|

Маҳсулоти дуюминдараҷаи гўштӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2018-09-26

Ба маҳсулоти дуюминдараҷаи гўштӣ ҷигар, гурда, шуш, шикамба, гўшти калла, забон, дум, поча, сина мансубанд ва дар вақти коркарди якуми гўшт ҷудо карда гирифта мешавад. Аз рўи арзиши истеъмолӣ онҳоро ба категорияҳои 1 ва 2 тақсим менамоянд.
Ба маҳсулоти дуюмдараҷаи гўшти категорияи 1 забон, ҷигар, гурда, дил,гўшти думи гов ва гўсфанд дохил мешаванд. Ба категорияи дуюм гўшти каллаи гов бе забон, гўшти каллаи гўсфанд бо забону майна, поча, шикамба, шуш ва сабурс дохил мешавад. Дар таркиби маҳсулоти дуюмдараҷаи гўштии категорияи якум 9 – 17,4% сафеда, 1,8 – 13,7% равған 0,7% моддаҳои маъданӣ - намакҳои фосфор, калсий, оҳан, магний, калий, натрий дучор мешавад. Таркиби кимёии маҳсулоти дуюминдараҷаи гўшти гов дар ҷадвали 19 оварда шудааст.

Ҷадвали 19. Таркиби кимёии маҳсулоти дуюминдараҷаи гўшти гов
( ба ҳисоби миёна дар 100г ).

Номгўи маҳсулоти дуюмдараҷаи гўштӣ

Моддаҳои асосӣ

Эзоҳ

Ба ҳисоби %

Моддаҳои маъданӣ ба ҳисоби мг

об

сафеда

равған

Р

Са

Мg

Дил

79,0

15,0

3,0

210,6

7,4

4,8

22,5

Дар таркиби
ин маҳсулот
липоидҳо
низ
дида
мешаванд.

Ҷигар

79,9

17,4

3,1

339,0

8,8

5,4

17,0

Гурда

82,7

12,5

1,8

219,5

7,1

9,4

15,0

Забон

71,2

13,6

12,1

162,0

5,0

7,1

19,0

Мағзи сар

78,9

9,5

9,5

342,6

6,1

5,1

16,1

Шуш

77,5

15,2

4,7

194,3

10,1

10,4

11,7

Гўшти калла

67,8

18,1

12,5

156,7

6,3

15,2

18,9

Гўшти дум

71,2

19,7

6,5

162,0

4,5

7,3

18,9

гўш

69,8

25,2

2,3

64,5

11,1

22,3

10,8


Аз ин ҷадвал дида мешавад, ки моддаҳои асосии маҳсулоти дуюмдараҷаи гўшти говро об, сафеда, равған ва моддаҳои маъданӣ ташкил медиҳанд ва миқдори онҳо гуногун мебошад.
Аз ҷиҳати витаминҳо баъзеи маҳсулоти дуюминдараҷаи гўшти хусусан ҷигар, гурда ва дил аз гўшт боло меистанд. Дар ҷигар ба миқдори зиёд витаминҳои А, В, РР мавҷуд мебошанд. Аз ҷиҳати қувватнокӣ забон, ҷигар, мағзи сар, сина ва ғайра аз гўшт ками надоранд ва он дар ҷадвали 20 нишон дода шудааст.

Ҷадвали 20. Қувватнокии маҳсулоти дуюминдараҷаи гўштӣ (ба ҳисоби миёна дар 100г)

Номгўи маҳсулоти дуюминдараҷаи гўштӣ

Қувватнокӣ

ккал

кҶ

1

Дил

113

437

2

Ҷигар

126

532

3

Гурда

87

344

4

Забон

191

800

5

Мағзи сар

64

268

6

Синаи гов

199

834

        
Аз ҷадвали 20 дида мешавад, ки қувватнокии забон ва синаи гов аз ҳама баландтар аст.

Дидан карданд: 451

Мавзӯъҳои монанд:

Маҳсулоти ғайри моҳигии баҳрӣ

Маҳсулоти моҳигӣ

Таснифи моҳиҳои шикорӣ

Арзиши истеъмолии гўшти моҳӣ

Маълумоти умумӣ дар бораи моҳӣ

Консерваҳои гўштӣ ва ҳасибҳо

Маҳсулоти дуюминдараҷаи гўштӣ

Гўшти парандаҳои хонагӣ ва харгўш

Маълумоти умумӣ дар бораи гўшт

Маҳсулоти тухмӣ

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: