|

Идоракунии фоидаи корхонаи тиҷоратӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2018-11-14

Нақша:

1. Моҳияти иқтисодӣ ва усулҳои ҳисоби фоида дар корхонаҳои тиҷоратӣ
2. Фоида ва механизми ташаккулу истифодаи он
3. Идоракунии фоида дар корхонаҳои тиҷоратӣ

Адабиётҳо:

1. Шаропов Ф. Р. «Менеҷменти тиҷорат», Душанбе, Ирфон 2005
2. Бланк И. А. «Управление торговым предприятием», Москва, ЭКМОС 1998

1.     Идоракунии фоидаи корхонаҳои тиҷоратӣ дар қатори масоили асосии менеҷменти тиҷорат нақши муҳим мебозад, зеро фоида манбаи асосии молиявии корхона мебошад, ки рушди онро дар асоси шарту шароити худмаблағгузорӣ таъмин менамояд.
        Фоида - ин ифодаи пули даромади соф аз пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ мебошад, ки ҳамчун фарқияти байни даромади умумӣ ва хароҷоти муомилоти корхонаҳои тиҷоратӣ ба даст меояд .
Фоида ҳамчун мақсади асосии фаъолияти соҳибкорӣ, омили баланд бардоштани ҳавасмандии моддии кормандон, сарчашмаи захираҳои молиявӣ барои рушди корхона ва манбаи бахши даромади буҷети давлатӣ баромад мекунад.
Мазмуни ичтимоӣ-иқтисодии фоидаи корхонаҳои тиҷоратӣ дар тақсими он ва вазифаҳои мушаххас бештар инъикос мегардад.
Вазифаи аввалини фоида дар он аст, ки он омили ҳавасманд гардондани фаъолияти соҳибкорӣ, беҳтар намудани вазъи молиявии корхона мебошад. Барои кормандони корхона фоида сарчашмаи ҳавасмандӣ ба натиҷаи кор мебошад, зеро он қадркунии иловагии моддиро барои меҳнати пурмаҳсул таъмин месозад ва як қатор талабҳои ичтимоии онҳоро қонеъ мегардонад.
      Вазифаи дуюми фоида бо муайян кардани самаранокии иқтисодӣ алоқаманд мебошад, ки сатҳи фаъолияти хоҷагидории корхонаҳоро тавасути таносуби натиҷаҳои ниҳоӣ бо хароҷоти муомилот нишон медиҳад.
Фаъолияти корхонаҳоро ҳамон вақт нисбатан самаранок ҳисобидан мумкин аст, ки агар хароҷоти умумии фоидаи баландтарро таъмин намояд.
Дар системаи сарчашмаҳои дохилии ташаккули захираҳои молиявии корхонаҳои тиҷоратӣ фоида мавқеи муҳим дорад. Агар ҳаҷми фоидаи дар ихтиёри корхона боқимонда зиёд бошад, пас эҳтиёҷи корхона ба ҷалби воситаҳо аз маблағҳои қарзи бонкҳо камтар мегардад.  Дар шароити иқтисодиёти муосир аҳамияти чунин функсия торафт меафзояд, зеро корхонаҳо самтҳои истифодаи фоидаро мустақилона муайян мекунанд.
Бояд қайд кард, ки ба ҳаҷми фоида дар корхонаҳои тиҷоратӣ омилҳои гуногун таъсир мерасонад, ки онҳо ба омилҳои дохилӣ ва берунӣ тақсим мешаванд.
Омилҳои дохилие, ки бо фаъолияти корхонаҳои тиҷоратӣ вобастаанд, чунинанд:

  • ҳаҷми даромади умумӣ;
  • андози хароҷоти муомилот;
  • ҳосилнокии меҳнати кормандон;
  • ҳаҷм, таркиб ва суръати гардиши молҳо;
  • мавҷудияти воситаҳои гардони худи корхона;
  • истифодаи самараноки воситаҳои асосӣ.

       Ба қатори омилҳои беруние, ки ба ҳаҷми фоида таъсир мерасонанд, вале ба фаъолияти корхонаҳои тиҷоратӣ вобаста нестанд, инҳо дохил мешаванд.

  • устувори сиёсӣ дар мамлакт;
  • вазъи иқтисодии кишвар;
  • ҳолати демографӣ;
  • вазъи бозори истеъмолӣ;
  • суръати таварруми пул;
  • андози фоизи қарз ва ғайра.

     Барои баҳодиҳӣ ба фаъолияти хоҷагии корхонаҳои тиҷоратӣ ба ғайр аз нишондиҳандаҳои фоида боз нишондиҳандаҳои  нисбӣ сатҳи фоиданокиро истифода мебарад, ки бо тарзи зайл ишорат мекунанд:

дар ин ҷо:
Сф-сатҳи фоиданоки нисбат ба ҳаҷми гардиши мол,%;
ФБ -ҳаҷми фоидаи балансӣ, сомонӣ;
ГМ -ҳаҷми гардиши мол, сомонӣ.

Бо назардошти мақсади ҳисобу китоб одатан сатҳи фоиданокиро ҳамчун таносуби фоида на танҳо бо гардиши мол, балки бо нишондиҳандаҳои дигар, амсоли хароҷоти муомилот, воситаҳои гардон, воситаҳои асосӣ, сармояи худӣ ва ғайра муайян кардан мумкин аст.

2.   Намуди асосии фоидаи корхонаҳои тиҷоратӣ, ки ифодагари самараи умумии ҳамаи фаъолияти хоҷагидорӣ аст, фоидаи балансӣ (тавозунӣ)  мебошад, ки тавассути формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:

дар ин ҷо:
ФБ-фоидаи баланси, сомонӣ;
Ффм-фоида аз фурӯши молҳо, сомонӣ;
Фхп-фоида дар натиҷаи хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ, сомонӣ;
Фгн-фоида аз амалиёти ғайринақшавӣ.

Дар навбати худ фоида аз фурӯши молҳо ва хизматрасонии пулакии тиҷоратиро ба таври зерин муайян мекунад:

дар ин ҷо:
Ффмх-фоида аз фурӯши молҳо ва хизматрасонии пулакӣ, сомонӣ;
ГМ-ҳаҷми гардиши мол, сомонӣ;
ХМ-ҳаҷми хароҷоти муомилот, сомонӣ;
Хпх-хароҷоти моддӣ оид ба хизматрасонии пулакӣ, сомонӣ.

      Фарқияти байни фоидаи балансӣ ва пардохтҳо ба буҷети давлатию маҳаллӣ, ки аз ҳисоби фоида амалӣ мегардад, фоидаи софи корхонаи тиҷоратиро ташкил медиҳад:

дар ин ҷо:
ФС-ҳаҷми фоидаи соф, сомонӣ:
А-маблағи андоз аз фоида, сомонӣ.

Дар ҷараёни идоракунии фоидаи корхонаҳои тиҷоратӣ ду масъалаи асосӣ ҳаллу фасл карда мешавад:
1) баланд бардоштани ҳаҷми умумии фоида дар ҷараёни ташаккули фоида; 2) тақсимоти самараноки фоида ба самтҳои асосии истифодаи он.
Механизми идоракунии ташаккули ҳаҷми фоидаи балансӣ бо назардошти алоқамандии зичии ин нишондиҳанда бо нишондиҳандаҳои ҳачми гардиши мол, даромад ва хароҷоти муомилоти корхонаҳои тиҷоратӣ ба роҳ монда мешавад.
Сарчашмаи асосии ба даст овардани фоида дар корхонаҳои тиҷоратӣ даромади умумӣ мебошад.
Самтҳои асосии истифодаи фоидае, ки дар ихтиёри корхона мемонад бо ҳуҷҷатҳои муассисӣ ва ё қарори ҷаласаи муассисон муайян карда мешавад.
Сохтори тақсимоти фоида,ки дар ихтиёри корхонаҳои тиҷоратӣ мемонад, чунин аст:

Фонди эҳтиётӣ барои ҷуброни талафоти ғайриистеҳсолӣ, зарари баланси корхона дар соли ҳисоботӣ ва пардохти ҳаққу саҳмҳо барои иштирокчиён дар ҳолати набудан ё норасоии фоида ба ин мақсад таъин шудааст.
Фонди андӯхт барои таъмини молиявии рушди иқтисодии корхона ва дигар чорабиниҳо доир ба сохтани амволи нав таъин шудааст. Аз ҳисоби ин фонд маблағгузорӣ ба сохтмони объектҳои нави истеҳсолӣ васеъ намудан ва  таҷдиди корхона, хариди таҷҳизот пардохти қарзҳои дарозмуддат ва фоизи онҳо амалӣ мегардад.
Фонди соҳаи ичтимоӣ барои маблағгузорӣ ба рушди объектҳои соҳаи ичтимоӣ (сохтмони манзил ва ғ.)
Фонди истеъмолӣ ба инкишофи соҳаи ичтимоӣ ва ҳавасмандгардонии коргарон сохта мешавад.

3.   Нақшагирии фоидаи корхонаҳои тиҷоратӣ ҷараёни коркарди системаи чорабиниҳо доир ба таъмини ташаккули он дар ҳаҷми зарурӣ ва истифодаи самараноки он дар давраи оянда мебошад.
Ҷараёни нақшагирии фоидаи корхонаҳои тиҷоратӣ дар асоси марҳилаҳои зерин амалӣ мегардад :
1. Таҳлили фоидаи корхонаҳои тиҷоратӣ дар давраи пеш аз нақшагирӣ.
Мақсади асосии ин таҳлил муайян намудани тамоили асосии ташаккул  ва тақсими фоида дар давраи пеш аз нақшагирӣ, ҳамчунин омилҳои асосие мебошанд, ки ба тағйирёбии он таъсир мерасонанд.
Дар ҷараёни таҳлили фоида дар давраи якчанд соли гузашта тағйирёбии ҳаҷми умумии фоидаи балансӣ фарқияти нишондиҳандаҳои воқеӣ аз нақшавӣ сатҳи фоиданокӣ нисбат ба гардиши мол, таркиби фоидаи балансӣ нишондиҳандаҳои ташакул ва самтҳои истифодаи он мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Натиҷаи таҳлил заминаи муайян намудани натиҷаҳои нақшавӣ дар давраи оянда ҳисоб меёбад.
2. Нақшагирии фоида. Ҳисоби ҳаҷми нақшавии фоида марҳилаи хеле масъулиятнок ба шумор меравад. Нақшагирии иннишондиҳанда танҳо аз рӯи он намуди фоида, ки ба фурӯши молҳо ва дигар амалиётҳо ба даст меоянд.
Усули нақшагирии андозаи фоида аз ҳисоби фурӯши молҳо дар асоси нишондиҳандаҳои ташаккулёфтаи ҳаҷми нақшавии даромад ва хароҷоти муомилот дар ҳолатҳое истифода мешавад, ки ҳангоми ҳисобу китоби ҳаҷми даромад нишондиҳандаҳои ҳаҷми мақсадии фоида истифода нашудааст.
Формулаи ҳисоби фоида дар ин ҳолат чунин мешавад:

дар ин ҷо:
ФБн-ҳаҷми нақшави фоидаи баланси, сомонӣ;
Дн-ҳаҷми нақшавии даромад аз фаъолияти тиҷоратӣ, сомонӣ;
Ааи-андозаи андоз аз арзиши иловашуда ва дигар маблағҳое, ки аз ҳисоби фоидаи корхонаи тиҷоратӣ ситонида мешавад, %;
ХМн- ҳаҷми нақшавии хароҷоти муомилот , сомонӣ;

      Усули нақшагирии андозаи фоида бо ҳисоби маблағи мутлақ аз фурӯши молҳо дар асосии нишондиҳандаҳои ташакулёфтаи ҳаҷми нақшавии фурӯши молҳо бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:

дар ин ҷо:
ФБн-- ҳаҷми нақшавии  фоидаи балансӣ аз фаъолияти тиҷоратӣ ,сомонӣ;
ГМн- ҳаҷми нақшавии гардиши мол, сомонӣ;
ГМб-ҳаҷми гардиши мол, ки нуқтаи безарари фаъолиятро муайян менамояд, сомонӣ;
Сдс-сатҳи даромади соф аз фурӯши мол нисбат ба  ҳаҷми гардиши мол, %;
Схмт-сатҳи хароҷоти тағйирёбанда нисбат ба   ҳаҷми гардиши мол, %.

      Дар ҷараёни ҳисобкунӣ он ҳаҷми гардиши мол, ки нуқтаи безарари фаъолиятро нишон медиҳад, ҳисоб карда мешавад.
Усули нақшагирии ҳаҷми фоида аз фурӯши молҳо дар асосии сатҳи миёнаи фоиданоки фурӯши мол хеле сода мебошад ва дар корхонаҳои тиҷоратӣ ба таври васеъ истифода мешавад.
Ин усул ифодаи танҳо ду  нишондиҳанда – ҳаҷми нақшавии гардиши мол ва сатҳи нақшавии фоиданокии гардиши молро дар назар дорад. Тарзи ҳисобкунии фоида дар ин ҳолат чунин намуд мегирад:

дар ин ҷо:
ФБн-ҳаҷми нақшавии фоидаи балансӣ аз фаъолияти тиҷоратӣ, сомонӣ;
ГМн- ҳаҷми нақшавии  гардиши мол, сомонӣ;
Смф-сатҳи миёнаи фоиданокии фурӯши мол, %.

Ҳамин тариқ, бо назардошти усули интихобшудаи ҳисобкунӣ, нақшагирии ташаккули ҳаҷми фоида аз фурӯши молҳоро ҳамчун марҳилаи аввали нақшагирии фаъолияти хоҷагидории корхонаҳои тиҷоратӣ шуморидан мумкин аст.
Умуман, нақшагирӣ ташакул ва истифодаи фоидаи корхонаҳои тиҷоратӣ масоили хеле муҳим буда, аз роҳбарону менеҷерон диққату таваҷҷуҳи махсусро талаб мекунад.

Саволҳои семинарӣ:

1. Фоида чист ва он дар корхонаҳои тиҷоратӣ чӣ тавр ҳисоб карда мешавад?
2. Мақсади асосии идоракунии фоидаи корхонаҳои тиҷоратиро нишон диҳед?
3. Сарчашмаҳои ташакули фоидаи корхонаҳои тиҷоратӣ кадомҳоянд?
4. Самтҳои асосии истифодаи фоидаро муайян кунед?
5. Маҳилаҳои асосии нақшагирии фоидаи корхонаҳои тиҷоратиро номбар кунед?
6. Усулҳои асосии нақшагирии фоидаи корхонаҳои тиҷоратиро шарҳ диҳед?

Дидан карданд: 2319

Мавзӯъҳои монанд:

Идоракунии молияи корхонаҳои тиҷоратӣ

Идоракунии фоидаи корхонаи тиҷоратӣ

Идоракунии хароҷоти муомилот

Идоракунии даромади умумии корхонаҳои тиҷорати

Идоракунии гардиши мол

Идоракунии кормандони корхонахои тиҷорати

Идоракунии ҷараёнҳои технологӣ ва хизматрасонӣ дар корхонаҳои тиҷоратӣ

Функсия ва усулҳои менеҷменти корхонаҳои тиҷоратӣ

Корхонаҳои тиҷоратӣ ҳамчун объекти менеҷмент

Моҳият, мақсад ва вазифаҳои менеҷменти тиҷорат

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: