Дата: 2018-09-25
Вобаста аз хосияту хусусият?ояшон мева?оро ба чунин гурў??о та?сим менамоянд: а) мева?ои тухмдор - себ, нок, би??; б) мева?ои донакдор - зардолу, олу, шафтолу, гелос ва ?айра; в) мева?ои чорма?змонанд - чорма?з, писта, бодом; г) буттамева?о - ангур, тамашк (малина), ?улфинай (клубника); д) мева?ои субтропик? ва тропик? - лимон, мандарин, афлесун, хурмо, ан?ир, ананас ва банан.
а) Мева?ои тухмдор
Мева?ои тухмдор дар савдо ва дар мевапарвар? назар ба дигар гурў??ои мева?о мав?еи калонро иш?ол менамоянд. ?имати баланди ?изо? доштани мева?ои тухмдор асосан ба он вобаста аст, ки дар таркиби он?о ангиштоб ва витамин?о мав?уданд. Дар мева?ои ин гурў? модда?ои а?амиятнок - кислота?ои органик?, модда?ои даббо?? ва пайвастаги?ои минерал? зиёдтар дучор мешаванд.
С е б. Аз мева?ое, ки аз дарахтону бутта?о тайёр карда мешаванд, ?ариб се чоряки он ба себ мувофи? меояд. Себ ?ариб дар ?амаи но?ия?ои ?ум?урии То?икистон парвариш карда мешавад. Себро ба шакли тару тоза ва хушк истеъмол мекунанд, дар шираворпаз?, мураббопаз? истифода бурда, дар шакар парварда мекунанд. Аз себ консерва ва шароб тайёр кардан мумкин аст. Дар маркази меваи себ узак ?аст, ки дар он одатан 5 хоначаи тухмии дорои девор?ои пергаментмонанд ?ойгир шудааства дар хонача?о тухм?о мав?уданд. Пўсти себ аз ?и?ати сохт тунук, ?афс, нарм ё сахт мешавад. Ранги пўсти себ ?ар хел мешавад. Баъзе намуд?ои себ пўсти якранг, сабз ё зардчатоб доранд, баъзе намуд?ои он дуранга мешаванд, яъне ранги асос? ва ранги иловаг? доранд. Ранги иловаг? мумкин аст яклухт ё рах-рах бошад. Себ?о бо шакл, андоза, сохти думчаи меваашон ва бо аломат?ои дигар аз ?амдигар фар? мекунанд.
Зиёда аз 10 ?азор намуди себ маълум аст, ки ?амаи он?о ?амчун намуд?ои саноат? ба кор бурда намешаванд. Себ?о аз ?и?ати ва?ти пухтан ва мў?лати ниго? доштан ба себ?ои тобистона, тирамо?? ва зимистона та?сим мешаванд. Навъ?ои себи тобистона дар мо??ои июль - август мепазанд. Хусусияти ин себ?о аз он иборат аст, ки баъд аз ?амъовар? бисёр ниго? дошта намешаванд ва ба кашонидан тобовар нестанд. Себи мо?тоб? намудест, ки калониаш мўътадил буда шаклаш гирдак ё андак конусмонанд аст. Ма?заш сершираи тухмдор буда, одатан маззаи турш дорад, шириниаш кам аст. Ин себро баъд аз ?амъовар? намудан 10-15 рўз ниго? доштан мумкин аст. Себ? тиллоии пешпазаки хитоии мичурин? намудест, ки мева?ои хурд ва мудаввари дуруст дошта, ранги пўсташ зарди тилло? мешавад. Ма?заш сершираи ширини нозук буда, аз ?ама пешпазак ба ?исоб меравад.
Намуд?ои себи тирамо?? аз рўз?ои охири мо?и август то нимаи аввали мо?и октябр мепазанд. Он?оро назар бо себ?ои тобистона муддати дароз ниго? доштан мумкин аст. Бисёр себ?ои тирамо?иро аз нав кор карда истифода мебаранд.
Боровин? - себи шаклаш гирдак ва калониаш мўътадил буда, ранги пўсташ зарди пасту андак гулоб? мебошад ва ма?заш сершираи туршмаза аст. Ин себро то як мо? ниго? доштан мумкин аст. Аниси махмалин намуди дерпазак буда, бисёр хушмаза аст, ба кашонидан ва ниго? доштан тобовар мебошад. Калонии мева?ояш мўътадил буда, пўсташ ?амвори рахшон ва рангаш зарди сабзтоб аст.
Намуд?ои себи зимистона аз ?и?ати и?тисод? фоиданок мебошанд, зеро он?оро дар анбор?ои махсус ба муддати муайян низ ниго? доштан мумкин аст. Баъзе намуд?ои себ?ои зимистонаро ба монанди семиренко то ?осили нав ниго? медоранд.
Н о к дар мевапарвар? ?ои камро иш?ол менамояд. Бе?тарин намуд?ои нок дар но?ия?ои ?ум?урии То?икистон парвариш карда мешаванд. Нокро тару тоза истеъмол менамоянд, хушк мекунанд, инчунин аз нок кампот, мураббои ?афс ва консерва тайёр кардан мумкин аст. Нок ма?зи бисёр нозук ва латиф дошта, ми?дори ?андаш зиёд мебошад.
Нок ?ам ба мисли себ аз ?и?ати вакти пухтанаш ба тобистона, тирамо?? ва зимистона та?сим мешавад. Намуд?ои ноки тобистона аз мо?и июл то август мепазанд ва он?оро бисёр ниго? доштан мумкин нест. Нок?ои тирамо?? дар мо?и сентябр мепазанд ва он?оро дар ?арорати паст 2-3 мо? ниго? доштан мумкин аст. Нок?ои зимистона аз мо?и сентябрь то октябр мепазанд, баъд аз канданашон ранг ва маззаи хуб пайдо мекунанд. Намуди ноки тирамо?? Берс-бокс шакли шишамонанд дошта, ранги пўсташ тиллогуни норин?? мешавад. Аз намуд?ои тирамо?? навъи бе?тарин ба ?исоб меравад ва то мо??ои декабр-январ ниго? доштан мумкин аст. Ноки октябр намудест, ки И.В.Мичурин рўёнда буд, калонии мева?ояш мўътадил буда, ранги пўсташ сабз ва до?и па?ни ?игаритоб дорад.
Намуди берс зимистона мебошад, мева?ояш сербар, па?лў?ояш нобаробар аст, шаклаш зебо буда, андозааш мўътадил ё калон мешавад. Ранги пўсташ дар ва?ти кандан сабз? сафедтоби хира буда, ну?та?ои хурди хокистаранги зангмонанди зерипуст? дорад. Дар вакти ниго? доштан ранги мева?о зард шуда, бо сурхии баланди ?игартоб пўшида мешаванд. Мева?ояшро то мо?? апрел ниго? доштан мумкин аст.
Б и ? ?. Онро себби?? ?ам мегўянд, асосан дар Украина, Молдова, Кавказ ва Осиёи Миёна, аз он ?умла дар То?икистон парвариш карда мешавад. Одатан би?? ба монанди дарахт ва дарахти бутташакл мерўянд, мева?ояш аз рўи намуд ба мева?ои себ ва нок монанд аст. Би?? дар шароити То?икистон охир?ои мо?и сентябр- октябр мепазад. Мева?оро дар ?олати ?ариб пухта расидан ?амъовар? менамоянд ва дар ва?ти ниго? доштан пурра пухта мерасанд. Дар ?олати тару тоза би?иро кам истифода мебаранд, чунки сахт аст.
Аз мева?ои би?? компот, мураббо, ?ем тайёр менамоянд ва онро хушк мекунанд. Инчунин би?иро барои хушлазат кардани баъзе таом?о истифода мебаранд ва барои кашонидан тобовар мебошад. Мева?ои би?? калон буда 300 - 600г мешавад, намудаш себ ё нокмонанд аст. Пўсташ сабзи зардчатоб мебошад. Дар таркиби би?? модда?ои мад?ушкунанда (0,2-1,8)%, модда?ои рангди?анда (0,75- 3,2)% ва кислота?ои органик? (1,3 - 2,0)% дучор мешаванд. Аз рўи мў?лати пухта расидан би?иро ба би?ии тирамо?? ва зимистона та?сим менамоянд. Намуд?ои тирамо?? 2-3 мо? ва зимистона то мо?и март - апрел ниго? дошта мешаванд. Ба намуд?ои васеъ па?ншудаи би??- тезпазак, самар?анд?, ширин, нон- беги, себмонанд, нокмонанд, хоразм? ва ?айра?о дохил мешаванд.
б) Мева?ои донакдор
Мева?ои донакдорро бо тарзу усул?ои гуногун истифода мебаранд. Он?оро бисёртар ба шакли тару тоза истеъмол мекунанд. Аз ин мева?о кампот, мураббо, ?ем, шарбат тайёр карда, инчунин он?оро хушк менамоянд. Мева?ои ?иматба?ои донакдорро ба монанди шафтолу, зардолу, олу, гелос ва ?айраро дар но?ия?ои ?умхурии То?икистон парвариш мекунанд. Мева?ои донакдори тару тозаро аз охири мо?и май то мо?и сентябр дар шароити То?икистон ба фурўш мебароранд. Аз ?ама пештар гелос ва баъд зардолу, олу, шафтолу мепазад.
З а р д о л у ва ш а ф т о л у. Ин мева?о зироат?ои хеле пур?имат буда, дар ?ум?урии То?икистон ва дигар ?ум?ури?о васеъ па?н гардидаанд. Зардолу ба ду гурў? та?сим мешавад: 1) гурў?и зардолуи хасак, ки рўяш патдор буда, ма?заш ордмонанд аст;
2) гурў?и зардолуи луччак, ки пўсташ ?амвор буда, ма?заш сершираи ширин аст. Зардолу мувофи?и тарзи истеъмолаш ба зардолуи сари дастархон?, консерв? ва ?ўлинг? та?сим мешавад. Намуд?ои зардолуи ?ўлинг? асосан дар но?ия?ои гирду атрофи ?ум?уриамон па?н шудаанд. Ба бе?тарин намуд?ои сари дастархон? - мо?тоб?, сафедак, ?авпазак, ?анда?, мирсан?ал?, бобо? ва ?айра дохил мешаванд.
Ма?сулоти аз нав кор кардашудаи зардолу - ?ўлинг, ашта?, ма?з ва ?айра?оро тамоми фасли сол дар бозор?ои ?ум?ур? дидан мумкин аст, ки ?амарўза аз он?о истифода мебаранд. Ми?дори зиёди ин ма?сулот аз То?икистон ба дигар ?ум?ури?ои соби? Шўрав? содирот карда мешавад, ки а?амияти и?тисод? дорад.
Шафтолу ?ам ба ду гурў? та?сим мешавад: шафтолуи патнок ё шафтолуи ?а?и??, ки рўи пўсташонро пат пўшидааст ва шафтолуи лучак, ки пўсташ пат надорад. Шафтолуи пўсташ пат надоштаро нектарин меноманд. Шафтолу зо?иран ба зардолу монанд аст. Вале он?о аз ?и?ати маззаи ма?зашон ва сохти донак?ояшон аз якдигар фар? доранд.
О л у дар ?ум?урии То?икистон васеъ па?н гардидааст. ?ариб 30 намуди олу маълум аст, ки аз он?о 5 намудаш а?амияти амал? дорад. Аз олу?о бештар « ?ирот? » ва « ренклод » васеъ па?н шудаанд.
?ирот? бисёр намуд?ои мобайн? дорад, ки бештар барои тайёр намудани олуи хушк истифода бурда мешавад. Шакли мевааш дарозрўяи тухмшакл буда, пўсташ сахти рангаш кабуди баланди бунафштоб аст.
Ренклод олуест, ки бисёр намуд?оро дар бар мегирад. Аз ?ама бештар ренклоди сабз па?н гардидааст, ки калонии мевааш мўътадил буда, рангаш зарди сабзтоб аст. Ма?зи меваи пухтагиаш сершираи ширин буда, донааш аз ма?заш ба осон? ?удо мешавад ва аз он бештар мураббо мепазанд. Олу?ои меваашон хурд низ маълуманд, ки ба он?о мисол шуда метавонанд: олуча, куксултон, терн ва мирабел.
Ранги олуча зард, гулоб? ва сиё? мешавад. Вай одатан хурд буда, донааш па?ни гирдак аст ва ми?дори зиёди кислотаю модда?ои рангкунанда дорад. Аз олучаи аз нав коркардашуда мураббо, кампот, пастила, мармелад ва ?айра тайёр менамоянд. Олучаи зардро дар ?арорати паст як чанд мо? ниго? доштан мумкин аст. Терн растаниест, ки мева?ояш хурди гирдак буда, рангаш кабуди баланд аст ва ба ми?дори зиёд модда?ои даббо?? ва кислота?ои озод дорад.
Г е л о с ?ариб дар ?амаи но?ия?ои чум?уриямон парвариш карда мешавад. Чунин намуд?ои гелос маълум мебошанд: а) гелоси владимир?- калонии мева?ояш мўътадил буда, сершира, турш-ширин аст, шакли мудаввар ва баъзан шакли шал?аммонанд дорад. Ранги мевааш сиё? ё сиё?и сурхчатоб буда, намуди бе?тарин ба ?исоб меравад; б) намуди гелоси лўбиёг? – андозаи мевааш калон, рангаш сурхи баланд, мазааш турш ва ма?заш сахт аст. Ин намуд ба кашонидан нисбатан тобовар мебошад. Намуди гелоси сер?осили мичурин?, ки И.В.Мичурин рўёнидааст, дерпазаки хеле устувор ва сер?осил мебошад.
в) Мева?ои чорма?змонанд
Чорма?змонанд?о хўроквории хеле пур?изо ба ?исоб мераванд, чунки рав?ан ва сафедаи зиёд доранд. Дар таркиби чорма?з (40% -70)% рав?ан ва (15-22)% сафеда мав?уд мебошад. Чорма?зро тару тоза истеъмол менамоянд ва дар саноати ?ўроквор? васеъ истифода мебаранд. Аз баъзе намуд?ои чорма?з рав?ан гирифтан мумкин аст. Чунин намуди чорма?змонанд?о зиёдтар дучор мешаванд - чорма?з, писта, бодом, ки ва он?оро дар То?икистон ба таври васеъ истифода мебаранд.
Ч о р м а ? з дар То?икистон хеле хуб нашъунамо меёбад. Рўи чорма?ро пўсти ?афси сабз пўшидааст ва ?ангоми пухтани чорма?з кафида ба ду ?исса ?удо мешавад ва чорма?зе, ки пўсти чўбин дорад, аз даруни он озод мешавад. Чорма?зи хом ба ми?дори зиёд витамини С дорад, аз ?амин сабаб як ?исми ?осили чорма?зро дар ва?ти ?ом буданаш барои тайёр намудани ма?сулоти сервитамини С ба кор мебаранд. Аксар ва?т чорма?зро аз пўсташ ?удо карда бо номи ма?з мефурўшанд, ва дар ин ?ол ма?зи он 30% - и вазни чорма?зи бутунро ташкил меди?ад. Мувофи?и андоза аз пўст ?удошав? ва пур будани ма?заш чорма?зро ба навъ?ои ол?, 1-ум ва 2-юм та?сим мекунанд.
П и с т а дар ?ум?урии мо асосан дар ?ангал?о ва дар кў??о мерўяд. Писта ба ду гурў? та?сим мешавад: 1) пистаи му?аррар? ё кў??, ки нисбатан хурд аст; 2) пистаи бо??, ки калонтар мешавад.
Пистаро баъд аз пухтан ме?ундоранд, зеро чорма?з ва пистаи хом аз пўсташ ?удо намешаванд ва бисёртар обу камтар модда?ои ?изои доранд, инчунин зуд вайрон мешаванд. Дар вакти муайян намудани сифати писта ва чорма?з чунин нишондод?о ба назар гирифта мешавад: дара?аи пур будани ма?з, мазаи ма?з ва ми?дори ма?з вобаста ба ?афсии пўст. Ма?зи писта мувофи?и андоза, пурраг? ва хушсифат буданашон ба навъ?ои ол? ва 1- ўм та?сим мешаванд.
Б о д о м дар ?олати худрўй ва мадан? дар тамоми ?ум?уриамон ба таври васеъ па?н шудааст.
Меваи бодом дарозрўяи тухммонанд буда, пўсти сахт ва нарм дорад. Ма?зи бодом ширин ва талх мешавад. Намуд?ои бодоми ширинро ба шакли тару тоза, шўр истеъмол менамоянд ва ба ?айр аз он дар саноати хўроквор?, хусусан ма?сулоти ?аннод? васеъ истифода мебаранд. Бодоми талх барои ?осил намудани рав?ани ?иматба?о истифода мешавад, ки он барои саноати аттор? ва кимиё? ?амчун ашьёи хом лозим аст. Меваи хоми бодом ?ам ба мисли меваи хоми чорма?з, пардаи сабз? меваг? дорад.
г) Буттамева?о
Буттамева?о яке аз зироат?ои зуд мевади?анда ба ?исоб мераванд ва аз ?амин ?и?ат нисбат ба растани?ои дарахт? бартар? доранд. Буттамева?ои бештар па?н шударо ба се гурў? та?сим мекунанд: 1)Буттамева?ои ?а?и?? - мева?ои ало?ида доранд, тухм?ояшонро ма?з и?ота кардааст ва ба ин гурў? дар шароити То?икистон ангур дохил мешавад. 2)Буттамева?ои мураккаб мева?ои бисёр доранд, ки он?о дар думчаи умум? ?амъ шудаанд. Ба ингуна мева?о тамашк (малина) дохил мешавад. 3)Буттамева?ои ?албак? - ?исми ба хўрдан бобашон гулбини калон шударафтаи сершира ва нозуки он?о ба ?исоб меравад, ба ингуна мева?о ?улфинай дохил мешавад.
Буттамева?оро ба шакли тару тоза ва ба намуди аз нав кор кардашуда, васеъ истифода мебаранд. Аз он?о мураббо ва май тайёр кардан мумкин аст, хушк мекунанд ва баъзеи он?оро барои ма?сади табобат? истифода мебаранд. А?амияти ?изоии буттамева?о бо он вобастааст, ки дар таркибашон ми?дори зиёди ?анд, кислота, модда?ои минерал? ва инчунин каротину витамини С доранд.
А н г у р растании гармидўст ба ?исоб меравад ва дар То?икистон васеъ па?н шудааст. Ангур ми?дори зиёди ?анд дорад, ки дар таркиби он глюкоза ва фруктоза (16 – 25%) - ро ташкил меди?анд. Вай инчунин кислота, модда?ои даббо??, модда?ои минерал?, витамин?ои С ва гурў?и В дорад.
Ангур аз пўст, ма?з ва тухм?о иборат аст, ки вазни хоси ин ?исм?ои ангур мувофи?и намуд, и?лим, боришот ва дигар шароит?о каму зиёд мешавад. Ба ?исоби миёна ми?дори пўсти ангур (2 – 9%), ма?заш (85 – 90%) ва тухмхояш то 5% шуданаш мумкин аст. Рўи пўсти ангур ба пардаи муммонанд пўшида шудааст, ки вай ангурро аз вайрон шудан му?офизат менамояд ва мева?оро хушнамуд мекунад. Ма?з ва шираи ангур одатан беранг аст. Модда?ои рангкунанда асосан дар пўсти ангур ?ойгир шудааст. Ангури пўсти нисбатан ?афс дошта барои ба ро??ои дур кашонидан тобовар буда, на?з ниго? дошта мешавад. Ми?дори тухм?ои ангур мувофи?и навъаш то 4 адад дар як дона шуданаш мумкин аст. Намуд?ои ангури бе тухм ба монанди кишмиш мав?уданд. Тухми ангур (4 – 19%) рав?ан, (1,8 – 3%) модда?ои даббо?? дорад, ки он?о дар раванди майкаш? ба даруни шираи он афтода, ба май мазаи тунд? мебахшад.
Намуд?ои ангур мувофи?и ма?сади истифодашавиашон ба се гурў? та?сим мешаванд: а) намуд?ои саридастархон?; б) майкаш?;
в) мавиз?. Ин та?симот то як дара?а шарт? мебошад, чунки бисьёр намуд?ои ангурро бо 2 – 3 ма?сад истифода мебаранд.
Барои намуд?ои саридастархонии ангур чунин хусусият?о шарт аст: ангур бояд калон, рангу шаклаш зебо, ми?дори кислотааш нисбатан кам ва ?андаш зиёд бошад. Намуд?ои майкашии ангур ба ми?дори зиёд ?анд ва нисбати намуд?ои дигар бисьёртар модда?ои даббо?? доштанаш лозим аст. Намуд?ои мавизии ангур пўсти тунук доранд, тухм надоранд ва ё кам доранд, ми?дори ?андашон зиёд, кислотаашон мўътадил мебошад. Ми?дори намуд?ои ангур хеле зиёд аст. Чунин намуд?ои ангурро номбар кардан мумкин аст: шабаш, мусалас? му?аррар?, мускат, асмаи сиё?, кишмиши сафеду - сиё? ?усайн?, тоиф?, дили кафтар ва ?айра.
Т а м а ш к ( м а л и н а ) ?ариб дар ?ама ?о дар ?олати ёбо? ва мадан? па?н гардидааст. Тамашкро ба шакли тару тоза истеъмол менамоянд, инчунин аз он мураббо, ?ем, май тайёр мекунанд, дар исте?соли мол?ои ?анод? истифода мебаранд, хушк ?ам кардан мумкин аст. Мева?ои тамашк норин??, сурх, сиё? мешаванд. Ду намуди тамашкро фар? кардан мумкин аст, ки якеаш дар як сол як маротиба ва дигаре дар як сол ду маротиба ?осил меди?ад.
Чунин намуд?ои тамашк бисьёртар маълуманд:
1) Малборо мева?ои калони сурхи равшан дорад, ки барма?ал мепазад ва ба кашондан тобовар аст.
2) Техас намудест, ки И.В. Мичурин рўёнида буд, мева?ояш калони рангаш хира, намуди бисёр хуб буда, тару тоза истеъмол менамоянд. Тамашкро мувофи?и стандарт ба навъ?ои якўм ва дуюм та?сим менамоянд.
? у л ф и н а й ( к л у б н и к а ) ба растании ду ?инса мансуб мебошад. Тан?о растании ?инси модинаи ?улфинай мева мебандад. Мева?ои ?улфинай хурданд, аксаран пурра рангин намебошанд, бўи хуши махсусе доранд. Зироати ?улфинай дар ?ум?урии То?икистон парвариш карда мешавад ва афзалияти калони ин зироат тезпазак будани мава?ояшон мебошад. Буттаи он?о тамоми соли шинонида шуданашон мева дода метавонад. Норасоии ин мева?о аз он иборат аст, ки ба кашонидан тобовар нестанд ва муддати дароз ниго? дошта намешаванд. ?улфинай мувофи?и сифаташон ба навъ?ои якўм ва дуюм та?сим мешаванд.
д) Мева?ои субтропик? ва тропик?
Ба растани?ои мевади?андаи минта?аи субтропик? – мева?ои субтропик? ва ситрус? дохил мешаванд. Ба мева?ои ситрус? ва субтропик? афлесун, мандарин, лиму, анор, ан?ир, хурмо ва ?айра дохил мешаванд. Ба мева?ои тропик? – ананс, банан ва дигар?о мисол шуда метавонанд. Дар ?ум?урии То?икистон мева?ои ситрус?, аз ?умла афлесун ва, хусусан, лиму дар водии Вахш парвариш карда мешавад. Дар вилояти Хатлон, Су?д ва водии ?исор хурмо, ан?ир хуб нашъу намо меёбанд.
Дар но?ияи Дарвоз ан?ири кў?? мерўяд. Мева?ои субтропик? бисёр хушмазза буда, ми?дори зиёд? ?анду кислота, каротин, витамин?ои С ва гурў?и В доранд, ки он?о ба кашонидан тобовар мебошанд. Ин мева?оро ба шакли тару тоза истеъмол мекунанд: барои гирифтани шарбат, тайёр намудани мураббо ва рав?ан?ои эфир? васеъ истифода мебаранд.
А ф л е с у н - ?ариб 200 намуди он маълум аст, ки аз ?и?ати сохт, андоза, шакл, ранг ва мазаашон аз ?амдигар фар? доранд. Намуд?ои афлесун аз рўи сохти пўсташон ба афлесуни ?афспўст, тунукпўст; аз рўи шакли мева?ояшон ба гирдаку овал?; аз рўи тухм доштан ё надоштанашон ба афлесун?ои тухмдору бетухм та?сим мешаванд. Мева?ои афлесун ба кашонидан хуб тобовар мебошанд.
М а н д а р и н. Намуди грузинии он дар Кавказ мерўяд ва сер?осил аст. Мева?ои ин навъи мандарин кулўлаи андак пача? буда, пўсташ аз ма?заш бо осон? ?удо мешавад. Ма?зи меваи мандарин ба
9 - 11 ?иссаи баробар та?сим мешавад. Пухтани мева?ои мандарин вобаста ба вазъи сол аз нимаи мо?и ноябр то миёнаи мо?и декабр давом меёбад. Дар мандарин 6 зинаи пухта расидан мушо?ида карда мешавад: 1)сабзи баланд; 2) зард шудани чоряки мева; 3) зард шудани нисфи мева; 4)зард шудани се чоряки мева; 5)ранги норин?? гирифтани тамоми мева; 6)пурра ранги норин?? гирифта пухта мерасад. Мандарин?ое, ки дар зинаи дуюми пухта расидан ?амъовар? карда мешаванд, пухтанашонро давом ди?анд ?ам, мисли мандарин?ое, ки дар зинаи шашўми пазиш канда мешаванд, хушсифат нестанд. Мандарин?ое, ки дар зинаи сеюм, чорўм ва пан?ўм канда мешаванд, баъдтар ба кулл? пазишашонро ба охир расонида метавонанд. Ин гуна мандарин?о нисбатан хушсифат шуданаш мумкин аст.
Л и м у ? о и турш ва ширинро парвариш менамоянд, вале лиму?ои турш нисбатан а?амияти калон доранд. Меваи лиму ?ариб ?амеша шакли овал? ва ё дарозрўя дорад. Ма?зи меваи лиму ба воситаи парда?ои тунук ва шаффофи пўст? ба 10-12 ?исса та?сим шудааст, ки дар ?ар кадоми он?о 2-3 тог? тухми талх мав?уд аст ва он?о аксаран бо пўст васл шудаанд. Ма?зи лиму ми?дори зиёди кислотаи лимў дорад, ки сабаби туршии он ?ам дар ?амин аст. Пўсти лиму ми?дори зиёди рав?ани эфир? дорад, ки дар шираворпаз? васеъ истифода бурда мешавад.
А н о р р о асосан дар вилояти Хатлон, Су?д ва водии ?исор парвариш менамоянд. Анорро асосан аз мо?и сентябр то октябр дар ва?ти пурра пухта расиданаш ?амъовар? мекунанд. Мева?ои анор намуди лунда дошта, аз пўсти ?афси чандир?, ки дона?ояшро рўйпўш кардааст, иборат мебошад. ?ар як анор дар дохили худ 400-700 дона дорад, ки дар хонача?ои ало?ида рўйпўш карда шудааст. Ранги пўсташ аз зарди гулоб? то сурхтоб мешавад. Мева?ои анорро аз рўи андоза ба калон (400г), миёна ( 300-400г) ва хурд (100г) та?сим менамоянд. Аз рўи ми?дори кислота ба ширин ( 0,2-2%), туршуширин ( 2-3%) ва турш
( зиёда аз 3%) та?сим мешаванд. Ба навъ?ои васеъ па?н шуда: Ширин-анор, Ак-дона, Била-Мюрсал, казаки – анор, А?и?-дона, шо?-анор мисол шуда метавонанд. Ин меваро асосан бо намуди тару тоза истеъмол мекунанд ва пўсти онро дар тибби ?адим барои беморони дарди шикам ?амчун сахткунанда истифода мебаранд.
А н ? и р р о бештар дар вилояти Хатлон, Су?д, водии ?исор парвариш мекунанд. Ин мева дар мо?и июл - август мепазад ва 1- 2 рўз ниго? доштан мумкин аст. Дарози меваи ан?ир то 7 см ва вазнаш (10-100г) шуда метавонад. Мева?о одатан нокмонанди пача? ва ё пуфакмонанд буда, ранги сабз, зард, сурх ва сиё?чатоб доранд.
Дар ва?ти пухта расидан дар таркиби ан?ир (78-79% ) об, (15-25%) ?анд, (0,2-0,3%) кислота?ои органик? дучор мешаванд. Ан?ирро ба намуди тару тоза истеъмол менамоянд, хушк мекунанд ва аз он мураббои хуб тайёр менамоянд. Ба намуд?ои васеъ па?ншудаи ан?ир - Смирин?, Сочиг?, Бодоми ва Сафед дохил мешаванд.
Х у р м о р о дар ?ум?урии То?икистон асосан дар водии ?исор парвариш менамоянд. Хурмо дар мо?и сентябр ва октябр пухта мерасад ва мева?ояш калон буда, рангаш зард? норин?? мешавад. Аз рўи сифати мазааш мева?ои хурморо ба тундмаза ва ширинмаза та?сим менамоянд.
Дар таркиби мева?ои пухтарасидаи хурмо (78 - 92%) об, (13-20%) ?анд, (0,1-0,2%) кислота, (0,2- 0,6%) модда?ои рангкунанда ва витамини С мав?уд мебошад. Хурморо бисёртар бо намуди тару тоза истифода мебаранд, барои бемории бу?о? (зоб) фоидаовар аст. Мў?лати ниго?дории ин мева 2 - 3 мо? мебошад.
Б а н а н дар мамлакат?ои тропик? ва баъзе мамлакат?ои субтропик? парвариш карда мешавад. Растании банан ба монанди дарахти нахл буда, баландиаш 3-10 метр мешавад. Дар нўги дарахти банан пояи бисёр ?афси овезоне пайдо мешавад, ки дар болои он монанди спирал ба шакли ним?ал?а тўдагул?о ?ойгир мешаванд. Адади сар?ои меваи як растан? 6 - 12 то шуданаш мумкин аст. Мева?ои ба якдигар ?афсшуда ?амели калонеро ташкил мекунанд, ки аз 150 - 200 банан иборат аст. Вазни умумии ?амели банан 10-50 кг мешавад. Бананро дар ?арорати камаш 120 С ниго? дошта, пухтанашро ба охир мерасонанд, зеро банан дар ?арорати аз ин пасттар сифат?ои олии молии худро пайдо карда наметавонад. ?ар як сари бананро пеш аз ба фурўш баровардан аз ?амел?о бурида мегиранд. Банан?ои пухтагиро аз ?и?ати сифат ба ду навъ – навъ?ои 1-ум ва 2-юм та?сим мекунанд. Мў?лати нига?дории ин мева дар ?арорати 12-15 0С ва намнокии (80 - 85%) 3 - 10 шабонарўз аст.
А н а н а с ?ам дар ?амон но?ия?ои тропик? ва субтропикие, ки банан мерўяд, месабзад. Растании ананас бисёрсола ба ?исоб меравад. Меваи ананас тўдамевае мебошад, ки аз мева?ои бисёри ба ?ам васл гардида, иборат буда, ме?вари гўшт? дорад ва чил?ўзаи сергўшт ба ву?уд меорад. Дар нўги мева як бандча барг мав?уд аст.
Вазни меваи ананс (0,5- 5 кг) мешавад. Ма?зи меваи ананас нозуки ширинтурш буда, бўи хуби махсус дорад ва одатан рангаш зард? паст мешавад. Дар таркиби меваи хуб пухтаи ананас (84 - 86%) об, (11 - 13%) ?анд, (0,5 - 1,2%) кислота мав?уд мебошад. Ананасро ба ?ум?урии мо ба шакли тару тоза, нўшоки?о ва консерваи онро воридот мекунанд. Нисбат ба меваи тару тозаи ананас дар шароити То?икистон нўшоки?ои аз он тайёр кардашударо бисёртар истифода мебаранд.
Просмотр: 1403
Музыка способна оказывать известное воздействие на этическую сторону души; и раз музыка обладает такими свойствами, то, очевидно, она должна быть включена в число предметов воспитания молодежи.
© 2020 DURAHSHON.TJ. All rights reserved