|
youtaj

Сохторҳои бозорӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2018-09-20

Хусусияти асосии иқтисодиёти бозорӣ ин интихоби озод мебошад: истеҳсолкунанда дар интихоби маҳсулоти истеҳсол мекарда озод мебошад, истеъмолкунанда – дар интихоби мол озод аст, коргар бошад – дар интихоби ҷойи кор озод аст ва ғайра.
Рақобат (аз калимаи лотинии «conkurrere» гирифта шуда маънояш – рӯ ба рӯ шавӣ мебошад) – ин мубориза байни иштирокчиёни иқтисодиёти бозорӣ барои шароитҳои беҳтарини истеҳсолот, хариду фурӯши молҳо мебошад.
Рақобати нархӣ ин рақобате, ки дар он истеҳсолкунандае, ғолиб мебарояд, ки нархи пасттарини молро пешкаш намояд.
Рақобати ғайринархӣ муборизаи истеҳсолкунандагоро вобаста аз сифати мол, сифати хизматрасонӣ, ҷойгиршавии фурӯшанда дар назар дорад.  Аз нуқтаи назари хусусияти муборизаи рақибона рақобати мукаммал ва номукаммалро фарқ мекунанд.
  Рақобати мукаммал – ин чунин ҳолати системаи хоҷагидории бозорӣ мебошад, ки:
1) дар бозор харидор ва фурӯшандагони зиёд мавҷуданд ва ягон гурӯҳи ин агентҳои бозор ба ҳолат ва тағйирёбии вазъияти бозорӣ таъсир расонида наметавонанд;
2) барои фурӯш молҳо ва хизматҳои якхела пешкаш карда мешаванд;
3) ягон иштирокчии бозор оиди бозор нисбат ба дигар иштирокчӣ маълумоти изофагӣ надорад, бинобар ҳамин ҳамаи фурӯшандагон ва харидорон оиди бозор ахбороти якхела ва пурра доранд;
4) харидорон ва фурӯшандагон озодона ба бозор ворид шуда озодона онро тарк карда метавонанд.
Дар ҳолати рақобати монополӣ дар бозор шумораи зиёди фурӯшандагон ва харидорон боқӣ мемонанд. Аммо ҳодисаи нав пайдо мешавад – дифференсиатсияи (фарқгузории) маҳсулот, яъне чунин хусусияти маҳсулот, ки онро аз дигар молҳои монанд фарқ мекунонанд.
Мақсади монополия – ин ба даст овардани даромади максималӣ бо воситаи назорат аз болои нарх ва ё ҳаҷми фурӯш дар бозор мебошад.
Монополия бо роҳи якҷояшавии якчанд корхонаҳо таъсис меёбад ва чунин шаклҳои ташкили монополия мавҷуданд:
Картел – созишнома оиди квотаи (миқдори) маҳсулоти бароварда мешуда ва тақсими бозори фурӯш.
 Синдикат – ташкилот бо мақсади ташкили фурӯши якҷояи маҳсулот.        Трест – монополия, ки дар он моликият, истеҳсолот ва фурӯши маҳсулоти фирмаҳо ба он дохил мешуда, муттаҳид карда мешаванд. 
Консерн – монополия бо маркази ягонаи молиявии ҳамаи фирмаҳои соҳаҳои гуногуни ба он дохил шаванда мебошад, технологияи умумӣ доранд.  Конгломерат – ташкилоте, ки бо дохилшавии корпоратсияҳои калон ба соҳаҳое, ки алоқаи техникӣ ва истеҳсолӣ надорад алоқаманд аст.
Масъала:
 Дар шахри Конибодом 20 хочагии дехкони мавчуд буда хамаи онхо себ парвариш мекунанд. Хароҷоти интиҳоии ҳар яки онхо якхела, доимӣ ва баробари 300 сомонӣ мебошад. Талабот ба махсулоти хочагихо  чунин аст:

Нарх, сомони

150

120

500

300

150

хачм, хаз.дона

150

300

500

120

150

Агар онҳо картел ташкил диҳанд, он гоҳ нархи мувозинатӣ ва ҳаҷми истеҳсоли ҳар як корхонаро ҳисоб кунед. (Аз рӯи ҷадвали овардашуда талабот дар соҳа ба P=1000-Q) баробар аст.












Дидан карданд: 1196

Мавзӯъҳои монанд:

Хусусиятҳои фаъолияти фирма дар шароити рақобати мукаммал

Сохторҳои бозорӣ

Ширкатҳо ва бозорҳо: умумияти принсипҳо ва гуногунии шаклҳо

Хароҷоти истеҳсолӣ

Асосҳои назарияи истеҳсолот (қисми II)

Асосҳои назарияи истеҳсолот (қисми I)

Назарияи рафтори истеъмолкунанда

Мафҳуми чандирнокӣ

Талабот, пешниҳод. Мувозинатии бозорӣ

Мавқеи микроиқтисод дар системаи иқтисодӣ

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: