|

Маҳсулоти дорувордор (приятности)

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2018-09-25

Маҳсулоти болаззати пайдоиши растанигиро, ки дар хўроки омма ва саноати хўрокворӣ барои хушмазза, хушбўй ва хушҳазм кардани хўрок ба кор бурда мешаванд, ба гурўҳи маҳсулоти дорувордор мансуб мебошанд. Маҳсулоти дорувордошта дар таркибашон равғанҳои эфирӣ ва моддаҳои тундмазза доранд. Маҳсулоти дорувордошта вобаста ба растание, ки дар хўрок истифода бурда мешаванд, ба якчанд гурўҳ тақсим мешаванд:

  1. Тухмӣ - ҳардал, бодиён, кашниҷ.
  2. Мевагӣ - мурч, зира, қаламфур, қоти сиёҳ.
  3. Гулӣ - қаламфури гардан, шафран.
  4. Баргӣ - барги ғор, ҷаъфарӣ, шибит.
  5. Пўстӣ - дорчин.
  6. Решагӣ - занҷабил, решаи ширинбия.

 Дар поён таснифи маҳсулоти доруворие, ки аз ҳама бештар паҳн шудаанд, оварда мещавад.
Ҳ а р д а л. Асосан се намуди ин растанӣ дучор мешавад: ҳардали сафед, сиёҳ ва кабуд. Дар Тоҷикистон аз ҳама зиёдтар ҳардали кабуд паҳн гардидааст. Ҳардал яке аз зироатҳои асосии равғандиҳанда ба ҳисоб меравад. Миқдори равғани тухми ҳардал то 35% буда, миқдори равғани эфираш 0,7 - 1,4 % мебошад. Хокаи ҳардали хушк мисли орд маҳин буда, баъди равғанро аз тухм гирифтан ҳосил мешавад. Барои хушсифат кардани ҳардали хушк тухми онро аввал то 3 сол нигоҳ медоранд ва дар вақти тайёр кардан ба он қаламфур, мурч ва ғайра илова менамоянд, ки дар натиҷа маззаи хуш пайдо мекунад. Ҳардалро бо ду навъ ҷудо мекунанд: ҳардали рангаш сиёҳтар ба навъи дуюм дохил мешавад. Ҳардали хушкро дар пачкаҳо бо вазни 50 - 100г ҷобаҷо карда ба фурўш мебароранд ва истифода мебаранд.
М у р ч и с и ё ҳ хело хушбўй буда, ба маҳсулоти таъмдиҳанда дохил мешавад. Мурч меваи хоми қоқ кардашудаи растаниии тропикӣ буда, бештар дар ҷазираҳои Сумотра, Ява, Сейлон ва Филиппин мерўяд. Маззаи тунд ва ароматии мурчи сиёҳ, ки баъзе вақтҳо филфил ҳам мегўянд, аз он сабаб аст, ки дар таркибаш равғанҳои эфирӣ ва пиперин ном моддаи махсус дорад. Сифати мурч ба ноҳияе, ки дар он ҷо рўида шудааст, вобаста аст. Барои баҳо додан ба сифати мурч чӣ қадар вазн доштани 100 донаи он аҳамият дорад. Ҳар қадаре, ки 100 донаи мурч вазни зиёдтар дошта бошад, баҳояш ҳамон қадар баландтар мешавад.
Ба ғайр аз мурчи сиёҳ мурчи муаттар низ мавҷуд ҳаст, ки вай меваи хоми қоқ кардашудаи дарахти дорчин мебошад. Маззаи вай ба маззаи мурчи сиёҳи бо қаламфур омехташуда монанд аст. Мурчи сиёҳро бо шакли донаҳои бутун ё хокаи махсус ҷобаҷо карда, бо вазни 15 - 25 граммӣ ба фурўш мебароранд ва истеъмол мекунанд.
Б о д и ё н мева (тухми) – и растании яксолаест, ки дар Руссия ( дар) Воронеж бисёртар парвариш карда мешавад. Меваҳои бодиён 2 – 3 % равғани эфирӣ доранд. Бодиён ва равғани он дар нонпазӣ, барои истеҳсоли ликёру шаробҳои гуногун васеъ истифода бурда мешавад.
Дар Тоҷикистон растании арпободиёнро махсус парвариш мекунанд, ки дар тибби қадим барои табобати бемориҳои гурда, меъда ва аъзои ҳозима васеъ истифода мебаранд.
В а н и л ғилофакҳои растании печони тропикӣ мебошад. Меваи ванил, ки ғилофак аст, 12 – 25см дарозӣ, 4 – 8мм бар дорад ва аз моддаи ғализи луобӣ пур аст, ки дар мағзи он тухмҳо ҷойгир шудаанд. Бўи хуши ванил аз он сабаб аст, ки дар таркиби он ба миқдори 1,16 – 2,45 % ванилин мавҷуд аст.
Ғилофакҳои нимпази ванилро дучори ферментатсия намуда, дар офтоб қоқ мекунанд. Ванили тайёрро мувофиқи дарозии ғилофакҳо ба навъҳо 50-тоги банд - банд карда ба қуттиҳои тунука ҷой мекунанд. Ғилофакҳои ванилро ба даруни найчаҳои шишагӣ ҷой карда, ба фурўш мебароранд. Дар ҳар як найчаи шишигӣ як ғилофаки ванил ҷой карда мешавад.
Ванили нисбатан нағз ғилофакҳои дарозу чандири пур аз моддаи луоби рўшани тобиши равғанин аст. Дар вақти нигоҳ доштан рўи ғилофакҳо бо кристаллчаҳои сафеди сўзанмонанди ванилин пўшида мешавад, ки ин дар вақти фурўш хеле арзишнок ҳисоб меёбад. Дар саноати кондитерӣ ва атторӣ бисёр вақт ба ҷои ванил ванилини бо роҳи синтез (сунъӣ) ҳосил карда шударо, ки шакли хока дорад, кор фармуда мешавад. Баъзан ванилинро бо пудраи қанд меомезанд, ки бо номи қанди ванилӣ машҳур аст ва васеъ истифода мебаранд.
Қ а л а м ф у р и г а р д а н муғчаҳои гули қоқ кардашудаи дарахти мехак мебошад. Дарахти мехак дар ҷазираҳои Молун ва Вест-Ҳинд, дар Бразилия, Сумайра ва ҷойҳои дигар мерўяд.
Муғчаҳои гулро дар ҳамон лаҳзае, ки онҳо ранги гулобӣ пайдо мекунанд ва бўяшон хеле баланд аст, ҷамъоварӣ мекунанд. Баъди ҷамъоварӣ қаламфури гарданро дар офтоб ё дар ҷойҳои махсус хушк мекунанд. Қаламфури гарданро ҳамчун дорувор истеъмол мекунанд ва аз он равғани эфир, ки 18 - 20 % -ро ташкил медиҳад, истеҳсол кардан мумкин аст.
Қаламфури гардан ба шакли муғчаҳои бутун ба фурўш бароварда мешавад. Агар сараки онро пачақ кунем, ба рўяш қатраҳои равғани эфир пайдо мешавад ва ин аз хушсифатии он шаҳодат медиҳад. Ин хўрокаро дар қуттиҳои маҳкам нигоҳ медоранд.
Б а р г и ғ о р р о дар вақти хушк намудани баргҳои ҳамешасабзи дарахти ғор ҳосил мекунанд. Дарахти ғорро асосан дар Закавказия ва Қрим парвариш менамоянд. Барги ғор ҳамчун хушлаззаткунандаи таом ба хўрок андохта мешавад ва дар вақти консерва намудани маҳсулоти гуногун истифода мебаранд. Бўи хуши ин барг бо равғани эфири он вобаста аст, ки миқдори он 1,7 - 3,4 %- ро ташкил медиҳад.
Барги ғори хушсифат бояд дурахшони сабз бошад, бўи хуш ва маззаи каме талх доштанаш лозим аст. Барги ин растаниро то 15кг ба халтаҳо ҷой мекунанд ва ё ба миқдори то 50кг той мебанданд, баъд ба фурўш мебароранд. Барги ғорро дар анборҳои хушки салқин нигоҳ доштан лозим аст.
Д о р ч и н пўсти дарахти ҳамешасабзи дорчин мебошад, ки дар Амрикои ҷанубӣ, ҷазираҳои Антил ва Зонд хеле хуб нашъунамо мекунад. Барои ҳосил кардани ин маҳсулот пўсти навдаҳои ҷавони ин дарахтро ҳалқа – ҳалқа мебуранд ва баъди ферментация дорчин тайёр мешавад.
Дорчинро бисёртар ба шакли найчаҳои печидагӣ ва кўфташуда ба фурўш мебароранд. Хокаи кўфташудаи дорчинро баъзан ба хокаи қанд аралаш карда мефурўшанд. Дорчин дар вақти кашонидан, нигоҳ доштан бисёр сабук мешавад ва инро ба эътибор гирифтан лозим аст.
И л о в а х ў р и ш ҳ о (приправаҳо) мазза ва бўйро беҳтар гардонида, ҳалшавӣ ва арзиши истеъмолии хўрокро баланд мебардоранд. Ба иловахўришҳо ҳардали ошхонагӣ, қаҳзаки ошхонагӣ(хрен), майонез, аҷика ва ғайра дохил мешаванд.
Ҳ а р д а л и о ш х о н а г и р о дар натиҷаи дар об ҳал кардани хокаи хушк ҳосил менамоянд. Барои беҳтар намудани мазза ва бўй ба ин ғизо сирко, намак, қанд, равғани растанӣ ва растаниҳои доруворӣ ҳамроҳ менамоянд. Барои фурўш намудҳои гуногуни ҳардали ошхонагӣ - москвагӣ, русӣ ва ғайра истеҳсол карда мешавад. Ҳар як намуди ҳардал аз дигараш бо равғаннокӣ - 4 - 10 % , қанд 7 – 16 % ва ҳамроҳ намудани растаниҳои доруворӣ фарқ мекунанд. Ҳардали хушсифат бояд ранги зард ва ҳолати якхела дошта бошад. Онро дар қуттиҳои шишагин 100-125 г ҷо ба ҷо мекунанд ва дар ҳарорати 100 С то 3 моҳ нигоҳ доштан мумкин аст.
Қ а ҳ з а к и о ш х о н а г и р о дар натиҷаи майда кардани решаи растанӣ бо ҳамроҳ намудани намак , қанд ва сирко ҳосил менамоянд. Дар шароити ҳозира бисёртар қаҳзаки хонагӣ тайёр мекунанд. Қаҳзакро ҳамчун хўришкунандаи тунд ба таомҳои гўштӣ ва моҳигӣ илова мекунанд. Қаҳзакро дар қуттиҳои шишагини 100 - 150г ҷо ба ҷо мекунанд ва ба фурўш мебароранд. Вайро дар ҳарорати 10- 120С то
1-1,5 моҳ нигоҳ доштан мумкин аст.
Майонез – маҳсулоти арзишнок буда, дар таркибаш 3,1% сафеда 46 – 66 % равған, карбогидрат ва моддаҳои минералӣ дорад.
Вайро дар натиҷаи якҷоя (гомогенизатсия) намудани равғанҳои растанигии тоза бо ҳамроҳии об, намак, қанд, маҳсулоти тухмӣ, сирко, ҳардал ва ғайра ҳосил менамоянд. Майонезро ҳамчун иловахўриш ба таомҳои гўштӣ, моҳигӣ, сабзавотӣ ҳамроҳ менамоянд, ки бўй ва маззаи махсус дода, ҳалшавиро беҳтар мегардонад. Вобаста аз ҷои истифодабарӣ чунин намудҳои майонезро истеҳсол менамоянд: майонези ошхонагӣ – провонсал, ширӣ (равғаннокиаш 67%); любителӣ (равғаннокиаш 47%); бо ҳамроҳии дорувориҳо – баҳор (бо шибит), бо ҳамроҳии қаламфур, бо помидори хушбўй, кавказӣ.
Майонез бояд ҳолати якхелаи қаймоқмонанд дошта бошад. Мазза ва бўи хуши равғанӣ дошта каму беш туршу тундмазза буданаш лозим аст. Майонезро дар қуттиҳои шишагини 200 - 500г дар ҳарорати 0,50 С ҷобаҷо мекунанд ва дар намнокии нисбии ҳавои 75%, ҳарорати 3 - 70 С то 45 рўз нигоҳ доштан мумкин аст.
Аҷикаро ҳамчун хўришкунанда ба таомҳои якум ва дуюм истифода мебаранд. Асосан онро дар Гурҷистон истеҳсол мекунанд. Аҷикаро аз доруворҳои гуногун - қаламфури сурхи хонагӣ, барги ғор ва ғайра тайёр менамоянд. Аҷика хамираи ғафс ва ё хокаи намноки рангаш сурхи ҷигарӣ мебошад. Маззаи аҷика тунд буда, вайро дар зарфҳо (банкаҳо)- и 200 - 500г ҷобаҷо мекунанд ва ба фурўш мебароранд. Мўҳлати нигаҳдорӣ беохир аст.

Дидан карданд: 430

Мавзӯъҳои монанд:

Маҳсулоти ғайри моҳигии баҳрӣ

Маҳсулоти моҳигӣ

Таснифи моҳиҳои шикорӣ

Арзиши истеъмолии гўшти моҳӣ

Маълумоти умумӣ дар бораи моҳӣ

Консерваҳои гўштӣ ва ҳасибҳо

Маҳсулоти дуюминдараҷаи гўштӣ

Гўшти парандаҳои хонагӣ ва харгўш

Маълумоти умумӣ дар бораи гўшт

Маҳсулоти тухмӣ

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: