|

Ҷомеаи ибтидоӣ. Аҷдоди тоҷикон дар давраи тараққиёти ғуломдорӣ ва феодалӣ

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2018-09-17

1. Ҷомеаи ибтидоӣ. Тоҷикон дар давраи тарақкиёти муносибатҳои ғуломдорӣ ва феодалӣ. 
2. Нахустин давлатҳои ғуломдории Осиёи Миёна дар ҳайати давлати Ҳахоманишҳо. Муборизаи мардуми Осиёи Миёна алайҳи истилогарони Юнон.
3. Давлати Сосониён – Кидориён – Ҳайтолиён–Тахористон ва Суғд.

Халқи тоҷик чун дигар халқҳои ҷаҳон соҳиби таърихи бой ва рангин аст, ки решаҳои он ба гузаштаи дур тааллуқ дорад.
Таърих бо пайдошавии аввалин одамон дар рӯи замин оғоз ёфтааст. Сохти ҷомеаи ибтидоӣ гуфта, мо он форматсияи ҷамъиятию иқтисодиро меномем, ки ҳамаи марҳилаҳои ҷамъияти то синфиро дар бар гирифта муддати хеле дароз аз ташаккули аввалин коллективҳои инсонӣ то пайдо шудани синфҳоро дарбар мегирад.
Ҷамоаи ибтидоӣ ба се аср тақсим мешавад. 1. Асри санг. 2. Асри оҳан. 3. Асри биринҷӣ. Асри биринҷӣ, боз ба се давра тақсим мешавад. 1. Энеолит. 2. Неолит. 3. Мезолит.
Нахустин сарчашмаи хаттӣ дар асрҳои VII – VI пеш аз мелод дар Осиёи Миёна сукунат доштани қавму тоифаҳои ғайрнаҷод суғдиён, бохтариҳо, марғиёниҳо, хоразмиҳо, портҳо, қабилаҳои мухталифи сакоӣ ва ғайраҳо хотир нишон намудаанд.
Авасто-китоби муқаддаси зардуштиён ба ҳисоб меравад. Худи номи «Авасто» аз калимаи форсии миёна «апастак» ё худ «абастан» ба маънои «асос», «гузориш», «дастур» омадааст.
«Авасто» аз 21 китоби алоҳида иборат аст, ки аз онҳо ба мо 5 -тоаш омада расидааст:
1.«Ясно» - маҷмӯи матнҳои маросимӣ;
2.«Виспарат» - маҷмӯи дуо ва матнҳои маросимӣ;
3.«Видевдат» (Вандидот) –қонун бар зидди девҳо;
4.«Яшт» - ҳо сурудҳо дар васфи худоён;
5.«Хуртак Апастак» - дуоҳои динӣ, намозҳо;
Асосгузори давлати Ҳохоманишиҳо Куруши Кабир (550 – 530 то милод) мебошад. Ин давлат миёнаҳои асри VI то мелод ташкил ёфта, Хоразму Бохтар, Суғд ва қабилаҳои сакоӣ ба ҳайати он дохил мешуданд. Куруши Кабир аз тарафи маликаи массагетҳо Томирис кушта мешавад. Империаи Ҳахоманишиҳо сарзамини хеле бузург, дар ғарб - Ҳабашистон, дар шарқ - Туркистони шарқӣ, дар шимол – Кавказ ва дар ҷануб – соҳили халиҷи Форсро дар бар мегирифт.
Давлати Ҳахоманишҳо дар аҳди Дорои 1 (с.522-486 т.м.) хеле тараққӣ мекунад. Ӯ барои васеъ кардани ҳокимияти шоҳӣ, ислоҳоти маъмурӣ ва пулӣ мегузаронад. Доро тамоми қаламрави империяро ба хшатрапияҳо (сатрапияҳо) тақсим кард. Ӯ дар тамоми қаламрави импе-рия пули ягонаи тиллоӣ – дарик ва нуқрагиро (сикл) ҷорӣ мекунад. Идораи маъмурӣ аз се девон иборат буд: девони молия (хазинаи подшоҳ), девони додбарӣ (суд) ва девони артиш (корҳои ҳарбӣ).
Дар аҳди салтанати Филиппи 11 (359 – 336 пеш аз мелод) иқтидори мақдуния афзуд. Баъд аз вафоти ӯ ба сари тахт писари бист солаи ӯ Искандар нишаст.
1 - октиябри соли 331 пеш аз мелод дар назди Гавгамелла қӯшуни Ҳахомаманишиҳо аз тарафи Искан-дарӣ Мақдунӣ пурра торумор карда шуд.
Спитамен лашкаркаши суғдӣ, қаҳрамони муборизаи зидди истилогарони Юнону Мақдунӣ буда, соли 329 то мелод силоҳи бисёре ҷамъ оварда, барои озод кардани Мароқанд (Самарқанд) мубориза мебарад, шаҳрро озод ва қалъаро муҳосира мекунад. Искандари Мақдунӣ барои фурӯ нишондани шӯриш бар зидди онҳо лашкари зиёд мефиристад. Спитамен ба Бохтар ақибнишинӣ мекунад ва чандин маротиба дар минтақаҳои гуногуни Осиёи Миёна душманро шикаст медиҳад.
Сосониён соли 224 то соли 651 – уми мелодӣ, яъне 427 сол дар Шарқи Наздику Миёна ҳукмронӣ кардаанд. Ба ин давлат Ардашери Бобакон асос гузоштааст.
Вориси Ардашер 1- Шопури 1 (241 – 272) дар се самт:  дар Ғарб бо римиҳо, дар Шимол бо қавми гунҳо ва дар Шарқ бо Кушониён ҷангида шоҳаншоҳии Сосониёнро васеъ намуд.
Дар ҳудуди асрҳои V-VI дар Эрони Қайқубошоҳ (с.488-531) бар зидди муносибатҳои феодалӣ, ки нав ташаккул меёфт, баромадҳои тавонои оммаи халқ ба вуқӯъ омад. Ба ин нӯҳзат шахсе сардорӣ мекард, ки дар таърих бо номи Маздак машҳур аст. Маздак ташвиқ мекард, ки ҳама одамон ҳуқуқи баробар доранд ва нобаробариро барҳам додан лозим, замину сарвати бойҳоро кашида гирифтан даркор. Қайқубодшоҳ бо роҳи фиребу қалобӣ аввал Маздак, баъд роҳбарони нӯҳзатро ба қатл расонд. Аз шикасти нӯҳзати Маздак дере нагузашта, писари Қайқубодшоҳ Хисрави Анӯшервон (531-579) омад. Шоҳан-шоҳии Сосониён дар замони  ӯ ба авҷи иқтидори худ расид.
Дар давраи Сосониён илму фарҳанг инкишоф ёфта, дар дарбори Сосониён аксари ҳунармандон ҷамъ мешуданд. Асосгузор мактаби мусиқии форсу тоxик – Борбади Марвазӣ мебошад, ки дар дарбори Хусрави Парвиз зиндагию эҷод кардааст. Аввалин мактаби олӣ бо номи – Ғунди Шопур кушода мешавад, ки дар он илми тиб ва дигар илмҳои дақиқ дарс дода мешуданд. Дар давраи Яздигурди III (632 - 651) ҳудуди шоҳаншоҳии Сосониён, соли 651 пурра аз тарафи арабҳо забт карда мешавад.
Кидориён номи худро аз номи яке аз подшоҳони кӯшонӣ Кидор, ки дар Ҳиндустон ҳукмронӣ мекард гирифта, пойтахташ шаҳри Ланшӣ буд, лекин дере нагузашта дар зери таҳдиди қабилаҳои хунҳо Кидор пойтахташро ба Балх кӯчонид.
Номи Ҳайтолиён аввалин маротиба дар асри V милодӣ зикр карда шудааст. Ҳайтолиён қабилаи муғулшакл, вале форсӣ забон буданд. Юнониён онҳоро тоифаи «эфталӣ», сарчашмаҳои арабӣ «ҳайтола» ё «ҳайотила» меномиданд. Пойтахти он шаҳри Бомиён буд, ки ҳоло дар ҳудуди Афғонистон мебошад. Соли 457 подшоҳи Ҳайтолиён Вахшунвар Балху Бадахшон, Тахористону Чағониён солҳои 467 - 480 Суғд ва соли 479 қисми Туркманис-тони Шарқиро ишғол кард.
Ҳайтолиён қувваи пурзӯри ҳарбӣ доштанд. Ҳанӯз соли 457 подшоҳи Ҳайтолиён Қӯшнавоз лашкари Сосониёнро мағлуб карда буд.
Дар асри VI дар Олтой зери унвони Хоқонии турк (солҳои 551 -744) иттиҳоди давлатӣ пайдо шуд. Ҷангҳоӣ байни ҳамдигарӣ авҷ гирифтанд ва дар ибтидои асри VII (600 - 603) хоқони туркон ба ду қисм – ба хоқони Шарқии туркон ва хоқони Ғарбии туркон тақсим шуд.
Сиёсати туркҳо аз сиёсати Ҳайтолиён фарқи зиёде надошт, вале туркҳо тартиби идораи маъмуриро дар Осиёи Миёна ба дасти худ гирифтанд ва соли 618 ислоҳот гузаронида, дар тамоми ҳокимияти маҳаллӣ волиёни худро таъин карданд.
Номи Тахористон бори аввал дар асари тарҷумавии соли 383 зикр ёфта, дар маъхазҳои чиноӣ низ ин кишвар бо номи Тухоло ёд мешавад. Тахористон - ҷануби Тоҷикистон, вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон ва қисмати шимолии Афғонистонро дарбар мегирифт. Сайёҳ ва роҳиби асри VII Сюан Сзан дар бораи вилояту мулкҳои Тахористон, андозаи масоҳати ин мулкҳо ва шаҳрҳои он маълумоти муфассал ҷамъ кардааст. Ин сарзамин ба 27 - мулк давлати хурд тақсим шуда, ҳамаи онҳо ба Хоқонии турк итоат мекарданд. Дар бораи мулкҳои ҷудогонаи Тахористон, Хутталон, Вахон, Шуғнон, Чағониён, Шумон сайёҳ ва зоири дигари буддоӣ Хой - Чао, ки соли 726 ба Варазрӯд омада буд, маълумот медиҳад. Яке аз мулкҳои пуриқтидори Тахористон Хуттал, яъне Хатлон буд.
Номи Суғд тақрибан дар ҳамаи сарчашмаҳо зикр ёфтааст. Фарзияе мавҷуд, ки гӯё воҷаи «Суғд», - калимаи умумиэронӣ буда, ба маънои «рахшидан», «дурахшидан» ва ё «сӯхтан» кор бурда мешавад, ба маънои ҳозираи тоҷикӣ калимаи Суғд мувофиқат намекунад. Ба маънои ҳозира «Суғд» ин ҷои «шибарзамин» ё худ пастие, ки дар он ҷо об кӯл мешавад, мебошад.
Аз маъхазҳои арабу форсизабони асрҳои Х – ХIII ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки Суғд маъмулан ба ду маъно фаҳмида мешуд. Суғд ба маънои васеъ тамоми води Зарафшону води Қашқадарёро дар бар мегирифт, ба маънои маҳдуд танҳо навоҳии Самарқандро фаро мегирад ва маркази Суғд шаҳри Самарқанд буд.
Ба суғди Самарқанд мулкҳои Маймурғ, Иштиҳон ва Кӯшония, навоҳии қисмати шарқии Бухоро, Нахшаб, Кӯш барин ҳашт вилоят тобеъ буд.

Дидан карданд: 3415

Мавзӯъҳои монанд:

Ниёкони мо: БАРМАКИЁН

Абулфазли Балъамӣ - вазири соҳибтадбири давлати Сомониён

Бузургтарин китобхонаи қадимии олам, ки баъдан сӯхта хокистар шуд

Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон...

Ҷомеаи ибтидоӣ. Аҷдоди тоҷикон дар давраи тараққиёти ғуломдорӣ ва феодалӣ

Ҳуҷуми муғулҳо ба Осиёи Миёна

Хоҷагӣ, маданияти моддӣ, муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ, илм ва адабиёти халқи тоҷик дар аҳди Сомониён

Халқҳои Осиёи Миёна дар ҳайати Хилофати араб

Халқи тоҷик дар ҳайати давлати Шайбониён. (солҳои 1499-1599)

Халқи тоҷик дар замони ҳукмронии туркҳо

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: Rizvonjun@gmail.ru
Санаи дохилгардида: 2018-12-03

?айати этникии хал?и то?и

Каментарй дохил кард: Азизахон
Санаи дохилгардида: 2019-02-04

Предмет ва вазифахои фанни таърихи халки точик.


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: