|

Вазифа ва муомилоти пул (АСОСҲОИ ХОҶАГИҲОИ БОЗОРӢ)

Тартибдиханда: Азизов Ф.Ҳ.

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2019-09-17

Моҳияти пул дар иҷрои вазифа (функсия)-ҳои он баръало намоён мегардад. Илми муосири иқтисод пулро на аз нуқтаи назари моҳият - эквиваленти ҳамаи молҳо, балки аз нигоҳи амалия, нақшу вазифаи он дар бозор қадр мекунад.
Намояндагони мактабҳои гуногуни иқтисодӣ, алалхусус консепсияи инкишофи арзиш, ба ҳайси вазифаҳои пул то панҷ вазифаро номбар мекунанд.
1.Андоза (ченак)-и арзиш
Аз таҳлили моҳияти шаклҳои таърихии инкишофи арзиш (тасодуф, мукаммал, умумӣ, пулӣ) бармеояд, ки ҷаҳони бешумори молҳо арзиши худро бо тилло ифода мекунанд ва охирон, ҳамчун эквивалент ифодаку-нандаи меҳнати ҳамаи молҳои дигар, хизмат мекунад. Барои иҷро кардани ин вазифа пул бояд арзиши худро дошта бошад. Ин вазифа ба зиммаи тилло гузошта мешавад.
Мувофиқи назарияи К.Маркс ифодаи пулии арзиш нарх ном дорад.
2.Вазифаи муомилот
Дар шароити хоҷагиҳои бидуни молӣ муомилот дар шакли М-М, яъне як намуди мол ба намуди дигари он мубодила карда мешавад. Бо пайдо шудани пул (дар шароити истеҳсолоти молии оддӣ) ин шакли муомилот намуди М-П-М -ро мегирад. Муомилот ба ду ҷузъ М-П (фурӯш) ва П-М (харид) тақсим карда мешавад. Пул ҳамчун миёнарав ба сирати иштироки лаҳзавӣ барои таъмин кардани муомилаи фурӯш ва харид хизмат мекунад.
Қонуни муомилоти пул ба таври комил аз ҷониби К.Маркс ва минбаъд назариячиёни бо ном миқдории пул Ш.Монтеске, Ч.Локк, Д.Юм ва назариячиёни неоклассикии миқдории пул А.Маршалл, И.Фишер ва дигарон таҳлил ва таҳқиқ карда шудааст.
3.Воситаҳои андӯхт (ганҷ, сарват)
Заминаи ибтидоии ба ганҷ табдил ёфтани пул аз тақсими муомилоти мол М – П - М ва муомилоти пул П – М - П ба ду қисм: П - М, М - П оғоз меёбад.
Мувофиқи маълумотҳо дар ҷаҳони инкишофёфтаи низоми бозорӣ захираҳои тилло дар соли 1988-36 ҳазор тонна, захираҳои шахсӣ - 25 ҳазор тонна ва ҳамчун ҷавоҳирот - 13 ҳазор тонна андӯхта шудаанд.
4.Воситаҳои пардохт
Бо мурури инкишофу густариши низомҳои иқтисодӣ, шаклҳои нави хоҷагидорию моликият ва муносибатҳои молию пулӣ зарурати ба қарз (кредит) додани молу неъмат ба миён меояд. Вобаста ба марҳалаву хусусиятҳои давраи инкишофи низомҳои иқтисодӣ, имконият ва зарурати истифодаи он ҳархела сурат мегирад. Ба ин ҷараёни гуногуни мӯҳлатҳои истеҳсол ва фурӯши молҳо таъсир мерасонад. Пул ба сифати воситаи пардохт дар шакл (ниқоб)-и ниҳоят навпулҳои қарз (кредит)-ӣ арзи вуҷуд мекунад. Ба онҳо векселҳо, банкнотҳо, чекҳо ва ғайра дохил мешаванд.
5.Пулҳои ҷаҳонӣ
Пулҳои коғазӣ ва "ҷонишинони" онҳо ҳамчун пули миллӣ, дар доираи давлати миллӣ истифода карда мешаванд. Пули махсусе, ки нақши пулҳои ҷаҳониро иҷро карда тавонад, умуман вуҷуд надорад. Аз ин сабаб, ба сифа-ти пули ҷаҳонӣ тилло истифода карда мешавад. Тилло дар доираи хоҷагии ҷахонӣ нақши меъёри умумитарини ченаки арзиш, воситаи умумии муоми-лоту пардохт ва ифодакунандаи сарвати умумибашариро иҷро мекунад.

Дидан карданд: 23

Мавзӯъҳои монанд:

Сиёсати зиддисилсилавии давлат (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Навъ ва давраҳои силсила: мавҷҳои дароз, кӯтоҳ ва миёна (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Силсилаи саноатӣ ва давраҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи силсила: нигоҳ аз диди таърих ва хусусиятҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи кеӣнсгароии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи институтсионалии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи классикии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Тақозои кулл ва омилҳои муаӣянкунандаи он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Мувозинии макроиқтисодӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Иқтисоди ниҳон ва хусусиятҳои он (ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ВА САМАРАИ ОН)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: