|

Арзиши истеъмолии гўшти моҳӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2018-09-26

Гўшти моҳӣ аз рўи арзиши истеъмолӣ дар байни маҳсулоти сафедадори ҳайвонӣ яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд. Сафедаҳои гўштӣ моҳӣ хуб ҳал мешаванд ва дар таркиби худ аминокислотаҳои ивазнашаванда доранд. Миқдори умумии сафедаҳо дар гўшти моҳӣ ба ҳисоби миёна 15-20% - ро ташкил медиҳад. Дар гўшти моҳӣ инчунин сафедаҳои камарзиш дучор мешаванд, ки онҳо 3% - ро ташкил медиҳанд. Дар гўшти моҳӣ мушакҳои пайвасткунанда нисбат ба гўшти дигар ҳайвонҳо панҷ маротиба камтар мебошад.
Равғани моҳӣ моеъ буда, дар таркибаш то 84% кислотаҳои носери равғанӣ дучор мешавад. Ин равған дар организми инсон нағз ҳал шуда тез талх шуданаш мумкин аст. Дар таркиби гўшти моҳӣ 0,1 – 32% равған дучор мешавад, ки аз намуди моҳӣ, фарбеҳӣ, ҷинс, синну сол ва дигар омилҳо вобаста аст. Моддаҳои арзишноки гўшти моҳӣ пайвастагиҳои азотӣ мебошад, ки 2,3 – 4,5% - ро ташкил медиҳанд. Ин моддаҳо ба мазза, бўй ва ҳалшавии ғизо таъсири мусби мерасонад. Дар таркиби гўшти моҳӣ карбогидратҳо ҳамагӣ 0,5 – 1% - ро ташкил медиҳанд, ки ба арзиши истеъмолии гўшт таъсир нарасонад ҳам, барои хуб пухтани гўшт роли асосиро мебозанд.
Моддаҳои маъданӣ дар гўшти моҳӣ як хел нестанд. Дар гўшти моҳӣ бисёр макро ва микро элементҳо ба монанди фосфор, калсий, магний, оҳан, калий, йод, мис, кобалт, марганес, рўх, қурғошим ва ғайра дучор мешаванд. Дар гўшти моҳии баҳри бисёртари йод мавҷуд мебошад. Умуман моддаҳои маъданӣ дар таркиби гўшти моҳӣ 1,2 – 1,9% мавҷуд мебошанд. Инчунин дар таркиби гўшти моҳӣ витаминҳои А,С,Д ба миқдори кам К,Е, ва В дучор мешаванд.
Гўшти моҳӣ барои инсон нисбат ба дигар намуди гўштҳои истеъмолӣ фоидаовар аст. Ба ғайр аз он гўшти моҳӣ барои одамони фарбеҳ ғизои парҳезӣ ба ҳисоб рафта истеъмоли онро дар вақти касалиҳои ҷигар, руда, меъда ва ғайра тавсия медиҳанд. Хулоса одамоне, ки гўшти моҳиро бисёртар истеъмол менамоянд, хуб хоб мераванд, кам касал мешаванд ва дароз умранд. Ҳамаи инро ба ҳисоб гирифта то солҳои 90 – уми асри гузашта дар ш. Душанбе мағозаҳои махсуси фурўши маҳсулоти моҳигӣ ба монанди « Океан » ташкил карда шуда буд. Инчунин ҳафтаи як рўз ш. Душанбе дар тамоми муасисаҳои хўроки омма, ғизои моҳогӣ тайёр карда ба истеъмолкунандагон пешниҳод мекарданд.

Дидан карданд: 150

Мавзӯъҳои монанд:

Маҳсулоти ғайри моҳигии баҳрӣ

Маҳсулоти моҳигӣ

Таснифи моҳиҳои шикорӣ

Арзиши истеъмолии гўшти моҳӣ

Маълумоти умумӣ дар бораи моҳӣ

Консерваҳои гўштӣ ва ҳасибҳо

Маҳсулоти дуюминдараҷаи гўштӣ

Гўшти парандаҳои хонагӣ ва харгўш

Маълумоти умумӣ дар бораи гўшт

Маҳсулоти тухмӣ

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: