|

Танзими давлатии бозор, вазифа ва хусусиятҳои он (АСОСҲОИ ХОҶАГИҲОИ БОЗОРӢ)

Тартибдиханда: Азизов Ф.Ҳ.

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2019-09-17

Чӣ тавре аз таҳлили мавзӯъҳои гузашта бармеояд, бозор аз ҷиҳати сохт ва мазмуни ботинӣ худ аз худ арзи вуҷуд дошта наметавонад. Ҷавҳари марказии бозорро унсурҳои худи он (истеҳсолкунанда, фурӯшанда, харидор), механизми таҳриқдиҳандаи он (тақозо, арза, нарх, рақобат), зерсохти бозор (бирҷа, музоида...), шакл ва намудҳои гуногуни он ташкил медиҳад.
Аз ин ҷиҳат тадқиқотчиён ба хулоса омадаанд, ки бозор дар мояи услуб-ҳои худтаъминкунӣ қарор мегирад. Аммо ин тарзи танзим бидуни дахолати давлат имконнопазир аст. То ҳатто шакли рақобати комилро ҳам бозори танзимшаванда ҳисобидан мумкин аст. Чунки он бидуни фишангҳои танзими давлатӣ (интишори пул, таъмини устувории он, ҷубронпулӣ, танзими бо ном самараи берунӣ, қонеъгардонии талабот бо неъматҳои коллективӣ, яъне бо «молҳои ҷомеавӣ»...) сурат мегирад.
Бозор кулли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоиро ҳаллу фасл карда наме-тавонад. Вазифаи бозор, чӣ тавре пештар қайд карда гузаштем, бидуни масоили иҷтимоӣ сурат мегирад. Аз ин лиҳоз ҳалли он пурра ба зиммаи давлат гузошта мешавад.
Тибқи тақозои бозор доро ва тавоно, ғолиби рақобату соҳиби даромад фаъолият мекунанд. Яке рушду камол меёбад ва дигаре шикаст хӯрда аз маъракаи иштирок дар муборизаи рақобатӣ ронда мешавад. Ин аз нигоҳи бозор – принсипи адолатхоҳона аст.
Бозор, то ҳатто ба соҳаҳое, ки истеҳсолотро ривоҷу равнақ медиҳанд (илм, техника, менеҷмент, маркетинг...) кордор нест. Аз ин лиҳоз ташкилу инкишофи ин гурӯҳ соҳаҳо ҳамчун унсури зерсохти бозор ба зиммаи давлат гузошта мешавад.
Тақсим ва азнавтақсимкунии даромад аз ҷониби субъектҳои бозор, кафо-лат ба меҳнат ва беҳбудии инсон намедиҳад. Баръакс, он бойро сарватманд ва камбағалро ботадриҷ бечораю бенаво мегардонад.
Бозор ба ашхосе, ки қобилияти меҳнатӣ дорад, ҳуқуқи меҳнат кардан, раванди бекориро бартараф ва қисми фаъоли қобилияти меҳнатӣ доштаи аҳолиро бо кор банд сохта наметавонад. Аз ин сабаб, ҳалли масъалаҳои мазкур низ ба дӯши давлат гузошта мешавад.
Агар принсипи адолати иҷтимоӣ «ҳаққи баробар ба меҳнати баробар» аз ҷониби бозор риоя карда шавад ва ҳадди аксари он аз ҷониби бизнес муайян гардад, пас ҳадди ақали музди меҳнат аз ҷониби ҳукумат муайян карда мешавад.
Механизми бозор, гарчанде натиҷаи самараноки кайҳо ташаккулёфтаи пешрафти илму техникаи мавҷударо истифода карда тавонад ҳам, қудрати мустақилона рахна кардани раванди стратегиро дар рушду нумӯъи улуми илму техника, технологияи муосир, дигаргунсозиҳои амиқи таркибии истеҳсолот таъмин карда наметавонад. Бозор дар мавридҳои зарурӣ барои ҷудо кардани маблағ, яъне анҷом додани лоиҳаҳои бениҳоят бузург, илми фундаменталӣ ва ривоҷу равнақ додани соҳаҳои ҷадиди муосир, ки дараҷаи таваккалии беинтиҳо доранд ва баҳрабардории онҳо баъди солҳои тӯлонӣ сурат мегиранд қудрат надорад. Ҳалли ин масъалаҳои муҳим, ҳавасмандгардонии пешрафти илму техника ва сиёсати сохторӣ аз ҷониби давлат ба сомон расонда мешавад.
Нақши иқтисодии давлат дар шароити бозор бо воситаи тарз ва услубҳои гуногун ба роҳ монда мешавад. Таъсири давлат ба иқтисод, алалхусус ба ҷараёни бозори нокомил, яъне фаъолияти монополияҳо ва таъмин кардани рақобатпазирии онҳо ба меъёри муайян вобаста мебошад. Дар шароити бозор давлат имконияти ба зиммаи худ гирифтани вазифаҳои бозор, махсусан муайян намудани ҳадду ҳудуди мустақилият, ҳавасмандӣ, худтаъминкунӣ, худмаблағгузорӣ, худтанзимкунӣ ва ғайраро надорад.
Амалиёти аз меъёр зиёдтари давлат метавонад алоқамандӣ ва ҳамбас-тагии механизми бозорро пароканда намояд. ба раванди муташаккилонаи бозор, тадбирҳои давлат оид ба нақшагирии директивӣ, тақсими саросари натуралии захираҳои истеҳсолӣ ва предметҳои истеъмолӣ (фондҳо, талонҳо, чеку купонҳо), назорати қатъии давлат ба раванди ташкили нарх ва дигар тадбирҳо аз гузашта ба мо маълуми ҷамъияти сотсиалистӣ таъсири тахир-пазир мерасонанд.
Аз ин хулоса бармеояд, ки давлат дар шароити бозор ҳаллу фасли ин масъалаҳоро аз сар соқит менамояд. Баръакс, давлат дар ин ҷараён, тадриҷан, назорат бурда нарх ва нархгузориро танзим, роҳ ва услубҳои мусоидтарини идораи иқтисодро дастгирӣ мекунад. Давлат фаъолияти соҳибкориро ҳама-ҷониба дастгирӣ намуда, фирмаҳоро аз оқибатҳои сахти таваррум ва бӯҳрон-ҳои иқтисодӣ эмин медорад, барои таҷдиду навоварӣ ва ихтироъкорӣ бо сармоягузорӣ таъмин менамояд.
Танзими иқтисод, асосан бо воситаи фишангҳои таъсири мустақим ба иқтисод (сармоягузориҳои мақсаднок барои анҷом додани барномаҳои дароз-мӯҳлат, ноҳиявӣ, миллӣ ва низоми харидкунии давлатӣ) ва таъсири ғайримус-тақим (сиёсати буҷавию андоз, пулию қарзӣ, истеҳлок (амортизатсия), асъор, гумрук) ба роҳ монда мешавад. Ин ва дигар масоилҳои бозор ва танзими он дар мавзӯъҳои алоҳидаи курс алоҳида таҳлил карда мешаванд.

Саволҳо барои худсанҷӣ:
1.Классикони назарияи иқтисод сабаб ва шароитҳои эҳё ва ташаккули истеҳсолоти молиро дар чӣ мебинанд?
2.Шаклҳои асосии истеҳсолоти молӣ кадомҳоанд?
3.Тамсилаҳои истеҳсолоти молиро тавсиф намоед?
4.Таҳти неъмат чиро мефаҳманд?
5.Шаклҳои асосии неъмат кадомҳоанд?
6.Мол ва манфиатнокии онро чӣ тавр тасаввур мекунед?
7.Нақш ва мақоми пул дар ҳаёти ҷомеаи инсонӣ дар чӣ ифода меёбад?
8.Кадоме аз вазифаҳои пул дар шароити ҳозира бештар
пазируфта мешавад?
9.Бозор чист?
10.Вазифа ва усулҳои асосии ташкили бозор кадомҳоанд?
11.Унсурҳои асосии механизми бозор кадомҳоанд?
12.Тақозо ва арзаи бозориро чӣ тавр мефаҳмед?
13.Фарқи рақобати комил аз рақобати нокомил дар чист?

Дидан карданд: 22

Мавзӯъҳои монанд:

Сиёсати зиддисилсилавии давлат (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Навъ ва давраҳои силсила: мавҷҳои дароз, кӯтоҳ ва миёна (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Силсилаи саноатӣ ва давраҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи силсила: нигоҳ аз диди таърих ва хусусиятҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи кеӣнсгароии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи институтсионалии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи классикии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Тақозои кулл ва омилҳои муаӣянкунандаи он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Мувозинии макроиқтисодӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Иқтисоди ниҳон ва хусусиятҳои он (ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ВА САМАРАИ ОН)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: