|

Асосҳои назарияи истеҳсолот (қисми II)

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2018-09-20

  Талабот ба захираҳо ҳосилавӣ буда, аз талаботи неъматҳо вобастагӣ дорад. Агар маҳсулоти интиҳоиро бо ифодаёбии пулӣ бо воситаи МRР ва хароҷотҳои интиҳоиро бо МRС ифода кунем, дар чунин ҳолат қоидаи истифодаи захираҳо бо чунин тарз ишора шуданаш мумкин аст:
MRP = MRC
Ин баробарӣ нишон медиҳад, ки барои максимизатсияи фоида ҳар як истеҳсолкунанда (фирма) бояд воҳидҳои иловагии ягон захираро то он даме истифода барад, ки ҳар як воҳиди иловагии захира аз хароҷоти афзоиш ёфта боздеҳи зиёдтарро фароҳам оварад.
Қоидаи хароҷоти камтарин. Дар мавзӯҳои гузашта мо муайян намудем, ки истеъмолкунанда мувозинатиро ҳангоми баробар шудани фоиданокии интиҳоии миёна дастрас менамояд. Мувозинатии истеҳсолкунанда дар ҳолате дастрас мешавад, ки агар максимуми истеҳолот таъмин гардад.
Қонуни хароҷотҳои камтарин – ин шароите, ки мувофиқи он хароҷотҳо дар ҳолате ба сатҳи пастарин мерасад, агар воҳиди пули охирини ба ҳар як захираҳо (омилҳо) сарф шуда, боздеҳи якхеларо таъмин намоянд, яъне хосилнокии интиҳоии баробарро ба вуҷуд оваранд.  
Қоидаи максимизатсияи фоида. Ҳосилнокии интиҳоии захираҳо ин ҳиссаи он дар истеҳсоли неъмат мебошад. Ҳиссаи захираҳо на танҳо аз хусусиятҳои он вобаста буда, инчунин аз таносуби мавҷуд будаи байни ин захира ва дигар захираҳо вобастагӣ дорад. 
Дар шароити рақобати мукаммал нархи неъматҳо ва нархи захираҳо устуворанд, яъне аз фаъолияти истеҳсолкунандаи додашуда вобастагӣ надоранд.
Функсияи истеҳсолӣ вобастагии байни шумораи захираҳои аз тарафи фирма барои истеҳсоли миқдори имконпазири маҳсулот истифодашавандаро дар фосилаи вақти муайян ифода мекунад. 
Фирма шумораи якхелаи маҳсулотро бо истифодабарии комбинатсияҳои гуногуни омилҳо таъмин карданаш мумкин аст. Интихоби иқтисодии фирма аз таносуби нархи захираҳои иқтисодӣ вобастагӣ дорад.
Фарз мекунем, ки фирма танҳо ду омили истеҳсолотро истифода мебарад – меҳнат ва сармоя. Функсияи истеҳсоли дуомила чунин намуд дорад:  
Q=F(L;K) 
ки дар ин ҷо, L – меҳнат;       
K – сармоя.
Изокванта – ин хате, ки барориши ягонаро ифода мекунад. Изокванта варианти гуногуни истифодабарии ду омили тағйирёбандаро дар ҳаҷми ягонаи истеҳсоли маҳсулот ифода мекунад.

Масъала:
Технологияи  истеҳсолот  аз  рӯи  функсияи  истеҳсолии  зерин    дода шудааст:
                                                     Q=
ки дар ин ҷо, Q – ҳаҷми истеҳсол;
К - миқдори таҷҳизот;                        
L – шумораи меҳнат
Ҳаҷми хосилноки себ ба 150 тонна дар як сол баробар аст.
Комбинатсияи оптималии захираҳо K ва L чӣ гуна мешаванд, агар мизони музди меҳнат (w) ба 10 сомони  ва мизони иҷорапулӣ (r) ба 6 сомони баробар бошанд  хисоб мекунам?
                                                        Ҳал
Маълум аст, ки MRTSL,K =  - - ва дар нуктаи оптимум:
                                                 MRTSL,K
Аз ин ҷо, агар 150, дар ин ҳолат: K = 22500/L.
Мувофиқан:
MRTSL,K = (22500/L)' = 22500/L^2.
Аз рӯи шарти оптимум: 
                                    =;L^2 =   
Мувофиқан: L = 14, K = 28. 
Ҷавоб: комбинатсияи оптималии захираҳои К ва L мувофиқан ба 14 ва 28 баробар мебошанд.

Дидан карданд: 860

Мавзӯъҳои монанд:

Сиёсати зиддисилсилавии давлат (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Навъ ва давраҳои силсила: мавҷҳои дароз, кӯтоҳ ва миёна (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Силсилаи саноатӣ ва давраҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи силсила: нигоҳ аз диди таърих ва хусусиятҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи кеӣнсгароии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи институтсионалии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Назарияи классикии мувозинии макроиқтисодӣ (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Тақозои кулл ва омилҳои муаӣянкунандаи он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Мувозинии макроиқтисодӣ, моҳият, шакл ва хусусиятҳои он (МУВОЗИНӢ ВА НОМУВОЗИНИИ МАКРОИҚТИСОДӢ: МЕХАНИЗМ ВА ИНКИШОФИ СИЛСИЛАВИИ ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ)

Иқтисоди ниҳон ва хусусиятҳои он (ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ВА САМАРАИ ОН)

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: