Дата: 2018-10-18
Искандарк?л - яке к?л?ои бузурги То?икистон мебошад, ки дар баландии 2195-2200 м (аз сат?и ба?р) ?ой гирифтааст. Ин к?ли зебо ва назаррабо 86-72 м ум?, 3,2 км дароз?, 1,5 км па?но? ва14,5 км доира дорад.
Искандаркўл аз дур ба назар чун оинаи ?а?оннамои афсонав? намудор гашта, дар о?ўши кў??ои симинто? во?еъ гардидааст. Кў??ои осмонхарош, арча?ои ?азорсола, гулу гиё??ои садрангу бўй кўлро аз чор тараф и?ота намудаанд. Номи де?а?ояш а?оибу пурмаъноанд: Сарато?, Навард, ?айронбед,Ди?ик Махшевад ва ?айра.Ин мавзеъро Искандара ?ам ном мебаранд.
Искандаркўлро аксарият бо ному насаби истилогари юнон?- Искандари Ма?дун? вобаста мекунанд, ки соли 329 пеш аз мелод Осиёи Миёнаро забт кардааст. Искандаркўл якчанд маротиба ном дигар кардааст, дар рисолаи Ибни Фари?ун? ё ?удуд-ул-олам (893 пеш аз мелод муаллифаш номаълум) (Фал?ар, Пар?ар)-ро Бутамони Миёна номида, Искандаркўли имрўзаро Дурдона чун андаруни вай нишон додаст.
Тиб?и яке аз ривоят?о Искандари Ма?дун? дар юриши худ ба де?ае рў ба рў шуд, ки сокинонаш таслим шудан намехостанд. Ў фармон дод, ки ма?рои дарёро ба ?амин де?а равон кунанд ва дар нати?а ин кўл ташаккул ёфта, номи Искандаркўлрогирифт. Боз ривояте ?аст, ки дар ва?ти тава??уф дар со?или кўл аспи Искандар Бутсефал ?ангоми чаридан ба болои харсанги баландтарин баромада, худро ба оби кўл сарозер кард. Кўшиш?ои Искандар барои пайдо кардани асп бе нати?а монданд. Искандар андў?гин шуда, якчанд р?з интизор шуд, сипас аспбонон ва афсаронро назди кўл монда, худ бо ?ўшун сафарашро идома дод. Аз ?амон давра сар карда, гўё дар айёми зимистон Бутсефал аз ?аъри кўл мебарояд. Ва боз на?л мекунанд, ки дар давру замон?ои хеле ?адим боре ин кўл дарида, ша?р?ои Самар?анду Бухоро ва де?а?ои гирду атрофи он зери об мондааст. Пештар оби кўл ни?оят баланд будааст, ?оло паст шудааст. Нишонаи зери он мондани ша?ру де?а?о на?ши худро дар рўи санг?ои кў? имрўз ?ам бо?? гузоштааст.
Барои тамошои яке аз зеботарин ва шаффофтарин кўл дар То?икистон ?ар сол ?азор?о нафар ба саё?ати он мераванд, ки аксари он?о аз хори?и кишвар мебошанд.
Адабиёт?ои истифодашуда
Энсиклопедияи Советии То?ик, Душанбе:?илди 3. –С.1981
Та?ияи Нигина Ма?мудова,
кормандаи Шуъбаи адабиёт
доир ба фар?анг ва ?унар.
Просмотр: 646
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved