|

Идоракунии хароҷоти муомилот

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2018-11-14

Нақша:

1.Моҳияти иқтисодии хароҷоти муомилот дар корхонаи тиҷоратӣ
2.Омилҳое, ки ба хароҷоти муомилот таъсир мерасонад
3.Идоракунии хароҷоти муомилот дар корхонаи тиҷоратӣ

Адабиётҳо:

1. Шаропов Ф. Р. «Менеҷменти тиҷорат», Душанбе, Ирфон 2005
2. Бланк И. А. «Управление торговым предприятием», Москва, ЭКМОС 1998

1.     Хароҷоти муомилот гуфта, ифодаи пулии харҷи захираҳои меҳнатӣ, моддӣ ва молиявӣ фаҳмида мешавад, ки барои амалӣ гардонидани фаъолияти корхонаҳои тиҷоратӣ зарур аст.
Мақсади асосии идоракунии хароҷоти муомилот дар корхонаҳои тиҷоратӣ, оптималикунонии ҳаҷм ва сатҳи он мебошад, ки ба ҳаҷми пешбинишудаи гардиши мол ва андозаи зарурии фоида мусоидат мекунад.
Бояд қайд кард, ки паст намудани сатҳи хароҷоти аз нақша зиёд вазифаи хеле муҳим мебошад.
Бо мқсади идоракунии самаранокии хароҷоти муомилоти корхонаҳои тиҷоратӣ, онҳо аз рӯи нишонаҳои хос тасниф мешаванд. Ин таснифот дар ҷараёни ҳисобгирӣ, таҳлил, нақшагирӣ ва назорати иҷрои нақшаи хароҷоти муомилот дар корхона истифода мегардад.
Аз рӯи нишонаи вобастагӣ бо ҳаҷми гардиши мол хароҷоти муомилоти корхонаҳои тиҷоратӣ ба шартан тағирёбанда ва шартан доимӣ қисмат мешаванд.
Хароҷоти муомилоти шартан тағирёбанда аз тағйирёбии ҳаҷми гардиши мол вобаста мебошад.
Хароҷоти муомилоти шартан  доимӣ аз тағйирёбии ҳаҷми гардиши мол вобаста нестанд, яъне онҳо новобаста аз фаъолияти тиҷоратии корхона ҷой доранд.
Дар асоси мазмуни иқтисодӣ гурӯҳҳои зерини хароҷоти муомилот фарқ карда мешаванд: а) хароҷоти моддӣ; б) хароҷоти музди меҳнат;  в) пардохтҳо ба чорабиниҳои иҷтимоӣ; г) истеҳсолнокии фондҳои асосӣ ва активҳои ғайримоддӣ; д) дигар намуди хароҷоти ҷорӣ.
Аз рӯи намудҳои машаххаси хароҷот, номгӯи зерини моддаҳои онҳоро дар корхонаҳои тиҷоратӣ фарқ мекунанд:

  • хароҷоти нақлиётӣ;
  • хароҷоти музди меҳнат;
  • пардохтҳо ба эҳтиёҷҳои иҷтимоӣ;
  • хароҷоти иҷораи бино;
  • истеҳсолнокии воситаҳои асосӣ;
  • хароҷоти таъмирӣ;
  • хурдшавии либосҳои махсус ва санитарӣ;
  • хароҷоти сӯзишворӣ, газ ва барқ;
  • хароҷоти нигоҳдошт ва ба навъҳо ҷудокунӣ;
  • хароҷот ба реклама;
  • хароҷоти пардохти фоизи қарз;
  • талафоти табии молҳо ва партовҳои технологӣ;
  • хароҷот ба борҷома;
  • дигар намуди хароҷот.

          Хароҷоти муомилоти корхонаҳои тиҷоратӣ бо нишондиҳандаҳои зерин баҳо дода мешавад:

    • Ҳаҷми мутлақи хароҷоти муомилот. Ин нишондиҳанда доир ба ҳаҷми хароҷоти ҷории корхонаҳои тиҷоратӣ маълумот медиҳад. Вале он имконият намедиҳад. ки оид ба сатҳи самаранокии хароҷоти муомилот иттилооти аниқ ба даст орем.
    • Сатҳи хароҷоти муомилот. Ин нишондиҳандаи нисбӣ ҳамчун таносуби байни маблағи хароҷоти муомилот ва ҳаҷми гардиши мол мебошад ва натиҷааш ба 100 зарб мегардад. Сатҳи хароҷоти муомилот нишондиҳандаи муҳими сифатии фаъолияти тиҷоратии корхонаҳо мебошад.
    • Сатҳи боздиҳии хароҷотҳо. Ин нишондиҳанда баръакси сатҳи хароҷоти муомилот буда, нишон медиҳад, ки ба як воҳиди хароҷоти муомилот чӣ миқдор ҳаҷми гардиши мол рост меояд.
    • Сатҳи фоиданокии хароҷоти муомилот. Ин нишондиҳанда ҳамчун таносуби ҳаҷми фоида нисбати ҳаҷми хароҷоти муомилот муайян карда мешавад ва натиҷаи ҳосилшуда ба 100 зарб карда мешавад. Сатҳи фоиданокии хароҷоти муомилот нишондиҳандаи  муҳими самаранокии хароҷоти ҷории корхонаҳо мебошад.

 
2.   Ҷараёни идоракунии хароҷоти муомилот дар корхонаҳои тиҷоратӣ бо омӯзиши омилҳое, ки ба ташаккули он таъсир мерасонанд, вобастагӣ дорад. Ин омилҳо хеле гуногун мебошанд ва одатан онҳо ба ду гурӯҳи асосӣ тақсим мешаванд:
1.  Омилҳое, ки бо фаъолияти корхонаҳои тиҷоратӣ вобастагӣ доранд.
2.  Омилҳое,ки аз фаъолияти корхонаҳои тиҷоратӣ вобаста нестанд .
Ба системаи омилҳое, ки бо фаъолияти корхонаҳои тиҷоратӣ вобастаги доранд, инҳо дохил мешаванд.
А.  Ҳаҷми гардиши мол. Ин омил ба хароҷоти муомилоти корхонаҳои тиҷоратӣ таъсири нисбатан зиёд доранд, зеро хароҷоти муомилоти шартан тағирёбанда бевосита аз тағирёбии иннишондиҳанда вобастаги дорад. Афзоиши ҳаҷми гардиши мол ба зиёдшавии ҳаҷми хароҷоти муомилот коҳиш меёбад, барои он ки маблағи хароҷоти муомилоти доимӣ бетағир мемонад.
      Б.  Таркиби гардиши мол. Намудҳои гуногуни гардиши мол сатҳи мухталифи хароҷоти муомилот доранд. Масалан, дар савдои чакана сатҳи хароҷоти муомилот дар қиёс бо  савдои яклухт хеле баланд аст. Дар гардиши яклухт бошад, баръакс он нисбатан пасттар аст, ки сабабҳои худро дорад.
         В.      Таркиби гардиши мол. Гурӯҳҳои алоҳидаи молҳо низ сатҳи хароҷоти муомилоти мухталиф доранд. Масалан, дар тиҷорати маводи ғизоӣ сатҳи хароҷоти муомилоти меваву сабзавот нисбат ба тиҷорати равғани растанӣ то як андоза баланд аст. Дар тиҷорати молҳои ғайрихӯрока бошад, сатҳи хароҷоти муомилот нисбат ба савдои молҳои хӯрокворӣ пасттар аст.
         Г.      Суръати муомилоти молҳо. Ҳар қадар мӯҳлати муомилоти захироти молӣ кам бошад, ҳамон қадар дар корхонаҳои тиҷоратӣ сатҳи хароҷот доир ба нигаҳдошти молҳо ва талафоти табии онҳо пасттар мешавад.
         Д.     Дараҷаи ҳосилнокии меҳнати кормандон. Ҳар қадар ҳаҷми гардиши мол ба ҳар нафар кормандон зиёд бошад, вобаста бо таъсири ин омил сатҳи хароҷот барои музди меҳнат ва дигар хароҷот барои кормандон пасттар мешавад.
         Е.      Ҳолати фондҳои асосии истифодашаванда. Ҳар қадар фондҳои асосӣ фарсуда шуда бошанд, пас корхонаҳои тиҷоратӣ барои таъмири онҳо хароҷоти бештар мекунанд.
         Ҷ.     Таъминнокӣ бо воситаҳои гардони худӣ. Ҳар қадар ин нишондиҳанда зиёд бошад, ҳамон миқдор корхонаҳои тиҷоратӣ дар ҷараёни фаъолияти хеш воситаҳои молиявии қарзиро истифода мебаранд, ки ин амал ба пастшавии хароҷоти фоизи қарз мусоидат мекунад.
         Ба системаи омилҳое, ки аз фаъолияти корхонаҳои тиҷоратӣ вобаста нестанд, инҳо дохил мешаванд:
А. Суръати таварруми пул дар мамлакат. Агар ин нишондиҳанда баланд бошад, маблағи хароҷоти муомилот барои музди меҳнат, фоизи қарз, пардохтҳои иҷтимоӣ ва ғайра бо суръати баланд афзоиш меёбанд.
         Б. Дараҷаи рушди сегментҳои асосии бозори истеъмолӣ. Дар шароити «Бозори фурӯшанда» сатҳи хароҷоти муомилоти гурӯҳҳои алоҳидаи молҳо нисбат ба «Бозори харидор» пасттар аст. Ин бо гуногунӣ дар суръати муомилоти захираҳои молӣ, сатҳи хароҷот ба реклама ва ташкили худхизматрасонӣ ба харидорон ва ғайра вобаста аст.
         В. Сатҳи тағйирёбии меъёрҳои иҷора. Дар шароити ҳозира аксари корхонаҳои тиҷоратӣ бинову иншооти худро ба иҷора гирифтаанд. Бинобар ин, бо афзоиши харҷи иҷораи фондҳои асосӣ таъсир мерасонад.
Ҳамин тариқ, ба ҳисобгирӣ ва таҳлили ин омилҳои асосӣ имкон медиҳад, ки хароҷоти муомилоти корхонаи тиҷоратӣ дар оянда самаранок идора карда шаванд.

  • Асоси идоракунии хароҷоти муомилотро дар корхонаҳои тиҷоратӣ нақшагирии онҳо ташкил медиҳад.

Ба ҷараёни идоракунии хароҷоти муомилот, пеш аз ҳама нақшагирии онҳо дахл дорад.
1) Таҳлили хароҷоти муомилоти корхонаҳои тиҷоратӣ дар давраи пеш аз нақшагирӣ. Вазифаи асосии гузаронидани ин таҳлил муайян намудани тамоили асосии тағйирёбии ҳаҷм ва сатҳи хароҷоти муомилот дар давраи пеш аз нақшагирӣ, андозаи фарқияти нишондиҳандаҳои воқеию нақшавӣ ва сабабҳои ин ҳолат мебошанд.
Дар марҳилаи аввали таҳлил тағйирёбии онҳо муайян мешаванд ва нишондиҳандаҳои сарфанокии мутлақ ва нисбии хароҷоти муомилот ҳисоб карда мешавад.
Фарқияти мутлақи хароҷоти муомилот ин тафовути байни ҳаҷми воқеӣ ва нақшавии он аст.
Фарқияти нисбии хароҷоти муомилот (сарфанокии он) тавассути формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:

дар ин ҷо:
Снхм – сатҳи сарфанокии нисбии хароҷоти муомилот дар корхона (агар      сатҳи воқеии хароҷот нисбат ба сатҳи нақшавии он пасттар бошад), %;
ГМв – гардиши моли ҳисоботӣ, сомонӣ;
Схмн – сатҳи нақшавии хароҷоти муомилот, %;
Схмв – сатҳи воқеии хароҷоти муомилот, %.

Дар марҳилаи дуюми таҳлил чунин нишондиҳандаҳо барои як қатор моддаҳои алоҳидаи хароҷоти муомилот, хусусан хароҷоти тағйирёбанда, баррасӣ карда мешаванд.
Дар марҳилаи сеюм сатҳи хароҷоти муомилот барои гурӯҳҳои алоҳидаи молҳо ҳисоб карда мешаванд.
Дар марҳилаи охирин таъсири омилҳои алоҳида ба тағйирёбии ҳаҷм ва сатҳи хароҷоти муомилот муайян карда мешавад.
Таҳлили иқтисодӣ имкон медиҳад, ки ба зинаи дуюми ҷараёни идоракунии хароҷоти муомилот гузарем.
2) Асосноккунии самтҳои асосии сарфанокии хароҷоти муомилот дар давраи нақшавӣ.
Дар ҷараёни асосноккунии чунин самтҳо диққати асосиро ба ҷустуҷӯ ва амалӣ намудани захираҳои истифоданашуда ҷалб намудан зарур аст.
Дар таркиби захираҳое, ки бо такомули идоракунии корхонаҳои тиҷоратӣ вобастаанд, чунин чорабиниҳо барои сарфанокии хароҷоти муомилот самараи хуб медиҳанд:

  • ба низом даровардани сохтори ташкилии корхонаҳои тиҷоратӣ;
  • ихтисори зинаҳои зиёдатии идоракунӣ;
  • ҷорӣ намудани системаи ҳисобгирии идоракунӣ.

Дар таркиби захираҳои сарфа намудани хароҷоти муомилот, ки бо такмили ҷараёнҳои савдою технологӣ вобастаанд, чунин тадбирҳо натиҷаи хуб хоҳанд дод:

  • ихтисори дурии роҳи боркашонӣ;
  • истифодаи технологии пешқадами боркашонӣ ва фурӯши молҳо;
  • ихтисори зинаҳои ҷараёни ҳаракати мол дар дохили корхона;
  • ҷорӣ намудани усулҳои пешқадами фурӯши мол ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ.

     Дар таркиби захираҳои сарфа намудани хароҷоти муомилот такмили идоракунии гардиши мол, базаи моддӣ – техникӣ, идоракунии кормандон ва ғайраҳоро ҷудо намудан мумкин аст, ки чорабиниҳои мушаххас дар доираи онҳо самараи хуб медиҳанд.
3) Ҳисобкунии ҳаҷми нақшавии хароҷоти муомилот барои моддаҳои  алоҳидаи он.
Хусусияти хоси нақшагирии хароҷоти муомилот дар он аст, ки нахуст ҳаҷми нақшавии он дар моддаҳои алоҳидаи хароҷот ҳисоб карда мешавад ва баъд аз он – ҳаҷми умумии хароҷот. Дар ин маврид, андозаи хароҷоте муайян карда мешавад, ки барои таъмини нақшаи гардиши мол ва фаъолияти мӯътадили хоҷагидории корхонаҳои тиҷоратӣ барои давраи оянда заруранд.
Дар асоси ҳисобу китоби ҳаҷми нақшавии хароҷоти муомилот дар моддаҳои алоҳидаи он, ҳаҷми умумии хароҷот асоснок карда мешавад.
4) Марҳилаи охирини нақшагирии хароҷоти муомилот ин тақсими ҳаҷми нақшавии он аз марҳилаҳои фурӯши мол мебошад.

Саволҳои семинарӣ:

  • Мақсад ва вазифаҳои идоракунии хароҷоти муомилотро шарҳ диҳед?
  • Моддаҳои асосии хароҷоти муомилотро дар корхонаҳои тиҷоратӣ номбар кунед.
  • Тавассути кадом нишондиҳандаҳо хароҷоти муомилот баҳогузорӣ карда мешаванд?
  • Кадом омилҳо ба ҳаҷм ва сатҳи хароҷоти муомилот таъсир мерасонанд?
  • Усулҳои асосии нақшагирии хароҷоти муомилотро дар корхонаҳои тиҷоратӣ асоснок намоед.

Дидан карданд: 319

Мавзӯъҳои монанд:

Идоракунии молияи корхонаҳои тиҷоратӣ

Идоракунии фоидаи корхонаи тиҷоратӣ

Идоракунии хароҷоти муомилот

Идоракунии даромади умумии корхонаҳои тиҷорати

Идоракунии гардиши мол

Идоракунии кормандони корхонахои тиҷорати

Идоракунии ҷараёнҳои технологӣ ва хизматрасонӣ дар корхонаҳои тиҷоратӣ

Функсия ва усулҳои менеҷменти корхонаҳои тиҷоратӣ

Корхонаҳои тиҷоратӣ ҳамчун объекти менеҷмент

Моҳият, мақсад ва вазифаҳои менеҷменти тиҷорат

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: