|

Неъмат - мояи асосии истеҳсолоти молӣ (АСОСҲОИ ХОҶАГИҲОИ БОЗОРӢ)

Тартибдиханда: Азизов Ф.Ҳ.

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2019-09-17

Неъмат заминаи айнии бунёду ташаккул ва унсури муҳимтарини банизомдарории истеҳсолоти молӣ мебошад. Дар мояи он маҳсулот ва мол таркиб ёфта, истеҳсолоти молии оддию капиталистӣ густариш меёбад. Мафҳуми неъмат, мантиқан пеш аз хоҷагиҳои натуралӣ (молӣ), дар давраи низоми иқтисоди суннатӣ ба миён омада, то кунун истифода карда мешавад.
Неъмат ҳамчун маҷмӯаи муносибатҳои байни субъектҳои иқтисодӣ дар зинаҳои гуногуни низомҳои иқтисодӣ, вобаста ба сират ва хусусиятҳои густариши онҳо ҳархела сурат мегирад. Аз ин ҷиҳат байни иқтисоддонон оиди мазмун, нақш ва мақоми онҳо маънидодкуниҳои гуногун ба назар мерасад. Масалан, А.Маршалл таҳти неъмат чизҳои лозимӣ ё худ дархост-шавандае, ки қодиранд талаботи инсонро қонеъ гардонанд, мефаҳмад. Ҷ.Б.Сей неъматро ҳамчун воситаҳои дар ихтиёр доштаи инсон, ки барои қонеъ гардонидани талаботҳои он нигаронида шудаанд, тасаввур мекунад. А.Шторх қайд мекунад, ки қарори андеша ва мулоҳизаҳои мо оид ба манфиатнокии чизҳо худ ба худ аллакай неъмат мебошад. А.Смит таҳти неъмат манфиатнокии сарватҳои ҷомеаро мефаҳмад. Намояндаи мактаби Австрия К.Менгер махсус қайд мекунад, ки сирати маҳсулотҳое, ки имконияти қонеъ гардонидани талаботи муайяни инсонро дошта бошанд, ҳоло маънои неъматро надоранд. Барои он ки чизҳои табиат (ашёҳои меҳнат) неъмат шуда тавонанд, инсон бояд хусусиятҳои манфиатнокии онҳоро пешакӣ муайян ва минбаъд онро ба мақсади мушаххас истифода карда тавонад .
Дар ин мазмун, агар неъмат дар доираи хоҷагиҳои муайян, аз ҷониби субъектҳои иқтисодӣ истеҳсол ва истеъмол карда шавад, он гоҳ мувофиқи ақидаи К.Маркс ҳамчун маҳсулот ва агар ба бозор барои харидуфурӯш бароварда шавад, ба мол табдил меёбад. Ин тарз ва услуби тафриқасозии неъматҳо дар шароити ҳозира аз тарафи иқтисоддонони мамлакатҳои Ғарб қариб ки ҷонибдорӣ карда намешавад. Масалан, "Мол, қайд мекунад К.Менгер, - новобаста аз қобилияти ҳаракаташ, новобаста аз шахсиятҳои онҳоро барои фурӯш тавсиякунандааш, новобаста аз мазмуни моддию аз сирати маҳсулотӣ доштааш ва натиҷаи меҳнати одамон буданаш, неъмати иқтисодӣ мебошад". Аз нуқтаи назари К.Менгер, байни неъмат, маҳсулот ва мол фарқ вуҷуд надорад.
Таҳти неъматҳои иқтисодӣ теъдод ва манфиатнокии чизҳое фаҳмида мешаванд, ки дар ҳаёти воқеӣ захираҳои онҳо маҳдуданд ва барои қонеъ гардонидани талаботи ҷамъият кофӣ нестанд. Онҳо ба ҷумлаи неъматҳои нодиру камёб дохил карда мешаванд.
Таҳти неъматҳои ғайрииқтисодӣ неъматҳое фаҳмида мешаванд, ки талаботи рӯзмарраи аҳолиро мустақим ё ғайримустақим қонеъ мегардонанд. Вале аз сабаби зиёд ва фаровон будани захира ва шумораашон қадру қимат надоранд (масалан, об, ҳаво, санг, хок, алаф...).
Неъматҳои иқтисодӣ ва ғайрииқтисодӣ дар амалия шакл ва намудҳои гуногун дошта, ҳамчун ғизодиҳандаи истеҳсолоти муосири мамлакатҳо хизмат мекунанд (нигар ба нақшаи 4.2):
1) неъматҳои истеъмолӣ (неъматҳои зинаи поёнӣ ё худ мустақим) неъматҳое мебошанд, ки бевосита барои қонеъ гардонидани талаботи инсон истифода карда мешаванд. Ба онҳо молҳои ниҳоӣ (охирон) ва хизматҳое, ки сирати истеъмолӣ доранд, дохил карда мешаванд;
2) неъматҳои истеҳсолӣ (неъматҳои зинаи болоӣ ё худ ғайримустақим) захираҳое мебошанд, ки бевосита дар ҷараёни истеҳсолот (станок, мошин, дастгоҳ, бино, таҷҳизот, замин...) истеъмол (истифода) карда мешаванд;
3) неъматҳои хусусӣ неъмат ва хизматҳое ба ҳисоб мераванд, ки ҳангоми адои ягон кор (мусофиркашонӣ, роҳпулӣ, кинопулӣ, ҳаққи тамо-шою намоишҳои театрӣ, ҳаққи адои хӯрока дар ошхона) дода мешавад;
4) неъматҳои ҷамъиятӣ неъмат ва хизматҳое мебошанд, ки аз ҷониби бозор тавлид ва эътироф карда намешаванд. Онҳо, асосан, аз тарафи давлат, ҳамчун тадбирҳои фавқулфавқ, яъне миқёсан бузург ташкил карда шуда, барои қонеъ гардонидани талаботи тамоми аъзоёни ҷамъият нигаронида мешаванд. Масалан, истифода аз роҳ, музей, театр, китобхона, таълим ва табобати бепул, подоши заҳбуру қубурҳои обгузар, тадбирҳо оид ба нигоҳ-дории тартиботи умум, артиш, солимгардонии аҳолӣ, имтиёзпулӣ ва ғайра ба ҷумлаи ин неъматҳо дохил шуда метавонанд.
5) неъматҳои моддӣ ҳамчун маҷмӯи неъматҳои табиат (замин, ҳаво, иқлим..), маҳсули истеҳсолот (чизҳои истеъмолӣ, бино, таҷҳизот, мошин) ва ғайра ташкил меёбад.
6) неъматҳои ғайримоддӣ неъматҳое ба шумор мераванд, ки дар ҳавзаи ғайриистеҳсолӣ (илм, маориф, тандурустӣ, маданият) ба вуҷуд оварда шуда, бо фазилати худ қобилияти маънавии инсонро фаррох ва афзун мегар-донанд.
Ба неъматҳои дохилӣ қобилияти табии (худодод)-и инсонро, ки дар натиҷаи меҳнат ва фаъолияти мустақилонаи ҳар як шахс (овозхонӣ, суру-дан, шунавоӣ, навохтан, рақс...) ташкил ва такмил ёфта, ба сатҳ ва дараҷаи волои худ мерасад, дохил мекунанд.
Ба неъматҳои берунӣ қобилияти фавқуллодаи инсон, ки ҳамчун қоби-лияти модарзод дар шахсҳои алоҳида ҳувайдо гардида, ба раванди талаботи инсону ҷомеа метавонад мусбат таъсир расонанд (некномӣ, шӯҳратмандӣ, кордонӣ, ташаббускорӣ, ташкилотчигӣ, ҳимоятгарӣ...) ворид мекунанд.

Ин гуна неъматҳо метавонанд ҳамчун неъматҳои ҷорӣ, оянда кӯтоҳ-муддат, дарозмуддат, пешбинӣ ва ғайра сурат гиранд .

Дидан карданд: 20

Мавзӯъҳои монанд:

Сиёсати зиддисилсилавии давлат (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Навъ ва давраҳои силсила: мавҷҳои дароз, кӯтоҳ ва миёна (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Силсилаи саноатӣ ва давраҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи силсила: нигоҳ аз диди таърих ва хусусиятҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи кеӣнсгароии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи институтсионалии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи классикии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Тақозои кулл ва омилҳои муаӣянкунандаи он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Мувозинии макроиқтисодӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Иқтисоди ниҳон ва хусусиятҳои он (ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ВА САМАРАИ ОН)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: