|

Масоили маҳдудияти захираҳо ва талаби беинтиҳои инсон (ИСТЕҲСОЛОТ, ШАКЛ ВА ОМИЛҲОИ ОН)

Тартибдиханда: Азизов Ф.Ҳ.

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2019-09-17

Захираҳои табиат унсури муҳимтарини сарвати ҷомеа мебошад. Охирон, ҳамчун нишондиҳандаи макроиқтисод, нерӯ ва қудрати иқтисоди миллиро муайян менамояд.
Оиди дарк ва маънидодкуниҳои сарвати ҷомеа андешаҳои мухталиф маҳфузанд. Масалан, намояндагони сохти мактаби классикӣ (У.Петти, А.Смит, Д.Рикардо, К.Маркс) зери мафҳуми сарвати ҷомеа меҳнати дар неъматҳои моддӣ ифодагаштаи наслҳои гузашта ва ҳозираро дар назар доштанд. Онҳо меҳнатро сарчашмаи асосии ташаккули сарвати ҷомеа медонанд. Бесабаб нест, ки У.Петти меҳнатро "падари сарват ва заминро модари он" номидааст.
Ҳадафи ниҳоии ҳар як истеҳсолот қонеъ гардонидани талаботи ҷамъият мебошад. Барои дар амал татбиқ намудани он ҷомеа ҳамаи намудҳои захираҳои дар ихтиёри худ доштаро барои истеҳсоли молу маҳсулот ва адои хизмат истифода мекунад.
Дар ин асно ҳалли ду масъалаи муҳим, ки асоси рушд ё худ таназзули ҷомеа буда метавонад, ба миён меояд:
1) захираҳои иқтисодӣ (моддӣ) нисбатан маҳдуд буда, ба хаҷм ва меъёри истеҳсолот (бо таври манфӣ ё худ мусбат) таъсир мерасонанд;
2) талаби ҷомеа ҳадду ҳудуд надорад (беинтиҳо, номаҳдуд аст) ва онро бо пуррагӣ бо таври мутлақ қонеъ гардондан имконнопазир аст.
Дар адабиёти имрӯзаи иқтисодӣ таҳти захираҳо омилҳое,ки барои тавлиди неъматҳои иқтисодӣ афзалиятан истифода карда мешаванд, фаҳми-да мешаванд. Ба онҳо дороии сарват, захираҳои табиат, захираҳои меҳнат, захираҳои молиявӣ, захираҳои иттилоотӣ ва воситаҳои пасандозу андӯхт-шудаи аҳолӣ, корхонаҳо ва ҷамъият дохил карда мешаванд (нигар ба нақшаи 2.2).
Сармоя (капитал), замин, меҳнат, соҳибкорӣ ҳамчун омили истеҳсолот сирати ягона - маҳдуд доранд ва онҳоро ба таври сунъӣ густариш (васеъ кардан) додан номумкин аст. Аз ин сабаб, ҷамъият ба таври дилхоҳ аз ҳама навъу намудҳои захираҳо истифода карда, неъматҳову хизматҳои заруриро дастраси омма карда наметавонад.
Захираҳои молиявӣ - ҳамчун воситаҳои пулии субъектҳои иқтисодӣ, ки барои ташаккул ва таҷдиди истеҳсолот ҷудо карда мешаванд, ташкил меёбанд. Дар шароити бозор онҳо ҳамчун воситаҳои сармоягузорӣ, қоғазҳои қимматнок, андоз, пардохтхои пулӣ, заёмҳои давлатӣ ва ғайра ташаккул меёбанд.

Дидан карданд: 33

Мавзӯъҳои монанд:

Сиёсати зиддисилсилавии давлат (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Навъ ва давраҳои силсила: мавҷҳои дароз, кӯтоҳ ва миёна (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Силсилаи саноатӣ ва давраҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи силсила: нигоҳ аз диди таърих ва хусусиятҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи кеӣнсгароии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи институтсионалии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи классикии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Тақозои кулл ва омилҳои муаӣянкунандаи он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Мувозинии макроиқтисодӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Иқтисоди ниҳон ва хусусиятҳои он (ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ВА САМАРАИ ОН)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: