтнокӣ
3. Омилҳои ба фавтнокӣ таъсиркунанда. Сабабҳои фавт
4. Фавтнокӣ дар регион ва давлатҳои ҷаҳон. Давомноки миёнаи умр ва фавти кўдакона.

Мафҳуми фавт ва фавтнокӣ

Фавтнокӣ дар қатори таваллуднокӣ ва пас аз он дуюмин раванди муҳими демографӣ ба шумор рафта, дар якҷоягӣ бо таваллуднокӣ ва дар тавсири мутақобила ба он таҷдиди аҳолиро ташкил медиҳад. Фавт ба мисли таваллуд ҳодисаи биологист. Мафҳуми фавт мурдани фард, даргузаштан, вафот, марги шахси танҳо-фардиро ифода мекунад. Зери мафҳуми "фавтнокӣ" бошад раванди мурдани насл фаҳмида шуда, он чун раванди омории оммавӣ аз миқдори зиёди фавтҳои алоҳида ташаккул меёбад, ки дар аҳолии синну соли гуногун ба амал омадааст.
«Фавтнокӣ- ин суръати такроршавии ҳодисоти вафот (марг) дар муҳити ичтимоӣ»1 буда, «… раванди оммавии қатъ гардидани ҳаёти фардии дар аҳолӣ рўдиҳанда аст. Фавтнокӣ дар қатори таваллуднокӣ ҳаракати табиии (таҷдиди) аҳолиро ташаккул медиҳад»2.
Маълумот дар бораи фавтнокӣ ҳам барои таҳлили тамоюлҳои демографии давраҳои гузашта ва ҳам барои коркарди пешгўикуниҳои демографӣ зарур аст. Чуноне ки маълум аст, пешгўиҳои демографӣ қариб дар ҳамаи соҳаи фаъолияти инсон ҳам барои ба нақша гирифтани рушди хизмати манзилӣ, системаи маориф, тандурустӣ ва ҳам барои амалӣ гардонидани барномаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, барои ба гурўҳҳои гуногуни аҳолӣ истеҳсол кардани маҳсулот ва хизматрасонӣ истифода бурда мешавад.
Маълумоти омории фавтнокӣ барои таҳлили беморӣ низ зарур аст. Муассисаҳои тандурустӣ маълумоти омории фавтнокиро барои такмили фаъолияти худ ва ташкили мониторинги (мушоҳидаву назорат) ҳаргуна касалиҳо васеъ истифода мебаранд.

2. Нишондиҳандаҳои фавтнокӣ

Барои муайян кардани дараҷаи фавтнокӣ системаи нишондиҳандаҳо истифода бурда мешавад. Аввалин ва одитарини онҳо миқдори мутлақи фавтҳо мебошад. Миқдори мутлақи фавт-ин шумораи умумии вафоткардагон дар давраи муайян мебошад. Муассисаҳои оморӣ маълумотро дар бораи вафоткардагон чун қоида барои 1 сол (баъзан ҳатто барои мўҳлатҳои кўтоҳтар) ҷамъ мекунанд ва нашр менамоянд. Вале нишондиҳандаҳои мутлақи фавт мисли тамоми дигар нишондиҳандаҳои мутлақи демографӣ ба шумораи умумии аҳолӣ ва сохтори он (пеш аз ҳама ба сохтори ҷинсӣ ва синну солӣ) басо вобаста аст. Бинобар ин барои муқоиса кардани дараҷаи фавтнокӣ ва динамики он дар давлат ва территорияҳои гуногун нишондиҳандаҳои нисбии фавтнокиро истифода мебаранд:
1. Коэффисенти умумии фавтнокӣ Аввалин нишондиҳандаи нисбии дараҷаи фавтнокӣ буда, он миқдори миёнаи фавтидагонро дар 1000 нафар аҳолӣ дар давраи муайян (одатан дар як сол ) ва дар территорияи муайян ифода мекунад. Бо ибораи дигар коэффисенти умумии фавтнокӣ (m)-ин таносуби миқдори ҳодисоти фавт дар 1000 нафар аҳолӣ дар давраи муайян ба миқдори миёнаи аҳолии ҳамон давр мебошад, ки онро дар асоси формулаи зерин (III) ҳисоб мекунад:

Дар ин ҷо m-коэффисенти умумии фавтнокӣ; M-шумораи мутлақи ҳодисаи фавт дар давр; - миқдори миёнаи аҳолӣ дар ҳамон давр аст.
Формулаи мазкурро истифода бурда коэффисенти умумии фавтнокии аҳолии вилояти Суғдро ба осонӣ ҳисоб кардан мумкин аст. Дар соли 2002 дар вилоят 10015 ҳодисаи фавт(М) қайд шудааст. Он сол шумораи миёнаи аҳолии вилоят 1949900 нафарро ташкил дода буд. Пас:
мебошад.
Аз ин ҷо бармеояд, ки дар вилояти Суғд соли 2002 аз ҳар 1000 нафар аҳолӣ ба ҳисоби миёна 5,1 нафар фавтидаанд.
Коэффисенти умумии фавтнокӣ дар як вақт коэффисенти махсуси фавтнокӣ ҳисобида мешавад, зеро фавтидан ба тамоми одамон - ҳам мардон ва ҳам занони синну соли гуногун воҷибшаванда мебошад. Вале он ба дараҷае нишондиҳандаи дағалтар аст. Аввалан, он ба сохтори ҷинсиву синну солии аҳолӣ вобаста аст ва сониян, дараҷаи фавтнокиро дар гурўҳои синну солӣ ва ҷинсҳо аниқ нишон дода наметавонад. Аз ин лиҳоз барои тавсифи аниқтари фавтнокӣ аз нишондиҳандаҳои дигари нисбӣ ба монандӣ коэффисенти синну солии фавтнокӣ истифода мебаранд.
2. Коэффисенти синну солии фавтнокӣ Дараҷаи миёнаи фавтнокӣ дар ҳар як гурўҳҳои синнусолӣ мебошад. Одатан онро ҳам барои мардон ва ва ҳам барои занони синну соли гуногун дар алоҳидагӣ ҳисоб мекунанд. Коэффисенти синну солии фавтнокӣ-ин таносуби миқдори фавт дар ин ё он гурўҳи син дар як сол мебошад, ки дар ҳар 1000 нафар мард ё зан муайян карда мешавад.
Таҳлили коэффисенти синну солии фавтнокӣ барои муайян кардани фарқи дараҷаи фавтнкоӣ дар гурўҳҳои алоҳидаи синну сол ва ҷинсҳо имконият медиҳад.
Дар байни коэффисенти синну солии фавтнокӣ ҷойи махсусро коэффисенти фавтнокии кўдакона ишғол мекунад.
3. Коэффисенти фавтнокии кўдакон ифодакунандаи дараҷаи фавтнокӣ дар кўдакони то яксола-соли аввали ҳаёт мебошад. Онро дар натиҷаи ҳисоб кардани миқдори миёнаи атфоли дар соли якуми ҳаёташон вафот карда дар ҳар 1000 нафар таваллудшудагон муайян карда мешавад.
Бузургии фавтнокии кўдакон ба дараҷаи тараққиётӣ иҷтимоӣ-иқтисодии давлатҳо басо вобаста аст. Масалан, агар дар Шветсия он ба 3,8 нафар дар ҳар 1000 нафар таваллудшудагон, дар Япония бошад ба 4,5 нафар, дар ШМА- 9 нафар, дар Рассия – 15,3 нафар, дар Тоҷикистон 40,1 нафар бошад, пас он дар Покистон 100; дар Афғонистон 164 нафарро дар охирҳои солҳои 90-уми асри ХХ ташкил дода буд.
4. Омилҳои ба фавтнокӣ таъсиркунанда. Сабабҳои фавт (марг)
Ба ҳолати саломатӣ, фавтнокӣ ва давомнокии миёнаи умри одамон, ба мисли тавалуднокӣ миқдори зиёди омилҳо таъсир мерасонанд. Вале дар байни омилҳои сершумор ба фавтнокӣ назар ба таваллуднокӣ шароитҳои иҷтимоӣ- иқтисодии ҳаёт таъсири ҳалкунанда доранд. Аз ин ҷост, ки дараҷаи фавтнокӣ, пеш аз ҳама, ба шароити моддии ҳаёт, ба ҳолати некўаҳволии одамон ва дараҷаи рушди хизматрасонии тандурустӣ вобаста аст: ҳар қадар баланд шудани дараҷаи некўаҳволии аҳолӣ ва хизматрасонии тандурустӣ чун қоида сабаби ҳамон қадар паст шудани фавтнокӣ мегардад ва баръакс дараҷаи пасти зиндагӣ сабаби баланд гардидани фавтнокӣ мешавад (чунин аст қоида, вале минбаъд мебинем, баъзан истисно низ рўй медиҳад).
Бинобар ин дар бузургии дараҷаи фавтнокӣ пеш аз ҳама дар байни давлатҳои мутараққӣ ва рўбаинкишоф фарқи калон дида мешавад. Дар охирҳои солҳои 90-уми асри ХХ дараҷаи фавтнокӣ (коэффисенти умумии фавтнокӣ) дар ҷаҳон 9%0, дар Америкаи Шимолӣ 9%0, дар Австралия-Уқёнусия-8%, дар Европаи Хориҷи 11%0, аммо дар Африка- 14%0-ро ташкил дод.
Сабаби дар Африка баланд будани дараҷаи фавтнокӣ ба ҳама маълум аст- дараҷаи пасти некўаҳволии одамон ва хизматрасонии тиббии басо нокифоя мебошад. Вале дар Европа назар ба Америкаи Лотинӣ як андоза баланд будани фавтнокӣ сабабҳои худро доад. Гап дар сари он аст, ки дар давлатҳои мутараққӣ ҳанўз дар солҳои 50-уми асри ХХ нишондиҳандаи умумии фавтнокӣ дар таърихи инсоният дар дараҷаи пасттарин тасбит(устувор) шуда буд. Вале бо сабаби дар давлатҳои мутараққӣ ба вуҷуд омадани "пиршавии аҳолӣ" (яъне дар натиҷаи зиёд шудани давомнокии миёнаи умри чашмдошт афзудани саҳми солхўрдгон) як андоза баландтар шудани нишодиҳандаи умумии фавтнокӣ ба чашм мерасад.
Ба раванди фавти насл ва дараҷаи фавтнокӣ миқдори зиёди омилҳои табиӣ-биологӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ таъсир мекунанд, ки шартан чунин дастабандӣ кардан мумкин аст:
1) дараҷаи ҳаётии мардум, 2) самаранокии хизмати тандурустӣ, 3) маданияти санитарии ҷомеа, 4) муҳити экологӣ.
1. Дараҷаи ҳаётии мардум (халқ) омили асоситарини беҳтаргадонии солимии аҳолӣ, паст кардани дараҷаи фавтнокӣ ва афзудани давомнокии миёнаи умр буда, аз ин лиҳоз, фақат он барои инкишофи тамоми боқимонда омилҳо: афзудани маданияти умумӣ ва санитарӣ, ғамхорӣ дар бораи саломатӣ ва беҳтаргардонии муҳити иҳотакунанда ва ғайра шароит бунёд мекунад. Алҳол дар байни давлатҳои ҷаҳон нишондиҳандаи умумӣ ва ягона эътирофшудаи ифодакунандаи дараҷаи ҳаёти одамон вуҷуд надорад.
Яке аз нишондиҳандаи маҷмўии нисбатан такмилёфтаи дараҷаи ҳаётро "индекси рушди иқтидори (потенсиали) инсоният" (ва ё "индекси рушди башарият") меноманд, ки бо он дар миқёси байналхалқӣ дараҷа ва сифати ҳаёти аҳолии давлатҳо баҳо дода мешавад. Он ба худ бузургии миёнаи арифметикии (аз 1 то 0) нишондиҳандаҳои маҷмўи маҳсулоти дохилиро ба ҳар сокин, дараҷаи маълумотнокии аҳолӣ ва давомнокии миёнаи умри аҳолиро муҷассам кардааст.
Дар байни ин се қисми таркибии ташакулдиҳандаи индекси рушди башарият нишондиҳандаи бештар бенуқсони онро давомники миёнаи умри чашмдошт ташкил медиҳад.зеро онро сохтакорӣ кардан номумкин аст.
Аз рўи маълумоти СММ дар бораи рушди инсоният дар соли 2000 нишони (индекси) рушди инсоният дар Россия барои соли 1998 0,771 буда, он дар байни 174 давлатҳои ҷаҳон ҷои 62-юмро ишғол карда буд. Вале Россия дар ҳамон соли 1998 аз рўи давомнокии миёнаи умри занон ҷои 76-умро ишғол мекард. Коэффисенти умумии фавтнокӣ дар он сол 13,8%0-ро ташкил дод, ки ин ба нишондиҳандаи миёнаи Африка наздик мебошад. Ин ҷо такроран қайд равост, ки давомнокии миёнаи умр нишодиҳандаи беҳтарини маҷмўӣ ва боэтимоди тамоми ҷамъи шароитҳои ҳаёти одамон аст.
2) Самаранокии хизмати тандурустӣ –Омили муҳими солимгардии аҳолӣ ва паст шудани фавтнокӣ мебошад. Самаранокии хизмати тандурустӣ на бо миқдори духтурон ва ё катҳои беморхонаҳо баҳо дода мешавад, балки бо маблағгузории зарурии давлатӣ ва хусусӣ, бо рушди илми тиб ва ҷиҳозонии техникии муассисаҳои тиббӣ, бо ҳавасмандии моддии кормандони соҳаи тиб, бо дараҷаи музди меҳнати онҳо (боварие нест, ки духтурони моҳонаи кам гиранда мисли давлатҳои ИДМ-ба мунтазам баланд кардани касби худ, такмилдиҳии он ҳавасманд бошанд, ва аз ин ҷо самаранокии меҳнати онҳо паст аст ), 4) ба муносибати байни духтур ва бемор, боварии мариз ба духтури муолиҷакунанда ва аз тарафи бемор интихоб кардани духтур, на рўихатӣ будани дармонгоҳҳову бемористонҳо муайян мегардад.
Дар солҳои охир бо мурури инкишоф ёфтани муносибатҳои бозоргонӣ дар давлатҳои постсотсиалистӣ, аз он ҷумла дар Тоҷикистон, Россия ва ғайра ба ҷои хизмати ройгонии тиббӣ ҳарчи бештар тибби хусусӣ ва коперативии музднок (пулакӣ) реша ронда, васеъ шуда истодааст, ки ба одамон назар ба тибби давлатӣ беҳтар муносибат мекунанд. Вале дар одамон набудани сармояи зарурӣ имконият надода истодааст, ки онҳо аз имкониятҳои тибби пулакӣ бештар бархўрдор шаванд. Сабабгори чунин ҳолат дараҷаи пасттарини музди меҳнат, як андоза қимат будани хизмати тибби хусусӣ ва дорувориҳо мебошанд. Аз ин ҷост, ки мувофиқи маълумоти СММ бештар аз 1,5 млрд нафар аҳолӣ аз хизмати оддитарини тандурустӣ маҳруманд.
3. Маданияти санитарӣ. Яке аз натиҷаи муҳими иҷтимоии тағйир ёфтани фавтнокӣ афзудани аҳамияти маданияти санитарии беҳдошти ҷомеа ҳамчун омили нигоҳдорандаи саломатӣ ва дароз гардидани давомноки миёнаи умри аҳолӣ мебошад.
Санитария аз лафзи лотинии Sanitas буда, маънояш "саломатӣ"аст. Он маҷмўи тадбирҳои амалии оид ба ҳифзи солимии одамонро ифода мекунад ва ба масъалаҳои ба ҳаёт татбиқ намудани талаботи гигиена (аз юнонӣ hғgiўinos-солим, шифобахш)-солим гардонидани шароити зиндагии аҳолӣ, пешгирии касалиҳо равона карда шудааст.
Дар давлатҳои маданияти санитарии ҷомеа баланд, албатта, фавтнокӣ паст мегардад. Ва баръакс, маданияти пасти истеъмоли нўшокиҳои алкоголӣ, тамокукашии оммавӣ, аз ҷумла васеъ паҳн шудани он дар байни занон ва наврасон, истифодаи ҳарчи бештари моддаи мухиддар ва нашъмандӣ, миқдори зиёди исқоти ҳамли сунъӣ бар ивази истифода бурдани воситаҳои замонавии пешгирикунандаи ҳомиладоршавӣ, дағалии умумӣ дар муносибатҳои байни одамон, бадлафзӣ, бадахлоқиву фосиқии ҷавонон, тарғиботи шаҳвати бараҳна, зўроварӣ - тамоми инҳо омилҳое мебошанд, ки солимии миллатро барбод медиҳанд ва ба афзудани давомнокии миёнаи умри чашмдошт (инчуни ба мустаҳкамгардонии оила ва афзоиши тавалуднокӣ) мусоидат намекунанд. Аз ин лиҳоз, дараҷаи пасти маданияти санитарӣ (умуман маданияту фарҳанг) сабаби баланд гардидани фавтнокӣ хоҳад шуд.
4. Сифати муҳити иҳотакунанда. Маълум аст, ки инсоният бидуни муҳити иҳотакунанда-маҷмўи омилҳои табиӣ (табиат), табиӣ - антропогенӣ (ландшафти маданӣ, маҳалҳои аҳолинишин… ) ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ (маҷмўи муносибатҳои байни одамон дар ҷомеа ва муносибати онҳо бо неъматҳои моддӣ ва мадании барпо кардаашон) арзи вуҷуд дошта наметавонад. Ва ҳаёти одамон ба сифати муайяни муҳити иҳотакунанда ниёзманд мебошанд. Аз ин лиҳоз, бад шудани сифати муҳити иҳотакунанда барои ҳаёти одамон ва саломатии онҳо хавфнок аст ва он сабаби баланд шудани фавтнокӣ мегардад.
Бад шудани муҳити иҳотакунанда ба ифлосшавии он вобаста аст. Ифлосшавии муҳит- ин аз меъёри табиии барои ҳаёт лозим буда, бар изофа ғуншавии омилҳои (унсурҳои) табиӣ, кимёвӣ, биологӣ ва антропогенӣ (аз ҷумла ахборотӣ) мебошад. Ифлосшавии муҳит бо сабабҳои табиӣ (ифлосшави табиӣ) ва зери таъсири фаъолияти хоҷагии инсон (ифлосшавии антропогенӣ)ба амал меояд.
Маълумоти шабакаи мониторингии ҳавои шаҳри Россия нишон дод, ки дар 150 шаҳри он ғуншавии моддаҳои заҳрнок дар атмосфера аз ҳудуди меъёри имкомпазир 5 баробар, дар 86 шаҳрҳо 1- 10 баробар баризофа мебошад.
Аз рўи маълумоти экологҳо наздик нисфи аҳолии Россия оби нушокии сифатан ба талаботи гигиенӣ ҷавобгў набударо истеъмол мекунад. қариб ҳамаи ҳавзаҳои обии назди шаҳрҳо бо ин ё он дараҷае бо партовҳои саноатии барои ҳаёт ва солимии одамон хавфнок ифлос мебошанд. Алҳол фақат 68% аҳолии деҳоти Россия аз обтаъминкунии марказонидашуда истифода мебаранду халос. Чунин ҳолати ногуворро дар бисёр давлатҳои рўбаинкишоф ва дар қатори онҳо дар Тоҷикистон низ дида мешавад.

Скачат(27.6kb)

Дидан карданд: 3179

Мавзӯъҳои монанд:

Хусусиятҳои иҷтимои демографии, қобилият ва рафтори кормандон

Фавт ва фавтнокӣ, омилҳои ба он таъсиркунанда

Таваллуд, таваллуднокӣ ва омилҳои ба он таъсиркунанда

Таҷдиди аҳолӣ ва қонуниятҳои он

Шумора ва динамикаи миқдори аҳолӣ

Мақсад, вазифа ва сохтори курси «Демография»

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: