|

Раванди истеҳсолот ва таркиби он (ИСТЕҲСОЛОТ, ШАКЛ ВА ОМИЛҲОИ ОН)

Тартибдиханда: Азизов Ф.Ҳ.

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2019-09-17

Раванди меҳнат ва унсурҳои он: меҳнат, предмети меҳнат ва воситаҳои меҳнат. Ҳамбастагии раванди меҳнат ва истеҳсолот. Истеҳсолот, шакл ва хусусиятҳои он. Истеҳсолоти моддӣ ва ғайримоддӣ. Истеҳсолоти ҷамъиятӣ, моҳият ва шаклҳои он: истеҳсолот, тақсимот, мубодила ва истеъмол. Захираҳои иқтисодӣ, шакл ва намудҳои он. Омилҳои истеҳсолот ва шаклҳои он: сармоя, меҳнат, замин, соҳибкорӣ ҳамчун омили истеҳсолот. Тавсифи фаъолияти хоҷагидории инсон.

Истеҳсолот бидуни ҷомеаи инсонӣ имконнопазир аст. Инсон низ бе истеҳсолот вуҷуд дошта наметавонад. Инсон барои муозин нигоҳ доштан ва барқарор кардани воситаҳои зарурии ҳаёти худ, эҳтиёҷ ба неъматҳои гуногун - мол, маҳсулот, сару-либос, хонаю ҷой, хӯрока, пӯшока, доруворӣ, воситаи нақлиёт, асбобу анҷоми рӯзгор ва ғайра дорад.
Онҳо дар шакли тайёр дар табиат вуҷуд надоранд ва худ аз худ низ пайдо намешаванд. Онҳоро худи одамон тибқи фаҳмиш, имкон, қобилият ва зарурат дастрас менамоянд, бунёд мекунанд, месозанд, мепазанд, медӯзанд, мекоранд, ғун мекунанд. Дар ҳар як маврид ба мақсади дархост намудан ва қонеъ гардонидани ниёзу эҳтиёҷи худ инсон ба табиат муроҷиат менамояд ва неъматҳои худододро дар шакли нимтайер истифода мекунад. Дар ин ҷода вай фаъолиятеро анҷом медиҳад, ки он худ натиҷаи меҳнат мебошад. Маҳз меҳнат ва ақл табақаи инсонро аз қатори ҳайвонот ва тайёрхурандаи табиат ҷудо кард.
Меҳнат инсони иқтисодӣ ва охирон, истеҳсолотро ба вуҷуд овард. Меҳнат - сарчашмаи ғизо ва ҳаракатдиҳандаи истеҳсолот сурат гирифт. Ҳамин ақида аз ҷониби бузургони фарҳанги тоҷик А.Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ ва дигарон махсус қайд карда шудааст. Мувофиқи гуфтаҳои онҳо бидуни ақл ва меҳнат дар олам чизе ба даст намеояд. Вале худи меҳнат бе истифодаи олот ва асбобу анҷом, худ аз худ неъмат намеофарад. Аз ин лиҳоз, хоҳ нохоҳ, одам ба табиат таъсир расонда, онро шаклан дигаргун месозад.
Аз ин ҷо, таҳти раванди меҳнат равобити доимӣ ва устувори байни унсурҳои он (худи меҳнат, воситаҳои меҳнат, ашёҳои меҳнат), истифодаи захираҳои табиат ва дар ин асос ба вуҷуд овардани неъматҳову қонеъ гардонидани талаботи инсон фаҳмида мешавад.
Меҳнат амалиёти бошуурона ва мақсадноки фаъолияти инсон буда, бо ёрии он одамон неъматҳои моддию маънавӣ ва хадамот ба вуҷуд меоранд.
Предметҳои меҳнат чизҳое мебошанд, ки одамон мустақиман ба онҳо (бо воситаи кор, фаъолият, меҳнат) таъсир расонда, хосиятҳои зоҳирии онҳоро барои тавлиди неъматҳои иқтисодӣ истифода мекунанд. Ба онҳо чизҳое, ки дар шакли тайёр аз табиат гирифта мешаванд (мева, моҳӣ, ангишт...) ё худ маводҳое, ки дубора зери таъсири меҳнати инсон қарор мегиранд (пахта, ангишт, нафт, газ...), дохил мешаванд. Он чизҳоеро, ки ба он меҳнати инсон таъсир мерасонад ва минбаъд барои коркарди маҳсулоти навбатӣ истифода мегарданд, ашё, маводи хом ё худ нимфабрикат мено-манд. Табиат, замин ва дар мазмуни фаррох - олами моро фарогиранда - унсурҳои умдаи предмети меҳнат мебошанд. Онҳо ҳамчун манбаи моддии маҳсулоти тайёр (дар оянда) хизмат карда метавонанд.
Воситаҳои меҳнат - чиз ё гурӯҳи чизҳое мебошанд, ки инсон бо воситаи онҳо (дос, болға, каланд, мошин, экскватор...) ба предметҳои меҳнат (замин) таъсир расонда, неъматҳою маҳсулот ва молу хизматҳо тавлид менамояд. Воситаҳои меҳнат дар шакли чиз ё худ шакли моддӣ ҳамчун воситаҳои табиӣ (хок, санг, ҳайвонҳои корӣ, узвҳои меҳнаткунандаи инсон) ва воситаҳои техникӣ (мошинҳои гуногун, механизмҳо, таҷҳизот, инструментҳо, яъне чизҳои ба таври сунъӣ офаридаи инсон) баромад мекунанд. Воситаҳои меҳнат ва ашёҳои меҳнат дар якҷояги воситаҳои истеҳсолотро ташкил медиҳанд. Он дар адабиёти муосири Ғарб ҳамчун сармоя (капитал), молҳои сармоягузорӣ (инвеститсионӣ) ё худ неъматҳои сармоявӣ ном бурда мешаванд.
Қувваҳои истеҳсолкунанда (аз нигоҳи К.Маркс) ҳамчун ягонагӣ ва алоқамандии омилҳои истеҳсолот (қувваи коргарӣ ва воситаҳои истеҳсолот) тасаввур карда мешаванд.
Муносибатҳои истеҳсолӣ муносибатҳое мебошанд, ки байни одамон оиди тавлид, тақсим, мубодила ва истеъмоли неъматҳои моддию маънавӣ ва хадамот ба вуҷуд меоянд.
Муносибатҳои ташкилию иқтисодӣ афзалиятан оиди тарзу услуби ташкили раванди истеҳсолот, тақсим ва мубодилаи неъматҳои тавлидшуда ва хадамот ба роҳ монда мешаванд (нигар ба нақшаи 2.1)
Дар асоси таҳлили муносибатҳои капиталистӣ К.Маркс се марҳалаи инкишофи онҳоро мавриди таҳқиқ қарор додааст:

1) кооператсияи оддӣ 2) мануфактура ва 3) истеҳсолоти мошинӣ. Марҳалаи охирон, маҳз хусусияти ҷаҳони муосир мебошад.

Дидан карданд: 56

Мавзӯъҳои монанд:

Сиёсати зиддисилсилавии давлат (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Навъ ва давраҳои силсила: мавҷҳои дароз, кӯтоҳ ва миёна (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Силсилаи саноатӣ ва давраҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи силсила: нигоҳ аз диди таърих ва хусусиятҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи кеӣнсгароии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи институтсионалии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи классикии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Тақозои кулл ва омилҳои муаӣянкунандаи он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Мувозинии макроиқтисодӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Иқтисоди ниҳон ва хусусиятҳои он (ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ВА САМАРАИ ОН)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: