|

Шаклҳои ташкили-ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2015-09-19

  1. Корхона – ҳамчун субъекти хоҷагидорӣ

Корхона (ташкилот, ширкат, концерн) – ин субъекти мустақили хоҷагидорие, ки бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи ҷамъияти ва ба даст овардани фоида мол истеҳсол менамояд, фаъолият мебарад ва хизмат мерасонад.  Ҳамчун симои ҳуқуқи хусусиятҳои ба худ хос дорад, ки бо қонунгузори муайян гардидааст: барои ўҳдадориҳои худ ҷавобгар аст, кредити бонки гирифта метавонад, шартнома оиди таъминот ва фурўши молу маҳсулот мебандад. Қисми зиёди корхонаҳои муосир ба ҳайати ширкат дохил мешаванд.
Ширкат – ин воҳиди мустақил ва ҳуқуқии соҳибкорӣ мебошад. Он метавонад хам консерни азим ва ҳам корхонаи хурд бошад. Ширкат – ин номи умумие, ки нисбати ҳама гуна корхонаҳои хоҷагидори истифода бурда мешавад. Он танҳо оиди он шаҳодат медиҳад, ки корхона дорои ҳуқуқи симои ҳуқуқи мебошад (яъне, мустақил ва новобаста). Ширкат метавонад дорои тамѓа ва номи фирмавӣ бошад.
Номи ширкат, ҳамчун худи мафҳуми «ширкат», мақоми ташкилӣ-ҳуқуқии корхонаро инъикос намедиҳад, аммо танҳо ҳамин дар ташкили корхона, дар гуфтугў бо шарикон мавқеъи махсус дорад.
Компания – низ номи умуми буда, намудҳои гуногуни корхонаҳоро дар бар мегирад, яъне тиҷоратӣ, саноатӣ, нақлиётӣ, корхонаҳои муштарак ва ѓ. фарқи байни ин ду мафҳум дар он аст, ки моликиятдори инфироди одатан корхонаи худро ширкат меномад. Компания бошад – ду ё якчанд сахмдоронро дар назар дорад.
«Корхона» мафхумхои гуногун дорад. Дар баъзе мавридхо ин мафхум хамчун синонимии чамъият, компания, ширкат истифода мешавад. дар дигар мавридхо тахти мафхуми корхона комплекси муайяни истехсоли-хочагидори, ки аз омилхои алохидаи сохтори ягона иборат аст, фахмида мешавад. дар ин маврид мафхуми «корхона » - хаммаънои дигар мафхумхо, яъне  - завод, фабрика, анбор, муассисаи тичорати ва гайра мегардад.
Корхонаро тавсиф дода, чунин хусусиятхои хоси онро чудо мекунанд:
- мустакилияти муайян – моликияти ва гайримоликияти (мачмуи моликиятхои сахмгузорони корхона);
- мавкеъи ҳуқуқие, ки ба корхона ҳуқуқ ва вазифахои муайянро мегузорад, ва онро хамчун субъекти ҳуқуқ ва муносибатхои ҳуқуқи, ки аз кайди давлати мувофики конунгузории амалкунанда гузаштааст, тавсиф медихад;
- номи корхона ва шакли ташкили-ҳуқуқие, оиди андоза ва шакли ухдадории чунин корхона шаходат медихад.
Ба таври дигар гуем корхона - ин субъекти мустакили хочагидорие, ки дорои мавкеъи симои ҳуқуқи ва моликияти хусуси мебошад.  
Оиди корхона мизоч, истеъмолкунанда ё шарик дар навбати аввал аз номи он бахо медихад. Номи корхона, интихоби он – звенои мухим дар чараёни тайёрии хар як сохибкор дар фаъолияти кори худ мебошад. Номи корхона дар сифати маълумоти аввалин дар бастани шартномахо ба шарикон баромад мекунад.
Хар як сохибкор бо муаммои, интихоби шакли ташкили-ҳуқуқии фаъолияти сохибкории худ дучор мешавад. Чунин муаммо ба дигар сохибкорон низ дар бастани шартномахои хочагидори зарур аст.
Дар кабули карор оиди интихоби ин ё он шакли ташкили-ҳуқуқии корхона, сохибкор:
1. Сатх ва андозаи имконпазири ҳуқуқ ва вазифахои заруриро муайян мекунад, ки аз намуд ва мазмуни фаъолияти сохибкории оянда, доираи имконпазири шарикон, конунгузории амалкунанда вобаста аст. Дар баъзе мавридхо, сохибкор ба амалории як катор лоихахои кутохмуддатро ба накша мегирад, дар дигар мавридхо  - фикру акидахои сохибкор ба такроршавии як сикли истехсолии дарозмуддат бармеояд. Дар баъзе мавридхо фикру акидахои сохибкор бе алокаи зичи шарики, бе кооператсияи шарикон дар чараёни истехсолот ба вучуд омада метавонад (мисол, ташкили ширкати консалтинги). Дар дигар мавридхо ба амалории фикру акидаи сохибкор бе кооператсияи зич бо дигар истехсолкунандагон имконнопазир аст (мисол, истехсоли канд, ё ягон намуди аппаратура).
Бо вучуди ин, албатта, сохибкор хулосахои худро оиди шакли ташкили-ҳуқуқии фаъолияти худ мувофики конунгузории амалкунанда бояд барорад. Мисол, мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ташкили шарикихои коммандити ичозат дода намешавад, яъне дигар шаклро бояд интихоб намуд.
Шакли ҳуқуқии корхона (инчунин ҳуқуқ ва вазифахои он) дар оинномаи он кайд карда мешаванд. Оиннома бевосита аз тарафи таъсисдиханда кабул (тасдик, розиги) мешавад. Агар хамчун таъсисдиханда гурухи шахсон баромад кунанд, пас оиннома аз тарафи хамаи таъсисдихандагон дар мачлис ё конфронси муассисон дида баромада ва кабул мешавад. Он дар шартномаи таъсиси инъикос мегардад, ки ба он хамаи иштирокчиёни ин шартнома имзо мегузоранд (онхо ба оиннома, низ имзо мегузоранд). Ин хуччатхо (илова бо суратчаласаи мачлис ё конфронси муассисон) барои кайди давлатии корхонаи таъсисдодашуда ва дохилкунии он ба реестри давлати зарур аст. Дар ЧТ кайди давлатиро макомотхои ичроияи махаллии давлати ичро менамоянд.
2. Сохибкор масъалаи шакли ташкили фонди онномавии корхонаи таъсисдодаашро халл менамояд, ки он хам аз намуд ва мазмуни фаъолияти сохибкории оянда, андозаи фаъолият, сатхи ракобат дар сохае, ки сохибкор ба он дохил шуданист вобастаги дорад. Мисол, имруз барои ба саноати автомобилсозии ИМА дохил гардидан дорои сармояи ибтидоии 800 хаз. долл. будан лозим аст. Сохибкор инчунин оиди шакли моликияти корхона карор кабул мекунад (инфироди, саххоми ва г.).
3. Сохибкор шакли самараноктарини сохтори ташкилии корхонаи таъсисдодааш ва сохтори идораи ин корхонаро интихоб мекунад. Дар амали гардонидани фикру акидаи худ сохибкор ба ташкили (таъсиси) корхонаи фаъол харакат мекунад. Дар асоси чунин корхонахои фаъол чунин мафхумхо пайдо шудаанд – вохидхои фаъоли тичорати-саноати ё истехсоли-миёнарави.
Тамоми корхонахои навташкил, ба катори корхонахои хурд дохил мешаванд. Тачрибаи чахони нишон медихад, ки  давомнокии фаъолияти онхо аз 2 то 6 солро ташкил медихад.
4. Аз руи параметрхои дар боло зикршуда, сохибкор интихоби худро дар ҳуқуқи сохибкори асоснок мекунад.
Ҳуқуқи сохибкори -  кисми мухимтарини ҳуқуқи хочагидори мебошад. Он асоси фаъолияти сохибкорон ва тараккиёти сохибкори мебошад. Кайд кардан лозим аст, ки конуни сохибкории хар давлат  шаклхои муайяни ташкили-ҳуқуқии фаъолияти сохибкориро дар назар дорад. Дигар шаклхо ичозат дода намешаванд, аммо тагири шакли ташкили-ҳуқуқии он бе боздоштани фаъолияти корхона ичозат дода мешавад.
Дар омузиши муаммои шакли ташкили-ҳуқуқии корхона (махсусан дар таъсиси он) бояд дар назар дошт, ки сохибкории хусуси метавонад инфироди ва коллективи бошад.
Сохибкории инфироди ба амал овардани шакли муайяни фаъолияти иктисодиро аз номи худ ват ахти ухдадории худ, ки дар ин маврид хамчун пурра ва беинтихо шарх дода мешавад, дар назар дорад. Ин маънои онро дорад, ки сохибкори инфироди оиди ухдадорихои карзии ичро нанамудаи худ ё талафоти моликияти корхона, бо тамоми моликияти хусусии худ чавобгари мекашад. Хамин холат оиди шакли таваккали будани чунин намуди сохибкори шаходат медихад. Аммо ба он нигох накарда, аз 2/3 хиссаи тамоми корхонахои хусусии чахон ба категорияи инфироди дохил мешаванд.
Коллективи чунин шакли фаъолияти сохибкори мебошад, ки ба воситаи якчояшавии якчанд шахрвандон ё сармояхо ба амал меояд ва аз номи корхона фаъолият мекунад (симои ҳуқуқи), ки дар он ухдадории коллективи ва фоидаи коллективи, ки байни онхо таксим карда мешавад дар назар дорад. Сохибкории коллективи шакли муайяни кооператсияро дар назар дорад, тахти кооператсия бошад муттахидшавии шахсон ё сармояхо фахмида мешавад. Ин вазъият мавкеъи мухимро дар муайянкунии шакли ташкили-ҳуқуқии корхона  ё   шакли ташкили-ҳуқуқии фаъолияти сохибкори ишгол менамояд.
Сохибкории коллективи дар асоси оиннома ё шартнома ба амал меод. Шакли оинномави  махдудияти ухдадорихоро дар назар дорад, ки дар оиннома кайд карда мешавад ва хуччати ҳуқуқи мебошад. Муттахидшавии сармояхо дар асоси оиннома бо чамъи воситахо вобаста аст, ки тахти он сармоя дар шакли пули ё моликияти дар назар дошта мешавад. (баъзан – тахти воситахо истеъдоди хусуси низ дар назар дошта мешавад). Чунин шакли сохибкори муттахидшавии фаъолияти худи шахсиятхоро, ки оиди якчоякунии воситахо карор кабул кардаанд, дар назар надорад. Ин хусусиятхои фарккунандаи шакли оинномави мебошанд, ки инхоро дар бар мегирад:
- шарики бо масъулияти махдуд (чамъияти саххомии шакли пушида);
- чамъияти саххомии шакли кушода.
Шакли шартномави бо ухдадорихои бемахдуд вобаста аст, ки кайди давлати ва ҳуқуқи истифодабарии симои ҳуқуқиро дар назар надорад.
Муттахидшавии сармояхо дар асоси шарнома дар холати таъсиси шарикии пурра ба амал меояд, ки мувофики конун симои ҳуқуқи намебошад, иштирокчиёни он бошад, бо тамоми моликият оиди ухдадорихои шарикиии пурра, чавобгарии бемахдуди баробар мекашанд. Чунин муттахидшавии сармояхо ба таъсиси шарики омехта низ хос аст, ки аъзоёни хакикии шарики ва аъзоён-сахмгузоронро дар бар мегирад. Аммо, ба хусусияти шартномави нигох накарда шарики омехта симои ҳуқуқи мебошад.
Сохибкории инфироди дар асоси шартнома амалиёти корхонахоро дар шакли шарики (партнершип) дар назар дорад. Аммо ин хусисият танхо ба системахои хочагидории инглисиву амрикои хос аст. Дар Аврупо ва Россия чунин шакли сохибкори бавоситаи таъсиси шарики пурра ё омехта (коммендити) ба амал меояд. Хамаи шаклхои дар боло зикргардидаро пурра дида мебароем

2. Корхонахо инфироди ва шарикихо
Фаъолияти сохибкориро ё дар асоси таъсиси корхонаи инфироди, ё ба воситаи таъсиси корхонаи шарики ба амал овардан мумкин аст.
Корхонаи инфироди (единоличное) – ин корхонае, ки моликияти як шахс буда,          натичахои вобаста бо ин фаъолият низ пурра ба ухдаи ин шахс гузошта шудааст. Сохибкори дар шакли мазкур метавонад хам дар асоси корхонае, ки дорои статуси симои ҳуқуқи мебошад, ба амал ояд, хам дар асоси корхонае, ки симои ҳуқуқи намебошад ба амал ояд.
Муаммои асоси дар он аст, ки дар як катор мамлакатхо барои дохил кардани корхона ба реестри тичорати (бакайдгирии корхона), яъне барои ичрои амалиётхои вобаста бо гирифтани статуси симои ҳуқуқи, талаботхои конунро риоя намудан лозим аст. Асосан он ба андозаи минималии корхона (одатан, сармояи оинномави) ва ба намудхои фаъолиятхои аз тарафи конун манъ нашуда, тааллук дорад. Симои ҳуқуқи - корхонае мебошад, ки дорои оиннома ва хисоби бонки буда, ба реестри тичорати (давлати) дохил шуда бошад, яъне мархилахои муайяни таъсисдихиро гузашта бошад. Барои амали гардонидани фаъолияти сохибкори дар асоси корхона бе статуси симои ҳуқуқи, дорои тасдикнома (ичозатнома) барои машгул шудан бо ягон намуди фаъолият будан лозим аст.
Давлатхои мутаракки дар ин сохаи ташкилии сохибкори тачрибаи зиёд доранд, ҳуқуқи касбу хунар мавчуд аст, ки дар асоси озодии хунарманди, яъне ҳуқуқи хар як шахрванд намуди дилхохи фаъолияти хочагидориро ичро намудан мебошад (ба гайр аз намудхои манъшуда). Ҳуқуқи хунарманди хамчун кисми чудонашавандаи системаи иктисодии ин давлатхо баромад мекунад. Аммо, дар ин маврид низ оиди озодии пурра сухан намеравад. Махдудиятхо дар фаъолияти хочагидори дар тамоми мамлакатхо мавчуданд. Дар баъзе мамлакатхо барои банакшагирии фаъолият дар сохаи бонки, ичозат гирифтан лозим аст. Дар дигар мамлакатхо - озодии хунарманди бо талаботхои муайян нисбат ба шахсони фаъолияти кориашонро шуруъкунанда  махдуд карда мешавад.
Дар Чумхурии Точикистон, мувофики конун, фаъолияти сохибкори бе кайди давлати манъ аст. Сохибкорие, ки бе кирои кувваи кори ба амал меод, хамчун фаъолияти инфиродии мехнати ба кайд гирифта мешавад.Сохибкори бо кирои кувваи кори дар хар маврид хамчун корхона ба кайд гирифта мешавад.
Тахти корхона субъекти мустакили хочагидори фахмида мешавад, ки мувофики тартиби конун пешбини намуда, барои истехсол мол, ичрои кор ва хизматрасони  бо максади конеъ гардонии талаботи истеъмолкунандагон ва ба даст овардани фоида таъсис дода шудааст. Корхона мустакилона фаъолият намуда, фоидаи ба даст омадаро, махсулоти истехсолкардаро, пас аз пардохти андоз ва дигар пардохтхои хатми истифода мебарад.
Дар як катор давлатхои гарб «чамъиятхои як нафар одам» мавчуданд. Ба онхо чамъияти дорои масъулияти махдуд, ки дар он моликият дар дасти як шахс мебошад, дохил мешаванд.
Дар ЧТ  ба корхонахои инфиродии шахси корхонахои оилави, низ дохил мешаванд, яъне моликияти ин гунна корхонахо дар дасти тамоми аъзоёни як оила мебошад. Чунин корхонахо хам дар асоси таъсиси корхонахои нав, ва хам аз хисоби харидани (хусусигардонидани, гайридавлатикунонии) корхонахои мавчуда (давлати, мунисипали) ташкил карда мешаванд.
Шарикихо – ин чунин шакли ташкилии сохибкори мебошад, ки хам ташкили фаъолияти истехсоли, ва хам ташаккули сармояи оинномави бо якчояшавии ду ва зиёда шахсон (вокеъи ё ҳуқуқи) ба амал меояд; хар як шарик мувофики хачми сахмпулии худ дар фонди оинномави ва чои ишголкунандааш дар сохтори идоракунии шарикии додашуда, дорои ҳуқуқхо ва  ухдадорихои мувофик мебошад.
Мисол, Шумо бо рафикатон корхона таъсис дода, шахсан 1,5 хаз. сомони, ва рафикатон – 1 хаз. сомони сахмгузори менамоед. Ин маънои онро дорад, ки ба Шумо 60% ва ба рафикатон мувофикан 40%-и сармояи оинномави тааллук дорад. Агар дар оянда на Шумо ва на шарикатон сахмгузории иловаги нанамоед, пас фоидаи соф, низ дар байни шумо мувофикан 60% ба 40% таксим карда мешавад. Бо маблаги гузошта Шумо дар мавриди зарури чавобгари мекашед (мисол, дар мавриди муфлисшавии корхона).
Шарикихо ба инхо чудо мешаванд:

  1. Шарикихои пурра
  2. Шарикихои омехта

Шарикии пурра – ин муттахидшавии якчанд шахсони ҳуқуқи ё вокеъи барои ба амал овардани фаъолияти хочагидории муштарак дар асоси шартномаи байни онхо мебошад. Вале шарикии пурра шахси ҳуқуқи намебошад, аъзоёни он мустакилияти пурраи худро гум намекунанд, аммо оиди ухдадорихои шарики бо тамоми моликияташон якчоя чавобгари мекашанд.
Чунин шарикихоро дар як катор мамлакатхо шарикихои кушодаи тичорати меноманд (Олмон, Австрия). Ташкили чунин шарикихо дар Россия хам ичозат дода шудааст.
Дар дигар мамлакатхо ташкили як намуди дигари шарики ичозат дода шудааст – чамъиятхои ҳуқуқи граждани (Австрия), чамъиятхои кодекси граждани (Олмон) ё чамъияти одди (Швейтсария). Онхо дар натичаи муттахидшавии гайриформалии якчанд шахсон, барои ба максади муайян ноил гаштан ташкил мешаванд. Ҳуқуқи шахси ҳуқуқиро онхо надоранд. Тафтиши шахсоне, ки намояндагони ин шарикихо мебошанд мушкил мебошад, чунки онхо ба реестри тичорати дохил карда  намешаванд.
Шарикихои пурра барои амалигардонии ягон лоиха таъсис дода мешавад, мисол, ичрои корхои калони сохтмони ё пешкаши кредити калон аз тарафи якчанд бонк. Чунин шарикихо дар намуди консортсиум ташкил мешаванд.
Консортсиум – ин шартномаи муваккатии байни дув а зиёда шахсон (одатан шахсони ҳуқуқи) оиди муттахидшави барои амалигардонидани ягон лоиха (асосан калон). Аъзогии консортсиум дилхох мебошад (хар як аъзои он дар холати зарури имконияти аз хайати он баромаданро дорад). Азбаски ин иттиход муваккати мебошад, он ҳуқуқи шахси ҳуқуқиро намегирад, дар баъзе холатхо мегирад.
Шарикии омехта – ин муттахидшавии якчанд шахсони ҳуқуқи ва ё вокеъи барои фаъолияти хочагидории муштарак дар асоси шартнома. Ба он аъзоёни хакики ва аъзоён-сахмгузорон дохил мешаванд. Аъзоёни хакики оиди ухдадорихои шарики чавобгарии баробар бо тамоми моликият мекашанд, аъзоён-сахмгузорон танхо дар худуди сахмгузории худ.

Дидан карданд: 6601

Мавзӯъҳои монанд:

МОҲИЯТ ВА ШАКЛҲОИ СОҲИБКОРӢ

Шаклҳои ташкилию хуқуқии сохибкорӣ

Ширкатҳои дорои масъулияти махдуд (ШДММ)

Таъминот бо захираҳо

Омилҳои муайянкунандаи амалиётҳои фаъолияти сохибкори

Муҳити берунаи сохибкорӣ. Бозор – мухити мавҷудияти сохибкорон

Мохияти мухити сохибкори, озодии иқтисоди – унсури пешбарандаи мухити сохибкори

Фаъолияти сохибкори дар бозорҳои қоғазҳои қимматнок ва хизматрасониҳои бонки.

Таснифоти сохибкори. Шаклҳо ва намудҳои сохибкори

Вазифаҳои сохибкори

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: