|

Ёдгории зиндаи тамаддуни тоҷикон

Тартибдиханда: kmt.tj

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2018-10-18

Соли 1947  Раёсати корҳои санъат дар назди Шўрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон қарор баровард, ки мусиқии классики тоҷик ба нота гирифта шавад. Ин вазифаи мураккаб ва дар айни замон шарафнокро устодони забардасти саъати тоҷик Б.Файзуллоев, Ш.Соҳибов ва Ф.Шаҳобов ба ўҳда гирифтанд. Онҳо таҳти рохбарии доктори илми санъатшиносӣ, профессори Консерваторияи ш.Москва Беляев,  узви вобастаи АИ СССР Е.Э,Бертельс, шоири тоҷик Муҳаммадҷон Раҳимӣ, адабиётшинос Абдулғанӣ Мирзоев, мусиқишиносон Я.И.Рогальский, А.Ленский оҳангҳоро ба нота сабт  намуданд. Минбаъд дар кори тарғиби дурдонаи мусиқавии мо китоби мазкур мақоми калон бозид.

Дар таърихи мусиқии халқи тоҷик мусиқии классикӣ, алхусус санъати  «Шашмақом»  мавқеи махсусро  ишғол менамояд. Санъати «Шашмақом»  аз қаъри ҳикмати халқи тоҷик ташаккул  ёфта, даставвал  ба фикру идроки ў таалуқ дорад. Ганҷинаи бебаҳои санъати мусиқии классикии тоҷик  «Шашмақом аз қаъри асрҳо ба мо расидааст.  «Шашмақом»  чун падидаи бадеии нотакрори халқи тоҷик таърихи  бисёрасраро бо мундариҷаи ахлоқӣ, бо фарогирии ҳартарафаи  ҳаёт, маишат, ҳунар, анъана, урфу одат, маданияти  халқ инъикос намудааст. Аз ин рў, санъати «Шашмақом»  аз ҷумлаи нодиртарин дастовардҳои санъати мусиқии ҷаҳони муосир  ба ҳисоб меравад. Дар мундариҷаи суруду навоҳои санъати «Шашмақом»  тобишщои гуногуни ҳаёти инсон, ҳолатҳои иҷтимоӣ-маишӣ, ишқӣ-лирикӣ, масаълаҳои одобу ахлоқ,мафҳум ва тасаввуроти тоҷикон акс ёфтааст. Охангхои пурҷозиба ва суруду таронаҳои «Шашмақом» нозукиҳои  олами ботинӣ ва зоҳирии ҷомеаро тасвир менамояд.

          «Шашмақом»  дурдонаи  беназирест, ки аз қарни асрҳои куҳан то ба  рўзгори мо расидааст. Эҷодкунандагону сарояндагон  ва мураттибсозандагони он мардоне буданд, ки дар асрщои гуногун умр ба сар бурдаанд. Мусиқии классики мо аз қадим бо шеъру тарона бо ҳамдигар алоқаманданд ва мақсади ҳарду мутассир гардондан ва бо ҳамин восита тарбия намудани  инсон мебошад. Он дар худ дастовардҳои беҳтарин хиради шеъру мусиқии халқро таҷассум намудааст ва ҷоиз аст, ки онро қомуси халқ номем.   

Соли 1947  Раёсати корҳои санъат дар назди Шўрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон қарор баровард, ки мусиқии классики тоҷик ба нота гирифта шавад. Ин вазифаи мураккаб ва дар айни замон шарафнокро устодони забардасти саъати тоҷик Б.Файзуллоев, Ш.Соҳибов ва Ф.Шаҳобов ба ўҳда гирифтанд. Онҳо таҳти рохбарии доктори илми санъатшиносӣ, профессори Консерваторияи ш.Москва Беляев,  узви вобастаи АИ СССР Е.Э,Бертельс, шоири тоҷик Муҳаммадҷон Раҳимӣ, адабиётшинос Абдулғанӣ Мирзоев, мусиқишиносон Я.И.Рогальский, А.Ленский оҳангҳоро ба нота сабт  намуданд. Минбаъд дар кори тарғиби дурдонаи мусиқавии мо китоби мазкур мақоми калон бозид.

Бо соҳибистиқлолият гаштани Ҷумҳурии  Тоҷикистон  мубоҳисаҳо оиди ривоҷу равнақи мусиқии тоҷик, ояндаи он дар шароити нави иҷтимоӣ-ҷамъиятӣ хеле авҷ гирифт. Аз ин рў, дар сиёсати фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиклол «Шашмақом»  аз рўзи аввал мақоми  асосиро ишғол намуд. Соли 2000-ум бо фармони Президенти кишвар иди махсуси ин санъати воло – Рўзи «Шашмақом»  (12 май) таъсис гардид.  

«Шашмақом»  минбаъд чун садои дили пурумеди ҳазорон мутафаккирону мутрибону муғаниёни аҷдодонамон дар саросари Тоҷикистон танинандоз гардид. Бо хамин сайри нави таърихии Шашмақом дар фазои тамаддуни ҷаҳонӣ оғоз гардид.

Имрўзу фардо ҷаҳониён аз нав тавассути навоҳои «Шашмақом» бо садои дили сулҳпарвар ва меҳрошнои тоҷикон шинос хоҳанд гардид ва шубҳае нест, ки зимни  бунёди пайкараи азими Тоҷикистони соҳибистиқлол дар паҳнои ҷаҳони муосир ва устувор намудани истиқлолияти фарҳангии он, нақши мусикии классикӣ хеле бузург хоҳад буд.

          Бо истифода аз ин навиштахо:

1.А.Раҷабов, А.Абдурашидов, Ф.Азизӣ Донишномаи Шашмақом, Душанбе, Академияи Илмҳои Тоҷикистон , 2009, 422 сах.
2.Низомов А.  Таърих ва назарияи Шашмақом – Душанбе: «Адиб», 504 саҳ.
3.Ҳакимов Н. «Шашмақом дар қарни ХХ анъана ва навоварӣ»., Хуҷанд, 2005, 504 саҳ.
4.Файзуллоев Б.. Соҳибов Ш.. Шаҳобов Ф.. «Шашмақом»,- Москва, 1950 қ.1 нашри 1,189 саҳ.
5.Файзуллоев Б.,Соҳибов Ш., Шаҳобов Ф., «Шашмақом», - Москва,1950 қ.1. нашри 1, 189 саҳ.
6.Файзуллоев Б., Соҳибов Ш.,Шаҳобов Ф., «Шашмақом».- Душанбе, «Адиб», нашри 2-юм, дар 1 ҷилд, 664 саҳ.
7.Донишномаи фарҳанги мардумии тоҷик. Сарредакияи илмии Энциклопедияи Миллии Тоҷик, Душанбе – 2017, 756 саҳ. ҷилди 2.   
8.Абурашидов А. «Омўзиши авзони шеър ва мусиқӣ», Душанбе – 2001, 53 саҳ.
9.Низхомӣ А. «Таърихи мусиқии тоҷик», Душанбе, Адабиёти бачагона, 2014, 384 саҳ.
10.Азизӣ Ф. Фарҳанг ва истиқлол, - Душанбе, «Адиб», 2011, 292 саҳ.
11.Навид М. Рисолаи «Шашмақом» - Душанбе, «Истеъдод» - 2011, 40 саҳ./
12.Низомӣ А. «Шашмақом ва назми форси тоҷикӣ» – Душанбе, «Дониш» - 2016, 296 саҳ.
13.Ориёнур  «Рўзгори Борбади ромишгар» - Душанбе ,«Ирфон», 1989, 88саҳ.
14.Шарофиддини Ҷ. «Эҳёи «Шашмақом» - Конибодом, 2007, 103 саҳ.

Асарҳои ёдшударо метавонед дар Шўъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи Миллии Тоҷикистон мутолиа кунед.

Таҳияи  Нигина Маҳмудова,
мутахассиси шуъбаи
адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар

Дидан карданд: 342

Мавзӯъҳои монанд:

ДОВТАЛАБ КАИ ВА ЧЙ ТАВР БОЯД АЗ ҚАЙД ГУЗАРАД?

ДӮЗАНДАГӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

АДРАСБОФӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

ЗАРДӮЗӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

КУЛОЛӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

ЛИБОСҲОИ МИЛЛИИ ТОҶИКӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

КАМАРБАНД (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

ЮНЕСКО ва тамаддуни Осиёи Марказӣ

Алочабофӣ ва таърихи мухтасари он

“Боғкўчӣ”, яъне чӣ?

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: