|

Халқҳои Осиёи Миёна дар ҳайати Хилофати араб

Тартибдиханда: admin

Дохил кард: Ахмедов Бахром

Санаи дохилгардида: 2018-09-17

1. Пайдоиши ислом ва танвззули давлати Сосонӣ.
2.Аз тарафи арабҳо забт карда шудани Мовароуннаҳр. 
3. Шӯриши Муқаннаъ (солҳои 776 - 783).

Ислом, ки ба маънӣ итоат, тавозӯъ, фармонбардорӣ аст, яке аз динҳои яктопарастии ҷаҳонӣ буда, дар асри VII лар нимҷазираи Арабистон дар муҳити қабилаҳои араб пайдо шудааст. Муҳаммад «пайғамбар» - и Оллоҳи таоло ва яккаву ягона гардид. Ӯ аслан аз калонтарин шаҳри Арабистон - Макка буд, чун дар зодгоҳи худ ба чизе муваффақ нашуд, дар соли 622 бо пайравонаш ба Мадина кӯчид, ки аз ҳамин сана солшумории мусулмонии ҳиҷрӣ сар мешавад.
Ҳуҷуми истилогаронаи арабҳо асосан пас аз вафоти Муҳаммад пайғамбар соли 632 сар зад. Давлати нав таъсисро нахуст, халифаҳо, яъне ҷонишинони пайғамбар халифаи рошиддин – Абӯбакри Сиддиқ (632-634), Умар (634 -644), Усмон (644 -656), Алӣ (656 -661), ва намояндагони сулолаи Уммавиён (661 -750) ва ниҳоят халифаҳо аз хонадони Аббосиён (750 -1258) идора мекарданд.
Соли 651 охирини шоҳи сулолаи Сосониён Язди-гурди 111 дар Марв кушта шуд.
Осиёи Миёна дар арафаи забти арабҳо дар ҳолати парокандагии сиёсӣ буда, бештар ба 20 мулкҳои хурд - хурди мустақил ва ниммустақил тақсим шуда, лашкари ягона ва иттифоқ байни ҳокимони маҳаллӣ мавҷуд набуд.
Бархӯрду амалиётҳои ҷангии арабҳо дар Хуросону Мовароуннаҳр ба се марҳилла тақсим карда мешавад.
Марҳилаи якум, солҳои 644 – 704 -умро дар бар мегирад. Дар ин давра арабҳо Хуросонро пурра забт карданд ва шаҳри Марв маркази он гардид.
Марҳилаи дуюм, солҳои 705 – 715 -умро дар бар мегирад. Ин давра забти пурраи сарзамини Мовароуннаҳр аз ҷониби арабҳо рост меояд.
Марҳилаи сеюм. Солҳои 715 – 822 -умро фаро мегирад. Ин замони паҳншавии дини ислом, муборизаи халқҳои Мовароуннаҳру Хуросон алайҳи истилогарони араб мебошад.
Наршахӣ мегӯяд, соли 673 сарлашкари араб Убайдулло ибни Зиёд аз рӯди Xайҳун гузашта, ба Бухоро зада медарояд. Шаҳрҳои Пайканду Рометанро забту ғорат карда, ба муҳосираи Бухоро шурӯъ мекунад. Маликаи Бухоро додани сад ҳазор дирҳам ба арабҳо сулҳ мекунад.
Соли 676, яъне пас аз се сол амири нави Хуросон Саид ибни Усмон (675 – 677) бо қӯшуни худ боз ба Бухоро ҳамла меорад. Маликаи Бухоро як саду бист ҳазор қувваи ҳарбӣ, ки аз мулкҳои Суғди Самарқанд, Кӯш ва Нахшаб ба ёрӣ омада буданд, вале иттифоқчиён ба воҳима афтода, аз майдони муҳориба мебароянд. Дар натиҷа малика маҷбур мешавад, боз боҷи зиёд дода, бист нафар маликзодагону деҳқонони асилзодаро ба асирӣ супорида, ба арабҳо сулҳ бандад.
Дар соли 680 амири нави Хуросон Салм ибни Зиёд (680-683) ба Хоразм, Суғди Самарқанд, Бухоро ва Хуҷанд ҳамла оварда, ин мулк - давлатҳоро тасхиру ғорат карда, бо ғаниматҳои зиёд ва асирони сершуморе аз Мовароуннаҳр  баромада меравад.
Соли 705 то 715 забти Осиёи Миёнаро ҳокими нави Хуросон, Қутайба ибни Муслим давом дод. Ӯ қувваи ашрофи маҳаллии Хуросон ва муборизаи байни худи ҳокимони Осиёи Миёнаро моҳирона истифода карда, ҳокимони Балху Чағониёнро ба тарафи худ кашид. Аз соли 705 то соли 708 Қутайба мувафақият ба даст оварда натавонист ва танҳо соли 709 ба ӯ муяссар шуд, ки дар байни турку суғдиён иғво андохта, вазъияти арабҳоро беҳтар кунад. Подшоҳи Суғд Тархун аз тарс бо Қутайба сулҳ баст ва туркҳо ба макони худ баргаштанд. Аз фурсат истифода бурда, арабҳо солҳои 709 - 710 Бухоро, Кӯш, Нахшабу Шумонро забт карданд. Баҳори соли 713 суғдиён шӯриш бардоштанд ва Қутайба онро пахш намуд. Баъд ӯ ба Хуҷанд, Чоч ва Фарғона ҳуҷум кард. Ба сарҳади Қошғар омад, лекин аз тарафи ҷанговарони  араб соли 715 дар Фағона кушта шуд.
Сиёсати пешгирифтаи банни Умаввиҳо на фақат ба халқҳои мутеъ, балки инчунин ба худи оммаи арабҳо хуш намеомад. Соли 718 сар карда, авлоди Аббос (амаки Муҳаммад) бар зидди ҳукмронии Уммавиҳо мубориза бурданд. Аббосиён даъво мекарданд, ки ҳаққи хилофат азони Бани Ҳошим, яъне хонадони пайғамбар аст.
Ба муқобили ҳукумронии Хилофати араб якчанд шӯришҳои халқӣ ба монанди; солҳои (720 – 722) шӯриши Деваштич ва Ғурак, дар Самарқанду Панҷакент, солҳои (747 – 750) шӯриши Абӯмуслим дар Хуросон, соли 755 шӯриши Сумбоди Муғ, дар Хуросону Табаристон, солҳои (755 – 756) Устод Сис, дар Ҳирот, Шарк ибни Шайх, дар Бухоро, соли 806 Рофеъ ибни  Лайс, дар Мовароуннаҳр ба амал омаданд.
Яке аз шӯришҳои бузургтарини халқҳои Осиёи Миёна бо роҳбарии Ҳошим ибни Ҳаким, ё худ Муқаннаъ буд. Муқанаъ соли 776 тарафдорони худро ҷамъ карда ба муборизаи зидди зулму асорати аҷнабиён ба тамоми ноҳияҳои Осиёи Миёна равона кард.
Тирамоҳи соли 783 қўшуни арабҳо қалъаеро, ки Муқаннаъ дар он ҷо истиқомат менамуд забт карданд ва шӯришгаронро ба қатл расониданд. Аммо худи Муқаннаъ таслим шудан нахоста, худро ба қатл расонид.

Дидан карданд: 2270

Мавзӯъҳои монанд:

Ниёкони мо: БАРМАКИЁН

Абулфазли Балъамӣ - вазири соҳибтадбири давлати Сомониён

Бузургтарин китобхонаи қадимии олам, ки баъдан сӯхта хокистар шуд

Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон...

Ҷомеаи ибтидоӣ. Аҷдоди тоҷикон дар давраи тараққиёти ғуломдорӣ ва феодалӣ

Ҳуҷуми муғулҳо ба Осиёи Миёна

Хоҷагӣ, маданияти моддӣ, муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ, илм ва адабиёти халқи тоҷик дар аҳди Сомониён

Халқҳои Осиёи Миёна дар ҳайати Хилофати араб

Халқи тоҷик дар ҳайати давлати Шайбониён. (солҳои 1499-1599)

Халқи тоҷик дар замони ҳукмронии туркҳо

Коментари дохил карданд:


Коментарии худро дохил кунед!

Суммаи ин ададҳоро нависед: