|

Вазифаҳои бозор ва омилҳои муайянкунандаи он (АСОСҲОИ ХОҶАГИҲОИ БОЗОРӢ)

Тартибдиханда: Азизов Ф.Ҳ.

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2019-09-17

Бозор худ аз худ, бидуни сабаб ва шароитҳои муайяни таърихӣ бунёд ва густариш ёфта наметавонад. Таҷриба нишон медиҳад, ки инкишоф ва таҳаввули бозор таҳти шароит ва услубҳои мушаххас қарор мегиранд. Дар ҳаёт тадбиқ гаштани онҳо дар шароити мавҷуд будани равандҳои гуногун: фазои иқтисодӣ, мустақилият, нархмуқарраркунии озод, моликияти хусусӣ ва бисёр-моликиятӣ, тавлидгару истеъмолкунанда, харидору фурӯшанда, тақозою арза, рақобат, демокративонии истеҳсолот, танзими давлатӣ, зерсохтор (инфра-структура)-и истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ ва ғайра имконпарзир мебошанд.
Ҳар яке аз ин нишондиҳандаҳо, паҳлуҳои гуногуни бисёрҷабҳаи бозорро вобаста ба сирати бисёршаклии моликият ва ташаккули низомҳои иқтисодӣ ифода мекунад. Дар навбати худ, ҳар яке аз онҳо таҳти таъсири омилҳои мухталиф қарор мегиранд.
Омилҳо ҳамчун фишанги иқтисодӣ мустақим ё ғайримустақим, як ё якчанд паҳлӯҳои муносибатҳои бозориро муайян намуда, барои амалӣ гаштани онҳо замина мегузоранд.
Бояд қайд намуд, ки ҳар як омил дар алоҳидагӣ моҳияти аслӣ ва воқеии ҳодисаҳоро бо пуррагӣ тасвир карда наметавонад. Охирон, дар аснои ба ҳисоб гирифтани кулли ҳодиса – сабаб, шароит, услуб, омил, меъёр, нишондиҳанда, ҳаҷм, динамика, сохтор... имконпазир мегардад.
Дар адабиёти иқтисодӣ (гарчанде тақсимбандии мушаххас вуҷуд надошта бошад ҳам) ба сифати омилҳои муайянкунандаи муносибатҳои бозорӣ чунин унсурҳо номбар карда мешаванд:
- гуногуншаклии моликият ва тарзу услубҳои амалигардонии он;
- демократикунонии истеҳсолот бо нигоҳ доштани воситаҳои танзими давлатӣ;
- эҳё ва густариши зерсохтори бозор, махсусан бозори молу маҳсулот, хадамот, бозори омилҳои истеҳсолот, бозори молия ва ғайра;
- табдил додани иқтисоди миллӣ ба иқтисоди боз (кушод), бо ҷалб намудани сармояи хориҷӣ ва ба мақсади муайян истифода кардани он, роҳ надодан ба масрафкорӣ, дуздӣ, ҷаллобӣ, каср (дефитсит) ва ғайра;
- кафолат ба озодии иқтисодӣ – озодона интихоб кардани тавлидгарон, интихоби озоди истеъмолгарон, таъмин кардани шароит барои амалӣ гаштани манфиатҳои шахсӣ;
- рақобат – дараҷаи ба ҳам иттисол ва пайваст карда тавонистани манфи-атҳои шахсию ҷамъиятӣ, гурӯҳию коллективӣ дар асоси «дастҳои ноайён»;
- ҳавасмандӣ дар истифодаи захираҳо, баланд бардоштани самаранокии онҳо, ба ҳадди ақал расонидани хароҷот ва ба ҳадди аксар боло бурдани даромаднокии истеҳсолот ва сифати маҳсулот;
- таъмин кардани рушди интенсивии иқтисод дар асоси истифодаи инқи-лоби илму техника(ИИТ), таҷдиди технологияи навтарин ва иттилооти муосир;
- нархмуқарраркунии озод, муҳайё кардани иттилоот барои субъектҳои иқтисодӣ;
- танзими ҳаҷм ва меъёри тақозою арза, азнавтақсимкунии захираҳои ба манфиати субъектҳои иқтисодӣ ва ғайра;
Ин ва дигар омилу шароитҳои бозор дар ягонагӣ низоми иқтисоди бозо-риро ташкил медиҳанд. Низоми бозор тибқи ақидаи Раймон Барр «навъи иқтисоди ғайримутамарказе мебошад, ки дар он нақша ва амалиётҳои воҳид-ҳои соҳибихтиёр бо воситаи бозор ва пул, яъне мубодила ба ҳам мутобиқ карда мешаванд». Ин мубодила бо воситаи вазифаҳои муайян тасниф карда мешавад (нигар ба нақшаи 4.4.):
1.Вазифаи танзим. Истеҳсолоти ҷамъиятӣ дар сатҳи макроиқтисод аз ҷониби хоҷагиҳои хонавода, молӣ, фирмаву ширкатҳо дар асоси худтанзим-кунӣ ба роҳ монда мешавад. Ин вазифа тибқи ҳалли масоили умдаи иқтисод: чӣ?, чӣ қадар?, барои чӣ?, чӣ хел?, бо кадом миқдор истеҳсол намуд? дар амал тадбиқ карда мешавад.
Бозор таносубии миқдории байни молу пул, нарху арзиш, тақозою арза, нишондиҳандаҳои микро ва макроиқтисодиро таъмин ва танзим менамояд.
2. Вазифаи ҳавасмандгардонӣ. Ин вазифа, асосан ҳангоми пасту баланд шудани нарх ва пайваста ба ин танзими миқдори молҳои ба бозор воридша-ванда назаррас мебошад.
Бозор ҳар як субъекти иқтисодиро доир ба баланд бардоштани самара-нокии истеҳсолот, ба даст овардани маҳсулот бо натиҷаи ками сарфи меҳнату сармоя ва гирифтани фоида водор менамояд. Он ҳар як тавлидгари неъмату хадамотро барои истифодаи натиҷаи илму техника ва технологияи замони ҳозира ва дар асоси онҳо ба роҳ мондани усулҳои интенсивии замони ҳозира ва таъмини самаранокии кулли ҷузъиятҳои иқтисод ҳавасманд мегардонад.

3.Вазифаи манфиатнокии қиммат ва қиёскунии сарфи меҳнати молҳо. Дар бозор молҳо мувофиқи сарфи вақт (меҳнат) ё худ вақти зарурии ҷамъиятӣ мубодила карда мешаванд. Бозор ҳадду ҳудуди манфиатнокии ниҳоии молу хадамотро муайян мекунад. Агар хароҷот барои маҳсулот баланд бошад, нархи он ҳам баланд мешавад ва нисбати он қобилияти харидорон низ паст мегардад ва онро харида гирифта наметавонанд. Албатта, он дар оянда аз нав истеҳсол карда намешавад, ё худ миқдори он маҳдуд гардонида мешавад. Дар натиҷа объектҳои бозор рӯ ба таназзул меоваранд ва дучори касодӣ мегарданд. Дар ҳолати акс онҳо рӯ ба инкишоф оварда, рушду равнақ меёбанд.
4.Вазифаи нархмуқарраркунӣ. Нархи воқеӣ дар бозор таҳти тақозою арза ташаккул меёбад. Он вобаста ба ҳаҷми маҳсулоти ба бозор воридшаванда пасту баланд мегардад. Охирон, ҳадди муозинии нарх ва миқёси тавлидоту пешниҳодоти молу хадамотро минбаъд муайян менамояд.
5.Вазифаи тафриқасозии истеҳсолкунандагон. Таҳти тақозою арза ва калобиши нархҳо субъектҳои бозор ба рақобат дучор мегарданд. Он молистеҳ-солкунандае, ки хароҷоти истеҳсолиаш нисбат ба нархи бозор паст аст, он дар натиҷаи рақобат соҳиби фоидаи баланд мегардад. Дар акси ҳол он касод ва хонахароб шуда, аз «саҳнаи бозӣ» бурун меравад. Соле дар ИМА зиёда аз 3500 корхонаҳои хурду миёна шикаст хӯрда, аз нав бунёд карда мешаванд.
6.Вазифаи ба ҳам пайваст намудани истҳесолкунандаю истеъмолкунанда. Хоҳ нохоҳ ҳар як иштирокчии бозор дар нақшаи харидор ё нақшаи фурӯшанда ширкат меварзад. Онҳо ҳамчун субъекти бозор барои худ, ё барои ташкил кардани фаъолияти истеҳсолию тиҷоратӣ (бизнесу соҳибкорӣ) ба кор муроҷиат мекунанд. Бозор ин алоқаро ба ҳам пайваст ва устувор мегардонад.
7. Вазифаи иттилоот. Бозор ҷое мебошад, ки дар он натиҷаи ниҳоии фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ҷамъбаст карда мешавад. Охирон, бидуни маълумоти кофӣ оиди вазъи бозор, тақозою арза, нарх, теъдоди харидорону фурӯшандагон, ҳаҷми фурӯш, номгӯ (номенклатура)-и молҳо, ҳаҷми молҳои бақиямондаю ба фурӯшнарафта, ҳаҷми воридоту содирот, талабот ба меҳнат, ба ҷои кор, ҳаҷми пул ва гардиши он, мубодилаи асъор ва қоғазҳои қиммат-нок, ҳаҷми захираҳои иқтисодию омилҳои истеҳсолот, ҳаҷми талаботҳои ҷамъиятӣ ва даҳҳову ҳазорҳо ҷараёнҳои дигари иқтисодӣ имконнопазир мебошад.
Бозор «мухлисони» худро бо воситаи «агентҳояш» (бирҷа, музоида, савдо, радио, телевизор, низоми бисёрҷанбаи алоқа, рӯзномаю маҷалла, таблиғ (рек-лама) ва ғайра аз аҳволи худ хабардор мекунад.
8. Вазифаи таъмини муозинӣ ва мутаносибии иқтисодиёт. Бозор тибқи нишондоди иқтисоди сиёсии марксистӣ, муозинӣ ва таносубии иқтисодро таъмин карда наметавонад. Амалияи хоҷагидорӣ нишон медиҳад, ки бозор тибқи ҳаҷму таркибот ва навъу хелҳои маҳсулот муқаррар мекунад. Ин таносубиҳо ба воситаи барқарор кардани алоқа дар байни сад ва ҳазорҳо тавлидгарону истеъмолгарони мустақил ба роҳ монда мешавад.
Нақши бозор дар ҷараёни такрористеҳсоли ҷамъиятӣ дар он ифода меё-бад, ки он:
- на танҳо як ҳавза – муомилот, балки боқимонда давраҳо – истеҳсол, тақсим, азнавтқсимшавӣ ва истеъмолро низ фаро мегирад;
- ба истеҳсолот бо воситаи алоқаҳои ниҳоию пастгузаштаи тартиби аввал оиди масоили умдаи иқтисод (чӣ қадар?, чӣ?, дар кадом вақт?, бо кадом миқдор? истеҳсол ва пешкаши бозор кард) муозинӣ ва таносубии иқтисодро ташкил менамоянд;
- тибқи натиҷаи ниҳоӣ, самаранокӣ, подоши масрафҳои моддӣ ва қонеъ гардонидани ниёзу эҳтиёҷи мардум, молистеҳсолкунандагонро тафриқа мекунад;
- хоҷагӣ, корхона, фирмаю ширкатҳое, ки рақобатпазир нестанд, сармоя-гузории кофӣ барои таҷдиди (навкунии) истеҳсолот надоранд, тоза мекунад.
Бозор ҳамчун маҳсули таҳаввулоти таърихию табиии инсоният махсуси-ятҳои таърихӣ, миллӣ, динӣ ва рӯҳии миллатҳои алоҳида, анъанаҳои беҳта-рини онҳоро, ки тӯли ҳазорсолаҳо густариш ёфтааст дар худ инъикос менамояд. Бозор дар ҳама давраҳои рушди тамаддун ҷой дошт ва аз ин лиҳоз дорои сират, шакл, намуд ва меъёрҳои гуногун мебошад. Аз рӯи бозор қудрат ва нерӯи давлат, нуфус ва эътибори миллатро мешиносанд. Бозор оинаи миллат аст.

Дидан карданд: 39

Мавзӯъҳои монанд:

Сиёсати зиддисилсилавии давлат (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Навъ ва давраҳои силсила: мавҷҳои дароз, кӯтоҳ ва миёна (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Силсилаи саноатӣ ва давраҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи силсила: нигоҳ аз диди таърих ва хусусиятҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи кеӣнсгароии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи институтсионалии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи классикии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Тақозои кулл ва омилҳои муаӣянкунандаи он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Мувозинии макроиқтисодӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Иқтисоди ниҳон ва хусусиятҳои он (ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ВА САМАРАИ ОН)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: