|

Алочабофӣ ва таърихи мухтасари он

Тартибдиханда: kmt.tj

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2018-10-20

Алочабофӣ дар Феҳристи миллии фарҳанги ғайримоддӣ дар бахши касбу ҳунарҳо таҳти рақами Е037 бақайд гирифта шудааст.

Алочабофӣ дар бисёр шаҳрҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Хуҷанд, Самарқанд, Бухоро, Ҳисор (Қаратоғ), Кўлоб ва дигар шаҳрҳо маълум буд. Дар Осиёи Марказӣ алоча ба номҳои зебак, фарангӣ ва абрешимӣ маълум аст. Алочае, ки тору пудаш аз ресмони маҳаллӣ таҳия мешуд, зебак ном дошт. Алочае, ки аз ресмони аврупоӣ бофта мешуд, фарангӣ ва оне, ки аз абрешиму ресмон буд – алочаи абрешимӣ номида мешуд. Алоча матои раҳдори рангоранг ва дорои нақшу нигори мураккабу реза мебошад. Нақши алоча аз роҳҳои ҳаррангаи қабуд, сабз, сиёҳ, сурх ва зард таркиб меёбад. Нақшҳои он «миттӣ», «мушку зафар» ва «байрақ» ном доранд.

Алочаи ҳисорӣ аввалҳо тангбар буд. Дар охири асри XIX бари он аз «чор ангушту чоряк» (26-27 см) то (56-58 см) васеъ карда шуд, ки онро мардумӣ маҳаллӣ «олчинбар» («оршинбар») меномиданд. Дарозии ин гуна олочаро 12,5 оршин (8,8 м) чен карда мебуриданд, ки он «як лўла» ном дошт. Аз он як ҷомаи мардона ва ё як куртаи занона духтан мумкин буд.

Иқтибосе, ки овардем, аз саҳифаи 36-38 «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» буда, муаллиф Дилшод Раҳимов мебошад. Қобили зикр аст, «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» дар асоси «Барномаи ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020» бо ибтикори Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик ҷилди аввали соли 2015 ба чоп расидааст.

Донишномаи мазкур барои муаррифии арзишҳои маънавии халқи азизамон нақши муҳим дорад. Ин китоби бисёрҷилда доир ба анъанаҳо, урфу одатҳо, маросимҳо ва дигар суннатҳои миллии мардуми тоҷик маълумот дода, хонандаро ба таърихи ташаккули фарҳанги  миллиамон шинос менамояд.

Тибқи иттилои масъулини Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик дар ҷилдҳои баъдӣ оид ба мавзўъҳои алоҳидаи фарҳанги ғайримоддии мардумӣ аз ҷумла, «Наврўз», «Сўзанӣ», «Бофандагӣ», «Косибӣ», «Либосҳои мардумӣ», «Бозиҳои бачагона», «Ҷашнҳои иҷтимоии мардумӣ» маълумоти донишномавиро барои хонандагон пешниҳод менамояд.

Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар иқдом гирифтааст, ки минбаъд маълумоти мухтасарро аз китоби мазкур тибқи «Феҳристи миллии мероси фарҳангии ғайримоддӣ» роҷеъ ба унсурҳои алоҳида   пешниҳоди хонандагон намояд.

Аммо касоне, ки майли дидану мутолиаи ин Донишнома доранд, метавонанд ба шуъба муроҷиат намоянд.

Таҳияи Бунафша Абдураҳимова,
Мутахассиси пешбари шуъбаи
адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар

Дидан карданд: 375

Мавзӯъҳои монанд:

ДОВТАЛАБ КАИ ВА ЧЙ ТАВР БОЯД АЗ ҚАЙД ГУЗАРАД?

ДӮЗАНДАГӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

АДРАСБОФӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

ЗАРДӮЗӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

КУЛОЛӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

ЛИБОСҲОИ МИЛЛИИ ТОҶИКӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

КАМАРБАНД (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

ЮНЕСКО ва тамаддуни Осиёи Марказӣ

Алочабофӣ ва таърихи мухтасари он

“Боғкўчӣ”, яъне чӣ?

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: