|

Чуворимакка: истехсол ва истеъмоли он

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2018-09-25

Ҷуворимакка ё ки пештар маис ном дошт, дар истеҳсоли ҷаҳонии ғалладона яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд. Миқдори асосии ҷуворимаккаро ШМА, Аргентина ва Мексика истеҳсол менамоянд. Ҷуворимакка растании баҳории гармӣ дўстдор буда, давраи вегетатсияаш нисбатан дароз, яъне 85-140 рўз аст. Ҷуворимакка ҳамчун растанӣ чунин хусусият дорад: гулҳои наринааш ба шакли хўша дар нўги поя, вале тўдагулҳои модина ба шакли сарак дар бағали баргҳо ҷойгир шудаанд. Дар ҳар як поя 1 то 3 адад сарак шуданаш мумкин аст. Дар вақти кўфтани саракҳо қариб 70-80% -и вазнашон дона ҳосил мешавад. Донаҳои ҷуворимакка ҳар хел ранг доранд: бештари онҳо сафед ва зард буда, гоҳо сурх ва нилобӣ ҳам мешаванд. Вазн, андоза ва шакли донаҳои ҳар гуна навъҳо як хел нестанд. Вазни 1000 донаи ҷуворимаккаи навъҳои гуногун 400г мешавад. Ҷуворимаккаро аз рўи шакли донаҳояш ба чунин гурўҳҳои асосӣ тақсим мекунанд: 

а) ҷуворимаккаи дандоншакл, ки донаҳояш дарозрўяи фонамонанд мебошад: дар нўги донаҳо чуқурчаи характернок мавҷуд аст, ки онҳоро ба дандони асп монанд мекунанд; 
б) ҷуворимаккаи зардтоб, ки донаҳои гирдаки нўгашон барҷаста дорад, бештар паҳн гардидааст ва ранги донаҳояш зард мебошад;
в) ҷуворимаккаи крахмалӣ (оҳарӣ), ки эндоспермаи қариб тамоман ордмонанди ковок дорад ва асосан барои ҳосил намудани оҳар ва спирт истифода мешавад;
г) ҷуворимаккаи таркон, ки донаҳои хурди шохмонанд дорад ва хосияташ аз он иборат аст, ки дар вақтӣ гарм кардан мекафад ва эндоспермааш берун мебарояд; ин ҷуворимаккаро барои тайёр кардани ярма истифода мебаранд;
д) ҷуворимаккаи қандин, ки миқдори зиёди моддаҳои ҳалшаванда дорад ва барои тайёр кардани консерва истифода мебаранд.
Дар таркиби ҷуворимакка 6% равған, 65-68% оҳар, 10-12% сафеда, 1,2-1,5% моддаҳои минералӣ мавҷуд аст. Ҷуворимаккаро асосан ҳамчун хўроки ҳайвонот истифода мебаранд. Инчунин, онро ҳамчун зироати техникӣ истифода бурда, аз он оҳар, шиннӣ, спирт, орд ва ярма истеҳсол менамоянд. Қайд кардан лозим аст, ки орди ҷуворимаккаро ба ғайр аз он ки ҳамчун хўрокӣ истифода мебаранд, боз дар кори бофандагӣ барои часпонидани тор ва пардоз додани матоъҳо низ истифода мекунанд. Дар шароити Тоҷикистон бошад, киштукори ҷуворимакка барои беҳтар намудани базаи хўроки чорво аҳамияти калон дорад.

Дидан карданд: 285

Мавзӯъҳои монанд:

Маҳсулоти ғайри моҳигии баҳрӣ

Маҳсулоти моҳигӣ

Таснифи моҳиҳои шикорӣ

Арзиши истеъмолии гўшти моҳӣ

Маълумоти умумӣ дар бораи моҳӣ

Консерваҳои гўштӣ ва ҳасибҳо

Маҳсулоти дуюминдараҷаи гўштӣ

Гўшти парандаҳои хонагӣ ва харгўш

Маълумоти умумӣ дар бораи гўшт

Маҳсулоти тухмӣ

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: