|

Чой ва истифодаи он

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2018-09-25

Чой дар тамоми ҷаҳон яке аз нўшокиҳои паҳншудатарин ба ҳисоб меравад.
Дар Россия чой дар асри ХУ11 пайдо шудааст. Растании чой дар Гурҷистон, Озарбойҷон ва вилояти Краснодари Россия хеле хуб нашъунамо мекунад. Собиқ Иттифоқи Шўрави ( ИҶШС ) аз рўи истеҳсоли чой дар миқёси ҷаҳон ҷои 5-умро ишғол мекард. Мамлакатҳои асосии истеҳсолкунандаи чой Ҳиндустон, Хитой, Корея ва Япония ба ҳисоб мераванд.
Илми биология муайян кардааст, ки чой ба аъзои ҳозима, системаи гардиши хун ва асаб таъсири хуб мерасонад, ташнагиро нағз мешиканад, хастагиро рафъ мекунад, одам пас аз нўшидани чои гарм худро нағз ҳис мекунад.
Ба таркиби чой моддаҳои органикӣ ва ғайриорганикии зерин дохил мешаванд: моддаҳои мадҳушкунанда, нитрогендор, кофеин, равғанҳои эфирдор, карбогидридҳо, витаминҳо, ферментҳо ва кислотаҳои органикӣ. Миқдори ин моддаҳо дар таркиби чой хеле гуногунанд. Масалан, дар таркиби чой 15 – 19 %, моддаҳои мадҳушкунанда, 2,0 - 3,5 %, кофеин, 0,006 – 0,021 % равғани эфирдор мавҷуд аст.
Моддаи мадҳушкунандаи чой, ки танин ном дорад дар об нағз ҳал мешавад ва ба чой таъми бурандагӣ медиҳад. Танин хосиятҳои витамини «Р» - ро дорад ва миқдори он чӣ қадар зиёд бошад, сифати он беҳтар ба ҳисоб меравад.
Аз моддаҳои алколоидӣ дар таркиби чой бисёртар кофеин, нисбатан камтар теобрамин ва теофилин дучор мешаванд. Равғанҳои эфирдор ба чой бўи махсус медиҳад ва яке аз нишондиҳандаҳои асосии сифати он ба ҳисоб мераванд.
Аз моддаҳои маъданӣ дар таркиби чой асосан оксидҳои калий, фосфор, калсий ва магний мавҷуд мебошад. Дар таркиби чой витаминҳо низ ҳастанд. Масалан, чои сиёҳ 5 - 20мг/100г витамини С дорад.
Чойро дар натиҷаи коркарди махсус дар фабрикаҳои чойбарорӣ аз баргҳои ҷавони растании чой истеҳсол мекунанд, ки намудҳои он хеле гуногун аст.
Истеҳсоли чойи сиёҳ аз чунин амалиёт иборат аст:
а) хушкунӣ(пажмурдакунӣ); б) тобдиҳӣ; в) ферментатсия; г) пурра хушккунӣ; д) ба навъҳо ҷудокунӣ. Барги чойро, одатан, пай дар пай дар ду –се рўз як бор мечинанд ва онҳоро ба сабатҳо ё қуттиҳо ҷобаҷо карда, ба фабрикаҳои чойистеҳсолкунанда мефиристанд. Дар ин фабрикаҳо чойро бо усули табии ё сунъӣ хушк мекунанд. Дар хушккунии табиӣ барги тару тозаро бо як қабати тунук ба рўи рафҳо паҳн карда, дар ҳарорати 18 - 200С то 25 соат нигоҳ медоранд. Дар натиҷаи буғ шудани як қисми об барги чой нарм ва чандир мешавад. Бо таҷҳизоти махсус баргҳоро тоб медиҳанд ва баъд аз он ферментатсия мекунанд, ки дар натиҷа дар вақти дам намудани чой мазза ва бўи хуш пайдогашта, рангаш сурхчатоб мешавад. Баъд аз ин чойро то намнокии 3 - 4% хушк мекунанд.
Чои кабуд аз чои сиёҳ бо он фарқ мекунад, ки дар чои кабуд амалиёти хушккунии якум ё пажмурдакунӣ ва ферментатсия мавҷуд нест. Баргҳои чойро буғ ва тоб дода хушк мекунанд. Чои кабуд рангаш зарди тоза, бўй ва маззаи махсус дорад. Дар таркиби чои кабуд моддаҳои дабоғғӣ, кофеин, витамини С зиёд буда, хусусияти нобуд кардани бактерияҳоро дорад ва рўҳафзо мебошад. Аз рўи сифат чои кабуд ба чор навъ: олӣ, якум, дуюм ва сеюм тақсим мешавад. Намнокии чой аз 8,5% бояд зиёд набошад.
Аз рўи сифат чои сиёҳ ба шаш навъ - букет, экстра, олӣ, якум, дуюм сеюм тақсим мешавад. Дар вақти муайян кардани сифати чой нақшаи ва асосиро баҳодиҳӣ ба воситаи узвҳои эҳсосӣ мебозад.
Одатан, намунаҳои чойро дар ҳолати хушкиаш пешакӣ месанҷанд. Барои ин чои кабуди хушкро дар рўи коғази сафед мерезанд ва якхелагӣ, дараҷаи тофта шудани баргҳо, мавҷуд будани шохчаҳо, чанг ва лўндаҳои онро муайян мекунанд. Баъд аз он миқдори муайяни чойро ба оби ҷўш меандозанду 5 дақиқа дам дода, ранг, тобиш, мазза ва таъми онро месанҷанд. Умуман, дар чой ба кўҳнашавӣ, маззаи хок, туршӣ, мағоркунӣ, мавҷуд будани маззаю бўи чизҳои бегона ва зиёда аз 3% мавҷуд будани чойреза роҳ дода намешавад.
Чойро бо пачкаҳои қоғазӣ, картонии вазнашон 50, 75 ва 100 – граммӣ, дар чойдонҳои пласмассӣ, металлӣ, шишагӣ ё аз маводи дигар сохташудаи ғунҷоишашон гуногун ҷой карда, ба фурўш мебароранд. Чои ба ҷойгаҳи хурд андохташударо ба қуттиҳои фанерии хушк, тоза ва бебўй ҷой мекунанд. Бисёр вақтҳо аз даруни қуттиҳо ба рўи деворҳояш қоғаз кашида мешавад. Даҳони қуттиҳои чойро маҳкам карда, ба рўяш тамға мезананд, ки навиштаҷоти он ба монанди дигар маҳсулоти хўрока аст.
Чойро дар анборҳои хушк, тоза ва нағз шамол дода мешудагӣ нигоҳ медоранд, ки намнокии нисбии ҳаво бояд аз 65-70 % зиёд набошад. Чойро бо молҳои бўйдор ( қаҳва, дорувор, моҳӣ, собун, тамоку, рангу бор, керосин ва ғайра) наздик нигоҳ доштан мумкин нест, чунки чой бўи онҳоро бо осонӣ ба худ мегирад. Мўҳлати нигоҳ доштани чой (2 - 8) моҳ аст.

Дидан карданд: 316

Мавзӯъҳои монанд:

Маҳсулоти ғайри моҳигии баҳрӣ

Маҳсулоти моҳигӣ

Таснифи моҳиҳои шикорӣ

Арзиши истеъмолии гўшти моҳӣ

Маълумоти умумӣ дар бораи моҳӣ

Консерваҳои гўштӣ ва ҳасибҳо

Маҳсулоти дуюминдараҷаи гўштӣ

Гўшти парандаҳои хонагӣ ва харгўш

Маълумоти умумӣ дар бораи гўшт

Маҳсулоти тухмӣ

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: