|

Моҳияти Рушди Инсонӣ ва ташаккули категорияҳои Рушди Инсонӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2018-10-17

1. Моҳияти РИ ва ташаккулёбии категорияҳои РИ. Таи солҳои дароз ба сифати яке аз нишондиҳандаҳои асосии ҳадафноки рушд, ки дар таҳияи сиёсат ба назар гирифта мешавад, ин рушди иқтисодӣ дониста шудааст. Чунин қабулгардида буд, ки ноил шудан ба рушди иқтисодӣ ба таври худ-кор ба рушди инсон ва кули ҷомеа оварда мерасонад ва афзоиши ҳаҷми умумии истеҳсолот (масалан, рушди ММД ба ҳар сари аҳолӣ) миқёси қашшоқиро коҳиш дода, ба беҳбудии некӯаҳволии умумии аҳолӣ оварда мерасонад. Ақидаи мазкур ба он асос ёфта буд, ки истеҳсолот даромадро тавлид намуда, сатҳи баландтари даромад дар навбати худ некӯаҳволии моддӣ ва ё иқтисодиро баланд мебардорад.

Алоқа байни афзоиши истеҳсолот ва коҳиши миқёси қашшоқӣ чунон зич маҳсуб меёфт, ки аксари иқтисодчиён фикр мекарданд, ки барои ба даст овардани ҳадафҳои рушд додани диққати бештар ба рушд кифоя мебошад. Ба қавли дигар, рушд на танҳо воситаи таъмини тараққиёт, балки ҳадафи худи тараққиёт гардид. Ба ин нигоҳ накарда, ҳатто дар он марҳила баъзе коршиносон дарк мекарданд, ки рушди иқтисодӣ худ ҳадафи ниҳоӣ неву балки восиати тараққиёт мебошад. Соли 1955б иқтисодчӣ аз Вест-Индия, дорандаи ҷоизаи Нобели Артур Люис ҳадафи тараққиётро ҳамчун «васеъ намудани интихоби инсон» таъриф намуд. Айнан чунин таърифот дар нахустин Гузориш оид ба рушди инсон, ки соли 1990 ба нашр расида буд, оварда шудааст. Фарқият дар он буд, ки Люис фақат зери мафҳуми интихоби васеъ даромади бештарро дар назар дошта, бештар ба он бовар дошт, ки рушди иқтисодӣ бечуну чаро ба рушди инсон оварда мерасонад.

Дарки он, ки рушди иқтисодӣ синонимии рушди инсонӣ намебошад, бо пайдоиши нооромиҳо ва камбизоатии аҳолӣ ба миён омад. Таҷрибаи баъзе кишварҳои рӯ ба тараққӣ нишон дод, ки вазъи одамон метавонад бо вуҷуди афзоиши истеҳсолот низ рӯ бакостагӣ биёрад. Дар чунин кишварҳо рушди босръати иқтисодӣ ба назар мерасид, лекин ба он нигоҳ накарда нобаробарӣ, шуғли нопурраи аҳолӣ ва камбизоатӣ дар ҳамаи ҷо боқӣ монд. Дар сурате, ки дигар кишварҳо ба даромадҳои ками худ тавонистанд, ки ба сатҳи хеле қаноатбахши некӯаҳ-волӣ ноил шаванд. Аён гардид, ки рушид иҷтисодӣ худ ба худ имконияти таъмини тақсимоти одилонаи захираҳоро надорад. Ин танҳо дар як миқдори ками мамлакатҳое рух дод, ки ҳукуматҳоашон чораҳои зарурии ҳадафнокро ҷиҳати баланд бардоштани баробарӣ андешиданд, аз он ҷумла барномаҳоеро дар амал тадбиқ намуданд, ки ба соҳаи маориф ва тандурустӣ равона шудаанд. Дар хусуси давлатҳои аз ҳама бой бошад, нишондиҳандаҳои ба мисли афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ, ифлоскунии муҳити зист, паҳншавии бемориҳо ва заифшавии вазъи иҷтимоӣ исботи онанд, ки сатҳи баланди даромад аз маҳрумияти инсонӣ дифоъ намекунад. Дараҷаи баланди рушди иқтисодӣ ба беҳбудии сатҳи зиндагии мардум оварда нарасонд.

Таҷрибаи солҳои 60-ум собит сохт, ки бе татбиқи барномаҳои калонмиқёси иҷтимоӣ расидан ба афзоиши назарраси сифати зиндагӣ, ҳалли масоили иҷтимоӣ-демографӣ, таъсиси низоми босамари шуғл ва коҳиш додани миқёси камбизоатӣ аз имкон дур мебошад.

Бо дар назардошти вазъу ҳолатҳои зикргардида, дар аввали солҳои 70-ум диққати махсуси консепсияҳои иқтисодӣ ба сӯи алоқамандии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ба масъалаи тақсимоти даромад ва осудаҳолӣ, пурзур кардани нақши сектори иҷтимоӣ равона шуд. Дар натиҷаи ин консепсияе бамиён омад, ки номи «аз ҳисоби рушд азнавтақсимкунӣ»-ро гирифт ва ҳадафи он таъмини некӯаҳволии мардум, алалхусус камбизоатон, инчунин афзоиши ММД, маош ва даромади аҳолӣ; кӯмаки калонҳаҷми давлатӣ ба соҳаи иҷтимоӣ ва ҷалби қисмати васеи аҳолӣ барои ширкат дар ҷараёни таҳиясозӣ ва банақшагирӣ буд. Он мебоист ба беҳтар гардидани тақсимоти безиёни даромаду моликияти сарватмандон оварда мерасонд.

Дар миёнаҳои солҳои 70-ум дар доираи консепсия усули мустақимтар таҳия гардид, ки бо номи «консепсияи эҳтиёҷоти аввалиндараҷа» машҳур гардид, ки дар он масъулияти давлат дар хусуси таъмин намудани воситаҳои зарурии зист ба ҳамаи одамон, яъне хӯрока, хизматрасонии тиббӣ, маориф зери диққати хоса қарор гирифта буд.

Бо вуҷуди ин, на ғояи «аз ҳисоби рушд азнавтақсимкунӣ» ва на «консепсияи эҳтиёҷоти аввалиндараҷа» ба таври васеъ паҳн гардиданд. Тақсимоти сохтаи тараққиёт ба ҷузъҳои иқтисодӣ ва иқтимоӣ боз ҳам паси сар нашуда буд. Алоқамандӣ байни рушди иқтисодӣ ва сифати ҳаёти одамон ҳоло ҳам то ба охир равшан нагардидааст. Масалан, зери талаботҳои аввалиндараҷа асосан молу хадамот фаҳмида мешуд, на ин ки нишондиҳандаҳои сифати ҳаёти одамон; давлат зери диққати асосӣ қарор гирифта, аҳолӣ ба сифати баҳрамандон дониста мешуд, на ба сифати ширкаткунандагони фаъоли фаъолияти ба таъмини рушди равонагардида. Илова бар он, чунин тадбирҳо фаъолияти иқтисодиро коҳиш дода, ҳамзамон хароҷотҳои давлатро ба соҳаи иҷтимоӣ аз ҳад
зиёд менамуданд.

Дар солҳои 80-ум маъмул гашт, ки рушди иқтисодӣ худ ба худ сарват ҳисоб шуда наметавонад. Дар аксари кишварҳо олам сустшавии суръати рушди иқтисодӣ ва бӯҳрони сохторӣ ба назар мерасиданд. Дар сиёсати тараққиёт ба ҷои якум авлавиятҳои сифатан нав монда мешаванд, ба мисли кам кардани қарз ва хароҷотҳои давлатӣ, дур намудани коҳиши иқтисодӣ. «Азавсозии сохторӣ» ва либеризатсияи иқтисодиёт диққатро ба назарияи қаблан пешниҳодшудаи сармояи инсонӣ, ки ба маблағгузории аз нигоҳи иқтисодӣ оқилона ба маориф, тандурустӣ, тайёрии касбӣ ва баррасии инсон ҳамчун омили умдатарини сармоявии истеҳсолот асос гирифтааст, пурзур намуданд. Аммо консепсияи зикргардида на ба ҳалли масоили камбизоатӣ пешниҳодҳои мушаххас баён кард ва на роҳҳои нави тараққиёти умуман зерсистемаи иқтисодӣ пешниҳод намуданд.

Дар посух ба сиёсати азнавсозиҳои сохторӣ ташкилоти ЮНИСЕФ (Андреа Джованни Корнеа, Френсис Стюарт, Ричард Джолли) ҷавоб гардонданд. Санаде таҳти унвони «Азнавсозӣ бо чеҳраи инсонӣ» (Adjustment with a Human Face) ба нашр расид, ки дар он муаллифон аҳамияти ислоҳотҳои сохториии иқтисодиро рад накарда, аз ХБА ва Бонки Умумиҷаҳонӣ даъват ба амал оварданд, ки ба масоили қашшоқӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии инсон диққати бештар дода шавад. Принсипи асосӣ он буд, ки ҷабҳаҳои иҷтимоӣ набояд ба маҷмӯи стратегияҳои азнавсозиҳои сохторӣ ба сифати ягона тайёироти он фақат «илова карда» шаванд. Ба ҷои ин онҳо бояд дар механизми нави маҷмӯӣ, ки барои давраи дарозмуддат ва эҳтиёҷоти инсон нигарон пешбинӣ мегардад, дохил карда шаванд.

Соли 1987 Кумитаи СММ оид ба банақшагирии тараққиёт тасмими гирифт, ки дар гузориши соли 1988-и худ хароҷотҳои инсонии азнавсозии сохториро зери таҳқиқ қарор диҳанд. Ин боиси гузаронидани тадқиқот таҳти роҳбарии М.Ул-Ҳақа, Амартия Сен, ва инчунин К.Гриффин ва Ҷ.Найт гардид, ки натиҷаи он дар лоиҳаи гузориши «Рушди иқтидори инсонӣ: андозагирии фаромӯшгардидаи стратегияи тараққиёт» ба нашр расид.

Шохиси рушди инсонӣ (ШРИ) баҳои маҷмӯии пешравии инсонро медиҳад. Шохис соли 1990 аз тарафи иқтисодчии покистонӣ Маҳбуб-ул Ҳақ (Mahbub ul-Haq) таҳия гардида, аз соли 1993 шурӯъ карда аз ҷониби СММ дар ҳисоботҳои солона оид ба рушди иқтидори инсонӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд. Ғайр аз ШРИ-и умумӣ, ШРИ барои мардон ва занон, гурӯҳҳои мухталифи нажодӣ ва иҷтимоӣ, инчунин минтақаҳо ҳисоб карда мешавад.

Ҳисоби шохиси иқтидори инсонӣ на танҳо дар кишвари мо, балки дар тамоми ҷаҳон низ масъалаи умда ба шумор меравад. Созмони баналмилалие вуҷуд дорад, ки ба масъалаи рушди иқтидори инсонӣ сарукор дошта, ҳайати он аз 189 кишвари олам иборат аст. Созмони мазкур дорои 8 ҳадаф мебошад, ки бояд дар давраи аз соли 1990 то 2015 ҷомаи амал пушанд.

Мафҳуми ШРИ/ШРИИ ҳамчун усули андозагирии рушди инсонӣ аз ҷониби Барномаи Рушди СММ (БРСММ) соли 1990 дар Гузориш оид ба рушди инсонӣ ворид гардиа буд. Дар муқоиса бо назарияҳои қаблӣ, консепсияи рушди инсонӣ инсонро дар мадди назар қарор дода, некӯаҳволии инсонро ҳадафи асосӣ ва ягонаи тараққиёт мешуморад.

Шохиси рушди иқтидори инсонӣ – нишондиҳандаи ҳисобии оморӣ ба ҳисоб рафта, дар он на фақат ҳаҷми истеъмоли неъматҳои моддӣ, балки имкониятҳо барои рушди инсонҳам, ки дар доираи низомҳои тандурустӣ ва маориф фароҳам оварда мешаванд, ба назар гирифта мешаванд.

Баҳои сифати зиндагӣ тавассути шохиси рушди иқтидори инсон дар асоси маҷмӯи минималии нишондиҳандаҳои асосӣ сохта мешавад. Ҳар яке аз нишондиҳандаҳои асосӣ аз рӯи миқдор яке аз самтҳои муҳими рушди инсониро мефаҳмонад, яъне дарозумрӣ, саводнокӣ ва худи сатҳи зиндагӣ.

Дарозумрӣ қобилияти аз сар гузарондани умри дарозу солимро тавсиф менамояд, ки маънои он интихоби табиии ҳаёт ва яке аз талаботҳои универсалии инсон мебошад. Нишондиҳандаи асосии дарозумрӣ – давомнокии миёнаи пешбинишудаи умр ҳангоми таваллуд (ДМПУТ). Ин нишондиҳанда, ки барои мардону занон алоҳида ҳисоб карда мешавад, дар асоси насли шартӣ ҳисоб гардида, аз маҷмӯи одамони синну солашон гуногуни дар соли овардашуда вафотгардида иборат мебошад. Дар шароити такмилсозии низоми тандурустӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии навтавлидшудаи воқеӣ, ки дар соли овардашуда ба дунё омадааст, нисбат ба фарзӣ ба ҳисоби миёна метавонад умри зиёдтар бинад.

Саводнокӣ ҳамчун қобилияти гирифтану андухтани дониш, муошират ва мубодилаи иттилоот баррасӣ карда мешавад. Хусусиятҳои саводнокӣ ин донишмандии аҳолии синну соли болиғ ва пуррагии миқёсии фарогирӣ ба таълим. Зери мафҳуми саводнокӣ қобилияти инсон барои хондан, фаҳмидан ва навиштани матни кӯтоҳи оддӣ, ки ба ҳаёти рӯзмарраи он фаҳмида мешавад. Сатҳи саводнокии аҳолии синну соли болиғ – ҳиссаи босаводон дар байни одамони синну солашон 15 ё боло – нишондиҳандаи муҳимтарини самти мазкури рушди инсонӣ мебошад. Сатҳи саводнокӣ ба аҳолии воқеӣ таалуқ дошта, нишондиҳандаи вазъу ҳолати маориф ба ҳисоб меравад, ки аз саводнокии 10-20 соли қаблӣ вобастагии калон дорад. Барои мамлакатҳои саноатии дорои иқтисоди бозоргонӣ буда сатҳи саводноки насанҷида ба миқдори 99 % муқаррар карда шудааст. Тамоюли болоравии сатҳи маърифатнокӣ ва зарурати инъикоси беҳтари тафовути байни давлатҳои саноатиро ба назар гирифта, маърифтанокиро акнун тавассути ду нишондиҳандаи асосӣ баҳогузорӣ менамоянд, яъне сатҳи саводнокии аҳолии синну соли болиғ ва ҳиссаи умумии иштирокчиён. Нишондищандаи охир ҳамчун нисбати шумораи умумии таълимгирандагони (ба қайдгиирфташудаи) ҳамаи зинаҳои таълим (ибтидоӣ, миёна (миёнаи махсус)б олӣ, баъди донишгоҳӣ) новобаста аз синну соли онҳо ба шумораи умумии аҳолии синун солашон аз 6 то 24-сола ҳисоб карда мешавад.

Сатҳи зиндагӣ маънои дастрасӣ ба захираҳои моддиест, ки барои зиндагии шоиста зарур мебошанд, аз он чумла «гузарондани тарзи ҳаёти солим, таъмини зудҳаракатии иҷтимоӣ, мубодилаи иттилоотӣ ва иштирок дар ҳаёти ҷомеа». Сатҳи зиндагӣ дар муқоиса бо дарозумрӣ ва саводнокӣ, танҳо имкониятҳоеро пайдо мекунад, ки дар инсон вуҷуд доранд, вале тарзи истифодаи онҳоро муайян наменамояд. Ба қавли дигар, ин воситаест барои васеъ намудани имконият барои интихоб, вале на худи интихоб. Интихоби нишондиҳандаи асосӣ, ки инъикосгари пурраи самти мазкури рушди инсонӣ мебошад, масъалаи ҷидиро пеши рӯ меорад. Нишондиҳандаи идеалии сатҳи зиндагӣ мебоист як қатор омилҳоро дар бар мегирифт: даромади шахсӣ, тақсимот байни қабатҳои ҷомеа; моликияти қаблан андухташуда; дастрасӣ ба захираҳои замин ва қарз; пешрафти инфрасохтор ва механизми дастрасӣ ба захираҳои истеъмолии ҷамъиятӣ (тандурустӣ, маориф, нақлиёт, хизматрасониҳои коммуналӣ ва ғайраҳо); тарзи ҳаёти фардӣ; андоза ва сохтори оила; неъматҳое, ки дар хоҷагии хона истехсол мешаванд; шароитҳои табиӣ-иқлимӣ ва экологӣ дар макони зист ва ғайраҳо.

Барои баҳогузории сатҳи зиндагӣ нишондиҳандаи ғайримустақими асосӣ – Маҷмӯи махсулоти дохилӣ (ММД) ба ҳар сари аҳолӣ истифода бурда мешавад. Барои қиёси байнидавлатӣ ММД-и воқеӣ ба ҳар сари аҳолӣ истифода мешавад, ки он мувофиқи паритети? қобилияти харидорӣ (ПҚХ)-и асъор ҳисоб карда мешавад.

Ҳамин тариқ, андозаи ШРИИ ҳамчун критерияи ҷудокунии давлатҳо ба гурӯҳҳо аз рӯи дараҷаи рушди инсонии худ хизмат мекунад. Новобаста аз сатҳи таарққиёти иқтисодӣ (чӣ саноатӣ ва чӣ рӯ ба тараққӣ) ба гурӯҳи давлатҳоеи дорои дараҷаи баланди рушди инсонӣ онҳое дохил мешаванд, ки ШРИИ > 0,8 мебошад; ба гурӯҳи давлатҳои дорои дараҷаи миёнаи рушди инсонӣ онҳое дохил мешаванд, ки 0,5 < ШРИИ < 0,8 мебошад; ба гурӯҳи давлатҳои дорои дараҷаи пасти рушди инсонӣ бошад онҳое дохил мешаванд, ки дар онҳо ШРИИ < 0,5 мебошад. Қатъи назар аз классификатсия ва ҷудокунии давлатҳои ба гурӯҳҳо, ҳисоб намудани ШРИИ ва шохисҳои андозаҳои алоҳида имконияти баҳогузории мутобиқати ҳолати мавҷударо тавассути баъзе аломатҳо медиҳад, ки дар шакли андозаҳои оптималии нишондиҳандаҳои рушди инсонӣ, ва инчунин бо мурури замон тағйирёбии онро ифода менамояд. Муқоисаи шохисҳои дарозумрӣ, саводнокӣ ва сатҳи зиндагӣ имконият медиҳанд, ки таҳти шароитҳои баробар авлавиятнокии барномаҳои дахлдори рушди инсониро муайян намоед. Шохиси андозагии рушди инсонӣ метавонанд барои муайян сохтани ҳаҷмҳои дилхоҳи маблағгзории барномаҳои рушди инсонӣ дар сатҳҳои миллӣ ва минтақавӣ имконият медиҳад.

Дидан карданд: 493

Мавзӯъҳои монанд:

Консепсияи гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувор

Меъёр ва индикаторҳои рушди устувор

Масъалаҳои асосӣ ва боҳамалоқамандӣ

Марҳилаҳо ва қонуниятҳои Рушди Инсонӣ

Моҳияти Рушди Инсонӣ ва ташаккули категорияҳои Рушди Инсонӣ

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: