|

Механизми бозор, моҳият ва хусусиятҳои он (АСОСҲОИ ХОҶАГИҲОИ БОЗОРӢ)

Тартибдиханда: Азизов Ф.Ҳ.

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2019-09-17

Масоили бозор, алалхусус, механизми амали он аз қадим то кунун мавриди баҳсу мунозира ва таҳлилу таҳқиқ қарор дорад.
Таҳти механизм одатан восита, олот ё худ фишанге дар назар дошта мешавад, ки он қодир бошад ягон амалиёт ё худ ҳаракатро анҷом диҳад.
Механизми бозор одатан восита, олот ё худ фишанги иқтисодие мебошад, ки бо воситаи он унсур (шаклу намуд) ва сегментҳои он ба ҳам пайваст карда мешаванд. Сегмент – ҷузъ, қисми мушаххаси бозор, гурӯҳи истеъмолкунан-дагон, маҳсулот ё корхонае, ки дар асоси амалиётҳои хос ташкил карда мешаванд. Сегментатсия – тақсимбандӣ ё худ қисматкуниҳои бозор тибқи омилҳои алоҳида.
Таҳти механизми бозор маҷмӯи амалиёт ва муносибатҳо оиди ҳаракат ва танзим додану ба як мақсад равон кардани фаъолияти ниҳоии субъект ва объектҳои иқтисодӣ фаҳмида мешавад.
Механизми бозор ҷанбаҳои муҳимтарину муайянкунандаи ҳар як бозори алоҳида, алоқамандӣ ва ба ҳам пайвастшавии унсурҳои асосии онро дарбар мегирад. Дар адабиёти муосири иқтисодӣ зиёда аз 20 меъёр, 50 шаклу намудҳои намоёну маълум ва 2000 маънидодкуниҳои бозор вуҷуд дорад. Ҳар яке аз ин бозорҳо дорои сохтор ва механизми хосу муайяни худ мебошанд. Новобаста ба хусусият ва хислатҳои фарқкунанда онҳоро аломатҳои якхела ва умумӣ – тақозо, арза, нарх, рақобат ва ғайра муттаҳид менамоянд. Кулли ин муносибатҳо механизми бозорро ташкил медиҳанд. Маҳз ин мафҳумҳои иқтисодӣ, дар кадом сатҳ ва дар кадом шакли бозоре, ки набошанд, ҳамчун унсурҳои механизми бозор ва омилҳои дохилӣ, таҳкурсӣ ва ҷавҳари ба ҳаракатдароварандаи онҳо баромад мекунанд.
Хусусиятҳои механизми бозорӣ дар он аст, ки ҳар як унсури он бо нарх пайваст амал карда, ба раванди тақозою арза таъсир мерасонанд. Аз дигар тараф, бидуни нарх, тақозо ба арза ва арза ба тақозо мустақиман, худсарона таъсир мерасонанд. Ин алоқамандии байни онҳо ҳамчун қонуни иқтисодии тақозо ва арза сурат мегирад.
Алоқамандии охирон, ҳамчун муносибатҳои доимию устувори байни тавлидгару истеъмолгар, фурӯшандаю харидор бо воситаи «конъюнктура»-и бозор сурат мегирад. Конъюнктура (аз калимаи лотинӣ «conjunctura») – пайвасткунӣ, мусоидати вазъият, ҳолат ё худ шароити иқтисодие, ки дар лаҳзаи мувофиқ раванди тақозо ва арза анҷом дода мешавад. Охирон, бо воситаи нишондиҳандаҳои иқтисодие, ки ҳолати бозорро тавсиф медиҳанд: тақозо, арза, нарх, ғунҷоиши бозор, қобилияти харидорӣ, ҳаҷми захираҳо ва ғайра муайян карда мешавад.
Механизми бозор дар чорчӯбаи истифодаи қонунҳои иқтисодӣ: қонуни арзиш, нарх, манфиатнокии интиҳоӣ, фоида, андӯхт, рақобат ва ғайра ба роҳ монда мешавад. Низоми қонунҳои иқтисодӣ ва механизми бозор ҳамчун «барометр» муҳит ва фазои истеҳсолоту муомилотро муайян мекунад. Ин фазои иқтисодӣ дар асоси механизми рақобат ба амал бароварда мешавад.
Аз гуфтаҳои боло хулоса бармеояд, ки механизми бозор рамзан ҳамчун зарф (резервуар) дар худ муносибатҳои байни фурӯшандагон, харидорон, истеъмолкунандагон, истеҳсолкунандагон, яъне кулли муносибатҳоро оиди ташаккули тақозою арзаи молу хадамот, талаботи қобили харидорӣ доштани истеъмолгарон, нарх ва ғайра, ки дар асоси «дастҳои ноайён» ба ҳам пайваст карда мешаванд ифода мекунад. Ҷавҳари марказии онро тақозо, арза, нарз ва рақобат ташкил медиҳанд.

Дидан карданд: 118

Мавзӯъҳои монанд:

Бекорӣ: шаклҳо ва сабабҳои пайдоиши он. Мафҳуми шуғли пурра

Сиёсати зиддитаваррумии давлат (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Оқибатҳои иқтисодию иҷтимоии таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Хусусият ва омилҳои муайянкунандаи таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Шакл ва намудҳои таваррум (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Таваррум, моҳият ва сабабҳои пайдоиши он (ТАВАРРУМ ВА ТАНЗИМИ ЗИДДИТАВАРРУМИИ ДАВЛАТ)

Сиёсати хазинадории давлат ва хусусиятҳои он дар шароити бозор (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Андоз, вазифа, шакл ва хусусиятҳои ташаккули он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Буҷети давлатӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои ташкили он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Молия, вазифа ва низоми он (БОЗОРИ МОЛИЯ, АНДОЗ, БУҶЕТ ВА СИЁСАТИ ХАЗИНАДОРИИ ДАВЛАТ ДАР ШАРОИТИ БОЗОР)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: