|

КОШИНКОРӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

Тартибдиханда: kmt.tj

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2018-10-20

Ҳунармандон барои мустаҳкам намудани гилмоя, мӯй, намакхок ҳамроҳ мекарданд. Онҳо гилмояи тайёрро ба қолабҳо рехта, сипас онро дар хумдонҳои яктарафа ё дутарафа гузошта, дар ҳарорати хеле баланд мепухтанд. Баъд аз пухта шудан, ба рӯйи порчаҳои  сафол  сир медавонданд. Сирро аз алафҳои чилбанд (чилбуғум) чоройна ва рангҳои минералӣ аз қабили оксиди мис, манган, оҳан, кобалти дар ишқор ҳалшуда тайёр мекарданд. Ҳунармандони кошисоз агар мехостанд ба кошиҳо сир давонанд, ду се маротиба дар оташ мепухтанд.

Он гуна ки аз таърих медонем, миллати тоҷик аз замонҳои қадим бо фарҳангсолориву фарҳангофаринӣ ба вижа бо ҳунарҳои меъмориву кандакорӣ ва кулолгариву кошинкорӣ байни дигар қавму миллатҳо ҷойгоҳи махсус дошт.

Санъати меъморӣ яке аз зеботарин, мураккабтарин ва қадимтарин намудҳои санъат мебошад. Аз ҳамон рӯзе, ки инсоният ба манзури сарпаноҳ истиқоматгоҳе бино намуд, таърихи санъати меъморӣ оғоз гардид. Албатта, дар ибтидо инсон мекӯшид сарпаноҳе барои паноҳ бурдан аз ҳар гуна ҳайвоноти даранада ва сармову гармо бисозад. Вале баъдтар, бо гузашти даҳсолаҳо ва садсолаҳо бунёди иқоматгоҳ ба як санъат табдил шуд. Акнун он танҳо барои паногоҳ истифода намешуд, вай ҷойи қабули меҳмон, фароғату истироҳат низ буд. Инсон тадриҷан шеваҳои гуногун ва дилкаши сохтмони паногоҳҳоро пайдо кард. 

Дар ин мақолаи кучаки худ хостем перомуни ҳунари кошинкорӣ, ки яке аз ҳунарҳои ороишӣ ба ҳисоб меравад, ба хонандаи гиромӣ маълумоте пешкаш намоем.

Хиштчаҳои тунуки рангоранги ба тариқи кулолӣ тайёркардашудаеро, ки барои рӯи девори хонаҳо, қасру кохҳо ва маъмулан барои осорхонаву мадрасаҳо ва манораҳои масҷидҳо сохта мешаванд, кошӣ ном мебаранд.

Дар асари арзишманд «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» оид ба тайёр намудани кошӣ чунин омадааст: «Кошӣ навъи маснуотест, ки аз гили бо минералҳову оксидҳо, пайвастагиҳои ғайри органикӣ ва амсоли инҳо омехташуда дар кӯра (оташдони махсус) пухта мешавад» (саҳ.478-479).

Ҳунармандон барои мустаҳкам намудани гилмоя, мӯй, намакхок ҳамроҳ мекарданд. Онҳо гилмояи тайёрро ба қолабҳо рехта, сипас онро дар хумдонҳои яктарафа ё дутарафа гузошта, дар ҳарорати хеле баланд мепухтанд. Баъд аз пухта шудан, ба рӯйи порчаҳои  сафол  сир медавонданд. Сирро аз алафҳои чилбанд (чилбуғум) чоройна ва рангҳои минералӣ аз қабили оксиди мис, манган, оҳан, кобалти дар ишқор ҳалшуда тайёр мекарданд. Ҳунармандони кошисоз агар мехостанд ба кошиҳо сир давонанд, ду се маротиба дар оташ мепухтанд.

Ҳунари меъмории кошӣ дар Осиёи Марказӣ дар асрҳои XI – XII маъмул гардидааст. Дар ин давра кошиҳо дар шакли хиштчаҳои оддии сирдор ва баъдтар дар шакли лавҳаҳои рангаву нақшин тайёр шуда, барои кошикории биноҳои муҳташам истифода мегардид. Мақбараи Муҳаммади Башоро, ки дар Тоҷикистон воқеъ аст, бо санъти волои кошинкорӣ ороиш дода шудааст.

Солҳои баъди ҷанг дар назди устохонаи кулолии Самарқанд лабораторияи кошипазӣ таъсис гардида буд, ки маҳсулоти аз рӯйи техналогияи махсус баровардашуда натаҳо барои таъмири ёдгориҳо, инчунин барои ороиши дохилу беруни биноҳои муосир низ истифода мешуд.

Барои ҳифз намудани ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ба хусус ёдгориҳои меъморӣ зарурат пеш омад, ки бинои куҳани онҳо, ки чандин сол умр доранд, аз нав таъмир карда шаванд ва ба ҳамин сабаб ҳунари кошинпазӣ дубора рӯи кор омад.

Дар «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» беҳтарин устоҳои халқӣ Абдуқодир Боқиев, Умар Ҷӯрақулов, Усмон Умаров, Туроб Миралиев муаррифӣ гардидааст.

Хулоса, ҳунари кошинкорӣ дар Тоҷикистон тавасути кӯшиши устоҳои бинокору ороишгар идома дорад. Онҳо суннатҳои асилу сабки бостонии кошикориро бодиди нави ҳунарварӣ давом медиҳанд. Намунаҳои рангини кошикории манзаравии муҳтамшамро дар биноҳои коргоҳи «Гулистон», Корхонаи нассоҷии тоҷик, кохи кинову консерти «Тоҷикистон» ва даҳҳо бинои маъмурию фарҳангӣ дидан мумкин аст.

Роҷеъ ба кошикорӣ хоҳишмандон метавонанд аз китобҳои зерин иттилои бештар пайдо намоянд:

  1. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик. Ҷ.1. – 2015.
  2. Рӯзиев М. Санъати амалӣ. – Душанбе: Ирфон. – 1973. – 41 с.
  3. Пӯлодов Ӯ. Санъати меъмории халқи тоҷик. – Душанбе: Маориф. – 1978. – 54 с.
  4. Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. – Душанбе. – 1989. – 559 с.

Диловар Солиев,
м
утахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар

Дидан карданд: 455

Мавзӯъҳои монанд:

ДОВТАЛАБ КАИ ВА ЧЙ ТАВР БОЯД АЗ ҚАЙД ГУЗАРАД?

ДӮЗАНДАГӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

АДРАСБОФӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

ЗАРДӮЗӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

КУЛОЛӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

ЛИБОСҲОИ МИЛЛИИ ТОҶИКӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

КАМАРБАНД (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

ЮНЕСКО ва тамаддуни Осиёи Марказӣ

Алочабофӣ ва таърихи мухтасари он

“Боғкўчӣ”, яъне чӣ?

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: