|
youtaj

Хусусиятҳои фаъолияти фирма дар шароити рақобати мукаммал

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2018-09-20

Дар ҳаёти аслӣ инчунин ҳолате мушоҳида карда мешавад, ки дар бозор танҳо ду истеҳолкунанда мавҷуданд. Аввалин маротиба чунин хусусиятро олим – иқтисодчии франсуз Антуан Огюстен Курно (1801–1877) мушоҳида намуда ба ҳамтаъсиррасонии онҳоро таҳлил карда буд.
Фарз мекунем, ки яке аз фирмаҳо (масалан, Б) оиди боздории истеҳсолот      қарор қабул мекунад. Дар ин ҳолат талаботи бозорӣ пурра аз тарафи  истеҳсолоти фирмаи А таъмин карда мешавад. Каҷхаттаи талаботи он пурра бо каҷхаттаи талаботи бозорӣ D1(0) (расми 10.1) мувофиқат мекунад.
P1

Барои фирмаи рақобатноки мукаммал нархи бозории мол аз берун муайян карда мешавад ва аз нутқтаи назари қарори rабул мешудаи фирма ҳамчун бузургии доимӣ қабул шуданаш мумкин аст (Р - const). Дар чунин ҳолат даромади миёна ва даромади интиҳоӣ низ ба нарх баробар мешаванд.
Агар пешниҳоди соҳавӣ то S3 афзоиш ёбад, дар ин ҳолат нархи бозорӣ аз сатҳи хароҷотҳои минималии LRAC паст мешаванд ва истеҳсолот зараровар мешавад, аксарияти фирмаҳо аз соҳа берун мешаванд ва нархи бозорӣ боз баланд мешавад.
Тағйирёбии пешниҳоди соҳа вобаста аз тағйирёбии нархи бозорӣ ба ҷоришавии нархи мувозинатии пешина дар сатҳи Р ва ҷоришавии нуқтаи нави мувозинатии дарозмуддат дар сатҳи Q2 оварда мерасонад.
Ҳолати мувозинатии дарозмуддати фирма ва соҳа дар назар дорад, ки фирмаҳои соҳа молҳоро бо хароҷотҳои миёнаи дарозмуддати минималӣ истеҳсол мекунанд ва фоидаи иқтисодиро ба даст намеоваранд.
Масъала:
Корхона дар шароити рақобати мукаммал амал мекунад. Вобастагии хароҷотҳои умумии корхона (ТС) аз ҳаҷми барориш дар ҷадвал пешкаш карда шудааст:

Ҳаҷми барориш дар воҳиди вақт (Q), дона.

Хароҷотҳои умумӣ (TC), воҳ.пул.

0

4

1

8

2

10

3

14

4

20

5

28

Агар нархи маҳсулот дар сатҳи 5 воҳ. пул. ҷорӣ гарадад, кадом ҳаҷми истеҳсолро корхона интихоб менамояд? То кадом дараҷа бояд нарх паст шавад, ки корхона истеҳсоли маҳсулоти додашударо қатъ намояд.
Ҳал:

Дар рафти ҳалли масъалаи мазкур бояд чунин ҳачми истеҳсолот муайян карда шавад, ки ҳангоми он MC = P = 5 воҳ.пулӣ., ва инчунин хароҷотҳои миёнаи тағйирёбандаро муайян намудан лозим аст. Агар нарх аз минимуми хароҷотхои миёнаи тағйирёбанда паст гардад, дар ин ҳолат корхона истеҳсолоти худро қатъ менамояд. Тавтиши дуруст будани ҳалли додашуда бо роҳи ҳисоб намудани даромади умумӣ (TR = P × Q)  ва фоида (П = TR –
–TC) амалӣ гардонида мешавад, ки максимуми он бояд ҳангоми ҳаҷми истеҳсоли интихобшуда ба даст оварда шавад. Хароҷотҳои интиҳоӣ, тағйирёбанда ва миёнаи тағйирёбанда дар асоси формулаҳои дар мавзӯи хароҷҳои истеҳсолӣ овардашуда муайян карда мешаванд. Натиҷаҳои ҳал дар намуди ҷадвал пешкаш карда мешаванд.

Ҳаҷми барориш (Q), дона.

Хароҷ. умумӣ (TC), воҳ.п.

Хароҷотҳои интиҳоӣ (МС), воҳ.п.

Хароҷот. тағйирёб. (VC), воҳ.п.

Хароҷ. миёнаи тағйир. (AVC), воҳ.п /дона.

Даромади умумӣ,
(
TR), воҳ.п.

Фоида (П), воҳ.п.

0

4

0

0

0

– 4

1

8

4

4

4

5

– 3

2

10

2

6

3

10

0

3

14

4

10

3,3

15

+ 1

4

20

6

16

4

20

0

5

28

8

24

4,8

25

–3

Чуноне ки аз ҷадвал маълум аст, хароҷотҳои миёнаи тағйирёбандаи минималӣ ба 3 воҳ.п. ба як воҳид маҳсулотро ташкил карданд, яъне нарх бояд баланд аз 3 воҳ.п. ҷорӣ карда шавад, то ки корхона истеҳсолоти худро қатъ нанамояд. Аз ҷадвал маълум аст, ки ҳангоми зиёднамоии ҳаҷми барориш аз 2 то 3 воҳид хароҷотҳои интиҳоӣ ба 4 воҳ.п. баробар шуданд, ки аз нархи маҳсулот, ки ба 5 воҳ.п. баробар аст, паст мебошанд.
Ҳангоми зиёд намудани ҳаҷми барориш аз 3 то 4 воҳид маҳсулот хароҷотҳои интиҳоӣ ба 6 воҳ.п. баробар шуданд, ки аллакай баланд аз нархи маҳсулот мебошанд.
Мувофиқан, гуфтан мумкин аст, ки шарти максимизатсияи фоида (MR = MC = P) ҳангоми ҳаҷми истеҳсоли 3 воҳид маҳсулот амалӣ мегардад. Тавтиш нишон медиҳад, ки ҳангоми ҳаҷми барориши 3 воҳид маҳсулот фоида 1 воҳ.п. ташкил мекунад, ки максималӣ дар шароити додашуда мебошад.

 

Дидан карданд: 1614

Мавзӯъҳои монанд:

Хусусиятҳои фаъолияти фирма дар шароити рақобати мукаммал

Сохторҳои бозорӣ

Ширкатҳо ва бозорҳо: умумияти принсипҳо ва гуногунии шаклҳо

Хароҷоти истеҳсолӣ

Асосҳои назарияи истеҳсолот (қисми II)

Асосҳои назарияи истеҳсолот (қисми I)

Назарияи рафтори истеъмолкунанда

Мафҳуми чандирнокӣ

Талабот, пешниҳод. Мувозинатии бозорӣ

Мавқеи микроиқтисод дар системаи иқтисодӣ

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: