|

Мол ва ҷанбаҳои асосии он (АСОСҲОИ ХОҶАГИҲОИ БОЗОРӢ)

Тартибдиханда: Азизов Ф.Ҳ.

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2019-09-17

Мол, эҳёву ташаккул ва таҳаввули он, мустақиман бо хусусиятҳои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ вобаста мебошад. Дар шароити хоҷагиҳои натуралӣ аз сабаби маҳдуд будани доираи хоҷагиҳо ва бозор неъматҳои моддӣ дар шакли маҳсулот мубодила (додугирифт) карда мешаванд.
Таҳти маҳсулот неъматҳое фаҳмида мешаванд, ки талаботи инсонро қонеъ гардонанд. Он метавонад аз ҷониби табиат ҳамчун неъматҳои тайёр (об, меваҳои худруӣ...) ё худ аз ҷониби одамон офарида шавад. Бинобар ин, маҳсулот метавонад маҳсули (натиҷаи) меҳнат бошад ва бидуни мубодила талаботи инсонро қонеъ гардонад. Бо ибораи дигар, ҳамаи он чиз (неъмат)-ҳое, ки барои инсон манфиатнок мебошанд ва одамон онро барои қонеъ гардонидани ниёз ва эҳтиёҷи худ истифода мекунанд, маҳсулот номида мешавад. Одатан, маҳсулот дар доираи хоҷагиҳои хонадорӣ (бунавӣ), ҳунармандӣ, деҳқонӣ, яъне хоҷагиҳои бо ном натуралӣ истифода карда мешавад.
Мол ин неъмат ё худ маҳсулотест, ки бо меҳнати тавлидгарон офарида шуда, барои мубодила (харидуфурӯш) ва қонеъ гардондани талаби истеъ-молгарон пешкаш (баррасӣ) карда мешавад.
Дар ин ҷо ду ҷанбаи асосӣ: манфиатнок будану қобилияти қонеъ гардондани талабот доштан ва натиҷаи меҳнат будану барои мубодила баровардан, пеш аз ҳама, ба чашм мерасад. Аз ин ҷиҳат, мутафаккирони олами иқтисод дар мол ду ҷанба (хусусият)-и асосиро фарқ мекунанд:
1) қобилияти ин ё он талаби инсонро қонеъ гардондан-арзиши истеъмолӣ;
2) омодагӣ барои мубодила (натиҷаи меҳнат будан) – андозаи арзиши мол ё худ арзиши ивазшаванда доштан.
Хусусиятҳои духелаи мол (арзиши истеъмолӣ ва арзиш) дар иқтисоди сиёсии марксистӣ ҳамчун ихтироот ё худ яке аз ҷузъиятҳои табаддулоти инқилобии К.Маркс эътироф карда мешавад.
Таҳти арзиши истеъмолӣ, асосан, манфиатнокии неъматҳо ва хусусияти хосаи онҳо, ки қодир аст ин ё он ниёзу эҳтиёҷи мардумро қонеъ гардонад, фаҳмида мешавад. Арзиши истеъмолӣ метавонад талаботи инсон (субъект-ҳои иқтисоди)-ро мустақим (нон, гӯшт, равған, талаботро ба хӯрдан...) ё худ ғайримустақим (нақлиёт, воситаҳои истеҳсолот...) қонеъ гардонад.
Арзиши истеъмолии мол на барои қонеъ гардондани талаботи худи истеъмолкунанда, балки қонеъ гардондани талаботи шахсони дигар (субъ-ектҳои иқтисодӣ) нигаронида мешавад. Аз ин лиҳоз, арзиши истеъмолии инфиродӣ ва арзиши истеъмолии ҷамъиятиро фарқ мекунанд. Масалан, сарвати ҷомеа ё худ захираҳои иқтисодӣ барои қонеъ гардондани талаботи аъзоёни ҷомеа истифода карда мешавад.
Арзиши истеъмолии молҳо аз ҷиҳати сифат (нафънокӣ, хусусияти истифода) ва миқдор (вазн, ҳаҷм...) ҳархела буда, ба ҳам муқоисанаша-вандаанд ва манфиату судмандии якеро ба дигаре иваз кардан низ мумкин нест.
Пас маълум мегардад, ки мол ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ маҷмӯи муносибатҳои иқтисодиро оид ба манфиатнокию қонеъ гардонидани талабот ба неъматҳо, ташаккули хароҷот, истифодаи захираҳои маҳдудро дар бар гирифта, бо воситаи бозор харидуфурӯш карда мешавад. Ҳангоми ба даст овардани моли иқтисодӣ одамон ба ивази хаққ (нарх)-и он миқдори муайяни пул медиҳанд.

Дидан карданд: 32

Мавзӯъҳои монанд:

Сиёсати зиддисилсилавии давлат (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Навъ ва давраҳои силсила: мавҷҳои дароз, кӯтоҳ ва миёна (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Силсилаи саноатӣ ва давраҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи силсила: нигоҳ аз диди таърих ва хусусиятҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи кеӣнсгароии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи институтсионалии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи классикии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Тақозои кулл ва омилҳои муаӣянкунандаи он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Мувозинии макроиқтисодӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Иқтисоди ниҳон ва хусусиятҳои он (ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ВА САМАРАИ ОН)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: