|

Фирма (корхона) ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ ва субъекти хоҷагидорӣ (ФИРМА ВА ШАКЛҲОИ ТАШКИЛИЮ ҲУҚУҚИИ ХОҶАГИДОРӢ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Тартибдиханда: Азизов Ф.Ҳ.

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2019-09-17

Назарияи фирма. Фирма ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ ва субъекти хоҷагидорӣ. Вазифаҳои корхона. Принсипҳои фаъолияти хоҷагидории фирма: ҳавасмандӣ, ҷавобгарӣ, худидоракунӣ ва худтанзимнамоӣ, худмаблағгузорӣ, худтаъминнамоӣ, озодии иқтисодӣ. Шаклҳои ҳуқуқии корхона. Тавсифи корхонаҳо дар Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи корхонаҳо, ҷамъияти саҳҳомӣ, иттиҳодияҳои истеҳсолӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ). Муносибатҳои меҳнатӣ дар фирма. Нақш ва мақоми қарордодҳои меҳнатӣ дар корхонаҳо.

Заминаҳои айнии бавуҷудомадани фирма аз давраи андӯхти ибтидоии капитал (сармоя) оғоз ёфта, дар замони таҳаввули истеҳсолоти калони мошинӣ (инқилоби саноатии капитализм) ҳамчун корхонаҳои хусуси (фардӣ)-и аз ҳам ҷудо, барои ташкил гардидани фаъолияти соҳибкорӣ таҳкурсӣ гузоштааст. Нақш ва мақоми фирма таҳти пешрафти илму техника (махсусан, баъди солҳои 60-уми асри ХХ) боз ҳам афзуда, ба  зинаи баланди рушду нумӯи худ мерасад.
Чи тавре, ки аз таҳлили адабиётҳои мавҷудаи иқтисодӣ бармеояд, фирма аз воҷаи италянии "firma" гирифта шуда, маънои имзо, мавсуми савдогар ё худ тоҷирро ифода мекунад. Оҳиста - оҳиста баробари рушду нумӯи башарият мазмун ва моҳияти аслии он аз байн рафта, таҳти фирма на ҳамчун амалиёти ҷудогона, балки қобилияти ташкилоти бузурги фавқул-қудрат (институте), ки қодир аст захираҳои иқтисодиро дигаргун созад ва аз онҳо неъматҳо тавлид намояд, тасаввур карда мешавад.
Аз нигоҳи баъзе аз олимони иқтисоддон фирма ҳамчун:
- шакли мушаххаси ташкили истеҳсолот;
- субъекти мустақили иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо фаъолияти соҳиб-корӣ банд мебошад;
- масоили хоҷагидориро дар чорчӯбаи ҳалли масъалаҳои асосии иқтисод: чӣ ?, чӣ хел? барои кӣ истеҳсол намуд?, дар куҷо?, барои кӣ?, бо кадом нарх онро фурухт? ва ғайра ба роҳ мемонад, тасаввур карда мешавад.
Асосан, чунин меъёрҳои муайянкунандаи назарияи фирма фарқ карда мешаванд:
1) Назарияи суннатӣ. Тарафдорони ин назария фирмаро аз нигоҳи тарз ва услуби механизми коркард ва истифодаи захираҳои иқтисодӣ ва мутобиқ-гардонии он ба механизми бозорӣ ташбеҳ медиҳанд.
2) Назарияи менеҷералӣ тақозо менамояд, ки ҳадафи муҳимтарини фирма - аввало ба ҳадди аксар расонидани ҳаҷми фурӯш ва баъд гирифтани даромад бошад.
3) Ҷонибдорони ҳадди аксари рушд бештар андеша ба он доранд, ки корхонаҳои инкишоф ёфта истода нисбат ба корхонаҳои бузург афзал доранд. Дар таъмини рушду нумӯи онҳо ҳам моликону менеҷерон ва ҳам саҳмиядорон (аксионерон) манфиатдоранд.
Рушди корхонаҳо метавонад аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ: қисми фоидаи тақсимнашуда ва дар корхона боқимонда: барориши саҳмияҳо; воситаҳои пулии аз бонк қарз гирифташуда ва сарчашмаҳои берунӣ: ба ҳам иттисол гардидани як ё якчанд корхонаҳо ё худ иттиҳодияҳо; ба ҳам пайваст ё худ муттаҳид гардидани фирмаҳо бо воситаи харида гирифтани пакети саҳмияи корхонаҳо ва ғайра ташкил гарданд.
4) Таърифи классикии фирма сароғоз аз ҷониби А.Смит ва минбаъд К.Маркс тавсиф карда шудааст. Моҳияти фирма бевосита аз мазмуни синфию иҷтимоии капитализм берун оварда шудааст. Тибқи ақидаи онҳо фирма маҳсули тақсими ҷамъиятии меҳнат, табдил ёфтани кооператсияи оддии капиталистӣ ба мануфактура, яъне фабрикаи капиталистӣ мебошад. Дар ин ҷо фабрика ҳамчун шакли асосии фирма, барои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, кам кардани хароҷот ва ба даст овардани фоида мусо-идат менамояд.
5) Иқтисодчии америкоӣ Ф.Найт гумон дорад, ки фирма дар натиҷаи ҷидду ҷаҳди агентҳои бозорӣ ба ҳадди ақалл расонидани хавф (таваккал) ва номаълумиҳо ба миён меояд. Чи қадаре ки номаълумиҳо мураккаб бошанд, ҳамон қадар афзалияти фирма низ нисбат ба бозор бештар мегардад.
6) Мувофиқи ақидаи Р.Коуз фирма ҳамчун институти иқтисодӣ, аз боиси бори гарон (қиммат) будани мутобиқгардонии равандҳои бозор ба миён меояд.
Дар адабиёти муосири иқтисодӣ ҳамбастагии бозор ва фирма аз ду ҷиҳат:
1) ҳамчун ташкилоте, ки захираҳои ибтидоиро ба маҳсулоти интиҳоӣ табдил медиҳад;
2) шакли ҳуқуқии мустақилона ташкилшудаи тиҷорат, ки рамзан ҳам-чун воҳиди (субъекти) соҳибкор аз қайди ташкилотҳои болоӣ (юридикӣ) гузаштаанд ва дорои мустақилияти тиҷоратӣ мебошанд, мавриди таҳлилу таҳкик қарор мегиранд.
Фаъолияти соҳибкории инфиродӣ баъд аз ба қайд гирифта шудани корхона ва гирифтани шаҳодатнома дар хусуси фаъолияти соҳибкорӣ (литсензия, патент) қонунӣ ҳисобида мешавад.
Фаъолияти фирма, тибқи ақидаи Камаев В.Д, дар чорчӯбаи чунин муносибатҳои бозорӣ сурат мегирад:
- мубодилаи пул ба меҳнати коргарони кироя;
- мубодилаи пул ба молу маҳсулот ва хизматҳои молтаъминкунанда;
- мубодилаи молу хадамот ба пули истеъмолгарон;
- мубодилаи пул ба чизҳое, ки минбаъд ҳамчун натиҷаи қарз (кредит) пардохта хоҳанд шуд;
- мубодилаи пул ба молу хадамот, ба ивази истифодаи об, гармӣ, қувваи барқ, рӯбучин, дидбонӣ, постбонӣ ва ғайра.

Дидан карданд: 390

Мавзӯъҳои монанд:

Сиёсати зиддисилсилавии давлат (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Навъ ва давраҳои силсила: мавҷҳои дароз, кӯтоҳ ва миёна (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Силсилаи саноатӣ ва давраҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи силсила: нигоҳ аз диди таърих ва хусусиятҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи кеӣнсгароии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи институтсионалии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи классикии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Тақозои кулл ва омилҳои муаӣянкунандаи он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Мувозинии макроиқтисодӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Иқтисоди ниҳон ва хусусиятҳои он (ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ВА САМАРАИ ОН)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: