|

Афкори иқтисодиву иҷтимоии халқи тоҷик (НАЗАРИЯИ ИҚТИСОД, ЗАМИНАҲОИ ГУСТАРИШ ВА ТАҲАВВУЛИ ОН)

Тартибдиханда: Азизов Ф.Ҳ.

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2019-09-17

Афкори иқтисодии ниёгон, бино ба қисматҳои тақдир, ноқисиҳову носозиҳо, бурдбориҳову нокомиҳои таърих, мушахассан, аз ҷониби ягон мутафаккирону бузургони гузашта мавриди таҳлил қарор нагирифта буд.
Авасто. Падидаҳои иқтисодӣ зиёда аз 3 ҳазор сол қабл аз ин дар китоби осмонию динии муқаддас Зардушт "Авасто" андӯхта шуда, минбаъд дар осори ҳазорон бузургони фарҳанг ва илму адаб рушду камол ёфтаанд. Дар он оиди таҳсис ва тақсими кор (меҳнат) шикорчигӣ, моҳидорӣ, ҳунармандӣ, чорводорӣ: табақабандии ҳайати иҷтимоия - рӯҳониён, ҷанго-варон, пешаварон (ҳунармандон), кишоварзон, ғуломон, сохти идораю дав-латдорӣ, вазъ ва амволи шахсӣ,низомҳои ҳуқуқӣ, шарту шароитҳои таш-кили оила, аҳком (қоида, қонун) ва мазҳабу навиштаҷотҳои зиёдеро дарёфт кардан мумкин аст.
Дар "Авасто" ба қатори масъалаҳои муҳимтарини динию мазҳабӣ, масоили ҳифзи ҳайвонот (махсусан ҳайвонҳои корию хонагӣ), услуб ва муносибатҳои оилавию оиладорӣ (фарзанддорӣ, тарбияи онҳо), равобити тиҷоратии байни мамлакатҳои алоҳида, муносибатҳои молиявӣ, рӯёнидани андозҳои нақдӣ ва ҷисмӣ ба ҳайси тиллою нуқра, амволу молҳо, ғалладона, хӯрока, канизон (зану мард), аспу уштур ва ғайра тасвир шудаанд. Масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии дар "Авасто" зикр ёфта, бо ибораҳои профессор Б.Исоматов, ҳазорсолаҳо пеш аз "Таврот", "Инҷил" ва "Қуръон" ба саҳна омадаанд. Аҳкоми чорчӯбаи он: гуфтори нек, пиндори нек ва рафтори нек то кунун нерӯ ва қудрати худро гум накардааст.
Ал - Форобӣ. Мувофиқи тадқиқот зиёда аз 160 асари шоҳсутуни Ал - Форобӣ дастраси хонандагон гардидаст. Он бештар ба мутафаккир ва файласуфи Юнони қадим Арасту (Аристотел) пайравию тақлид карда, қисме аз асарҳои худро дар асоси шоҳкориҳои он иҷро кардааст. Дар адабиёти асримиёнагӣ онро ҳамчун шахси дуввум баъд аз Арасту "Устоди сонӣ" мешинохтанд.
Абӯалӣ ибни Сино. Дар замони гузаштаю ҳозира ӯро бештар ҳамчун табиби ҳозиқ ва файласуфи мумтоз қадр мекунанд. Шояд аз ҳамин нуқтаи назар бошад, ки ӯ дар асарҳои худ нисбат ба масъалаҳои инсону инсонпарварӣ, одоби намунавию беғаразонаи инсон, қуввати тавоноӣ ва хулқу одоби он, тавофути инсону ҳайвонот, сабаби тавлиду таназзули онҳо, тарзу услуби хонадорию хоҷагидорӣ, шаклҳову зинаҳои амалии тадбиркорӣ (соҳибкорӣ), сиёсати танзимгарию хоҷагидории подшоҳону бузургон, бобати ислоҳи нафс, дахлу харҷ, нақшу мақом ва сиёсати мард оиди зан, фарзандон ва хизматгузорон шуғли беназире пайдо карда, онҳоро аз диди худ баҳо додааст.

Бояд иқрор шуд, ки падида ва кандаҳои парокандаву барҷомондаи иқтисодиёт дар шакли ниҳон, дар асарҳои мутафаккирони зиёде ("Сиёсатнома"-и Низомулмулк, "Қобуснома"-и Унсурмаолии Кайковус, "Гулистон"-и Саъдии Шерозӣ, Ғазолӣ, Аҳмади Дониш, С.Айнӣ ва дигарон) маҳфузанд. Дар хусуси онҳо метавон маълумоти пурраеро дар китобҳои Б.Исоматов, С.Исломов ва дигарон дастрас намуд.

Дидан карданд: 53

Мавзӯъҳои монанд:

Сиёсати зиддисилсилавии давлат (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Навъ ва давраҳои силсила: мавҷҳои дароз, кӯтоҳ ва миёна (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Силсилаи саноатӣ ва давраҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи силсила: нигоҳ аз диди таърих ва хусусиятҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи кеӣнсгароии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи институтсионалии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи классикии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Тақозои кулл ва омилҳои муаӣянкунандаи он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Мувозинии макроиқтисодӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Иқтисоди ниҳон ва хусусиятҳои он (ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ВА САМАРАИ ОН)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: