|

Маълумоти умумӣ дар бораи моҳӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2018-09-26

Моҳӣ ва дигар ғизое, ки аз об шикор карда гирифта мешавад, яке аз манбаи асосии сафедаи ҳайвонӣ барои ҷисми инсон ба ҳисоб мераванд ва дар вояи хўроки инсон ҷои муаянро ишғол мекунанд.
Моҳиҳо ҳайвонҳои мўҳрадори дараҷаи паст ба ҳисоб мераванд, ки ҳарорати бадани онҳо доимӣ набуда, ба муҳити зист вобастагӣ дорад. Шакли бадани моҳиҳо мувофиқи тарзи зиндагиашон ҳар хел мешавад. Чунончи, бадани баъзе моҳиён ( шуртани азовӣ ) бисёр ғафси баланд буда, бадани дигарашон ( лаққа моҳӣ, гулмоҳӣ ) хеле дарозрўя ё моршакл аст
( бадани леинога ), тани моҳиёне, ки дар таги об зиндагӣ мекунанд
( камбала ) паҳн аст.
Рўи бадани моҳиро пўст пўшидааст, ки вай моҳиро аз зарарҳои механикӣ ҳимоя мекунад. Инчунин пўст аъзои ҳис мебошад, дар мубодилаи моддаҳо бо роҳи хориҷ намудани луҳоб иштирок мекунад, дар ин ҳол луҳоб роли дигарро ҳам мебозад, яъне вай ба рўи пўст молида мешавад ва бо ҳамин дар об молиш ёфтани бадани моҳиро кам када, ҳаракат кардани моҳиро осон мекунад. Дар худи пўсти моҳиҳо ҳуҷайраи пигментӣ ҳастанд, ки ба воситаи онҳо бадани моҳӣ ягон хел ранг мегирад. Рўи пўсти бисёрии моҳиҳоро пулакча, яъне лаъличаҳои махсуси устухонӣ, ки шакл ва сохти махсус доранд пўшидааст. Пулакчаи моҳиҳои оилаҳои гуногун ҳар хел сохт дорад. Аъзои ҳаракаткунандаи моҳӣ қаноти шиноварии дум, шткам ва тахтапушт ба ҳисоб меравад. Сохт, миқдор, мавқеи ҷойгиршавии қанотҳои шиноварии моҳиҳои гуногун ҳар хел аст ва аз рўи ин аломат дар вақти савдо аз кадом оила будани моҳиро муайян кардан мумкин аст.
Аъзои нафаскашии ҳамаи моҳиҳо ғалсамаҳо мебошанд, ки аз сабаби хеле бисёр будани рагҳои хунгузар онҳо димо сурханд. Бисёрии бемории моҳиҳо пеш аз ҳама дар ғалсама мушоҳида карда мешавад ва аз ҳамин сабаб ин қисми моҳиро истеъмол намекунанд. Аъзои ҳазми хўроки моҳиҳо аз ковокии даҳон, ҳалқ, сурхрўда, меъда, рўдаи пеш, миёна ва рўдаи ақиб, ки бо сўрохии мақъад ба охир мерасад, иборат аст. Дар бадани моҳӣ меъда, ҷигар ва пуффаки талха ҷойгир шудааст. Пуффаки шиноварӣ ба моҳӣ имконият медиҳад. Ки дар об боло ва поён равад. Аммо на ҳамаи моҳиҳо пуффаки шиноварӣ доранд. Масалан, баъзе намудҳои камбала ва моҳиёни дигари камҳаракат пуффаки шиноварӣ надоранд.
Моҳиҳо қисми асосии бадани моҳиёнро таркиб медиҳанд ва мисли мушакҳои дигар ҳайвонҳои гармхун, аз нахҳои дарозрўяи мускулӣ, ки ба системаи мураккаби бандчаҳо пайвастаанд, иборат мебошанд. Гўшти равғанмоҳӣ камбала пигменти мускулӣ надоранд. Гўшти хоми онҳо беранг ва ҷўшонда шудааст сафед мешавад. Ранги гўшти баъзе моҳиҳо гулобӣ ё норинҷӣ шуданаш мумкин аст, гўшти моҳиҳо хеле нарм ва сероб аст, ки миқдори он то 84% мешавад.
Скелети моҳиҳо аз стун мўҳра, устухонҳои қабурға, сар, такягоҳи қанотҳои шиноварӣ ва ғайра иборат. Скелети моҳиҳо устухонҳои майдаи хормонанди бисёре доранд, ки дар мағзи мушакҳо ҷойгир шудаанд. Устухонҳои моҳиҳо аз устухонҳои дигар ҳайвонҳои гармхун чунин фарқ доранд, ки илиқ надоранд.
Ҳар қадаре, ки қисмҳои ба хўрдан боби бадани моҳӣ бисёр бошад. сифати он ҳамон қарор баланд ҳисоб карда мешавад. Чӣ қадар моҳӣ хурд бошад, вазни хоси скелети устухонии ба хўрдан нобоб зиёдтар мешавад. Синну соли моҳӣ калон бошад, вазн зиёд ва равғаннокиаш

З а ғ о р а м оҳ ӣ яке аз намуди моҳиҳои оилаи гулмоҳӣ ба ҳисоб меравад, ки аҳамияти саноатӣ дорад. Зағорамоҳӣ гармидўст буда, дар ҳавзаҳои баҳр ва дарёҳои сусҷараён зиндагӣ мекунад ва дур намеравад. Дар ҳавзаҳои бҳри Сиёҳ, Аваз, Каспий, Арал ва дар ҳавзаи дарёҳои уқёнуси Ором дучор мешавад. Дар шароити ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сирдарё, поёноби дарёи Вахш, Кофарниҳон, Панҷ, обанбори Фарҳор, Муъминобод, Селбурсой, Қайраққум вомехўрад.
Одатан Зағарамоҳӣ дар 4 – 5 Солагиаш болиғ шуда дар ҷое, ки обсабзҳо, бисёр аст тухм мегузорад. Бадани зағарамоҳӣ дукшакл буда, дарозиаш то 1м мешавад ва бо пўлакчаҳо пўшонида шуда аст. Даҳон дар қисми поёнии сар ҷойгир шуда, лаби болои ду ҷуфт мўйлаб дорад. Дандонҳо дар қисми гулў сеқатор ҷойгир шудааст ва боли шиновари сурхчатоб дорад. Зағорамоҳӣ ҳайвонҳои бемуҳос, гиёҳ ва тухми моҳиҳоро ғизо мекунад. Гўшташ бомазза, равғаннокиаш то 4% мешавад. Зағорамоҳӣ дар кўлҳои сунии моҳипарварии ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ноҳияи Хоҷамастон, Ҷилликул, М. Ҳамадони мавҷуд аст парвариш карда мешавад. Ин намуди моҳиро асосан ба намуди тару тоза ба истеъмолкунандагон пешниҳод мекунанд.
Ш и р м о ҳ ӣ як навъи моҳии нозуки оилаи гулмоҳиҳо ба ҳисоб меравад. Бадани ширмоҳӣ бо пўлакчаҳои хурд пўшида шудааст, дарозии тана то 1 м, вазнаш то 10 кг мешавад, ки равғаннокиаш 5 – 10% - ро ташкил медиҳад шикампардаи сиёҳи заҳрнок ва ду ҷуфт мўйлаб дорад. Дар Тоҷикистон дар ҳавзаи дарёи Зарафшон, Сир, Кофарниҳон, Вахш, Панҷ, Исфара ва Қизилсў зиндагӣ мекунад. Дар вилояти бадахшони кўҳи то баландии 3900 м аз сатҳи баҳр дучор мешавад.
Ширмоҳӣ баҳорон дар ҷойҳои нисбатан ороми дарёҳо тухм мегузорад. Ширмоҳӣ ҳайвонҳои бемуҳра ва растаниҳои обиро ғизо мекунад. Ширмоҳиҳои аҳамияти саноати доштаро асосан аз кўли Балхаш ва Иссиқкўл мегиранд. Ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки шикампардаи сиёҳ ва тухми ширмоҳӣ заҳрнок аст. Ширмоҳиро бисёртар ба намуди тару тоза, дуддодашуда ва хушкардашуда истеъмол менамоянд.
П е ш о н а ғ а ф с моҳии нисбатан калон буда, дарозии тана 0,75 м мешавад. Вазни миёнаи ин намуди моҳи 0,12 – 1,2 кг – ро ташкил медиҳад, баъзан 6 – 7 кг шуданаш мумкин аст. Пешонағафсро дар ҳавзҳои сунии моҳипарварӣ дар ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон парвариш мекунанд, ки ба онҳо мисол шуда метавонад, канали Қайрақум, совхози моҳипарварии ноҳияи А. Ҷомӣ, савхози Чубеки ноҳияи М. Ҳамадонӣ ва ғайра. Умуман пешрнағафс яке аз моҳиҳои асосии ҳавзҳои сунъии моҳипарвари ба ҳисоб меравад, чунки он нисбатан тез калон мешавад. Пешонағафс моҳии алафхўр буда, ҳавзҳоро аз обсабзҳо ва алафҳо тоза менамояд.
Гўшти пешонағафс мазаи хуб дорад ва серравғанноки, 4,5 – 23,5% - ро ташкил медиҳад. Ба нуқтаҳои савдо ба таври зинда, хунуккарда шуда ва яхкарда шуда бароварда мешавад.
Суфмоҳӣ яке аз намуди окунҳо буда аҳамияти саноатӣ дорад ва вазнашон то 10 кг мешавад. Дар обҳои ширин зиндагӣ мекунанд. Дар тахтапушт ду қанот дорад, ки қаноти якум сахт ва дуюмаш нарм мебошад. Гўшти суфмоҳиро бисёртар барои моҳишурбо ва консервакунӣ истифода мебаранд.
Л а қ қ а м о ҳ ӣ намояндаи ягона худи лаққамоҳии муқарари ба ҳисоб меравад, ки дар обҳои ширин зиндагӣ мекунад. Дарозии ин моҳи то 5 м вази миёна 1 – 5 кг буда, баъзан то 300 кг мешавад. Калла ва даҳони лаққамоҳи калон мешавад, ки дар қисми сар 3 ҷуфт мўйлаб дорад. Дар зоғи болои як ҷуфт мўйлаби дароз ва дар зоғи поёнӣ ду ҷуфт мўйлаби кўтоҳ мушоҳида карда мешавад. Қаноти тахтапушт хурд, қаноти паҳлу дароз ва қаноти думи кўтоҳ мебошад.
Гўшти лаққамоҳӣ сафеди беустухон, бомазза, бўи сабуки лойқа дорад, ки дар таркибаш 4 – 11% равған дида мешавад. Ба нуқтаҳои савдо ба намуди зинда, хунуккардашуда, яхкардашуда ва консерваи он бароварда мешавад.

Дидан карданд: 181

Мавзӯъҳои монанд:

Маҳсулоти ғайри моҳигии баҳрӣ

Маҳсулоти моҳигӣ

Таснифи моҳиҳои шикорӣ

Арзиши истеъмолии гўшти моҳӣ

Маълумоти умумӣ дар бораи моҳӣ

Консерваҳои гўштӣ ва ҳасибҳо

Маҳсулоти дуюминдараҷаи гўштӣ

Гўшти парандаҳои хонагӣ ва харгўш

Маълумоти умумӣ дар бораи гўшт

Маҳсулоти тухмӣ

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: