|

Моликият ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ. Субъект ва объекти моликият (МОЛИКИЯТ - АСОСИ НИЗОМҲОИ ИҚТИСОДӢ)

Тартибдиханда: Азизов Ф.Ҳ.

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2019-09-17

Дар ҳаёти муқаррарӣ инсон бидуни донишҳои иқтисодӣ, воҷаҳои молу мулк, мулкдорӣ, чиз, неъмат, соҳибмулк (молик) ва ғайраро дар як қатор гузошта, онҳоро чун моликият тасаввур мекунад.
Моликият инсонро ба равандҳои аслию воқеӣ, табиии манфиатнок будан нисбат ба чизҳову ҳодисаҳо ҳавасманд мегардонад. Он дорои мазмуни моддӣ буда, дар доираи муайяни муносибатҳои иқтисодӣ - азонихудкунӣ ва соҳибӣ кардани неъматҳои моддӣ ва маънавӣ сурат мегирад.
Агар чиз (мол, маҳсулот, неъмат, захира...) дар ҳолати харҷу марҷ, яъне бесарусомонӣ ва табиию воқеии худ боқӣ монда,аз ҷониби одамон (субъектҳои иқтисодӣ) истифода карда нашавад, он гоҳ он ҳамчун моликият эътироф карда намешавад. Аз ин ҷо бармеояд, ки моликият, пеш аз ҳама, муносибат мебошад. Ин муносибатҳо ҳамчун муносибатҳои доимию устувор ва такроршаванда оиди соҳибӣ ва аз они худ кардани захираҳои маҳдуди ҷомеа ба амал бароварда мешаванд. Аз ин лиҳоз, дар адабиёти иқтисодӣ он алоқамандӣ ҳамчун қонун эътироф карда шуда, мафҳумҳои соҳибӣ, истифода, аз они худкунӣ, дурсозӣ ва ғайра ба ҳайси қонунҳои иқтисодӣ пешбарӣ карда мешаванд.
Моликият ҳамчун зуҳури кулли муносибатҳои истеҳсолӣ ва субъекти ҳуқуқ, аз замони ҳазрати Одам то кунун арзи вуҷуд дорад. Он пеш аз ташаккули илми иқтисод, алалхусус назарияи иқтисод ба миён омадааст.
Аз ин ҷиҳат метавон гуфт, ки тайи ҳазорсолаҳо муносибатҳои ҳуқуқии моликият нисбат ба муносибатҳои иқтисодӣ бартарӣ доштанд. Зеро заминаи айнии (объективии) иқтисод (соҳа ва ҳавзаҳои алоҳидаи он) ва дараҷаи ҷамъиятигардонии он нисбатан паст буд.
Ба сифати субъекти моликият на фақат шахсиятҳову ташкилотҳои мутасаддӣ, балки субъектҳои номуайян низ номбар карда мешаванд. Масалан, давлат ё худ ҷомеа ва ғайра. Дар асл чизҳоро на давлату ҷомеа, балки аз номи онҳо ташкилотҳо, вазоратҳо ва ашхосони алоҳида, бевосита соҳибӣ ва аз они худ мекунанд. Бо ибораи дигар, субъектҳои моликият онҳое бояд бошанд, ки қобилият ва нерӯи объектҳои иқтисодиро соҳибӣ кардан дошта бошанд.
Объектҳои моликият чиз ва воситаҳое мебошанд, ки мустақим ва ғайри мустақим аз ҷониби субъектҳои иқтисодӣ аз худ карда мешаванд. Ба ҷумлаи онҳо ашё ва воситаҳои меҳнат: замин, захираҳои табиат, ашё, материал (мавод), қувваи барқ, иттилоот, молу мулк, пул, коғазҳои қиматнок, қувваи коргарӣ, маҳсули маънавӣ ва мадании инсон ва ғайра дохил карда мешаванд.

Таҳти моликият - кулли муносибатҳои байни субъектҳои иқтисодӣ оиди тарзу услуби истифода, соҳибӣ, дургироӣ, азхудкунӣ ва идораи объект-ҳои иқтисодӣ фаҳмида мешавад.

Дидан карданд: 429

Мавзӯъҳои монанд:

Бекорӣ: шаклҳо ва сабабҳои пайдоиши он. Мафҳуми шуғли пурра

Сиёсати зиддитаваррумии давлат (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Оқибатҳои иқтисодию иҷтимоии таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Хусусият ва омилҳои муайянкунандаи таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Шакл ва намудҳои таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Таваррум, моҳият ва сабабҳои пайдоиши он (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Сиёсати хазинадории давлат ва хусусиятҳои он дар шароити бозор (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Андоз, вазифа, шакл ва хусусиятҳои ташаккули он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Буҷети давлатӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои ташкили он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Молия, вазифа ва низоми он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: