|

Иди Фитрро дар Тоҷикистон 5 июн таҷлил мекунанд

Тартибдиханда: http://shuroiulamo.tj

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2019-06-01

Имрӯз соати 11.00 дар Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо баргузор гардид. ҷаласаро Раиси Шӯрои уламои Марказии исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода ифтитоҳ намуда, аҳли нишастро ба муносибати даҳаи мубораки Рамазон ва омад-омади Иди саиди Рамазон табрику таҳният гуфт. Сипас Раиси Маркази исломӣ ҳозиринро бо рўзномаи маҷлис ошно намуда, қайд кард, ки мувофиқи ҳисоби илмӣ рўзи Иди саиди Рамазон дар кишвар ба рўзи 5-уми июн рост меояд.

Пас аз баррасии масъалаҳои рўзномаи маҷлис аъзои Шӯрои уламо чунин қарор карданд:

  1. Иди саиди Рамазон дар кишварамон рўзи 5-уми июн муайян карда шавад.
  2. Намози ид дар тамоми масоҷиди ҷумҳурӣ соати 06:00 баргузор карда шавад.

Дар анҷоми маҷлис раиси Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода аз имомхатибон талаб кард, ки дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба неъмати бебаҳои сулҳу оромӣ суханронӣ намуда, дар дастгирии ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа, рушду шукуфоии кишвари азиз саҳми худро гузоранд.

Маҷлис бо дуои хайри аҳли нишаст дар ҳаққи Пешвои миллат ва мардуми кишвар ҳусни анҷом пазируфт.

Дидан карданд: 872

Мавзӯъҳои монанд:

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи дониш

Иди Фитрро дар Тоҷикистон 5 июн таҷлил мекунанд

Қарори Шӯрои уламо дар бораи оғози моҳи мубораки Рамазон

Тасдиқи халтачаҳои наврӯзӣ аз ҷониби Пешвои миллат

Ангораи «Наврӯз – 2019» тасдиқ шуд

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.12.2018)

Суханронӣ дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил

Тақвими моҳи шарифи Рамазон-2018 (Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-12-2017

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2016

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: