|
youtaj

Ҳуҷуми муғулҳо ба Осиёи Миёна

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2018-09-17

  1. Аз тарафи муғулҳо забт карда шудани Осиёи Миёна.
  2. Муборизаи халқҳои Осиёи Миёна ба муқобили муғулҳо. Шӯриши Маҳмуди Торобӣ дар соли 1238.
  3. Ислоҳоти пулии Маъсудбек дар соли 1271 ва ислоҳоти пули Кабакхон дар соли 1321
  4. Илм ва адабиёт дар охири асри ХIII ибтидои асри ХIV

Дар ибтидои асри ХIII дар Муғулистони Марказӣ давлати феодалӣ таъсис ёфт. Сарвари яке аз қабилаҳои сершумор Темучин дигар қабилаҳоро ба итоати худ даровард. Вай соли 1206 дар анҷумани сардорони муғулҳо худро Чингизхон, яъне хони бузург эълон кард.
Дар Осиёи Миёна Муҳаммади Хоразмшоҳ (с. 1200-1220) ҳукмронӣ мекард. Ҳокимияти Муҳаммади Хоразм-шоҳ устувор набуд.
Соли 1218 сарбозони Хоразм як корвони аз тарафи Чингизхон фиристода шударо ҷосус пиндошта, дастгир намуданд. Сентябри соли 1219 Чингизхон ба Утрор расида, қувваҳои ҳарбии худро ба се қисм тақсим кард: як қисми қӯшуни худро ба писаронаш Уқтой ва Чағатой супорид, ки Утрорро муҳосира кунад; қисми дигари онро бо роҳбарии Ҷӯҷӣ барои забт намудани шаҳрҳои соҳили дарёи Сир ба тарафи шаҳри Ҷанд равона кард. Худи ӯ бо ҳамроҳии писараш Тулуй қувваи асосиро гирифта, ба тарафи Бухоро ҳаракат намуд.
Муғулҳо пас аз истилои Бухоро моҳи марти соли 1220 ба тарафи Самарқанд роҳ сипор гардиданд. Ғосибони муғул пас аз забт кардани Бухоро ҳазорон сокинони бегуноҳи шаҳрро куштанд ва боқимондагонро ҳамчун ғулом ба  асорат бурданд.
Шаҳри Самарқанд ба  харобазор табдил ёфта, аз одам холи гардид. Ҳангоми муҳосираи Самарқанд Муҳаммади Хоразмшоҳ ба ҳудуди Эрон – ба Табаристон фирор кард.
Чингизхон барои забти Хуҷанд қариб 5 ҳазор лашкар фиристода буд, вале онҳо аз тарафи мудофиачиён бо роҳбарии Темурмалик торумор гардиданд.
Баъд аз фирор ва вафот кардани Муҳаммади Хоразмшоҳ писараш Xалолиддини Мангубердӣ (1220-1231) ба тахт нишаст.
Истилогарони муғул аҳолии зиндамондаи Бухоро, Самарқанд ва Хуҷандро ба азобу уқубатҳои даҳшатангезе гирифтор намуданд. Шаҳри Тирмизро ба харобазор табдил дода, сокинони онро ба қатл расониданд.
Аз навоҳии тоҷикнишин танҳо Бадахшон ва баъзе вилоятҳои Тоҷикистони Шарқӣ, инчунин чанде аз маҳалҳои Ғӯр, ки бо қалъаҳои мустаҳкам муҳофизат шуда буданд, ба дасти муғулҳо надаромаданд.
Аз солҳои 30-юми асри ХIII дар байни аҳолии воҳаҳои зироатӣ ва пешаварони шаҳр ҷунбишҳои зидди золимони аҷнабӣ шурӯъ гардид. Ин ҷунбиш махсусан дар Бухоро пурқувват буд ва соли 1238 дар ин ҷо шӯрише ба амал омад, ки бо номи шӯриши Маҳмуди Торобӣ машҳур аст. Вале минбаъд шӯриши Маҳмуди Торобӣ мисли дигар шӯришҳо муваффақият пайдо накард.
Дар ибтидои солҳои 70-уми асри ХIII Масъудбек – писари Маҳмуди Ялавоҷ муҳимтарин ислоҳоти пулӣ ба амал овард. Ислоҳот соли 1271 эълон шуд. Мазмуни асосии ин ислоҳотро дар бисёрии шаҳру вилоятҳои Осиёи Миёна гузаштан ба зарби мунтаззами сиккаи нуқрагӣ аз ҷиҳати вазну иёр дар ҳама ҷо баробар ташкил мекард. Ин гуна сиккаҳо, сарфи назар аз маҳаллӣ бароварда шудана-шон, дар муомилоти умуми давлатӣ эътибор доштанд. Ин воқеа ҳам дар тиҷорати пулӣ як инқилобе ба шумор мерафт. Пули нуқра беш аз ҳама ба нарху наво ва ҳаҷми тиҷорати дохилии Осиёи Миёнаи феодалӣ мувофиқат мекард. Зарби сиккаи нуқра озод буд, ҳар кас метавонист нуқраи худро ба зарробхона бурда, ба музди муайяне барояш пул созонад.
Чингизхон давлати бузурги иператории ташкил кардаашро дар байни писарони худ тақсим намуд.
Писари калонии ӯ Ҷӯҷӣ дар соли 1227 ба идора кардани «Халқҳои ҷангалнишин» ӯҳдадор гардида буд. Баъди вафоти Чингизхон (1227) қисми шимолии Ҳафтрӯд, тамоми хоки он вақтаи қазоқҳо ва қирғизҳо, қисми шимолии Хоразм низ ба мулки Ҷӯҷӣ дохил шуд. Ӯрду - қувваи асосии хони бузург Ӯқтойхон, дар Тарбогатой воқеъ гардида буд. Гарчанде Мовароуннаҳр ба мулки Чағатой дохил мешуд, вале амалан ин мамлакатро худи хони бузург Уқтойхон метавонист мулкҳои ҳар се бародарро мувофиқи салоҳдиди худ идора мекард.
Истилои муғул ба ҳаёти хоҷагии Осиёи Миёна зарбаи сахт расонид. Зулму истибдод ва ҷарбу бедоди аҳолии зинда мондаи шаҳру деҳотро аз ҳар гуна майлу иштиёқи пеш бурдани хоҷагӣ маҳрум сохт.
Дар давраи муғулҳо ва Мовароуннаҳр чор намуди заминдорӣ амал мекард:
1.Замини давлатӣ.     
2. Мулки феодал ва инҷу.
3. Замини вақф.
4. Мулки деҳқон.
Кабакхон аввалин ҳукмрони муғул аст, ки умеди худро дар Мовароҳуннаҳр алоқаманд намуд. Ӯ соли 1321 ду ислоҳоти муҳим гузаронид: пулӣ ва маъмурӣ. Тангаҳои 8-граммӣ динор ва тангаҳои қариб 1,4 граммӣ дирам ном доштанд. Шаш дирам як динор ҳисоб меёфт.
Ислоҳоти дигари ӯ ислоҳоти маъмурӣ буд. Тамоми Мовароҳуннаҳр ба туманҳо тақсим шуд, ки чунин тақсимот то асри ХIХ амал кард.
Ҳукмронии муғулҳо саҳифаи тиратарини таърихи халқи тоҷик ва дигар халқҳои Осиёи Марказӣ ҳисоб меёбад. Дар ин давра ҳаёти фарҳангии Мовароҳуннаҳру Хуросон хароб шуд. Олимон, адибон ва зиёиёни зиёд аз дами теғ гузаронида шуданд. Ашхоси ҷон ба саломат бурда шаҳру деҳаҳои худро тарк карда, фаъолияти эҷоди-ашонро дар мамлакатҳои қадами номубораки муғуҳо нарасида, яъне дар Осиёи Хурд ҷониби Эрон ва Ҳиндус-тон идома медоданд.
Зиёда аз сад сол лозим шуд, ки Мовароҳуннаҳру Хуросон аз нав ба марказҳои адабӣ табдил ёбанд.
Асри XIII ва авали асри XIV бузургтарин ситораҳои назми форс-тоҷик, ба монанди Ҷалолидини Румӣ, Саъди Шерозӣ ва Амир Хусрави Деҳлавӣ ба дунё омада, асарҳои оламшумули худро офаридаанд.

Дидан карданд: 1889

Мавзӯъҳои монанд:

Ниёкони мо: БАРМАКИЁН

Абулфазли Балъамӣ - вазири соҳибтадбири давлати Сомониён

Бузургтарин китобхонаи қадимии олам, ки баъдан сӯхта хокистар шуд

Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон...

Ҷомеаи ибтидоӣ. Аҷдоди тоҷикон дар давраи тараққиёти ғуломдорӣ ва феодалӣ

Ҳуҷуми муғулҳо ба Осиёи Миёна

Хоҷагӣ, маданияти моддӣ, муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ, илм ва адабиёти халқи тоҷик дар аҳди Сомониён

Халқҳои Осиёи Миёна дар ҳайати Хилофати араб

Халқи тоҷик дар ҳайати давлати Шайбониён. (солҳои 1499-1599)

Халқи тоҷик дар замони ҳукмронии туркҳо

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: нилуфар
Санаи дохилгардида: 2018-11-10

нилуфар

Каментарй дохил кард: Чахонгир
Санаи дохилгардида: 2019-01-16

Давлати Тохириен

Каментарй дохил кард: Чахонгир
Санаи дохилгардида: 2019-01-16

Давлати Тохириен

Каментарй дохил кард: Чахонгир
Санаи дохилгардида: 2019-01-16

Давлати Тохириен


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: