|

Абулфазли Балъамӣ - вазири соҳибтадбири давлати Сомониён

Тартибдиханда: kmt.tj

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2018-10-18

Балъамӣ Абулфазл Муҳаммад ибни Убайдуллоҳ (с.тав. номаълум – ваф. 14.11.940, Бухоро), олим, арбоби давлатӣ, вазири Наср ибни Аҳмади Сомонӣ. Балъамӣ тақрибан ним аср –  даврони аморати Исмоили Сомонӣ дар раъиси корҳои идораи давлати Сомониёндошта, ба шарофати тадбирандешӣ ва корсозиҳои оқилонаи хеш дар ташаккул ва равнақу шукуфоии нахустин давлати мутамаркази   тоҷикон саҳми бузурге гузоштааст.

Балъамӣ на танҳо дар идораи корҳои кишвар истеъдоду  маҳорати комил доштааст, балки дар ташкили сипоҳ ва саркӯб намудани исёнгарону душманони давлати Оли  Сомон  ҳамеша бо сарони сипоҳ ҳамдаст буд  ва дар ин корзорҳо  бо камоли шуҷоату мардонагӣ размидааст. Аз ҷумла солҳои 921-922 дар набарди зидди исёнгар Лайло ибни Нуъмон иштирок намуда, бар сипоҳаш, ки аксар ба ғорату тороҷи мардум машғул буданд ғолиб омад. Вазири соҳибраъй дар ҳар гуна вазъи буҳронӣ тадбире  меандешид, ки мӯҷиби рафъи мушкилот ва истиқрори авзоъ мегардид. Балъамӣ бо сиёсатмадорию хирадмандӣ борҳо пеши ҷангу хунрезиро гирифта, ҷонибҳои даргирро ба сулҳ моил кардааст.

Балъамӣ  дар  аҳди шаҳрёрии амирони Сомонӣ рисолати ислоҳоти иҷтимоӣ ва далолати хайрро ба дӯш дошт, бо хиради сиёсӣ ва фазоили маънавию ахлоқии хеш дар тафаккури таърихи асрҳои миёна чун вазири шоистаи пайравӣ ва мазҳари олии вазорат шинохта шудааст. Дар ин замина аз рӯзгори ин вазири донову тавоно ҳикоёту ривоёти зиёд ба ёдгор мондаанд.

Балъамӣ дар бузургдошти илму дониш ва аҳли он низ шуҳраи  офоқ гардида буд. Ба шарофати ибтикороташ маҳфилҳои шеъру сухан ва илму  ҳикмат дар дарбори Сомониён ҳамеша ҷӯш мезаданд,  адибону олимон аз нуқоти мухталиф ба Бухоро меомаданд ва бо дарёфти инояту саховат ва пуштибонии амирону вазирони Сомонӣ дар рушди илму адабу фарҳанг саҳм мегузоштанд. Боризтарин  далели гироиш ва  иродати  Сомониён ба илму фарҳанг дастгирию дӯстии Балъамиивазир ва Рӯдакии шоир аст.  Балъамӣ ба каломи Одамушшуаро Рӯдакӣ арҷ мениҳод ва ҳунару  санъаташро дар Аҷаму Араб беназир мешумурд. Фарҳангпарварӣ ва ҳус ни иродати Балъамӣ ба аҳли илму адаби давр на танҳо мавриди  ситоиши порсигӯён, балки уламову удабои арабзабон ҳам қарор гардидааст.  Баъзе муаллифони асрҳои миёна аз ду асари Балъамӣ «Талқеҳ-ул- балоға» ва «Қитоб –ул-мақолот ёдовар шудаанд, ки то рӯзгори мо нарасидааст.

Балъамӣ соли 938 аз сӯи амир Наср ибни Аҳмад аз вазорат  дур шудааст, ки дар ҳеҷ маъхази муътамад ба қайд наёмадааст, эътимолан дар кораш шикасте рух додаст. Оид ба марги ӯ низ ахбор дарҷ нагардидааст.

Баргирифта аз китоби Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Чилди 2. Душанбе, 2013. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, саҳ.322-323.

Ин китоб қариб дар аксари Шуъбаҳо ва толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ дастрас аст. Аз ин ҷилди Энсиклопедияи миллии тоҷик шумо мақолоти фаровонеро оид ба таъриху фарҳанг, илм метавонед мутолиа намоед.

Таҳияи Нигина Маҳмудова,
м
утахассиси шуъбаи адабиёт доир
ба фарҳанг ва ҳунар

Дидан карданд: 451

Мавзӯъҳои монанд:

Ниёкони мо: БАРМАКИЁН

Абулфазли Балъамӣ - вазири соҳибтадбири давлати Сомониён

Бузургтарин китобхонаи қадимии олам, ки баъдан сӯхта хокистар шуд

Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон...

Ҷомеаи ибтидоӣ. Аҷдоди тоҷикон дар давраи тараққиёти ғуломдорӣ ва феодалӣ

Ҳуҷуми муғулҳо ба Осиёи Миёна

Хоҷагӣ, маданияти моддӣ, муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ, илм ва адабиёти халқи тоҷик дар аҳди Сомониён

Халқҳои Осиёи Миёна дар ҳайати Хилофати араб

Халқи тоҷик дар ҳайати давлати Шайбониён. (солҳои 1499-1599)

Халқи тоҷик дар замони ҳукмронии туркҳо

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: алишер/sharipov,alisher.9090
Санаи дохилгардида: 2018-12-09

девонхои давлати Сомониёнро номбар кунед


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: