|
youtaj

Хоҷагӣ, маданияти моддӣ, муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ, илм ва адабиёти халқи тоҷик дар аҳди Сомониён

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2018-09-17

1. Хоҷагии қишлоқ. Истеҳсоли маъдан ва кӯҳкорӣ.
2. Бухоро - пойтахти давлати Сомониён.
3.Тараққии илму фан ва адабиёт дар замони Сомониён.
4. Анҷоми ташаккули халқи тоҷик.

Дар асрҳои IХ - Х дар Мовароуннаҳру Хуросон муносибатҳои ташаккулёфтаи феодалӣ пурра ҷорӣ шуданд. Худи давлати Сомониён давлати феодалӣ ҳисоб меёфт ва ман-фиати ашроф, феодалон, тоҷирон ва рӯҳониёни калонро муҳо-физат мекард.
Дар асрҳои IХ - Х води Зарафшон ба яке аз воҳаҳои тараққї кардатарин ва сераҳолии сарзаминҳои тоҷикон табдил ёфт.
Феодалони калон ба ивази меҳнаташон ба деҳа, ноҳия ва вилоят соҳиб мешуданд. Тоҷирон на танҳо замин, балки об ҳам, ки дар шароити Мовароуннаҳру Хуросон аҳамияти калон дошт, ба дасти давлат ва феодалони калон гузашт.
Дар замони Сомониён се намуди заминдорӣ амал мекард. 1.Мулки султонӣ. 2.Замини вақф. 3.Заминҳои хусусӣ.
Дар ноҳияҳои музофотҳои Осиёи Марказӣ сарватҳои зиёди зеризаминӣ истихроҷ ва гудохта мешуданд. Дар наздикии Хуҷанд нуқра ба даст оварда шуд. Аз ноҳияҳои болообӣ Зарафшон оҳан, тилло, нуқра мегирифтанд.
Конҳои калонтарини асрҳои IХ - Х конҳои нуқраю сурби кони Мансур буд, ки дар наздикии деҳаи Қаромазори Тоҷикис-тон воқеъ буданд.
Дар Қаромазор (наздикии Хуҷанд) ба миқдори зиёди нуқра истихроҷ мешуд.
Мувофиқи маълумотҳои бостоншиносон кӯҳкорони тоҷик дар ҳамон асрҳо конҳоеро кашф намудаанд, ки ҳатто геологҳои имрўза қоил шуданд. Кўҳкорон аз чуқу-риҳои калон маъданро бо воситаи сабаду халтаҳо берун мебароварданд.
Мақбараи Сомониён муҷассамаи равнақу ривоҷи санъати чандин асраи меъморӣ буда, тамоми комёбиҳои онро дар бар гирифтааст.
Бухоро – пойтахти давлати Сомониён ҳисоб меёфт. Бухоро дар замони ҳукумронии арабҳо мисли дигар шаҳрҳои Мовароуннаҳру Хуросон борҳо хароб гардида буд. Арабҳо соли 709 Бухороро забт намуда, ними ҳавлиҳои сокинони Бухороро кашида гирифта, мардуми шаҳрро ронда, ба ҷои онҳо қабилаҳои арабро шинонданд. Аммо дар аҳди Сомониён вазъият тағйир ёфт. Ба туфайли робитаҳои тиҷоратӣ ва аз ҳар ҷиҳат тараққӣ ёфтани давлат, ҳаёт нисбатан орому пойдор гардид.
Бухоро чун дигар шаҳрҳои қадими тоҷикнишини Осиёи Марказӣ ба се қисм ҷудо мешуд:
1. Арк - куҳандиз (қалъа) -ҷои зисти шоҳ.
2. Шаҳристон - ҷои зисти табақаи гуногуни мардуми
шаҳр.
3. Работ - маҳалли тиҷорату ҳунармандӣ.
Бухоро маркази дини ислом ҳисоб меёфт, ки дар он бори нахуст мактаби олии мусулмонӣ  мадраса бино ёфтааст.
Ду давлати бузурги бостонӣ, ки онҳо аз Олӣ Сосон ва Олӣ Сомон қарор доштанд, ду кишвари зархези Шарқ - Хуросон ва Мовароуннаҳрро ба маъвои тоҷикон ва тамаддуни онҳо табдил доданд.
Аз Оли Сосон то Оли Сомон замони ташаккули халқи тоҷик, пойдории наҷод, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва
фарҳангии вай идома ёфтааст.
Дар асоси давоми тадқиқоти таърихӣ - бостоншиносии академик Н. Неъматов ба тарзи гузориши масъала се минтақаи таърихӣ - ҳудудиро муайян намуд, ки дар онҳо раванди ташаккули халқи тоҷик сурат гирифтааст.
Яке аз онҳо минтақаи ҷанубест, ки ба он ҳавзаи Миёна ва боли Амударё, Мурғоб, Теҷан ва Ҳарирӯд шомил аст. Минтақаи дуввум минтақаи марказист, ки ба он водии Зарафшон ва Қашқадарё дохил аст ва минтақаи саввум минтақаи шимолист, ки ноҳияҳои ҳавзаи Сирдарё ва Ҳафтрӯд дохил буд.
Ташаккули халқиятҳои тоҷик ҳанӯз дар давраи Сосониён (224-651) оғоз гардида буд, лекин ин раванди таърихи пас аз ҳуҷуми арабҳо суст мегардад. Дар давраи Сомониён (819 - 999) дар натиҷаи инкишофи ҷомеа, эрони наҷоди Осиёи Миёна, Афғонистон, Эрони Шарқӣ, - ташаккули халқиятҳои тоҷик суръат пайдо мекунад. Заминаҳои асосии этникии тоҷиконро (бохтариҳо) тахориҳо (ҳавзаи боло ва мобайни Амударё), суғдиён (води Зарафшон, Қашқадарё, ҳавзаи миёнаи Сирдарё), хоразмиҳо (ҳавзаи поёнии Амударё), фарғониҳо (води Фарғона), инчунин портиҳои эрони забон, қабилаҳои сакоии даштҳои Осиёи Миёна, кӯҳсори Тиёншон, Олтой ва Помир ташкил доданд.
Протсесси ташаккули халқиятҳои тоҷик дар асрҳои IХ - Х, яъне дар замони Сомониён пурра анҷом меёбад.
Дар асрҳои IХ - Х бисёр соҳаҳои илм, ба монанди математика ва нуҷум, тиб ва химия, ботаника, ҷуғрофия, геология, маъданшиносӣ, таърих, фалсафа, адабиётши-носӣ ва ғайраҳо бо суръат инкишоф ёфтанд. Олимони ин давра ҳар як соҳаи илму фан ниҳоят зиёданд.
Муҳаммад ибни Мусо Алхорзмӣ (780 – 850) яке аз бузургтарин олимон буд. Алхоразмӣ асосгузори илми алҷабр (Алгебра) мебошад.
Мутафаккири дигари барҷаста Абӯнасри Форобӣ (870 -950) буд. Асари бузурги ӯ «Таълими сонӣ» , «Фусул-ул-ҳаким», ва ғайраҳо мебошад.
Дар соҳили Зарафшон фарзанди дигари сарзамини Осиёи Миёна, минбаъд энсиклопедисти барҷастатарини Шарқи асри-миёнагӣ ва олими дар Ғарб шинохта шуда Абӯалӣ Ҳусайн ибни Синои тоҷикӣ дар Аврупо бо номи Ависеннаи машҳур, таваллуд ёфт. Ибни Сино дар замони ноором ва тираву тор зиндагӣ карда бошад ҳам, аз ӯ асарҳои машҳуртарини ҷаҳон боқӣ мондааст: «Ал-қонун-фи-тиб», «Китоб-уш-шифо», «Китоб-ул-инсоф».
Дигар олими шинохта Абӯрайҳони Берунӣ дар анъанаҳои илмии Осиёи Миёна замони Сомониён ба камол расидааст. Асарҳои ӯ «Ал-осор-ул-боқия», «Калиди илми нуҷум» ва ғайраҳо мебошад.
Абӯбакри Наршахӣ (вафоташ соли 959) яке аз муаррихони машҳури давраи Сомонӣ аст. Китоби «Таърихи Бухоро», ки аз тарафи ӯ ба забони арабӣ таълиф ёфта, онро дар соли 1128 Абӯнасри Қубавӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст, аз беҳтарин сарҷашмаҳои таърихии доир ба ҳаёти вилоятҳои ҷудогонаи Мовароуннаҳр ва махсусан Бухоро мебошад.
Дар асрҳои IХ - Х адабиёти бадеӣ, хусусан назм инкишоф ёфт. Фаъолияти бисёр шоирон тааллуқ дорад:
А. Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Балхӣ, Сино ва дигарон.
Санъати меъмории асрҳои IХ - Х бо санъати меъмории давраи собиқ зич алоқаманд буд. Ин робита бо санъати меъмории пешина, пеш аз ҳама, дар таҳияи тарҳи иморат зоҳир мешавад, тамоми ҷузъиёти биноро мувофиқи нуқтаи марказӣ ташкил додан, истифодаи унсурҳои меъморӣ дар нақшу нигор зиёд истифода бурдани тасвири шартҳои ҳайвонот ва ғайра. Хуллас, инкишофи пуравҷи санъати асрҳои IХ – Х, албатта, бо талаботи афзояндаи маънавии меҳнаткашон ва аз ҷумла пешаварон ва кишоварзон вобаста буд.

Дидан карданд: 1008

Мавзӯъҳои монанд:

Ниёкони мо: БАРМАКИЁН

Абулфазли Балъамӣ - вазири соҳибтадбири давлати Сомониён

Бузургтарин китобхонаи қадимии олам, ки баъдан сӯхта хокистар шуд

Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон...

Ҷомеаи ибтидоӣ. Аҷдоди тоҷикон дар давраи тараққиёти ғуломдорӣ ва феодалӣ

Ҳуҷуми муғулҳо ба Осиёи Миёна

Хоҷагӣ, маданияти моддӣ, муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ, илм ва адабиёти халқи тоҷик дар аҳди Сомониён

Халқҳои Осиёи Миёна дар ҳайати Хилофати араб

Халқи тоҷик дар ҳайати давлати Шайбониён. (солҳои 1499-1599)

Халқи тоҷик дар замони ҳукмронии туркҳо

Коментари дохил карданд:

Каментарй дохил кард: Hojimurodrizvonov@gmail.ru
Санаи дохилгардида: 2018-12-03

?айати этники хал?и то?ик


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: