|

Тамоку ва маҳсулоти он

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2018-09-25

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1970 - 1990 тамокупарварӣ хеле хуб тараққӣ намуд ва ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент, Ванҷ, Дарвоз ҳамчун ноҳияҳои махсусгардонидашудаи ба шумор мераванд. Дар айни замон заводҳои калонтарини коркарди тамоку дар шаҳрҳои Душанбе ва Панҷкент кор карда истодаанд. Ба маҳсулоти тамокугӣ папирос, сигарет, сигара, махорка, тамокуи димоғӣ (нос) ва тамокуи чубуқӣ дохил мешаванд.
Дар табиат бисёр намудҳои тамоку дучор шаванд ҳам, танҳо баъзеи онҳо алколоиди никотин доранд, ки системаи асабро бармеангезонанд. Ду намуди асосии тамоку - Nicotiana tabacum (ҳамаи хелҳои тамокуи зард) ва Nicotiana rustica (махорка) аҳамияти калони саноатӣ доранд. Тамокуҳои зард ба тамокуҳои склетӣ ва хушбўй тақсим мешаванд. Тамокуи склетӣ дар вақти кашидан дуди махсуси тамокуро медиҳад ва бўи бегона надорад. Тамокуи хушбўй ба ғайр аз бўи асос, бўи хуш ҳам дорад.
Зироати тамоку меҳнатталаб аст. Вайро, одатан, дар гармхонаҳо парвариш карда, ба майдонҳои кушод кўчат мекунанд. Дар вақти дар саҳро сабзиданаш якчанд маротиба хишова намуда, байни қаторҳоро нарм менамоянд. Баргҳоро баъди пухтанаш дар давоми 1,5 – 2 моҳ ҷамъоварӣ менамоянд.
Алкалоиди никотин (C10H14N2 ) моеи беранги равғанмонанд аст, дар ҳаво ранги ҷигарӣ пайдо мекунад, ҳарорати ҷўшишаш 2460С мебошад, дар об, спирт, эфир ва ғайра зуд ҳал мешавад. Маҳлули обии никотин реакцияи ишқорӣ медиҳад ва бо кислотаҳо намак ҳосил мекунад. Никотин хеле заҳрнок аст ва 0,08 грамми он меъёри марговар ба ҳисоб меравад. Ба ғайр аз никотин дар тамоку алкалоидҳои дигари ба никотин наздик, ба монанди норникотин ва анабазин дучор мешаванд, аммо миқдори онҳо хеле кам мебошанд.
Баргҳоро аз поён ба боло мечинанд, зеро онҳо ҳамин тавр пухта мерасанд. Гурўҳи баргҳои поён, ки аз 3-5 дона иборат аст, тамокуи сифаташ паст медиҳад, чунки онҳо ба Замин наздик ҷойгир шуда одатан ифлос мебошанд ва аз ҷиҳати вазн қариб 10% -и тамоми ҳосилро ташкил мекунанд. Гурўҳи дуюми баргҳоро баъд аз 7 – 8 рўз ҷамъоварӣ менамоянд ва 15% - и ҳосилро ташкил дода, тамокуи сифаташ миёна медиҳанд. Тахминан баъди як ҳафтаи гурўҳи сеюм ва баъд аз як ҳафтаи дигар гурўҳи чоруми баргҳоро чида мегиранд. Ин гурўҳи баргҳо хушсифат буда, 45 – 50 % - и ҳосилро ташкил медиҳанд. Баргҳои нўг, мувофиқи обу ҳаво 1- 2 маротиба ғундошта мешаванд ва онҳо ашёи хоми хушсифат ба ҳисоб мераванд. Шароити иқлиму обу ҳаво ба сифати тамоку таъсири калон расонида метавонад.
Д а м д и ҳ ӣ ва х у ш к к у н и и б а р г. Барги нав ҷамъоварӣ шуда то 90% об дорад. Баргҳоро дар вақти кандан ба сабатҳо андохта, баъд онҳоро ба ресмонҳои 5 – метрӣ мегузаронанд. Ин кор асосан дастӣ иҷро карда мешавад. Ин гуна баргҳоро аввал дам дода, баъд хушк мекунанд. Барои дам додан ресмонҳои барг гузаронидашударо ба чорчўбаҳои чўбин зич-зич овехта, якчанд рўз дар ҷои борон ногузар нигоҳ медоранд. Баргҳои тамокуро аввал дар ҳавои кушод хушк карда, баъд тўда-тўда бо қабати ғафсиаш қариб 20см паҳн карда, сонӣ дам додан ҳам мумкин аст. Дар вақти хушк кардан баргҳо то 10% обашонро бухор мекунанд ва қобилияти шикастанашон камтар мешавад.
Дар вақти дамдиҳӣ боз қариб 25 – 30 % оби баргҳо бухор шуда ва 10 – 15 % моддаи хушки баргҳо талаф меёбанд. Дар ин вақт хлорофилли барг вайрон шуда, ранги онҳо зардча мешаванд. Тарзи дамдиҳӣ ба сифати тамоку таъсири калон мерасонад.
Баъд аз дам додан баргҳои тамокуро хушк кардан лозим аст, то ки барои дуру дароз нигоҳ доштан имконият пайдо шавад. Баргҳои тамокуро ё дар шароити табиӣ ё дар хушккунакҳои сунъӣ дар ҳарорати 30 - 60 0 С чунон қоқ мекунанд, ки намиашон то 12 – 14 % боқӣ монад.
Ҳушккунии табиӣ (офтобӣ) то 20 шабонарўз ва сунъӣ бошад то
4 шабонарўз давом меёбад. Баргҳои хушки аз ресмон гирифташудаи тамокуро ба навъҳо ҷудо намуда, той мебанданд. Ба ҳар той тамокуи типи муайян, навъи муайяни фурўшӣ ва гурўҳи муайяни баргҳоро бо миқдори намиашон баробар ҷой мекунанд.
Ф е р м е н т а т с и я и т а м о к у. Дар тамокуи той басташуда бо сар шудани баҳор дар зери таъсири ферментҳо раванди ферментатсия инкишоф меёбад, яъне тамоку худ аз худ нам пайдо мекунад ва ҳарораташон 35 - 400С ва аз ин ҳам зиёдтар мешавад. Баргҳои нарм шуда, ранги сабзтобашонро тамоман гум мекунанд, бўи махсус пайдо карда, маззаашон нағзтар мешавад. Ин раванд 6 - 7 моҳ давом меёбад ва тамокуи ҳосили ҳамон сол ба фабрикаи коркарди тамоку соли оянда меравад. Ин ҳодиса, ки ферментатсияи мавсимӣ ном дорад, акнун ба ферментатсияи ғайримавсимӣ иваз карда шуда, дар заводҳои махсуси ферментасионӣ гузаронида мешавад ва дар байни 10-15 рўз тамом шуданаш мумкин аст.
Дар вақти ферментатсия дар баргҳои тамоку равандҳои мураккаби биокимиёӣ ба вуҷуд меояд, ки бештар характери гидролизӣ ва оксидкунандагӣ доранд: ранг, маззаю бўи тамокуро беҳтар намуда, онро ба муқобили мағоркунӣ устувор мекунанд.
И с т е ҳ с о л и т а м о к у аз чунин амалиёт иборат аст:
а) буридан ва тайёр намудани тамоку; б) майда кардани тамоку;
в) ба папирос ҷойкунии тамоку ва ба пачкаҳои тамокуи кашидани андохтани он; г) тамокуи реза – резаро ба гилзаҳои папирос ҷой кардан; д) ба қуттиҳо андохтани папиросҳо.
Дар саноати хўрокворӣ навъҳои гуногуни папиросро истеҳсол намуда, онҳоро номгузорӣ мекунанд. Ҳамаи папиросҳоро аз рўи сифаташон ба навҳои фурўшии зерин тақсим менамоянд: навъи олӣ, № 1 В, навъи 2-юми А, навъи 2 – юми б, навъи 3 юм. Навъҳои папирос аз ҷиҳати сифати тамокуашон фарқ доранд. Папиросҳо бояд озод ва бе ҳеҷ як зўрзанӣ кашида шаванд ва дар вақти кашидани меъёрӣ хомўш нашаванд. Онҳо бояд покиза, бутун буда, чоки мустаҳкам ва ҳамвор дошта бошанд.
С и г о р е т ҳ о. Нахи тамокугиро дар рўйпўши сигаретҳо, ки аз коғази сигаретӣ тайёр карда шудааст, ҷо ба ҷо менамоянд. Қоғази сигорет нисбат ба папирос тезтар месўзад. Тайёр намудани сигаретҳо нисбат ба папирос осонтар мебошад. Сигарет ду хел мешавад: сигарети филтрдор ва бефилтр. Вобаста аз филтр, сифати ашёи хоми истифода шуда, ченак ва ба тартибдарории онҳоро ба назар гирифта, сигаретҳоро ба ҳафт гурўҳ тақсим кардан мумкин аст.
Ба хелҳои сигарети филтрдори намуди якум - Молборо, Зодиак, Космос, Комета ва ғайраҳо ба шумор мераванд. Ба намуди дуюми филтдор Ява-100, Ленинград, Пойтахт, Лаъл ва ба хелҳои намуди сеюми сигарети филтдор - Золотое руно, Лира, Лайка, ба хелҳои намуди чоруми филтдор Астра, Ватра, Стрела, ба намуди панҷуми сигарети филтдор Ракета, Дукат, Нева, бефилтр – Прима, Чайка, ба намуди шашуми сигарет, ки филтр надорад Помир, Порашютист ва ба намуди ҳафтуми сигарети бефилтр Полёт, Шипка дохил мешаванд.
Сигаретҳо ҳам ба монанди папиросҳо аз рўи намуди беруна, маззаи дуди тамоку, бўи хуш ба талаботи стандарти амалкунанда бояд ҷавобгў бошанд.
Анборҳое, ки дар он тамоку ва маҳсулоти он нигоҳ дошта мешаванд, бояд хушк, покиза ва хеле хуб шамол дода шудагӣ бошанд, намии нисбии ҳавояш 60 - 70 %-ро ташкил диҳад. Фарши ин гуна анборҳо тахтагӣ буданаш лозим аст ва аз хок бояд 30 – 50 см баландтар бошад. Дар акси ҳол қуттиҳои папиросу сигоретҳоро ба болои молгузаракҳо, ки аз фарш камаш 10см болотар аст, чидан зарур мебошад.
Маҳсулоти тамокугиро бо хўроквории зуд вайроншаванда, инчунин бо молҳои бўяшон тез (керосин, рангу бор, чарм) ва ғайра якҷоя нигоҳ доштан мумкин нест. Дар вақти нигоҳ доштан, кашонидани маҳсулоти тамокугӣ бохабар шудан лозим аст, ки ба онҳо барфу борон нарасад.

Дидан карданд: 469

Мавзӯъҳои монанд:

Маҳсулоти ғайри моҳигии баҳрӣ

Маҳсулоти моҳигӣ

Таснифи моҳиҳои шикорӣ

Арзиши истеъмолии гўшти моҳӣ

Маълумоти умумӣ дар бораи моҳӣ

Консерваҳои гўштӣ ва ҳасибҳо

Маҳсулоти дуюминдараҷаи гўштӣ

Гўшти парандаҳои хонагӣ ва харгўш

Маълумоти умумӣ дар бораи гўшт

Маҳсулоти тухмӣ

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: