|

Рўзи Меҳр аст, меҳрубонӣ кун...

Тартибдиханда: kmt.tj

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2018-10-18

Дар даврони куҳан маъмултарин ва ҷолибтарин ва русуми меҳргонӣ оростани хони меҳргонӣ будааст, ки хело бошукўҳ бо оростану перостани хон бо анвои меваҷот сурат мегирифтааст. Дар замонҳои қадим чунин одат будааст, ки дар ҷашни Меҳргон агар касе ба тани худ равғани бон молида, ба наздиконаш гулоб пошад, ҳамеша сиҳату саломат ва сарбаланд мегаштааст. Дар Меҳргон–и бузург шоҳ намояндагони вилоятҳо ва шаҳрҳои кишварашро қабул мекард. Онҳо барои шоҳ ва ғанӣ гардондани хазинаи давлат туҳфаҳо меоварданд. Баъзан дар лагани тилоӣ, болояшро бо матои гаронбаҳо пўшида, ашёи рамзиро ба назди шоҳ мегузоштанд, ки  онҳо пандомўз буданд.

Меҳргон, яке аз қадимтарин идҳо, ки дар байни қавмҳои эронӣ расм шудааст Меҳргон аз вожаи «Меҳр» корбаст шудааст, ки шакли аввалаи «Митра»– номи яке аз бузургтарин эзадони ҳиндуэронӣ аст ва 1400 сол то милод дар сангнавиштаҳо ҳак шудааст. Дар Авесто низ суруде мансуб ба Меҳр мавҷуд аст.Дар осори санскрит, хосатан дар Ведаҳо, ки қадимтарин ҷузъи он «Ригведа» аст, иттилоеро роҷеъ ба ин эзад вомехўрем .Тибқи тақвими зардуштии авестоӣ Меҳргон  рўзи эътидоли тирамоҳӣ оғоз меёбад, ки он ба 16–уми Меҳрмоҳ (моҳи ҳафтуми солшумории шамсӣ), мутобиқ ба 22 октябри солшумории григорианӣ рост меояд. Тибқи гоҳшумории авестоӣ ҳар як моҳ сӣ рўз иборат буд, ки номи ҳар  кадоми он рўзҳо ба яке аз эзадон номгузорӣ шудаанд. Ҳар гоҳ номи рўз ва моҳ бо ҳам боробар меомад, он рўзро ҷашн мегирифтанд. Чун номи шонздаҳум  ҳар як моҳ номзад буд ба «меҳр», ба он пасванди «гон»–ро изофа намуда, «Меҳргон» номида, ҷашни бузург созмон медоданд.Ҷашни Меҳргон пас аз Наврўз куҳнатарин иде мебошад, ки  аз қадимулайём ба муносибати бардошти ҳосили  кишти деҳқонӣ ва поин пазируфтани корҳои кишоварзӣ таҷлил мегардад. Доир ба пайдоиши ҷашни Меҳргон ривоятҳои гуногун мавҷуданд. Бино ба маълумоти Берунӣ дар «Осору–л–боқия», Фаридун ба муносибати маҳв намудани Заҳҳок дар кўҳи Дамованд базме ороста, ба ҷашни Меҳргон асос гузоштааст. Берунӣ ин руйдоди таърихиро чунин шаҳру эзоҳ додаст:

«Меҳргон, рўзи аввали он Ҳурмуздрўз аст ва рўзи шонздаҳуми Меҳр аст, ки иди бузургест ва ба Меҳргон маъруф аст, ки хазони дувум бошад ва ин ид монанди дигар аъёд барои умуми мардум аст. Ва тафсири он дўстии ҷон аст.Ва гўянд, ки Меҳр  номи Офтоб аст. Ва чун дар ин рўз Офтоб барои ақди олам пайдо шуд. Ин аст, ки ин рўзро Меҳргон гўянд ва далел бар ин гуфтор он аст, ки ин ойни Сосониён дар ин рўз ин буд, ки  тоҷеро, ки сурати Офтоб бар ў буд, ба сар мегузоштанд ва Офтоб бар чархи худ дар он тоҷ савор буд ва дар ин рўз барои эрониён бозоре ба по мешуд».

Дар даврони куҳан маъмултарин ва ҷолибтарин ва русуми меҳргонӣ оростани хони меҳргонӣ будааст, ки хело бошукўҳ бо оростану перостани хон бо анвои меваҷот сурат мегирифтааст. Дар замонҳои қадим чунин одат будааст, ки дар ҷашни Меҳргон агар касе ба тани худ равғани бон молида, ба наздиконаш гулоб пошад, ҳамеша сиҳату саломат ва сарбаланд мегаштааст. Дар Меҳргон–и бузург шоҳ намояндагони вилоятҳо ва шаҳрҳои кишварашро қабул мекард. Онҳо барои шоҳ ва ғанӣ гардондани хазинаи давлат туҳфаҳо меоварданд. Баъзан дар лагани тилоӣ, болояшро бо матои гаронбаҳо пўшида, ашёи рамзиро ба назди шоҳ мегузоштанд, ки  онҳо пандомўз буданд.

Ҳамин тариқ Меҳргон баробари рушди деҳқонӣ пайдо шудааст ва онро баъди ғунучини ҳосил ид мекардаанд. Деҳқонҳо ба пешвоз  Меҳргон ҳашар мекарданд, сарулибоси нав мепўшиданд, сайру базмҳо анҷом медоданд, шоирон дар васфи Меҳргон шеърҳо менавиштанд. хофизону мутрибон ба муносибати ин ҷашни бузург суруду оҳангҳои ҷашнӣ эҷод мекарданд, ки онҳо «Меҳргон», «Меҳргони бузург», «Меҳиргони хурдак» ва ғайра ном доштанд. Дар рўзи Меҳргон шоҳи сосонӣ бомдодон ҷомаи махсусе, ки аз матои «Бурди яманӣ»ва зарбофти гаронбаҳо таҳия мегардид, дар бар мекард, тоҷи махсусро, ки нақши Хуршед дошт, ба сар мениҳод, дар толори бузург менишаст ва мардуми аз вилоятҳо ва ҷойҳои дур омадаро мепазируфту ҳадяҳояшонро қабул мекард. Меҳргонро Ҳахоманишиён ва пеш аз онҳо таҷлил мекарданд. Ин идро дар давраи Сомониён бо шукўҳу тантана ҷашн мегирифтаанд. Чунончи, Рўдакӣ яке аз маликони сомониро бо фаро расидани Меҳргон табрик карда, гуфтааст:

Малико,ҷашни Меҳргон омад!
Ҷашни шоҳону хусравон омад!

Хаз ба ҷойи мулҳаму хиргоҳ
Ба дилу боғу бустон омад.

Ту ҷавонмарду давлати ту ҷавон,
Май ба бахти ту навҷавон омад.

Масъуди Саъди Салмон дар рўзҳои Меҳргон ҳамеша ба ҳамдигар меҳрубон буданро таъкид мекунад:

Рўзи Меҳр аст, меҳрубонӣ кун,
К–аз ҳама чиз меҳрубонӣ беҳ.

То давраи ҳамлаи муғул (асри 13) м–ро дар дарбори шоҳон бо тантана таҷлил мекарданд. Муғулоҳо ҷашни Меҳргон–ро дар дарбори шоҳон манъ карда бошанд ҳам, ин ҷашн дар байни кишоварзон бо ин ё он ном таҷлил мешуд ва ин анъана то замони мо расидааст. Масалан, сокинони деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқандарё баъди бардошти ҳосили деҳқонӣ, дар миёнаи моҳи октябр бо номи  «Сайри мазор» ҷашне дорад. Дар ин рўз гўсфанд ё гов кушта, аҳли деҳа ҷашни бузурге меороянд, дасторхонашонро бо меваҳои гуногун, тарбузу харбуза ва сабзаҷот пур карда,дар атрофи хони пурнозу неъмат таронасароӣ менамоянд,дафу танбўру дутор навохта,рақсу бозӣ мекунанд ва ин шодиву сурур то бегоҳ идома меёбад. Аҳли деҳа баъди хўрдани таоми махсус сурудхонон ба деҳа бармегарданд. Мардум  ҷашни «Сайри мазор»–ро барои он баргузор менамоянд,ки кишти деҳқонияшон фаровон ,рўзгорашон осуда бошад.Чунин маросимҳое ки боқимондаи ҷашни бостонии Меҳргон мебошад, дар дигар маҳалаҳои тоҷикнишин Осиёи Марказӣ ҳам ба мушоҳида мерасад.

Меҳргонро зардуштиёни Эрон имрўз ҳам бо тантана ҷашн мегиранд. Зардуштиёни Язд ва Кирмоншоҳ ҷашни Меҳргонро дар давоми шаш рўз бо риояи анъанаҳои бостонӣ таҷлил мекунад. Онҳо дар ин рўз либоси нав мепўшанд, шодиву хурсандӣ мекунанд, даруни мурғро бо маводди ғизоӣ пур карда мепазанд, дар рўйи дастпрхони меҳргонӣ оина, сурмадон, китоби Авесторо мегузоранд. Атрофи хони меҳргониро бо овшин (пудинаи кўҳӣ) оро медиҳанд. Дар дастархони меҳргонӣ шарбат,гулоб,ширинӣ,сабзаҷот,меваҷот:анор,себ,ангур ва гулҳоирангорангро мегузоранд. Гузоштани чанд адад сиккаи нуқра,санҷиду бодому писта ва зарфи оби хушбўйи овшинро риоя менамоянд. Дар атрофии хон шамъҳоро фурўзон ва дар зарфе испанд дуд мекунанд. Ҳангоми зуҳр аҳли хонавода, хурду бузург бо шодиву сурур дар сари дастархон баробари қадди оина рост истода дуо мехонанд ва сипас ба нўшидани шарбат сар мекунанд, зану мард ба чашмонашон сурма мекашанд ва овшини хушкро бо нуқлу санҷид ба сар ҳамдигар рехта, ҳамдигарро табрик мекунанд. Дар ин рўз барои тозадомодон номзадҳояшон порча,ширинӣ мебаранд,ба тангдастону бечорагон ёрӣ мерасонанд. Агар дар ин рўз тифле ба дунё ояд, номе бар ў мегузоранд, ки вожаи «Меҳр» дар он бошад. Масалан, Меҳрдод, Меҳрноз, Меҳрбону,Меҳрваш, Меҳрдухт, Меҳрон, Меҳрубон, Меҳроб ва ғайра.

Дар даврони шўравӣ ба ҷойи Меҳргон Иди ҳосилот пойдор гардид. Заҳматкашон ҳар сол баъди ҷамъоварии зироат  Иди ҳосилот анҷом медоданд,ки он қисме аз унсурҳои ҷашни бостонии Меҳргонро  фаро мегирифт. Рўзҳои ҷашн дар шаҳру деҳот бозиҳои варзишӣ– Бузкашӣ, гўштингирӣ, камонварӣ ва ғайра барпо мегардиданд.Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ин иди аҷдодӣ дубора дар ҷумҳуриямон эҳё гардид. Ҳоло ҳар сол дар Тоҷикистон баъди ҷамъоварии зироати кишоварзӣ иди Меҳргон бо тамоми шукуҳу шаҳоматаш таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат дар ҷумҳурӣ иди харбуза, иди асал, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, барномаҳои махсуси консертӣ ва сайру гашти оммавии мардум ташкил карда мешаванд.

Аз китоби “Донишномаи фарҳанги
мардуми тоҷик”,  ҷилди 1, Душанбе 2015,
Энсиклопедияи Миллии Тоҷик.

Таҳияи Зебинисо Сафарова
мутахассиси пешбари шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар

Дидан карданд: 194

Мавзӯъҳои монанд:

ДОВТАЛАБ КАИ ВА ЧЙ ТАВР БОЯД АЗ ҚАЙД ГУЗАРАД?

ДӮЗАНДАГӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

АДРАСБОФӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

ЗАРДӮЗӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

КУЛОЛӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

ЛИБОСҲОИ МИЛЛИИ ТОҶИКӢ (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

КАМАРБАНД (Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ)

ЮНЕСКО ва тамаддуни Осиёи Марказӣ

Алочабофӣ ва таърихи мухтасари он

“Боғкўчӣ”, яъне чӣ?

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: