Дата: 2018-10-18
Читгар? усули исте?соли чити на?шдор аст. Санъати Читгар? дар гузашта дар якчанд ша?ри то?икнишини Осиёи Марказ? аз ?умла, дар Ху?анду Самар?анд, Бухорову Истаравшан, ?исор (?арато?) ва ?айра маъмул буд. Чит матои сабуки бофтаест, ки тору пуди он аз ришта?ои пахтагин иборат аст. Матои чит ду навъ дорад: якранг ва гулдор. Аз чит курта, шалвор, ?ома, к?рпа, к?рпача, парда, чодар ва ?айра мед?занд.
Читгарон мувофи?и дархосту фармоиши харидорон ма?сулот исте?сол мекарданд. Тиб?и манобеи таърих? дар сол?ои 70-уми асри 19 дар Ху?анд 30 дукони читгар? ба ?айд гирифта шудааст, ки дар он?о та?рибан 70 нафар усто кор мекардааст. Бисёр усто?о бо фарзандон ва хешовандони худ ба Читгар? маш?ул буданд. Баъзе усто?о 4-5 нафар? халифа – коргарони ?арордод? доштанд. Устокор ба халифа?о кор?оро та?сим мекард. Баъзе халифа?о матои карбосро дар дег?о андохта, то нарм шуданаш ме??шониданд. Халифа?о ё шогирдони дигар бо ?олаб?ои ч?б? ба матоъ на?ш мезаданд. Ранг?ои сиё?у сурхро шогирдони ало?ида на?ш мегузоштанд. Аммо на?ши асосии матоъро, ки “сиё?-?адам” ном дошт, худи устои калон мекашид.
Дар мобайни дукон ч?би читгар? – хараке меистод, ки дарозиаш 3 метр буд. Харак бо намад р?йпуш карда шуда буд ва он барои матоък?б? бо кудунг – бол?аи ч?б? хидмат мекард. Дар ?авлии берун 2-3 деги ч?ян? ё мис? ба болои оташдон?о устувор шуда буд, ки дар он?о чит?оро ме??шониданд ва ё ранг тайёр менамуданд. Ранг?ои сурху норан?иро аз п?стлохи анор ва ранги сиё?ро аз о?ан исте?сол намуда, дар та?ора?ои ?удогона мегирифтанд. Дар деге о?ани зангзадаро андохта, бо оташи паст ме??шониданд ва кам-кам омезиш медоданд. Барои ?илонок шудани ранг баъзан ба он ?азза ?амро? менамуданд. Илова ба ин ба ранг шилми дарахти себ ва зок ?амро? мекарданд, ки рангро ?афстар менамуд.
Равиши кори читгарон чунин буд: аввал матои карбос ё хомсуфро ба андозаи зарур? интихоб намуда, дар дег 1-1,5 соат ме??шониданд, то ки матоъ аз ?ар гуна рав?ану о?ор тоза шавад ва мулоим шуда, ранг ва тезобро ба зуд? ба худ гирад. Сипас, матоъро дар оби тоза шуста, мехушкониданд. Дар деги ало?ида хокаи ч?би дарахти писта – мозуро ??шонида, ма?лул тайёр мекарданд. Ба 800 грамм мозуи к?фта 10 ?ошу? об ?амро? менамуданд. Карбосро дар ин ма?лул тар карда, боз мехушкониданд. Баъд аз ин карбосро бо кудунг мек?фтанд ва он барои на?шгузор? омода мегашт.
Матои тайёршударо ба болои намади харак па?н карда, аввал на?ш?ои сиё?и онро бо ?олаб?о мек?фтанд. Пас аз на?ши сиё? гузоштан читро меовехтанд, то ки ранги он хушк шавад. Коргари дигар бо ранги сурх на?ши гул?оро насб мекард. Севум? гул?ои зардро на?ш менамуд. Ранги зард аз ма?лули зок, шилми дарахти себ ва гиё?и тухмак, ки дар к???ои Ху?анд мер?ид, та?ия мегашт. Матоъи ородашударо дар оби тоза обгардон намуда мехушкониданд. Сипас чити на?шдорро ранги сурх пошида, ба деги рангобаш ??шидаистода меандохтанд ва чанд соат ме??шониданд. Ва?те ки матоъ ранги сурх мегирифт, онро аз дег берун оварда мехушкониданд. Дар Ху?анд чит?о бо на?ш?ои зулфак, зан?ира, чинифалак, чинигул, мехча, тагсиё? ва ?айра оро дода мешуданд.
Дар Бухоро читгарон ба исте?соли чит ва р?ймол?ои муна??аш маш?ул буданд. Матои читро ба ранг?ои одии сиё?у сурх на?ш мегузоштанд ва он чандон мураккаб набуд. Р?ймолсозон асосан камарбанд тайёр мекарданд ва ба он на?ш?ои резагул насб менамуданд. Ибтидои асри 20 пешаи Читгарон дар Бухоро р? ба таназзул ни?ода будааст.
Дар Истаравшан то ба ?оло санъати читгар? идома дорад. Усто Миробиди читгар, усто Мирсаид, усто Мирамин ва дигарон дар асри 20, дар замони ра?обати ?унар?ои милл? бо технологияи замонав? ба касби суннатии худ устувору соди? монда, онро ба р?згори мо расонидаанд.
Имр?з?о санъати читгар? зери ро?барии ?унарманди хал?ии То?икистон Мирамин Саидов дар Истаравшан э?ё шуда, рушд ёфта истодааст. Наздикони ? – Шароф, Миразим, Мирмаъруф, Шукур ва чанде дигар дар ?ифзу инкишофи ин касби пурифтихори ниёгон ?ро ?амро?? мекунанд.
Та?ияи Нигина Махмудова,
мутахассиси шуъбаи адабиёт доир
фар?анг ва ?унар.
ШАР?: Ин ма?ола низ аз китоби “Донишномаи фар?анги мардуми то?ик” (?исми якум), ки соли 2015 аз ?ониби Сарредаксияи Энсиклопедияи миллии то?ик чоп шудааст, и?тибос шуд. Сомонаи мо бахшида ба Соли рушди сайё?? ва ?унар?ои мардум? ба муаррифии ин гуна ма?ола?о ва китоб?о идома меди?ад.
Просмотр: 741
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved