|

Консепсияи гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувор

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2018-10-17

Рушди устувори давлат - ин чунин рушде мебошад, ки насли имрӯза эҳтиёҷотҳои худро қонеъ намуда,имкониятҳои қонеънамоии насли ояндаро оиди қонеъ намудани эҳтиёҷотҳои худ, таҳдид намесозанд.

Рушди устувор аз се нишондиҳандаҳои бо ҳам алоқамандӣ принсипнок, ки тавсифкунандаи рушди иқтисодӣ, адолати иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити иҳотакардашуда бар меояд.Некуаҳволии ҷомеа бояд ба тариқи максималӣ боло рафта, камбизоатӣ тавассути самаранок истифодабарии захираҳоитабиӣ паст карда шавад.

Механизми зарурӣ дар роҳи бадастории рушди устувор ин пеш аз ҳама коркард ва амалинамоии Консепсияи миллии рушди устувор мебошад.

Консепсияи миллии рушди устувор – ин барномаи дарозмӯҳлати гузариши марҳилавӣ ба рушди устувор, ки муайянкунандаи самти мушаххас ва шаклҳои фаъолият оиди бадастории мақсадҳои стратегӣ, захираҳои зарурӣ ва механизмҳо, низоми идоракунӣ ва мувофиқаткунӣ дар сатҳи маҳаллӣ, минтақавӣ, миллӣ ва байналмиллалӣ мебошад.

Мақсади асосии Консепсияи гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувор ин таъмини муътадили рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ҳангоми нигоҳдории муҳити зист ва дуруст истифодабарии захираҳои табиӣ барои қонеънамоии эҳтиёҷоти насли имрӯза ва эҳтиёҷоти насли минбаъдаи давлат ба ҳисоб меравад.

Принсипҳои рушди устувор дар се марҳила амалӣ мегардад. Марҳилаи аввали гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувор асосан ба амалинамоии Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2007-2009 такя мекунад. Дар ин маврид зарур аст, ки идоракунии ҷараёнҳои экологиро дарк ва аз худ намоем, маҳдудиятҳои экологии асоснокшударо дар фаъолияти хоҷагидорӣ риоя намоем, инчунин диққати махсусро ба масъалаҳои маълумотнокии аҳолӣ оиди ҳифзи муҳити зист, чорабиниҳои оиди кабудизоркунии гирду атроф, ки дар доираи конвенсияи экологии имзонамудаи глобалӣ овардашудааст равона созем.

Марҳилаи дуюм дар доираи амалинамоии Стратегияи миллии рушд то соли 2015, ки дар он ислоҳоти сохтории ба сатҳи нави сифати баромадан, ба рушд характери устуворӣ додан, камбизоатиро аз байн бурдан ва пай дар пай сифати зиндагии аҳолиро баланд бардоштан, пешбинӣ шудааст. Дар ин марҳила чораҳои пешгирикунанда оиди коркарди олотҳои рушди устувор нисбати мутобиқшавӣ ба тағийрёбии иқлим, заволёбии замин, ифлосшавии ҳаво ва ғайра пешбинӣ карда
шудааст.

Таъмини гузариши давлат ба рушди устувор яке аз масъалаҳои сеюми консепсия буда, амалинамоии сиёсат оиди сиҳатнамоии иқтисодиёт ва муътадилкунии он, ки шароити зарурӣ барои бадастории прнсипҳои рушди устувор ба ҳисоб меравад. Дар ин марҳила пешниҳоди оғози ташаккули низоми иқтисодии ба экология нигаронидашуда ва ҳамгироии прнсипҳои рушди устувор дар тамоми соҳаҳои ҷамъият пешбинӣ карда шудааст. Беҳбудии экологии атрофи давлат пеш аз ҳама аз ҳисоби самаранок истифодабарии иқтидори бойи табии давлат, тавассути дохилнамоии технологияиҳои инноватсионӣ, коркарди нақша ва сохтмони истеҳсолоти аз чиҳати экологӣ тоза, шаҳрсозӣ ва инфраструктура таъин карда мешавад.

Дидан карданд: 395

Мавзӯъҳои монанд:

Консепсияи гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувор

Меъёр ва индикаторҳои рушди устувор

Масъалаҳои асосӣ ва боҳамалоқамандӣ

Марҳилаҳо ва қонуниятҳои Рушди Инсонӣ

Моҳияти Рушди Инсонӣ ва ташаккули категорияҳои Рушди Инсонӣ

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: