|

Кашонидан ва нигоҳ доштани сабзавоту меваҳо

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2018-09-25

 Меваҳо ва сабзавотро дар вақти муайяни пухта расидан ҷамъоварӣ намуда ва ба навъҳо ҷудо мекунанд, ба зарфҳо ҷойбаҷойкарда мекашонанд, мефурўшанд ва нигоҳ медоранд.
Картошкаро бо тамоми намуди нақлиёт ба таври рехташуда то 500 кг, дар қуттиҳо (30 - 50 кг) ва дар халтаҳо то 80 кг, кашонидан мумкин аст.
Бехмеваҳоро барои ба роҳи дур кашонидан ба қуттиҳои
(25- 30кг) ва қуттиҳои махсуси ғунҷоишаш (100 - 400кг) ҷойбаҷойкарда мекашонанд. Каллакарами сафед ва сурхро тоза намуда, ба қуттиҳои 400 кг ҷойгир намуда, ба ҷойҳои зарурӣ мекашонанд. Дар ҳавои гарм каллакарами сафед, сурхи миёна ва дерпазакро дар зарфҳо кашонидан мумкин аст. Пиёз ва сирпиёзро аз рўи навъҳои ботаникию хоҷагӣ, андоза, пухта расидан ҷудо карда, ба қуттиҳо ва халтаҳо то 50 кг ҷойбаҷой мекунанд. Бодирингро ба навъ, андоза, пухта расидан ҷудо карда ба қуттиҳои (30 - 40 кг) ҷойбаҷойкарда мекашонанд. Тарбуз ва харбузро аз дараҷаи пухта расидан ва андоза ба навъҳо ҷудо намуда, ба тарзи рехташуда то баландии 1,5 метр дар нақлиёт ҷойбаҷойкарда мекашонанд.
Помидорҳои як навъи ботаникию хоҷагӣ, дараҷаи пухтагӣ ва андозаи қариб якхела доштаро дар қуттиҳои (15 - 16кг) ҷойбаҷойкарда мекашонанд.
Меваҳои тухмдори навъи молӣ ва андозаи якхеладоштаро дар қуттиҳои (25 - 30 кг) мекашонанд. Навъҳои беҳтарини нок ва себ, ки андозаашон калон ва миёна аст, бо коғазҳои тунук печонида дар қуттиҳо ҷойбаҷойкарда мекашонанд. Гелос, олу ва олуболуро ҳангоми кашонидан аз рўи андоза ҷудо намекунанд. Зардолу ва шафтолуро аз рўи андоза ба калон, миёна ва хурд тақсим кардан мумкин аст. Меваҳои донакдорро дар қуттиҳои (6 - 8кг) ва 12 кг мекашонанд. Ангурро дар қуттиҳои (9 - 12 кг) аз поёну болояш коғаз гузошта мекашонанд. Меваҳои ситрусиро ҳангоми кашонидан ба андоза ҷудо карда ба қуттиҳои 20кг ҷойбаҷой мекунанд. Чормағзро дар халтаҳои коғазӣ то 30кг ва халтаи матогӣ то 50 кг ҷойбаҷойкарда ба ҷойҳои зарурӣ кашонидан мумкин аст.
Сабзавотро дар чағораҳои оддӣ, барфӣ, ҷойҳои махсус ва анборҳои муқаррарӣ вобаста ба фасли сол нигоҳ медоранд. Карам дар анбори муқаррарӣ танҳо то моҳи апрел меистад, аммо дар чағораҳои барфӣ то моҳи июл нигоҳ медоранд. Инчунин сабзавотро дар анборҳои яхин нигоҳ доштан мумкин аст. Анборҳои яхин назар ба анборҳои тахтагини сабзавотнигоҳдори аз ҳисоби воҳиди майдони фоиданок тахминан 1,5 - 2 маротиба арзонтар аст. Анборҳои яхини сабзавотнигоҳдориро дар ноҳияҳое сохтан мумкин аст, ки ҳарорати моҳи январиашон ба ҳисоби миёна аз 80С зиёд набошад. Дар анборҳои яхин нигоҳ доштани кабудӣ, картошка, бехмеваҳо, сабзавоти намакин ва ғайра натиҷаи хуб мебахшад.
Нигоҳ доштани мева аз сабзавот каме фарқ дорад. Меваҳои дар муддати дуру дароз нигоҳ дошта шавандаро дар ҳолати нимпаз меғундоранд ва дар раванди нигоҳ доштан маза ва бўи хуши махсус пайдо мекунанд. Меваҳои дарахтӣ ва буттагиро дар ҳолати тару тоза муддати дароз нигоҳ доштан мумкин нест. Фақат баъзе навъҳои себ, нок, ангур ва меваҳои ситрусиро дар анборҳои махсус сохташуда дар давоми зимистон нигоҳ медоранд. Барои нигоҳ доштан танҳо меваҳои солимро гирифтан лозим аст. Ҳангоми нигоҳ доштани меваҳо гоҳ - гоҳ қуттиҳои алоҳидаро кушода, маҳсулоти даруни онро бо диққат санҷида сифати онро тафтиш мекунанд ва меваҳои вайроншударо ҷудо карда мегиранд. Ҳангоми нигоҳ доштани меваҳо ҳамеша аз ҳарорат ва намии ҳавои анбор хабардор шудан лозим аст. Ҳароратро бо ёрии термометрҳои симобӣ ва намии ҳаворо бо ёрии психометрҳо мушоҳида мекунанд. Дар ҷойи нигоҳ доштани меваҳо ба якбора тағйир ёфтани ҳарорат ва намии анбор роҳ додан лозим нест, зеро ба рўи меваҳое, ки аз ҷои гарм оварда мешаванд, намии ҳаво мешинад ва ин ҳодиса суръати вайроншавии онҳоро метезонад. Ғайр аз ин агар ҳарорати анбор якбора баланд шавад, меваҳо қисман бўю мазаашонро гум мекунанд. Аз ҳамин сабаб анборро оҳиста – оҳиста гарм карда, баъд меваҳои дар анбор бударо ба фурўш баровардан лозим аст.

Дидан карданд: 253

Мавзӯъҳои монанд:

Маҳсулоти ғайри моҳигии баҳрӣ

Маҳсулоти моҳигӣ

Таснифи моҳиҳои шикорӣ

Арзиши истеъмолии гўшти моҳӣ

Маълумоти умумӣ дар бораи моҳӣ

Консерваҳои гўштӣ ва ҳасибҳо

Маҳсулоти дуюминдараҷаи гўштӣ

Гўшти парандаҳои хонагӣ ва харгўш

Маълумоти умумӣ дар бораи гўшт

Маҳсулоти тухмӣ

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: