|

Ғайридавлатӣ ва хусусигардонии моликият: шакл, тачриба ва хусусиятҳои он (МОЛИКИЯТ - АСОСИ НИЗОМҲОИ ИҚТИСОДӢ)

Тартибдиханда: Азизов Ф.Ҳ.

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2019-09-17

Дар шароити низоми иқтисоди бозорӣ мақсад ва вазифаи ҳар як субъекти иқтисодӣ - ташкил кардани раванди кор дар асоси ҳадди ақалл (минимуми)-и хароҷот ва ноил гаштан ба ҳадди аксари (максимуми) фоида мебошад.
Барои ба ин ҳадаф ноил гаштан мустақиман аз тарз ва услуби шаклҳои хоҷагидорӣ, моликияти давлатӣ, моликияти хусусӣ, шакл ва намудҳои дигари онҳо самаранок истифода кардан зарур аст.
Бозор ва моликияти ҷамъиятӣ, моликияти давлатии ба ҳадди аксар расида (зиёда аз 70%), мавҷуд набудани сектори хусусӣ, мустақилият ва озодии иқтисодӣ имконнопазиранд. Аз ин лиҳоз, чи дар мамлакатҳои Ғарб ва чи дар Шарқ масоили ғайридавлатигардонии моликият ба миён омада, он ҳар хел ҳаллу фасл карда мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки давлатикунонӣ ё худ ғайридавлатикунонии воситаҳои истеҳсолот дар ҳар як давлат вобаста ба шароитҳои таърихию иқтисодӣ ҳархела сурат мегирад. Масалан, дар Полша, тайи солҳои охир бештар усули "конверсия" (табдил)-и корхонаҳои саҳҳомӣ ё худ ширкатҳои дорои масъулияти маҳдуд (рафиқона) бо вогузории вазифаи идора ба ташкилотҳои болоии корпоративҳо истифода шудаанд.
Дар Чехословакия на усули тиҷоратикунонӣ, балки корпоративкунонӣ, яъне баргардонидани корхонаҳои "сотсиалистӣ кунонида шуда" ба ширкат-ҳои саҳҳомӣ, ки пурра ба давлат тааллуқ доранд, истифода карда мешавад.
Дар Венгрия шакли мухталати онҳо (тиҷоратикунонӣ ва корпорати-викунонӣ) ҳамчун шакли табдил додани моликияти давлатӣ ба корхонаҳои миллӣ кунонда шудаи навъи корхонаҳои Ғарб (ширкатҳои саҳҳомӣ, ширкатҳои рафиқонаи масъулияташ маҳдуд), ки асосан, тобеи давлат мебошанд, ташкил карда шудаанд.
Мулоҳизаҳо нишон медиҳанд, ки бунёд ва ташкил кардани корхонаҳо дар шакли корхонаҳои "тиҷорат", "корпоратив" ва ғайра дар аксарияти собиқ давлатҳои низоми иқтисоди амрӣ (сотсиалистӣ) бо таври пурра исти-фода карда шудаанд.
Дар Русия ва дигар давлатҳои муштаракулманофеъ (СНГ) аз боиси якхела набудани таркиботи моликияти ҷамъиятӣ ҳархела будани вазни қиёсии моликияти давлатӣ дар истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти ҷамъиятӣ (ММҶ), шароитҳои гуногуни таърихӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ роҳи қулай-тарини гузариш ба иқтисоди бозорӣ бунёд кардани муносибатҳои бисёрук-ладӣ ва истифодаи шаклҳои навтарини моликият ва хоҷагидорӣ, хусусигар-донию ғайри давлатигардонӣ интихоб карда шудаанд.
Аз таҳлили ками маводҳои пешниҳодшуда маълум мегардад, ки дар ҷаҳони имрӯза, оид ба моҳияти мазмун ва мундариҷаи ғайридавлатигардонии моликият фаҳмиши ягона ва роҳи мушаххаси истифода вуҷуд надорад. Масалан, таҳти ғайридавлатигардонӣ дар Руминия интишори коғазҳои қимматдор мувофиқи молу мулки корхона: дар Югославия ба вуҷуд овар-дани шароити муфид ва табдил додани моликияти давлатӣ ба моликияти бевоситаи молистеҳсолкунандагон; дар Амрико ҳамчун стратегияи мӯҳлат-ноки густариши сектори хусусӣ аз ҳисоби қатъ гардонидани сектори ҷамъиятӣ; дар Япония фурӯхтани корхонаҳо ба фардҳои хусусӣ, ташки-лотҳо ва бо тадриҷ аз байн рабурдани монеъгариҳову маҳдудгариҳо, табдил додани компанияҳои давлатӣ ба ширкатҳои саҳҳомӣ ва минбаъд ба шахсиятҳои (субъектҳои) хусусӣ фурӯхтани саҳмияҳо, иҷора; дар Литва фурӯхтани молу мулки давлат бо воситаи музоядаҳо (ауксионҳо); дар Руссия (дар ибтидои солҳои 90-ум) фурӯхтани корхонаҳо бо воситаи чекҳо (ваучер) ва ғайра фаҳмида мешавад.
Умуман, эътироф карда шудааст, ки тайи 20-соли охир, дар ҷараёни ғайридавлатигардонӣ, хусусигардонӣ ва давлатигардонӣ зиёда аз 50 мамлакат фаъолона иштирок намудаанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайри давлатигардонӣ ва хусусигардонии моликият, тарз ва услуби гузаронидани он аз қарор ва қонунхои собиқ ИҶШС ғизо мегирад.
Тайи солҳои охир (1995-2009) дар Ҷумхурии Тоҷикистон, хусусигардо-нии соҳаҳои асосии хоҷагии халқ (саноат, сохтмон, нақлиёт ва алоқа, савдо, хизмати маишӣ, соҳаи кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо)-ро фаро гирифт. Аз он ҷумла, тибқи шаклҳо: моликияти хусусӣ, моликияти коллективӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамъиятҳои саҳҳомӣ - ташкил шуданд.

Саволҳо барои худсанҷӣ:
1.Таҳти низом чӣ тасаввур карда мешавад?
2.Меъёрҳои муайянкунандаи низомҳои иқтисодӣ кадомҳоанд?
3.Омилҳои ба сатҳ ва дараҷаи низомҳои иқтисодӣ таъсиррасонро номбар кунед.
4.Тамсилаҳои муосири низомҳои иқтисодӣ кадомҳоанд?
5.Таҳти моликият чӣ фаҳмида мешавад?
6.Моликият, ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ, кадом муносибатҳоро
ифода мекунад?
7.Ҷанбаҳои ҳуқуқии моликият кадом муносибатҳоро дар бар мегиранд?
8.Дар кадом ҳуҷҷатҳо (аснод)-ҳои ҳуқуқӣ меъёр ва шаклҳои асосии моликият дарҷ ва инъикос ёфтаанд?
9.Шаклҳои асосии моликият кадомҳоанд?
10.Хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ зарурият дошт ва кунун чӣ натиҷа дод?

Дидан карданд: 125

Мавзӯъҳои монанд:

Сиёсати зиддисилсилавии давлат (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Навъ ва давраҳои силсила: мавҷҳои дароз, кӯтоҳ ва миёна (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Силсилаи саноатӣ ва давраҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи силсила: нигоҳ аз диди таърих ва хусусиятҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи кеӣнсгароии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи институтсионалии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи классикии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Тақозои кулл ва омилҳои муаӣянкунандаи он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Мувозинии макроиқтисодӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Иқтисоди ниҳон ва хусусиятҳои он (ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ВА САМАРАИ ОН)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: