|

КАНДАКОРӢ (Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

Тартибдиханда: kmt.tj

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2018-10-18

Кандакорӣ рӯйи чӯби мақбараи Исмоили Сомонӣ (асри 10), арақаи Чашмаи Айюб (асрҳои 14–17, Бухоро), рафҳои мақбараи Қуссам ибни Аббос (Самарқанд), айвони мақбараи деҳаи Чоркӯҳи Исфара, меҳроби Искодар (асри 10, ноҳияи Айнӣ), мақбараи Шайх Муслиҳуддин (асрҳои 14–15, Хуҷанд), мақбараи Сайфиддини Бохарзӣ (асри 14), дари Гӯри Мир (асри 15, Самарқанд) ва ғайра нақшҳои ҳандасӣ ва табиӣ доранд.

Кандакорӣ, навъи санъати ороишиву пардозкорӣ, ки таввссути кандану буридани чӯб,филиззот, гаҷ, устухон ва гил иҷро мешавад. Кандакориро барои зинат додани ашёи рӯзгор, ҷузъҳои меъморӣ ва ҳайкалтарошӣ ба кор мебаранд. Кандакорӣ, қадимтарин ва маъмултарин навъи санъати ороишиву амали тоҷикон буда, анвои гуногун дорад: Кандакорӣ барҷастаи муқарнасӣ, барҷастаи нисбатан ҳамвор, умқӣ, ангорд, дутарафа (тӯршакл, панҷара, аррашуда) ва рӯйбаст.

Кандакории чӯб. Меъморон ва наҷҷорони тоҷик аслан чӯб (бештар арча, тут, чормағз, зардолу, чанорро) ба кор бурда, аз он ҳар гуна ашёи рӯзгор (табақу коса, чумча, кафлес, сандуқ, бордон ва ғайра), қисмҳои биноҳои фарҳангиву маъмуриву ҷамъиятӣ, қолабҳои гуногуни махсуси гулпартоии матоъҳо ва ғайра месохтанд. Шоҳсутунҳову боша, раву болор, синҷу дару дарвозаҳои мунаққаш, сағона ва лавҳаҳои ҷудогонаи кандакоришуда дар меъморӣ фаровон истифода мешуданд.

Қадимтарин осори кандакории чӯб аз шаҳрҳои, Панҷакенту Шаҳристон ёфт шудаанд, ки ба асрҳои 6–8 тааллуқ доранд. Баъзе пораҳои болоро, сутун, дару дарвоза ва паҳлударӣ, ки боқӣ мондаанд, ба усули кандакории барҷастаи муқарнасӣ-лӯлапрдозӣ ва барҷастаи нисбатан ҳамвор кандакорӣ шуда, бо нақшҳои ислимӣ ва гиреҳ оро ёфтаанд. Баробари нақшу нигори маъмулӣ (хӯшаи ангур, чалипо, нимдоира, чорбарг, барг, гул, тухм) дар санъати давраи то истиқлоли араби халқҳои Осиёи Марказӣ муҷассамасозӣ ва офаридани дигар мавҷудоти хаёлӣ (ҷонварҳои дубаҳра) ривоҷ ёфта буд. Баъди истилои араб ва ҷорӣ шудани дини ислом, баробари манъ шудани бутпарастӣ кандакории сужадор ва нақошиҳои баландмазмун низ аз байн рафтанд (ба истиснои баъзе марказҳои мадании Осиёи Миёна).

Кандакорӣ рӯйи чӯби мақбараи Исмоили Сомонӣ (асри 10), арақаи Чашмаи Айюб (асрҳои 14–17, Бухоро), рафҳои мақбараи Қуссам ибни Аббос (Самарқанд), айвони мақбараи деҳаи Чоркӯҳи Исфара, меҳроби Искодар (асри 10, ноҳияи Айнӣ), мақбараи Шайх Муслиҳуддин (асрҳои 14–15, Хуҷанд), мақбараи Сайфиддини Бохарзӣ (асри 14), дари Гӯри Мир (асри 15, Самарқанд) ва ғайра нақшҳои ҳандасӣ ва табиӣ доранд.

Пардоз ва нигоришоти чӯб охири асри 19 ва ибтидои асри 20 ҳам давом кардааст. Масолеҳи асосие, ки дар рӯзгори тоҷикони кӯҳистони Бадахшон ва ҳаволии он бештар ба кор мерафт, чӯб буд. Чорхона, вассаҳои муқарнас, кунгураҳои даҳлез ва порисаҳои айвон, «бузовез», гавҳора, боша ва қисми поини сутун, дару дарвозаҳо. Аспи чӯбин  сандуқ ва дигар ашиёи рӯзгор аз такомули санъати кандакорӣ дар ин ноҳия шаҳодат медиҳанд. Акси офтобу ситораҳо, набототу нақшҳои ҳандасӣ, ки аксаран бо услуби барҷаста ва умқӣ иҷро мешуданд, маъмул буданд. Кандакори лӯлапардоз – барҷастаро устоҳо нимдавра, новва, пилитанок ва ғайра меномиданд. Барои нусхапартоӣ новақаламу рустак ё зидув, барои кандани рӯйи чӯб шутургардан, барои пайканӣ (нақшҳои хурди гирда) гурсумба ва дигар асбобҳои кандакори истифода мшудаанд.

Дар кандакории тоҷикӣ услубҳои нақшунигори маъмултарини ислимӣ, гиреҳ, катиба ва ҷонварнусха мавқеи махсус доштанд. Ба ороишоти гиреҳ аслан нақшҳои ҳандасӣ, мусаллас, мураббаъ, шакалҳои дурусту нодурусти шашкунҷа, ҳашткунҷа, ситораҳои 5, 12-гӯша, чоркалид, морпеч, кунгура ва ғайра мансубанд. Пардози услуби ислимӣ қӯштаноб, марғула, гули бодом, гули хайрӣ, нилуфар, сарв, савсан, настаран, барг, шоҳибарг ва амсоли инҳоро дар бар мегирад, Шакли мурғони гуногун, моҳӣ, мор, нахчир хосси услуби ҷонварнусха мебошанд. Дар ёдгориҳои хаттии асрҳои 10– 14 катибаҳо ҳамчунин ба хатти сулс, кӯфӣ, насх рӯйи чӯб маҳфуз мондаанд. Чунин катибаҳоро бештар дар сутуну дарвозаҳо, арақаву изораҳо ва равоқҳои чӯбкорӣ сабт менамуданд. Кандакорӣ дар  замони мо низ маъмул аст ва дар он ду тамоюл дида мешавад: халқӣ ва касбӣ. Услуби халқӣ идомаи анъанаҳои пешинаи кандакорӣ буда, имрӯз бештар дар деҳот ривоҷ дорад. Меъморону наҷҷорон ва наққошони касбӣ (услуби касбӣ) бештар ба сохтумону пардози биноҳои муҳташами фарҳангиву маърифатӣ ва ҷамъиятӣ машғуланд. Устоҳо Раҳимшайх Раҷабов, Очил Файёзов, Охунҷон Ёқубов, Мақсудовҳо, Мансуровҳо, Сироҷиддин Нуриддинов, Яҳёевҳо ва дигарон аз ҷумлаи он намояндагони машҳури санъати, Кандакори тоҷикӣ мебошанд, ки дар такомули ин навъи санъат ҳиссагузорӣ намудаанд. Махсусан Сироҷиддин Нуриддинов дар офаридани намояҳои пурмазмуну зебоманзар («Роҳба сӯйи Ленин», «Раққоса» ва ғайра дар толори тарабхонаи «Тоҷикистон») устод аст.

Кандакории санг қадимтарин навъи санъати ороишиву амалии тоҷикон аст. Азбаски дар сарзамини тоҷикон анвои сангҳои барои, Кандакори мувофиқ фаровонанд, ин навъи санъат таърихи қадим дорад. Аз Ёвон санге ҳафр шудааст, ки ба давраи Бохтар ва Кушониён мансуб буда, дар рӯйи он аждаҳоасп ва ё мораспи саворадор канда шудааст. Аз деҳаи Сух (вилояти Фарғона) санге ёфтанд, ки дар рӯйи он ду мор, кандакорӣ шудааст ва он ба асри 2 то милод тааллуқ дорад. Аз Самарқанду Нурато ба даст омадани санги кандакоришуда аз равнақи ин навъи санъат гувоҳӣ медиҳанд. Кандакории гурҷчаҳои санги гӯр, катибаҳои рӯйи тахтасангҳо, ороиши тахтамармарҳои мадрасаву масоҷид (мадрасаи Шердор, Мақбараи Бибихоним) аз равнақу такомули ин навъи санъат гувоҳӣ медиҳанд.

Гачкорӣ низ яке, аз навъҳои маъмули санъати, кандакори буда, дар пардозу такмили дохилу беруни бино истифода мешавад. Ороишоти қасрҳои қадимии Ҳайратон (Тирмиз), Афросиёб (Самарқанд) ва Варахша (Бухоро) гувоҳанд, ки ин навъи ҳунар ба дараҷаи равнақ расидааст. Аз ҳафриёти Варахша ва чигунагии нақшҳо (нақши барҷастаи дарахтон, зани мурғтан ва ғайра) бармеояд, ки гач масолеҳи сохтмониву ороишии пурбаҳост.

Баргирифта аз китоби «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» (қисми якум) ки соли 2015 аз ҷониби Сарредаксияи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик чоп шудааст.

Таҳияи Ҷӯрахон Ғафуров,
сармутахасисси шуъбаи адабиёт
доир ба фар
ҳангва ҳунар

Дидан карданд: 606

Мавзӯъҳои монанд:

ДОВТАЛАБ КАИ ВА ЧЙ ТАВР БОЯД АЗ ҚАЙД ГУЗАРАД?

ДӮЗАНДАГӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

АДРАСБОФӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

ЗАРДӮЗӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

КУЛОЛӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

ЛИБОСҲОИ МИЛЛИИ ТОҶИКӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

КАМАРБАНД (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

ЮНЕСКО ва тамаддуни Осиёи Марказӣ

Алочабофӣ ва таърихи мухтасари он

“Боғкўчӣ”, яъне чӣ?

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: