|

ОҲАНГАРӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

Тартибдиханда: kmt.tj

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2018-10-18

Оҳангароне, ки ин касбро ба шогирдон меомӯзонданд, бо барпо намудани маросими «камарбандон» ба онҳо фотиҳаи кори мустақилонаро медоданд. Муҳлати шогирдӣ тақрибан 3–4 сол идома меёфт. Шогирдон дар ин давра дар хонаи усто зиндагӣ ва бо ӯ кор мекарданд. Усто дар баробари омӯзонидани маҳорату малакаи Оҳангарӣ инчунин ба шогирдон рисолаи касбро мехонд ва ё мазмунашро нақл мекард. Аз кору рӯзгори нахустин оҳангар, пири ин касб – ҳазрати Довуд ривоятҳо мегуфт.

Оҳангарӣ, яке аз касбҳои қадимии маъмули тоҷикон, ки то ба имрӯз идома дорад. Маъруфияти ин пеша вобаста ба ниёз ва талаботи мардум ба маҳсулоти оҳангарӣ аст. Дар гузашта устохона ё корхонаҳо (коргоҳҳо)-и оҳангарӣ дар ҳар шаҳру деҳа мавҷуд буданд. Чунонки дар рисолаи ин касб омадааст, оҳангарӣ аз чиҳилу як ҳунар иборат буда, ҳар яке аз дигаре фарқ дорад, масалан, устои калангар, мехгар, мисгар, дегрез, наълкӯб, кордсоз, қулфсоз ва ғайра.

Рушди истеҳсоли маснуоти оҳангарӣ дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 дар шаҳру навоҳии тоҷикнишин бештар мушоҳида шудааст, зеро пас аз ҳамроҳ карда шудани Осиёи Марказӣ ба ҳайати Руссия воридоти ашиёи хом, аз ҷумла, оҳан меафзояд. Аз он пештар масъалаи дарёфти ашиёи хом барои оҳангарони деҳот хеле мушкил буд. Дар Шуғнону Вахон бинобар камёб будани оҳан наъли аспонро аз шохҳои бузи кӯҳи месохтанд. Дар Ванҷ оҳанро бо роҳи гудохтани маъдани кӯҳӣ ба даст меоварданд. Оҳангарони ванҷӣ оҳани истеҳсолшударо ба се навъ ҷудо мекарданд: навъи якум ё беҳтарини он «қурч» ном дошта, барои сохтани корд, поку, табар, теша, дос ва дигар олоти теғдор ба кор мерафт. Навъи дуюмро «нармоҳан» меномиданд, ки аз он наъл, мех, зулфаки дар ва монанди инҳоро месохтанд. Навъи севуми оҳан дорои сифати паст буда, барои рехтани поза ё оҳани ҷуфт истифода мешуд.

Маводи сӯхти асосӣ барои оҳангарон ангишти дарахтони сахтчӯб ба ҳисоб мерафт. Дар кӯҳистон ангиштро аз дарахтони бурс, зардолу ва баъзан аз ангат тайёр мекарданд. Олоти устохонаи оҳангарӣ аз кӯра, дами оҳангарӣ, саноҷи дам, сандон, кундаи чӯбӣ, новаи об, путк, гиро, анбур, каҷанбур, қалам ё сумба, хоиск ва ғайра иборат мебошад. Дар ҳар устохона ҳадди ақал як усто ва 2–3 нафар шогирд кор мекарданд. Устокалон дар назди кӯраи оташ истода, ба анбур оҳанро дар оташ сурх мекард ва ҳамроҳи яке аз ҳамкорон ё шогирдон онро дар болои сандон бо путку хоискзада, ба шакли дилхоҳ медаровард. Шогирди дигар банди саночи дамро мунтазам болову поин кашида, ба шуълаи ангишт бод медод, то ки оташ беист забона занад. Маҳсулоти сохтаи оҳангарон гуногун буданд. Аз ҷумла, олоти кор: каланд, бел, теша, хоркантеша, табар, искана, исканатабар, новатеша, токбур, болға, анбур; асбобҳои рӯзгор-кафгир , дег, корд, оташгирак, зулфаки дар, мехча,даравши мӯкидӯзӣ, поку; олоти кишоварзӣ – дос, оҳани ҷуфт, гулмех, наъл бо мехаш ва ғайра истеҳсол мешуданд.

Дар гузашта дар ҳар деҳа устоҳои оҳангар ба тариқи авлодӣ кор мекарданд. Дар деҳоти Дарвоз оҳангарон як бор дар як сол ҳақ мегирифтанд, онҳам дар тирамоҳ, ҳангоми ғунучини ҳосил буд. Ҳар як деҳқон ба оҳангар як табақ гандум, як табақ тути хушк ва дигар маҳсулоти кишоварзию боғдорӣ медод. Як табақ дар байни мардум воҳиди вазн ба ҳисоб мерафт, ки он аз 8–12 тоқӣ иборат буда, ба 10–12 кг баробар буд. Устоҳои оҳангар мушкилоти мардумро дар корҳои оҳангарӣ осон намуда, дар давоми сол ба онҳо олоти меҳнат сохта медоданд. Ҳоло оҳангарон чунин аҳдномаи ҳамкориро бекор карда, барои ҳар як хизматашон музди алоҳида мегиранд.

Оҳангароне, ки ин касбро ба шогирдон меомӯзонданд, бо барпо намудани маросими «камарбандон» ба онҳо фотиҳаи кори мустақилонаро медоданд. Муҳлати шогирдӣ тақрибан 3–4 сол идома меёфт. Шогирдон дар ин давра дар хонаи усто зиндагӣ ва бо ӯ кор мекарданд. Усто дар баробари омӯзонидани маҳорату малакаи Оҳангарӣ инчунин ба шогирдон рисолаи касбро мехонд ва ё мазмунашро нақл мекард. Аз кору рӯзгори нахустин оҳангар, пири ин касб – ҳазрати Довуд ривоятҳо мегуфт. Дар навбати худ устоҳои оҳангар бояд ҳар сари чанд вақт дар хонаҳои худ зиёфат ороста, пешвои ин касб, устодон, муллоҳо ва ҳамкасбони худро ба он даъват мекарданд. Ин гуна маросим «арвоҳи пирон» ном дошта, ба хотири шод намудани арвоҳи гузаштагони ин касб барпо мешуд. Дар он пас аз таомхӯрӣ ҳатман рисолаи касби оҳангарӣ хонда мешуд, аз Қуръон оятҳо тиловат менамуданд.

Дар  солҳои ҳокимияти Шӯравӣ бархе аз устохонаҳои оҳангарӣ ба ҳайати колхозу савхозҳо даромада, ба устохонаҳои таъмири олоти кишоварзӣ табдил ёфтанд.

Ҳоло  вобаста ба тағйир ёфтани шароити моддии зиндагӣ ва бо молҳои истеҳсоли фабрикӣ таъмин гардидани аҳолӣ эҳтиёҷ ба устоҳои оҳангар кам шудааст. Вале дар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон мардум ҳоло ҳам ба баъзе маҳсулоти оҳангарони маҳаллӣ эҳтиёҷ доранд. Бинобар ин оҳангарӣ ҳамчун касби авлодӣ ҳоло ҳам дар баъзе шаҳру деҳоти Тоҷикистон, бахусус дар ноҳияҳои Истаравшан, Исфара, Конибодом, Хуҷанд, Панҷакент, Ашт, Шаҳринав, Ҳисор, Рудакӣ, Турсунзода, Кулоб, Данғара, Балҷувон, Ховалинг, Шӯрообод, Рашт, Тавилдара, Дарвоз, Нуробод, Файзобод, ривоҷ дорад.

Таҳияи Диловар Солиев,
мутахассиси шуъбаи адабиёт доир
ба фарҳанг ва ҳунар.

Дидан карданд: 370

Мавзӯъҳои монанд:

ДОВТАЛАБ КАИ ВА ЧЙ ТАВР БОЯД АЗ ҚАЙД ГУЗАРАД?

ДӮЗАНДАГӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

АДРАСБОФӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

ЗАРДӮЗӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

КУЛОЛӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

ЛИБОСҲОИ МИЛЛИИ ТОҶИКӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

КАМАРБАНД (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

ЮНЕСКО ва тамаддуни Осиёи Марказӣ

Алочабофӣ ва таърихи мухтасари он

“Боғкўчӣ”, яъне чӣ?

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: