Дата: 2018-10-18
Чоршанбесур?, ойинест, ки пеш аз Навр?з, дар охири соли хуршед? баргузор мешавад. Аз замон?ои ?адим то ба ?оло дар охирин чоршанбеи соли хуршед? пеш аз Навр?з мардуми ориёитабор маросим ва ?ашне доштанд, ки онро Чоршанбесур? меномиданд ва ?оло низ меноманд. Ин ?ашн дар гузашта дар тамоми маноти?и ориёитабор баргузор мегардид, ки бисёре аз наво?ии маноти?и Осиёи Марказ?, ба хусус Мавароунна?р низ, дар ?удуди он ?арор дошт.
Чоршанбесур? чун яке аз маросим?ои аслии пешазнавр?з? то ба ?ол баргузор мешавад. Тиб?и мушо?ида?ои паж??андагон то охири асри 19 ва аввали асри 20 ин ойин дар тамоми маноти?и то?икнишини Мовароунна?р ба таври густарда рои? буда, онро бо ойин?ои мо?и сафар омезиш медоданд ва марбути ин мо? медонистаанд. Дар чоршанбеи охири мо?и сафар дар минта?а?ои Дарвоз, ?аротегин, Ёхсу бего?? пас аз ?уруби Офтоб гулхани оташро фур?зон намуда, се бор аз болои он мепариданд, ки онро мардум «чоршанбеи ахири сол» ва ё «алавпарак» низ меномиданд. Ба ин васила бовар доштанд, ки аз тамоми бемори?о, нодори?о, бадбахти?о ва гуно??ои дар соли ку?на ?амъшуда худро пок месозанд. Дар асри 19 ва аввали асри 20 ин маросимро то?икони Бухоро «чоршанбеи сунн?», дар баъзе но?ия?о «чоршанбесур?», то?икони Косон «чоршанбесурак» меномидаанд.
То сол?ои 20–50 асри ХХ дар аксари но?ия?ои То?икистон ва ?збекистон ин маросим дар байни то?икон рои? будааст. Бего?ии чоршанбеи охири сол мардум дар майдон?о, чорро??о, к?ча?о оташ фур?зон намуда, пиру ?авон аз болои он се бор мепариданд ва баробари ?а?идан мегуфтанд: «зардии ман аз ту, сурхии ту аз ман» (зардема гир, сурхета те). Дар баъзе ?ой?о ?амин суханро ин тарз ёдовар мешуданд «ран?урию зардии ман аз ту, сурхию хуррамии ту аз ман», ки ин таъбирро дар байни аксари мардумони кишвар?ои гуногуни эронитабор метавон дид.
Ба назар мерасад, ки ?оло ?ам дар байни мардуми Хатлон, Су?д, Бадахшон ва то?икони ?збекистон маросим?ои аз болои оташ паридан, гирди оташ давр задан, хонаро тамиз кардан, ?азор испанд дуд кардан, баргузор намудани маросими Мушкилкушо дар шабу р?зи чоршанбеи охири сол амалан и?ро карда мешавад.
Чоршанбесур? дар баъзе аз минта?а?ои То?икистон ва ?збекистон низ бо ном?ои аз ?амдигар каме ё комилан мутафовит вирди забон мебошад. Масалан, «чоршанбеи охирон» (дар водии ?аротегин ва Мастчо?), «чорашанбеи сурук» (дар Ху?анд).
То?икони но?ияи Косони ?збекистон дар к?ча?о оташ?о фур?зон намуда аз болои он ме?а?иданд ва зимнан мегуфтанд: «алас-алас, аз кулли бало халос».
Дар Ху?анд, Кулоб, Пан?акент, Я?ноб, Бухоро, Самар?анд, Бадахшон ва аксари но?ия?ои то?икнишини Осиёи Марказ? ?оло ?ам дар арафаи Чоршанбесур? хонаро тамиз кардан, гирди оташдонро тоза намудан, оташ афр?хтан, ?азориспанд дуд кардан, намак гирди сар гардондан, гире? кушодан, к?за шикастан, чойнику пиёлаи ча? овардаро дур андохтан, оташбоз? кардан ва амсоли ин ба назар мерасад. Бештар ин маросим?о барои он сурат мегиранд, ки инсон аз зиёну за?мат, нопок?, бадбахти?ои соли ку?на, номуроди?ои гузашта эмин бошад ва Навр?зро бо хуш? исти?бол намуда, дар соли нав тандурусту солим зиндаг? кунад. Яке аз сунат?ои аз ?адим дар байни духтарони Бухорову Самар?анд ва баъзе ма?ал?ои то?икнишин бо?имонда ойини «бахткушоён» мебошад. Маъмулан духтароне, ки дар соли гузашта дар зиндаг? ба ноком? дучор шуда бошанд, назди мулло, фолбин ё шахсони махсус рафта, барои дар соли нав ба муроди худ расидан аз он?о дуо мегиранд. Масалан, дар Бухоро духтари бахташ баста пас аз оташафр?з? хокистари онро дар таги девор мерехт ва баъд ба пушти дари хонаи худ омада та?-та? мекард ва аз дарун ?ро мепурсиданд:
- Дарро к? мезанад?
Духтар ?авоб медод: «Манам».
Боз мепурсидаанд:
- Аз ку?о омад??
?авоб медод: «Аз ар?с?».
Мепурсидаанд:
- Бо худ ч? овард??»
Мегуфт: «Тандуруст?».
Садриддин Айн? дар «Ёдошт?о» зимни тасвири «Сайри Файзобод» ва «Иди Навр?з ва сайри Ширбадан» маросим?о ва омодаги?оро ба ?ашни Навр?з ёдовар шудааст. Бархе аз он?о ойин?ое мебошанд, ки марбути Чоршанбесур? буда, ?оло бо ин ном ифода намешаванд.
Дар но?ия Сухи ?збекистон, ки а?олии он асосан то?икон мебошанд, ?абл аз Навр?з ба ?олати оташдон тава??у? намуда, онро бо гили самфед тармим мекунанд. Хонатакон? карда, зарф?оро шуста ба то??о мечинанд. Баъдан ?азориспандро, ки он?о «исири?» мег?янд, дуд карда, ба ча?ор г?шаи хона равон месозанд ва ин мисраъ?оро такрор мекунанд:
Исири?ро дуд кун,
Бало?оро дур кун.
Инсу ?инни бади хеш,
С?зад дар оташи тез.
Р?зи чоршанбеи охири ?абл аз Навр?з ?ама шустуш? мекунанд ва мардон м?й метарошанд, духтарон ва д?шизагон м?йи худро майдабоф? (чил адад) мекунанд. Шомго?они он р?з паридан аз болои оташ дар тамоми Сух марсум аст. Дар де?оти Тул, ?алъача ва ?азнов? амали мазбурро ?оршанбесур? меноманд. Мардуми Сух ?амзамон се оташ меафр?занд ва бо гуфтани ин суханон аз р?йи оташ мепаранд: «Р?йи пок аз туву домани пок аз мо, зиёну за?матамоя афшондему с?зондем». Пас ба даври гулхан ?амъ омада, каф бар ?ониби оташ нигаронида ба р?й мекашанду мег?янд: «Ба р?йи муборакат гардам, зардиямро гиру сурхиятро бите!». ?амин маросимро бо андаке та?йирот дар байни то?икони но?ия?ои Ша?рисабз ва Китоби ?збекистон низ метавон дид.
Дар Бадахшони То?икистон мардум бего?ии р?зи чоршанбе ба тозаву пок кардани хона?о ва асбобу ан?оми р?згор шур?ъ мекарданд. Марди хонавода барои таъмири дару девори хона аз ?ойи махсус хок меовард, ки ?ангоми овардани хок кассе ?ро набояд бинад. ? ин корро замоне мекард, ки пардаи торики шом атрофро фаро мегирифт ва ё суб?и зуд мебуд. Дар баъзе ?ой?о инро «ситдузд?» (хокдузд?) мег?янд. Аз ин гил лойи мулоим тайёр намуда, девор?ои аз дуд сиё?гаштаи хона?оро андова ва сафед мекарданд. Баъд аз таъмир кадбону бо мадади фарзандони боли? бо гарди орд р?йи девор, сутун, бархе аз тирч?б?ои хонаро бо ?ар гуна на?шунигор, ба мисли Офтоб, Мо?, ситора?о, пайи пойи г?сфанд ва ?айра оро медод. ?ангоми покиза кардани хона ва му?а??аз кардани он ба хонаву ?авл? даромадани шахсони бегона, ?атто хешу табор низ манъ мешуд.
Дар Бадахшон барои афр?хтани оташ ду ?афта ?абл омодаг? мегирифтанд. Дар но?ияи Р?шон «алавпарак»-ро «чоршанбеи сурак» меномиданд. Барои и?ро ин маросим дар де?аи Ёгеди Дарвоз маросими «дух-духи бор»-ро ба ?о меоварданд. Тамоми шаб дар де?а чаро? фур?зон мемонд, а?ли де?а хоб нарафта, мунтазири садои даъвати ?авонон мешуданд. Пас аз он ки мардум ба гирди оташ даъват мешуданд, бо навбат аз болои оташ мепариданд, то ки гуно??ое, ки дар бадали сол содир намудаанд, дар ин оташи му?аддас бисузанд ва пок шаванд. Дар баъзе русто?ои Шу?нон (де?аи Сохчарв) ?абл аз ?а?идан аз болои оташ ва ё аз гирди он давр задан мардум ба гиребон ё камар пораи матоъ ё ресмони сурх мебастанд ва ?ангоми аз болои гулхан ?а?идан тори м?еро ба оташ партофта «бало?о рад» ё «рафъи бало?о» мегуфтанд.
?амин тавр дар байни то?икон нишона?ои Чоршанбесур? то ба ?ол бо?? монда, дар шакл?ои гуногун и?ро мешаванд. ?оло ойини аз болои оташ паридани Чоршанбесур? дар р?з?ои ?ашни Навр?з дар баъзе но?ияву ша?р?о баргузор гардида, дар ша?ри Душанбе дар «Навр?зго?и Пойтахт» ба таври намоиш? и?ро мешавад.
Баргирифта аз китоби «Донишномаи фар?анги мардуми то?ик» (?исми дуюм) ки соли 2017 аз ?ониби Сарредаксияи Энсиклопедияи Миллии То?ик чоп шудааст.
Та?ияи Солиев Д.
мутахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба фар?анг ва ?унар.
Просмотр: 827
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved