|

Нигоҳ доштани нон

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2018-09-25

 Чуноне ки маълум аст, нон ва маҳсулоти он ба хўроки тез вайроншаванда дохил мешаванд. Аз ин рў, ба қоидаҳои ҷобаҷокунӣ, кашондан ва нигоҳдорӣ риоя намудан шарт ва зарур аст. Нони булка (хлеб)-ро дар вақти нигоҳ доштан дар як ва ё ду қатор мечинанд. Дар вақти нодуруст ҷобаҷокардан шакли нон тағйир ёфта, сифати он паст мешавад.
Нон ва маҳсулоти онро дар автомашинаҳои махсус таҷҳизонидашуда мекашонанд. Ин намуди нақлиёт бояд шаҳодатномаи хизмати санитарӣ дошта бошад.
Дар муассисаҳои савдо нонро дар ҷойҳои хушк, тоза ва дар ҳарорати 18 – 200 С, намнокии 75% нигоҳ медоранд. Дар намнокии аз ин баланд нон мумкин аст, ки мағор кунад. Нон ва маҳсулоти онро аз дигар молҳо алоҳида нигоҳ медоранд, чунки дар вақти якҷоя нигоҳ доштан бо дигар молҳо, махсус бо молҳои бўи баланд дошта, тез вайрон мешавад, яъне бўи онҳоро ба худ мегирад. Ба ин намуди молҳо моҳӣ, тамоку, собун ва ғайра дохил мешаванд. Мўҳлати нигоҳ доштани нон дар муассисаҳои савдо чунин аст: нони ҷавдор ва ҷавдору гандумӣ аз орди навъи якўм 36 соат, нони гандумӣ ва ҷавдор аз орди навъи дуюм 24 соат, маҳсулотҳои хурди донагӣ 16 соат. Бо баробари гузаштани мўҳлати муқарраршуда нонро ба харидорон фурўхтан мумкин нест.

Дидан карданд: 266

Мавзӯъҳои монанд:

Маҳсулоти ғайри моҳигии баҳрӣ

Маҳсулоти моҳигӣ

Таснифи моҳиҳои шикорӣ

Арзиши истеъмолии гўшти моҳӣ

Маълумоти умумӣ дар бораи моҳӣ

Консерваҳои гўштӣ ва ҳасибҳо

Маҳсулоти дуюминдараҷаи гўштӣ

Гўшти парандаҳои хонагӣ ва харгўш

Маълумоти умумӣ дар бораи гўшт

Маҳсулоти тухмӣ

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: